Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2017, № 211
тасдиқ шудааст
Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)
1. Муқаддима
1. Қабули Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати иҷрои банди 19 Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (минбаъд - Стратегия) равона гардидааст. Муҳлати амалигардонии Барнома солҳои 2017 -2020-ро дар бар мегирад.
2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалигардонии муқаррароти Стратегия дар давоми солҳои 2013-2016 як қатор корҳои ташкилӣ ва амалиро анҷом додаст, ки онҳо бешубҳа барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва назорати муомилоти қонунии он таъсири мусбат расониданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Агентӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия таҳия гардида, бо фармоиши директории Агентӣ тасдиқ карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда аз ҷониби Агентӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷро ва ҳамкорӣ ирсол гардидааст.
3. Бо мақсади такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа якчанд лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва мувофиқа карда шуда, аз рӯи онҳо як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади такмили сохтори Агентӣ ва пурзӯр намудани мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар сарҳади давлатӣ, тавассути зиёд намудани воҳиди штатӣ, сохта ва ба истифода додани биноҳои шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Лахш ва шаҳри Исфара фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2014, № 311 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2007, № 156" ба имзо расидааст.
4. Ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегия ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути воситаҳои ахбори омма 2280 баромад ташкил карда шуд. Аз ҷумла, аз соли 2013 инҷониб мунтазам дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии "Тоҷикистон", "Сафина" ва "Ҷаҳоннамо" баромадҳои телевизионӣ дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ сабт ва пахш гардида, дар радиои "Тоҷикистон" ва "Садои Душанбе" ҳамчунин барномаи радиоӣ бо унвони "Нури ақл"; "Соярушан" ва "Аз ҳавас то фоҷиа" барномаҳои мунтазами нақшавӣ таҳия ва пахш гардидаанд. Дар ин ҷода, ба мулоқоту вохӯриҳои бевосита бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. То имрӯз 1214 вохӯрӣ ва мулоқот, 117 семинар, 102 мизи мудаввар ва 352 чорабинии оммавӣ, маърифатӣ, таблиғотӣ ва варзишии зидди нашъамандӣ ташкил ва гузаронида шудааст.
5. Дар ин давра баҳри амалӣ намудани чораҳои пешгирии нашъамандӣ ва назорати муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим нақшаҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, як қатор чорабиниҳо гузаронида шудаанд .
6. Соли 2015 дар кишвар дар маҷмӯъ 21585 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2013 (18336 ҳолат) 17,5 фоиз зиёдтар мебошад. Сабаби афзоиш ёфтани бақайдгирии ҷиноятҳо пеш аз ҳама ба тартиб даромадани бақайдгирии электронии ҷиноятҳо, беҳтаршавии ошкоркунии ҷиноятҳои ниҳонӣ ва тақвияти малакаи касбии кормандони мақомоти салоҳиятдор мебошад. Мутаассифона, дар ин давра зиёдшавии шумораи ҷинояти мухаддиротии ошкоршуда ҳам ба назар мерасад. Дар соли 2015 ҳамагӣ 965 ҷинояти мухаддиротӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли 2013 3,1 фоиз бештар буда, ба истиснои вилояти Суғд дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои мухаддироти бақайдгирифташуда афзоиш ёфтанд. Дар 5 соли охир ҳиссаи ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз шумораи ҷиноятҳои умумӣ дар сатҳи 5 фоиз боқӣ мемонад.
7. Дар соли 2015 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 676 кг воситаҳои нашъадорро мусодира намуданд. Ин нишондод нисбат ба соли 2014 (6 т 214 кг) 24 фоиз ва соли 2013 (6 т 687 кг) 30,1 фоиз кам мебошад.
8. Мақомоти марбута муайян намудаанд, ки тамоми маводи нашъадори гурӯҳи афюн ва бангдона, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо роҳи қочоқ аз вилоятҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Балх ворид мегардад. Аз нисф зиёди маводи нашъадори дар кишвар мусодирашаванда дар ҳудуди вилоятҳои бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳади Тоҷикистон - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон гирифта мешавад. Масалан, дар соли 2015 дар ҳудуди вилояти Хатлон 52 фоизи маводи нашъадор аз ҳаҷми умумии дар кишвар мусодирашуда мусодира гардид. Мусодираи воситаҳои нашъадор аз ҳама бештар дар 4 ноҳияи бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад - Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалӣ карда шудаанд.
9. То 1 октябри соли 2016 7194 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ дар муассисаҳои наркологӣ ба қайд гирифта шудаанд. Нишондоди баланди истеъмоли маводи нашъаовар тариқи сӯзандору хатари ҷиддӣ ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 63 фоиз аз ҳисоби умумии шахсони дарқайдбудаи гирифтори нашъамандиро дар бар мегирад.
10. Истеъмоли маводи нашъадор тариқи сӯзандору яке аз сабабҳои паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам" то моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон 8504 нафар сироятшудагон ба бемории вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 3537 нафар ё 41,6 фоизи онҳоро истеъмолкунандагони маводи нашъаовар тариқи сӯзандору ташкил медиҳанд.
11. Солҳои охир дар кишвар тамоюли паҳн шудани навъҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ, ки ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ворид карда нашудаанд, мушоҳида мешавад. Ин ҳолат метавонад ба пайдоиши намудҳои нави вобастагии нашъамандӣ мусоидат намояд.
2. Мақсад ва зарурати қабули Барнома
12. Соли 2015 тибқи тартиби муқарраргардида Агентӣ фаъолияти як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегия мавриди санҷиш қарор дод. Ҳамчунин моҳи июни соли 2016 кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Стратегияро дар Агентӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио мавриди омӯзиш қарор доданд.
