Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017, № 262
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ТАҚСИМОТ ВА БО ҶОИ КОР ТАЪМИН НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаҳои 24 ва 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия гардида, тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд, тибқи Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
3. Тақсимот, роҳхат додан ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро мақоми давлатие, ки муассисаи таълимӣ дар тобеияти он мебошад (минбаъд - мақоми давлатӣ), ба амал мебарорад.
4. Бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
5. Мақоми давлатӣ тақсимот ва ба ҷои кор равона намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии зертобеи худро бо мақсади зерин амалӣ менамояд:
- таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шахс ба меҳнат;
- ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон ва муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ барои онҳо;
- такмили малакаҳои меҳнатӣ ва касбӣ, таъмини рушди шахсият;
- мусоидат намудан ба қонеъсозии хоҳиши мутахассисони ҷавон барои ташаккули меҳнатию касбии онҳо;
- таъмини муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо мутахассисони соҳибтахассус.
6. Ба хатмкардагони муассисаҳои таҳислоти миёна ва олии касбӣ аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар тобеияташон муассисаи таълимӣ доранд, роҳхат ба ҷои кор дода мешавад (замимаи 1).
2. ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОН
7. Тақсимоти хатмкунандагони шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯи ихтисос на дертар аз 4 моҳ то анҷоми таҳсил оғоз мегардад. Тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ баъди гузаштан аз аттестатсияи давлатӣ бо назардошти марҳилаҳои ординатура ва интернатураи клиникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.
8. Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз гирифтани фармоиши роҳбари мақомоти давлатии дахлдор ва нақшаи тақсимоти хатмкунандагон вазифадоранд:
- пеш аз тақсимоти асосӣ маълумот оид ба эҳтиёҷоти муассисаҳои давлатиро доир ба норасоии кадрҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост намоянд;
- хатмкунандагонро бо Тартиби мазкур ва шароиту хусусиятҳои ҷои кори пешниҳодшуда шинос намоянд;
- то оғози тақсимот варақаи шахсии ҳар як хатмкунандаро ба расмият дароранд, ки ба он ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба вазъи саломатӣ ва вазъи оилавии онҳо замима мегарданд;
- то баргузории тақсимоти асосӣ дар факултетҳо тақсимоти пешакӣ гузаронида, ҷои кори онҳоро муайян намоянд.
9. Барои тақсимоти хатмкунандагон дар асоси фармоиши мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани тақсимоти хатмкунандагон Комиссияи тақсимоти хатмкунандагон (минбаъд - Комиссияи тақсимот) таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он роҳбар ё ҷонишини роҳбари муассисаи таълимӣ (раиси Комиссия, намояндагони мақомоти давлатӣ), деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, шуъбаҳо, намояндагони созмонҳои донишҷӯён ва намояндагони мақомоти дахлдор шомил карда мешаванд.
10. Раиси Комиссияи тақсимот ду ҳафта пеш аз оғози кори Комиссия бояд вазорату идораҳо, дигар муассисаю ташкилоти дахлдорро барои иштирок дар тақсимоти хатмкунандагон огоҳ сохта, барои кори Комисоия шароитҳои заруриро муҳайё менамояд.
11. Ба хатмкунандагони зерин ба ҷои маҳалли истиҳоматиашон роҳхат дода мешавад:
- маъюбони гурӯҳи I ва II;
- агар хатмкунанда ба Комиссияи тақсимот аз идора, корхона, муассисаи таълимии ҷои зист, раёсат ё шуъбаи маорифи шаҳр ё ноҳия дархости расмӣ пешниҳод намояд;
- агар хатмкунанда сардори оила бошад (падар надошта бошад), дар оила додару хоҳари ноболиғ дошта бошад ва ба деҳа, шаҳр ё ноҳия хоҳиши рафтан дошта бошад;
- хатмкунандагоне, ки оиладоранд ва кӯдаки то сесола доранд;
- занҳое, ки ҳомиладоранд.
12. Зану шавҳаре, ки дар як вақт муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм мекунанд, бо хоҳиши худашон якҷоя роҳхат гирифта метавонанд. Агар зан ё шавҳар як сол пеш муассисаи таҳсилоти олиро хатм карда, ба кор рафта бошад, дар тақсимоти баъдина ба ҳамон ҷои роҳхатгарифтаи шавҳараш ё занаш роҳхат гирифта метавонад.
13. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба таври шартномавӣ хатм намудаанд, дар ҳолати мавҷудияти эҳтиёҷоти мақомоти дахлдори давлатӣ ва муассисаи таълимӣ ҳуқуқи ба ҷои кор таъмин шуданро доранд.
14. Мутахассисони ҷавони бо роҳхат ба ҷои кор фиристодашуда дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор ба магистратура ва аспирантура қабул карда мешаванд.
15. Ҷои кори мутахассисони ҷавон танҳо дар асоси розигии муассисае, ки ба он мутахассиси ҷавон фиристода шудааст ва дархости муассисаи дигари бакорқабулкунанда аз ҷониби мақомоти давлатие, ки роҳхат додааст, иваз карда мешавад.
16. Мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм менамоянд, баъд аз хатми таҳсил дар асоси шартномаи сеҷониба ба ҳамон шаҳру ноҳияе, ки аз он ҷо ба таҳсил фиристода шудаанд, ба кор равон карда мешаванд.
3. ТАРТИБИ БО КОР ТАЪМИН КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ТИБҚИ РОҲХАТ
17. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ вазифадоранд мутахассисони ҷавон - хатмкардагони муассисаҳои давлатии таълимиро, ки бо дархости муассиса ба кор омадаанд, аз рӯи ихтисосашон ба кор қабул намоянд.
18. Муҳлати ҳатмии кори мутахассисони ҷавон дар асоси роҳхати мақомоти давлатӣ ва шартномаи тарафайн тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
19. Мутахассисони ҷавон вазифадоранд, ки ба ҷои кори таъиншуда дар муҳлати нишондода ҳозир шаванд.
20. Дар ҳолати бесабаб дер мондани мутахассиси ҷавон (хатмкарда), муассиса ва корхонаю ташкилоте, ки мутахассиси ҷавон (хатмкарда) ба ихтиёри онҳо ба кор равон карда шудааст, метавонад мутахассиси дигарро ба кор қабул карда, мутахассиси ба кор деромадаро ба ихтиёри мақомоти дахлдоре, ки ба мутахассиси ҷавон роҳхат додааст, равон намояд.
21. Мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ хатм кардаанд, вазифадоранд, ки тибқи тақсимоти Комиссия ва роҳхати вазорату идораҳои дахлдор на камтар аз се сол фаъолият кунанд.
22. Муассисаҳои ба кор таъминкунанда вазифадоранд, ки баъди ба кор қабул намудани мутахассиси ҷавон қисмати дуюми роҳхатро пур карда, дастраси корманд намоянд.
23. Мутахассиси ҷавон вазифадор аст, ки дар муҳлати муқарраргардида роҳхатро ба муассисаи таълимӣ баргардонад,
24. Роҳбарони корхона ва муассисаву ташкилотҳо ҳуқуқ надоранд, ки то ба охир расидани муҳлати ҳатмии кор мутахассисони ҷавонро бе розигии вазорат ва ё идорае, ки корхона, муассиса, ташкилот тобеи он аст, ба кори дигар гузаронанд, ба истиснои:
- ба кори интихобӣ гузаштан;
- ба назди падару модар баргашта омадани мутахасоисони ҷавон, агар яке аз волидон маъюби гурӯҳи I ва II бошад;
- аз даст додани қобилияти кории мутахассисони ҷавон (маъюби гурӯҳи I ва II); .
- бесарпаноҳ мондани оила (вафоти падар), агар дар оила хоҳару додари ноболиғ дошта бошад;
- ақди никоҳ бастани мутахассисони ҷавон (духтарон).
25. Муассисаи бакорқабулкунанда ҳуқуқ надорад, ки дар роҳхати мутахассиси ҷавон раддияи ба кор қабул карданро дарҷ намояд.
26. Дар сурати ба кор қабул накардани мутахассиси ҷавон муассиса ва ё корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба мақомоте, ки мутахассиси ҷавон тибқи роҳхати он ба кор фиристода шудааст, мактуб ирсол менамояд.
