Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 ноябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 843
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 ноябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 843
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
аз 26 октябри соли 2016 № 233-в ш. Душанбе
Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии тайёрии варзишӣ оид ба намуди варзиши гуштини варзишӣ
Ҷиҳати иҷрои моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тайёрии варзишӣ" ва мутобиқи зербанди 14 банди 10 Низомномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 609 тасдиқ шудааст, фармоиш медиҳам:
1. Стандарти давлатии тайёрии варзишӣ оид ба намуди варзиши гуштини варзишӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, Муассисаи давлатии "Хонаи ҷумҳуриявии методӣ" ва муассисаҳои тайёрии варзишӣ ҷиҳати татбиқи Стандарти давлатии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ҷиҳати чоп ва дастрас намудани Стандарти давлатии мазкур ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ чораҳои дахлдор андешад.
6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумита Назаров Д. гузошта шавад.
...