ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 699
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 370
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, № 11, мод. 472; с. 2009, № 12, мод. 814; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, № 3, мод. 179, 349 7, мод. 500) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва тамоми матни Қонуни конститутсионии мазкур калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ ва калимаҳои "марзию маъмурии", "марзию маъмурӣ", "марзиву маъмурӣ", "зайл" мувофиқан ба калимаҳои "маъмурию ҳудудии", "маъмурию ҳудудӣ", "зерин" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар матни модда калимаҳои "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни конститутсионии мазкур" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои "- намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-" хориҷ карда, калимаи "сарварӣ" ба калимаи "роҳбарӣ" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад;
- сархатҳои сеюм ва чоруми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;".
4. Аз қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "- намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
5. Дар сархати бисту дуюми моддаи 20 калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
6. Сархатҳои сеюм ва панҷуми қисми якуми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;".
7. Дар қисми якуми моддаи 25 калимаи "манбаҳои" ба калимаи "сарчашмаҳои" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 майи соли 2017 № 1411
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МЕСТНЫХ ОРГАНАХ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 16 февраля 2017 года, №699
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №370
Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О местных органах государственной власти" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., № 5, ст. 339; 2006 г., №11, ст. 472; 2009 г., № 12, ст. 814; 2010 г., № 12, ч. 1, ст. 800; 2013 г., № 3, ст. 179, № 7, ст. 500) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 1:
- в тексте статьи слова "настоящем Законе" заменить словами "настоящем конституционном Законе";
- в абзаце пятом слова "-представитель Президента Республики Таджикистан-" исключить, слова "возглавляет местный представительный орган государственной власти и местный исполнительный орган государственной власти" заменить словами "руководит местным представительным органом государственной власти и местным исполнительным органом государственной власти".
2. Абзац четвертый части второй статьи 15 после слова "гражданства" дополнить словами "Республики Таджикистан, приобретении гражданства другого государства".
3. В части первой статьи 18 слова "- представитель Президента Республики Таджикистан" исключить.
4. В абзаце пятом части первой статьи 22 после слова "Таджикистан" дополнить словами ", приобретении гражданства другого государства".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1411