ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 апрели соли 2017 № 728
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 376
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисмҳои моддаҳои Қонун рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Сархатҳои моддаи 2 бо аломата дефис "-" ишора карда шаванд.
3. Аз матни моддаҳои 3 ва 7 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Дар номи боби 2, ном ва матни моддаи 6 калимаҳои "САЛОҲИЯТИ", "Салоҳияти" ва "салоҳиятҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ВАКОЛАТИ", "Ваколати" ва "ваколатҳои" иваз карда шаванд.
5. Дар матни моддаҳои 11 ва 13 калимаи "таъом" ба калимаи "таом" иваз карда шавад.
6. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1428
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ УПОРЯДОЧЕНИИ ТРАДИЦИЙ, ТОРЖЕСТВ И ОБРЯДОВ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 5 апреля 2017 года, №728
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №376
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 8 июня 2007 года "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №6, ст. 428; 2008 г., №6, ст. 448; 2010 г., №7, ст. 568) следующие изменения:
1. Части статей Закона пронумеровать.
2. Абзацы статьи 2 обозначить знаком дефис "-".
3. Статью 15 изложить в следующей редакции:
"Статья 15. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона
Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1428