ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2017 № 768
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 382
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2007, №3, мод.166, №6, мод. 429; с. 2010, №3, мод.158; с. 2011, №6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834, №12, қ. 1, мод.1008; с. 2013, №7, мод. 542, №12, мод. 905; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, №12, қ.1, мод.1106; с.2016, №3, мод. 156; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1405; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1406) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 8 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доир ба риоя накардани талаботи санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ баррасӣ менамояд;".
2. Дар моддаи 15:
- қисмҳои 2 ва 3 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"2. Ҳангоми савгандёдкунии хизматчии давлатӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
3. Хизматчии давлатӣ рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.";
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
3. Дар моддаи 32:
- ба қисми 1 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
- "- танбеҳи қатъӣ;";
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Татбиқи ҷазоҳои интизомие, ки дар Қонуни мазкур, Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.".
4. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- музди меҳнат, аз ҷумла мукофотпулӣ, кӯмакпулӣ, иловапулӣ, ҷубронпулӣ ва изофапулӣ;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1433
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЕ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 3 мая 2017 года, №768
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №382
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О государственной службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 166, №6, ст. 429; 2010 г., №3, ст. 158; 2011 г., №6, ст. 452; 2012 г., №8, ст. 834, №12, ч. 1, ст. 1008; 2013 г., №7, ст. 542, №12, ст. 905; 2014 г.,№7, ч. 2, ст. 425; 2015г., №12, ч.1, ст. 1106; 2016г., №3, ст. 156; Закон Республики Таджикистан от 24 февраля 2017 года, №1405; Закон Республики Таджикистан от 24 февраля 2017 года, №1406) следующие изменения и дополнения:
1. Часть 2 статьи 8 дополнить абзацем пятым следующего содержания:
"- в пределах своих полномочий и в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан, рассматривает дела об административных правонарушениях о несоблюдении требований нормативных правовых актов Республики Таджикистан о государственной службе;".
2. В статье 15:
- дополнить частями 2 и 3 следующего содержания:
"2. При принятии присяги государственным служащим устанавливаются Государственный Флаг Республики Таджикистан и Государственный Герб Республики Таджикистан.
3. Государственный служащий принимает присягу стоя, положив правую руку на Конституцию Республики Таджикистан.";
- части 2 и 3 соответственно считать частями 4 и 5.
3. В статье 32:
- часть 1 дополнить абзацем третьим следующего содержания:
"- строгий выговор;";
- дополнить частью 4 следующего содержания:
"4. Запрещается применение дисциплинарных взысканий, не предусмотренных настоящим Законом, Трудовым кодексом и другими законодательными актами Республики Таджикистан.".
4. Абзац второй части 1 статьи 34 изложить в следующей редакции:
"- оплата труда, в том числе премии, пособия, надбавка, компенсации и доплата;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1433