Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 № 1412 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 апрели соли 2017 № 724

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 майи соли 2017 № 371

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353; с. 2012, №8, мод. 813; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 383, №11, мод. 640) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 11, сархати якуми қисми чоруми моддаи 26 ва матни моддаи 32 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар сархати якуми моддаи 11, қисми дуюми моддаи 19, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 20, қисми чоруми моддаи 25 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

3. Дар моддаи 26:

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо номзадии шахсе пешниҳод карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад, дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ кунад.";

- ба қисми чорум сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд;".

4. Дар қисмҳои дуюм ва ҳафтуми моддаи 17, қисми дуюми моддаи 33, қисми дуюми моддаи 34, ном ва матни моддаи 36 ва матни моддаи 40 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

30 майи соли 2017 № 1412