13. Новобаста аз он, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегия корҳои зиёдеро ба сомон расонида бошанд ҳам, ҳанӯз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти онҳо дида мешавад.
14. Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва татбиқи босамари Стратегия бо ташаббуси Агентӣ аз ҳисоби намояндагони субъектҳои Стратегия котиботи байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки он метавонад дар самти иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегия корро ҷоннок намояд.
15. Ҳамзамон дар ин раванд, бо назардошти натиҷаҳои омӯзиши рафти иҷрои Стратегия, таҳия ва тасдиқ намудани Барнома яке аз тадбирҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
16. Мақсади асосии таҳияи Барнома ин ба таври мушаххас пешбинӣ кардани мақсад ва вазифаҳои асосӣ, чорабиниҳо, субъектҳо ва муҳлати амалишавии Стратегия мебошад. Барнома имконият медиҳад, ки мақсад ва вазифаҳои асосии Стратегия давра ба давра амалӣ карда шаванд.
3. Механизми амалӣ намудани Барнома
17. Амалӣ намудани Барнома тибқи нақша (замима мегардад) аз тарафи субъектҳои иҷрои он, ки мутасаддии Барнома мебошанд, инчунин дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин мегардад.
18. Субъектҳое, ки мутасаддии амалигардонии Барнома мебошанд, ҳар сол ҳангоми таҳияи буҷети давлатӣ то соли 2020 дар буҷети худ дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ маблағи заруриро ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои дахлдори Барнома ба нақша мегиранд.
19. Ҳамоҳангсози умумии Барнома Агентӣ мебошад. Ҳамоҳангсози ҳар як чорабинии мушаххаси Барнома иҷрокунандаи бевоситаи он мебошад.
4. Назорати амалигардонии Барнома
20. Назорати ҷараёни амалигардонии Барнома аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
5. Натиҷаҳои ниҳоии амалигардии Барнома
21. Амалигардии Барнома имконият медиҳад, ки:
- самаранокӣ ва сифатнокии чорабиниҳои гузаронидашавандаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо таъмин гардад;
- инфрасохтори мақомоти давлатие, ки дар самти мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мониторинг, пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии бемории нашъамандӣ фаъолият менамоянд, мустаҳкам ва васеъ гардад;
- сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар самти пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд баланд бардошта шавад;
- суръати ҷалбшавии ҷавонон ба муҳити нашъамандон коҳиш дода шавад;
- шабакаи ягонаи миллии маводи иттилоотӣ - таҳлилӣ дар самти пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд ташкил карда шавад;
- хизмати махсусгардонидашудаи миллии кинологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода кардани кинологҳо, парваришу таълими сагҳои хизматӣ ташкил карда шавад.
6. Таъминоти молиявии Барнома
22. Манбаъҳои маблағгузории барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои дахлдори молияваӣ ҷиҳати амалигардонии он пешбинӣ мешаванд, инчунин гранту кумакҳои молиявии созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои донор ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои зидди нашъамандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
23. Ҳаҷми хароҷот барои татбиқи чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2017-2020 барои ҳар соли алоҳида ҳангоми таҳияи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷетҳои вазорату идораҳои мутасаддӣ дақиқ карда мешавад.
Нақша
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2017, № 211
тасдиқ шудааст
Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020
1. Муқаддима
1. Қабули Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати иҷрои банди 19 Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (минбаъд - Стратегия) равона гардидааст. Муҳлати амалигардонии Барнома солҳои 2017 -2020-ро дар бар мегирад.
2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалигардонии муқаррароти Стратегия дар давоми солҳои 2013-2016 як қатор корҳои ташкилӣ ва амалиро анҷом додаст, ки онҳо бешубҳа барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва назорати муомилоти қонунии он таъсири мусбат расониданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Агентӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия таҳия гардида, бо фармоиши директории Агентӣ тасдиқ карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда аз ҷониби Агентӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷро ва ҳамкорӣ ирсол гардидааст.
3. Бо мақсади такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа якчанд лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва мувофиқа карда шуда, аз рӯи онҳо як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади такмили сохтори Агентӣ ва пурзӯр намудани мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар сарҳади давлатӣ, тавассути зиёд намудани воҳиди штатӣ, сохта ва ба истифода додани биноҳои шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Лахш ва шаҳри Исфара фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2014, № 311 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2007, № 156" ба имзо расидааст.
4. Ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегия ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути воситаҳои ахбори омма 2280 баромад ташкил карда шуд. Аз ҷумла, аз соли 2013 инҷониб мунтазам дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии "Тоҷикистон", "Сафина" ва "Ҷаҳоннамо" баромадҳои телевизионӣ дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ сабт ва пахш гардида, дар радиои "Тоҷикистон" ва "Садои Душанбе" ҳамчунин барномаи радиоӣ бо унвони "Нури ақл"; "Соярушан" ва "Аз ҳавас то фоҷиа" барномаҳои мунтазами нақшавӣ таҳия ва пахш гардидаанд. Дар ин ҷода, ба мулоқоту вохӯриҳои бевосита бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. То имрӯз 1214 вохӯрӣ ва мулоқот, 117 семинар, 102 мизи мудаввар ва 352 чорабинии оммавӣ, маърифатӣ, таблиғотӣ ва варзишии зидди нашъамандӣ ташкил ва гузаронида шудааст.
5. Дар ин давра баҳри амалӣ намудани чораҳои пешгирии нашъамандӣ ва назорати муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ нақшаҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, як қатор чорабиниҳо гузаронида шудаанд.