Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 январи соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 729 "а"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 январи соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 729 "а"
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
ҚАРОР
аз 29 декабри соли 2016 № 194 шаҳраки С. Исоев
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Дар асоси моддаҳои 24, 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаҳои 8, 9, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
қ а р о р м е к у н а д:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 0,04 гектар муайян карда шавад.
2. Қарори мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28 марти соли 2014, №296 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2014, №729 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар рӯзномаи "Навиди Балх" аз 8 майи соли 2014, №15-16 (5670) нашр шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
...