Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 ноябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 829
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВИЛОЯТИ СУҒД МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӯҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
ҚАРОР
аз "26" 04 соли 2016 № 94 ш. Меҳрон
Дар бораи муқаррар намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва пешниҳоди комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба сиёсати аграрӣ, хизмати маишӣ ва хӯрокворӣ иҷлосияи 5 Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати V, қарор мекунад:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ҳудуди деҳоти ноҳия ба ғайр аз заминҳои маҳалҳои аҳолинишини дохили шаҳраки Меҳрон, ба масоҳати 0,05 га муайян карда шавад.
2. Меъёри ҳадди ақали қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ҳудуди заминҳои маҳалҳои аҳолинишини дохили шаҳраки Меҳрон ба масоҳати 0,06 га муайян карда шавад.
3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳангоми пешниҳод ва ҷудо карда додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон меъёри муайянгардидаро риоя намоянд.
4. Қарори мазкур бо тартиби муқараргардида барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
5. Қарор баъди бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
6. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 21 декабри соли 2010, № 48 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон" бекор карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба сиёсати аграрӣ, хизмати маишӣ ва хӯрокворӣ гузошта шавад.
Раиси
Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ М.Раҷабзода
Зарегистрировано
Министерством юстиции Республики Таджикистан
от 14 ноября 2016 года, регистрационный номер 829
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН СОГДИЙСКАЯ ОБЛАСТЬ МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ КУХИСТОНИ МАСТЧОХСКОГО РАЙОНА
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об определении минимальной нормы приусадебных земельных участков гражданам в Кухистони Мастчохском районе
В соответствии со статями 8, 9 Конституционного закона Республики Таджикистан «О местных органах государственной власти», статьи 71 Земельного кодекса Республики Таджикистан, статьи 24 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» и предложения общественной комиссии по распределению приусадебных земельных участков 5 сессия Маджлиса народных депутатов Кухистони Матчохского района V созыва постановляет:
1. Минимальную норму приусадебных земельных участков для граждан кроме населённого пункта посёлка Мехрон определить в размере 0,05 га.
2. Минимальную норму приусадебных земельных участков для граждан на территории посёлка Мехрон определить в размере 0,06 га .
3. Местный исполнительный орган государственной власти и Джамоат посёлков и сёл района при представление приусадебных участок для граждан соблюдать определённую норму.
4. Настоящее постановление в установленном порядке представить Минстерстве юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.
5. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
6. Считать утратившим силу постановление Маджлиса народных депутатов Матчинского района от 21 декабря 2010 года, № 48 «Об определение минимальной нормы распределения приусадебных земельных участков гражданам».
7. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района «По аграрным вопросам, обслуживанию населения и продовольствию.
Председатель
Маджлиса народных депутатов Кухистони
Мастчохского района М.Раджабзода
п. Мехрон,
от 26 апреля 2016 года № 94