Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 декабри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 871
МАҶИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ
Қ А Р О Р
аз 28 декабри соли 2015 № 50 шаҳри Истаравшан
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар шаҳри Истаравшан
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии хркимияти давлатӣ", модаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукукӣ", моддаҳои 6, 262, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79 - 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо назардошти таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум
қарор мекунад:
1. Меъёрҳои андоз аз воситаҳои наклиёт мутобиқи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар карда шавад.
2. Меъёрҳои андозҳо аз молу мулки ғайриманкул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
З. Дар ҳудуди шаҳри Истаравшан меъёри андоз аз бизнеси бозӣ барои яквоҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда дар як моҳ тибқи ҷадвал муайян кардашавад (замима мегардад).
4. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгард, истифодаи умум ва маҳаллҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳри Истаравшан дар як моҳ ба андозаи зайл муқаррар карда шавад:
- барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м ба андозаи 25 сомонӣ;
- барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ бо истифодаи технологияи муосир барои 1 м ба андозаи 35 сомонӣ;
5. Вобаста ба мавкеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффитсиенти зерини танзимкунанда муайян карда шавад:
- дар ҳудуди кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан - коэффитсиенти 1,2;
- дар мавзеъҳои шаҳри Истаравшан - коэффитсиенти 1;
6. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шахсони ҳуқукии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда шуда, коэффитсиентҳои танзимкунанда муайян карда шавад:
- Дар ҳудуди кӯчаҳои марказии шаҳр коэффитсиенти 3,0;
- Дар дигар мавзеъҳои шаҳр коэффитсиенти 2,0.
7. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва нозироти андоз дар шаҳри Истаравшан супориш дода шавад, ки:
- аз нав баҳисобгирии рекламаҳои мавҷударо анҷом дода, ҳамзамон ҷойгиркунии минбаъдаи рекламаҳои беруниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд:
- ситонидани андозҳои муқарраргардидаро нисбати ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффитсиентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд;
- фаъолияти субъектҳои ба паҳнкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил карор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ оиди паҳнкунии реклама дар ҳудуди шаҳр ва мавзеъи берун аз шаҳрро санҷида, раванди иҷозатномадиҳиро тибқи санадҳои меъёри ҳукукии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;
8. Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз 19 декабри соли 2013, №186 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳр" аз эътибор сокит дониста шавад.
9. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳрд карда шуда, пас аз бакайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет ва идораи нозироти андоз гузошта шавад.
Раиси Маҷлис Наим Набизода
Замима
Зарегистрировано
Министерством юстиции Республики Таджикистан
от 23 ноября 2016 года, регистрационный номер 871
МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА ИСТАРАВШАНА (V СОЗЫВА)
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об установлении норм местных налогов и обязательных платежей на территории города
В соответствии со статьями 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан, «О местных органах государственной власти», статьи 51 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актов», статьей 6, 262 и 309 раздела 15 Налогового кодекса Республики Таджикистан, статьи 14 Закона Республики Таджикистан «О рекламе», статьями 79-82 Закона Республики Таджикистан «Об иных обязательных платежах в бюджет» и учитывая предложение постоянной комиссии народных депутатов по экономическим вопросам и бюджету, Маджлис народных депутатов города, пятого созыва постановляет»;
1. Устанавить Коэффициент налога от транспортных средств согласно главы 40 Налогового Кодекса Республики Таджикистан.
2. Коэффициенты налогов с недвижимости, в том числе налог на землю, установить в соответствии с главой 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
3. Устанавить на территории города Истаравшан коэффициент ежимесячного налога зарегистрированной одной единицы объекта игравого бизнеса по разделам, в соответствии с предлагаемой таблицей (прилагается)
4. Нормы обязательных платежей в месяц для размещения внешних реклам предприятий и учреждений, индивидуальных предпринимателей и других субъектов на поворотах автомобильных дорог общего пользования, общественных мест города Истаравшан устанавить в следующих размерах:
- для размещения простых реклама объектов (без использования современных технологий) в размере 1 м2 до 25 сомони;
- для размещения объектов рекламы (с использованием современных технологий) в размере 1 м2 до 35 сомони;
5. В зависимости от размещения реклам на местах определены следующие нормативные коэффициенты:
- на территории центральных улиц города Истаравшан - коэффициент 1,2;
- на других территориях города Истаравшан- коэффициент 1;
6. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и иностранных юридических лиц в период использования рекламных объектов установить следующие обязательные коэффициенты платежей:
- на территории центральных улиц города коэффициент -3,0;
- на других территориях города-коэффициент -2,0;
7. Обязать исполнительный орган государственной власти города Истаравшан и налоговую инспекцию города Истаравшан:
- срок перерегистрации рекламных щитов и в дальнейшем принять меры по размещению существующих реклам в соответствии с действующими нормативными законами Республики Таджикистан;
- коэффициент налогообложения от размещения внешних реклам установить в зависимости с нормативными коэффициентами;
- анализируя деятельность лиц, занимающихся распространением реклам на территории города и других местах, устаыовить процесс выдачи литцензий соответствии с действующими актами законодательства Республики Таджикистан;
8. Постановление Маджлиса народных депутатов города Истаравшан от 19 декабря 2013 года, №186 «Об установлении коэффициентов налогообложений и обязательных отдельных платежей на территории города» признать утратившими силу.
9. Настоящее постановление представить для государственной регистрации в Министерство юстиции и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
10. Контроль до реализации данного постановления возложить на постоянную комиссию народных депутатов по экономическим вопросам и финансов Маджлиса народных депутатов и налоговую инспекцию.
Председатель
Маджлиса Наим Набизода
г. Истаравшан,
от 28 декабря 2015 года №50
*Положение прилагается в оригинале