4. ТАРТИБИ ДОДАНИ ДИПЛОМИ ХАТМИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ БА МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ВА ҶАВОБГАРИИ ОН
27. Дипломи хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба мутахассисони ҷавон бо тартиби зайл дода мешавад:
- ба мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар асоси шартнома пулакӣ таҳсил намудаанд, пас аз хатми таҳсил;
- ба мутахассисони ҷавоне, ки тибқи маълумотномаи муассисаҳои тиббӣ ҳамчун мутахассис фаъолият карда наметавонанд ва ба кори дигар мегузаранд;
- ба мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро хатм намуда, бо роҳхати вазорату идораҳои дахлдор ба кор равон карда шудаанд, баъди се соли корӣ;
- ба мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо дипломи аъло хатм намудаанд, пас аз хатм, ба истиснои хатмкардагони табқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро тибқи квотаи Президентӣ хатм намудаанд, пас аз се соли корӣ;
- дар сурати пардохт намудани тамоми маблағҳое, ки барои тайёр намудани мутахассиси ҷавон аз ҳисоби буҷети давлатӣ сарф шудааст.
28. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, барои гирифтани диплом баъди се соли корӣ бояд чунин ҳуҷҷатҳои расмиро ба муассисаҳои таълимии хатмнамудаашон пешниҳод намоянд:
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар давоми се соли корӣ аз муассиса ва корхонаю ташкилотҳое, ки мутахассис бо роҳхат ба кор фиристода шудааст (бо тасдиқи муҳри хадамоти кадрӣ);
- маълумотнома аз шуъбаи кадрҳои муассиса ва корхонаю ташкилотҳо дар хусуси он, ки мутахассис бо роҳхат ба кор омада, дар асоси фармоиш ба муассиса ва ё дигар ташкилоту корхона ба кор фиристода шуда, тайи се сол дар он ҷо кор кардааст;
- маълумотнома оид ба пардохти маблағи музди меҳнати сесолаи корӣ.
29. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок тибқи таъиноти комиссия ва роҳхати мақоми дахлдор ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассиси ҷавон ё аз кор саркашӣ намудан, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳое, ки барои тайёр намудани мутахассиси ҷавон аз ҳисоби буҷети давлатӣ сарф шудааст, рӯёнида мешавад.
5. ҲУҶҶАТҲО ОИД БА БАҲИСОБГИРИИ ХАТМКУНАНДАГОНЕ, КИ БО РОҲХАТ БА ҶОИ КОР ФИРИСТОДА МЕШАВАНД
30. Ҳуҷҷатҳои асосии баҳисобгирии хатмкунандагоне, ки роҳхат ба ҷои корро дар муассисаи таълимӣ гирифтаанд, инҳо мебошанд:
- протоколҳои ҷаласаи Комиссияи тақсимот;
- варақаи тақсимоти хатмкунандагон;
- роҳхати ба ҷои кор равон намудан;
- дафтари баҳисобгирии додани роҳхат ба ҷои кор ва тасдиқи ба кор қабул шудан;
- дафтари баҳисобгирии додани маълумот дар бораи мустақилона ба кор таъмин шудан ва тасдиқи ба кор қабул шудан;
- ҳисобот оид ба натиҷаи тақсимот, равон намудан ба кор ва ба кор таъмин гардидани мутахассисони ҷавон мутобиқи тартиботи муқарраргардидаи шакли ҳисоботи омории давлатӣ.
31. Шаклҳо ва тартиби ҷорӣ намудани китобҳо оид ба додани роҳхат ба ҷои кор ва тасдиқи ба кор қабул шудан, маълумотномаҳо дар бораи мустақилона ба кор таъмин шудан ва тасдиқи ба кор қабул шудан аз тарафи муассисаи таълимӣ муқаррар карда мешаванд.
32. Муассисаҳои таълимӣ оид ба тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ба мақомоти давлатии дахлдор ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
33. Муассисаҳои таълимӣ дар Феҳристи баҳисобгирии инфиродии хатмкардагон тибқи замимаи 3 ҳар нимсола маълумот дарҷ менамоянд.
Замимаи 1
Замимаи 2
Замимаи 3