ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2017 № 758
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 373
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350, №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150, №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497, мод. 498, №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139, №12, мод. 820; с. 2016, №3, мод. 125) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 1, сархати якуми қисми якуми моддаи 4, матни моддаи 15, қисмҳои сеюм ва даҳуми моддаи 56 ва қисми панҷуми моддаи 65 калимаҳои "қаламрави" ва "қаламравашон" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди" ва "ҳудудашон" иваз карда шаванд.
2. Аз кисми дуюми моддаи 1, матни моддаи 3, сархати панҷуми моддаи 6, сархати дувоздаҳуми моддаи 18, матни моддаи 51 ва қисми чоруми моддаи 53 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 4 калимаҳои "маҳалли" ва "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ" мувофиқан ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" ва "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 5 калимаҳои "маҳаллӣ" ва "ташкилотҳои" мувофиқан ба калимахои "шаҳрак ва деҳот" ва "иттиҳодияҳои" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 7 калимаҳои "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ" ба калимаҳои "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар" иваз карда шаванд.
6. Дар ном ва қисми дуюми моддаи 9 калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад.
7. Матни моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мақомоти прокуратура муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳо меандешанд. Қароре, ки прокурор марбут ба баррасии муроҷиатҳо қабул намудааст, барои ба суд муроҷиат кардани шахс ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ монеъ шуда наметавонад.
Агар шахс вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда натавонад, прокурор ҳуқуқ дорад ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ ба суд бо ариза муроҷиат кунад.".
8. Ба қисми дуюми моддаи 16 сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бинобар нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;",
9. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 23 калимаҳои "маҳаллӣ" ва "ташкилотҳои" мувофиқан ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" ва "иттиҳодияҳои" иваз карда шаванд.
10. Дар қисми сеюми моддаи 27 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
11. Дар қисми дуюми моддаи 33 ва номи боби 6 калимаҳои "ҷиноӣ" ва "ҶИНОӢ" мувофиқан ба калимаҳои "ҷиноятӣ" ва "ҶИНОЯТӢ" иваз карда шаванд.
12. Дар матни моддаи 41 калимаҳои "ба қувваи қонунӣ надаромадан" ба калимаҳои "эътибори қонунӣ пайдо накардаи" иваз карда шаванд.
13. Қисми якуми моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Барои кор дар мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳуртги Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35 сола бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, аз рӯп вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро карда тавонад.".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1410
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ ПРОКУРАТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 3 мая 2017 года, №758
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №373
Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005г., №7, ст. 398; 2006 г., №3, ст. 141; 2007 г., №5, ст. 350, №7, ст. 652; 2008 г., №12, ч. 1, ст. 981; 2009 г., №5, ст. 314; 2011 г., №3, ст. 150, №6, ст. 428; 2012 г., №8, ст. 810; 2013 г., №7, ст. 497, ст. 498; №12, ст. 876; 2014 г., №3, ст. 139, №12, ст. 820; 2016 г., №3, ст. 125) следующие изменения и дополнения:
1. В абзаце третьем части первой статьи 4 слова "органов местного самоуправления" и "общественных, религиозных объединений" заменить соответственно словами "органов самоуправления посёлков и сёл" и "общественных и религиозных объединений".
2. В абзаце первом части первой статьи 5 слова "органами местного самоуправления" заменить словами "органами самоуправления посёлков и сёл".
3. В части первой статьи 7 слова "общественных объединений, политических партий, религиозных организаций" заменить словами "общественных и религиозных объединений, политических партий и иных объединений".
4. В названии и части второй статьи 9 слова "органов местного самоуправления" заменить словами "органов самоуправления посёлков и сёл".
5. Текст статьи 12 изложить в следующей редакции:
"Органы прокуратуры рассматривают обращения физических и юридических лиц в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, и принимают меры по устранению правонарушений. Решения, принятые прокурором по рассмотрению обращений, не препятствуют обращению лица за защитой своих прав, свобод и законных интересов в суде.
Если лицо по состоянию здоровья, возрасту, недееспособности и другим уважительным причинам не может само защитить свои права, свободы и законные интересы, прокурор вправе в целях защиты его прав, свобод и законных интересов обратиться в суд с заявлением.".
6. Часть вторую статьи 16 дополнить абзацами восьмым и девятым следующего содержания:
"- прекращение гражданства Республики Таджикистан, приобретение гражданства другого государства или выезд на постоянное место жительства за пределы Республики Таджикистан;
- быть пенсионером Республики Таджикистан или иностранного государства;".
7. В абзаце первом части первой статьи 23 слова "органами местного самоуправления" заменить словами "органами самоуправления посёлков и сёл".
8. Часть первую статьи 53 изложить в следующей редакции:
"На работу в органы прокуратуры принимается лицо, имеющее только гражданство Республики Таджикистан, в возрасте до 35 лет, имеющее высшее юридическое образование, необходимые профессиональные и моральные качества, владеющее государственным языком, способное по состоянию здоровья выполнять возложенные на него обязанности.".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1410