Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 ноябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 545 "в"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 ноябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 545 "в"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
25 майи соли 2016 № 73 ш.Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастурамали №171 "Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилотҳи қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Тағйирот ба Дастурамали №171 "Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели 2011, № 74 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2011, №545 "а" ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусиятҳои таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2-и ҳамин қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С. вогузор карда шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
...