Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 № 211 "Дар бораи Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намуда, ҳар сол то 1 декабр ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалигардонии Барномаро таъмин намояд;

- дар бораи натиҷаҳои амалигардонии Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 31 декабр маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 апрели соли 2017 № 211

ш.Душанбе