Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 январи соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 873
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 январи соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 873
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 29 ноябри соли 2016 № 148 ш. Душанбе
Дар бораи тасдиқи "Шакли ҳисоботи омории № 1-ТП "Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ" ва Дастурамали №219 оид ба пур кардани шакли ҳисоботи омории № 1-ТП "Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ"
Мутобиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Шакли ҳисоботи омории № 1-ТП "Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ" ва Дастурамали №219 оид ба пур кардани шакли ҳисоботи омории № 1-ТП "Ҳисобот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Пешниҳоди маълумот аз рӯи шакли ҳисоботи мазкур аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ аз 1 январи соли 2017 шурӯъ карда шавад.
3. Идораи омор ва тавозуни пардохт ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Идораи омор ва тавозуни пардохт, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. гузошта шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
...