ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2017 № 760
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 377
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 168; с. 2012, №12, қ.1, мод. 1015) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи "муносибатҳоро" ба калимаҳои "муносибатҳои ҷамъиятиро" иваз карда шавад.
2. Дар сархати дуюми моддаи 1(1) калимаҳои "андешидашуда" ва "таъин" мувофиқан ба калимаҳои "амалишаванда" ва "равона" иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Аз матни моддаи 4 рақамҳои "1." ва "2." хориҷ карда шаванд.
5. Ба моддаи 5 қисмҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.".
6. Ба қисми сеюми моддаи 5(1) ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Сохтмони объектҳои наве, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморию сохтмон анҷом дода мешавад.".
7. Дар моддаи 8:
- дар ном ва сархати ҳаштум калимаҳои "Ваколатҳои" ва "ваколатҳоро" мувофиқан ба калимаҳои "Салоҳияти" ва "салоҳиятро" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаи "корбурди" ба калимаи "пешбурди" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 9:
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур воридкардашуда шиноснома медиҳад;";
- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.".
9. Дар моддаи 10:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ";
- аз сархати сеюм калимаҳои "мақомоти худидораи маҳаллӣ ва" хориҷ карда шаванд;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои нигоҳдорӣ, истифодаи мақсадноку босамар, пешгирӣ намудан аз вайроншавӣ ва нобудшавӣ, тарғиботи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа чораҳо меандешанд.".
10. Матни моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Расмиёти ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дахлдори байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ва маводҳои зарурӣ вобаста ба ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор омода карда шуда, хароҷоти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1429