Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 № 262 "Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро дар асоси Тартиби мазкур ба роҳ монанд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 майи соли 2017 № 262

ш. Душанбе