Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор аз 28 апрели соли 2017 № 213

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28" апрели соли 2017, № 213

тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДАРАҶАИ ТАВАККАЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи моддаҳои 5 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", бо мақсади аз ҷониби мақомоти санҷишӣ омода намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал барои гузаронидани санҷиш таҳия гардида, тартиби банақшагирии гузаронидани санҷишро дар асоси арзёбии дараҷаи таваккал муқаррар менамоянд.

2. Қоидаҳои мазкур ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

- арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки ба нишондаҳандаҳои миқдорӣ ва (ё) сифатӣ асос ёфтааст;

- қонуният, воқеият ва шаффофият;

- арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки тавассути тартиби расман тасдиқшудаи арзёбии дараҷаи таваккал амалӣ карда мешавад;

- арзёбӣ бояд фақат барои дасттирӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор равона шуда бошад;

- мунтазам нав кардан ва такмил додани низоми арзёбии дараҷаи таваккал, меъёрҳои таваккал ва тартиби арзёбии дараҷаи таваккал.

2. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДАРАҶАИ ТАВАККАЛ

3. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал - маҷмӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва (ё) сифатии фаъолияти субъекти хоҷагидор мебошад, ки барои ба ин ё он дараҷаи таваккал мансуб донистани ин фаъолият имконият медиҳад.

4. Мақомоти санҷишӣ меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккалро дар асоси эҳтимолияти расонидани зарар ба ҳаёт ва ё саломатии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти ҷомеа ва манфиатҳои молумулкӣ, бо дарназардошти дараҷаи вазнинии оқибатҳои он дар натиҷаи фаъолияти субъекти хоҷагидор, муайян менамоянд.

5. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор мақомоти санҷишӣ меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккалро муайян менамояд.

6. Номгӯи меъёрҳо аз ҷониби мақомоти санҷишӣ таҳия гардида; аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ карда мешаванд. Ҳар меъёр тавсиф карда мешавад.

Тавсиф унсурҳои зеринро дар бар мегирад:

- шарҳи мухтасари он, ки меъёр чиро муайян менамояд;

- баёни муфассали таъсири меъёр ба натиҷае, ки ба паст кардани таваккал равона карда шудааст;

- манбаи иттилоот барои муайян кардани меъёр (номгӯи саволҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, маълумот дар бораи навъи фаъолияти субъекти хоҷагидор, эъломияи субъекти хоҷагидор, маълумот аз феҳристи давлатӣ, маълумот оид ба санҷишҳои қаблӣ).

7. Бо мақсади гузаронидани арзёбии дараҷаи таваккал мувофиқи меъёрҳои қабулгардида, мақомоти санҷишӣ мутобиқи қонунгузорӣ бояд маълумотро дар бораи субъектҳои хоҷагидор ва фаъолияти онҳо ҷамъоварӣ намуда, мунтазам навкунӣ ва нигоҳдории онро таъмин мекунанд.

8. Мақомоти санҷишӣ метавонанд номгӯи алоҳидаи меъёрҳои таваккалро барои намудҳои муайяни фаъолият таҳия намоянд.

9. Барои ҳар як меъёр вобаста ба дараҷаи вазнинии оқибати имконпазири зарари расонидашаванда миқдори муайяни хол гузошта мешавад. Ҳисобкунӣ ва гузоштани холҳо барои ҳар як меъёр бояд бо арзёбии таҳлилӣ, оморӣ ва коршиносӣ (экспертӣ) асоснок карда шаванд.

10. Номгӯи меъёрҳои таваккал ҳар сол барои муайян намудани рӯйхати субъектҳои хоҷагидоре, ки бояд дар соли оянда мавриди санҷиш қарор дода шаванд, аз нав карда шуда, барои тасдиқ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ на дертар аз 1 ноябр пешниҳод карда мешавад. Роҳбари мақомоти санҷишӣ барои шарҳи номгӯи меъёрҳо ва ҷойгиркунии он дар сомонаи мақомоти санҷишӣ ва мақоми ваколатдор масъул мебошад.

11. Барои муайян намудани таваккал шикояти алоҳидаи воридгардида нисбати фаъолияти як субъекти хоҷагидор нишондиҳандаи кофӣ буда наметавонад. Шикоятҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба сифати меъёри таваккал ба низоми арзёбии таваккал ворид карда шуда, бе дарназардошти меъёрҳои дигари таваккал ва муайян намудани дараҷаи таваккал, барои гузаронидани санҷиш асос намегарданд.

3. ҲИСОБ КАРДАНИ ДАРАҶАИ ТАВАККАЛ

12. Пас аз гузаронидани таҳлили ҳамаи таваккалҳои имконпазир тамоми фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба яке аз се дараҷаи таваккал мансуб дониста мешаванд: баланд, миёна ва паст.

13. Ҳиссаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дараҷаи таваккалашон баланд мебошад, набояд аз 10 фоиз аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда зиёд бошад. Фаъолияти санҷидашавандаи субъектҳои хоҷагидор вобаста ба холҳои ба онҳо гузошташуда гурӯҳбандӣ карда мешаванд (замимаҳои 1 ва 2). Маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккал бояд дар сомонаи мақомоти санҷишӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҷойгир карда шавад.

14. Лоиҳаи рӯйхати субъектҳои хоҷагидор ва намудҳои фаъолияти онҳо аз тарафи мақомоти марказии санҷишӣ дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақомоти мазкур таҳия карда мешаванд. Роҳбарони мақомоти санҷишии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои дурустии маълумоти пешниҳодшаванда ба андозаи баробар масъул мебошанд.

15. Ҳисоби холҳо барои арзёбии дараҷаи таваккал аз тарафи мақомоти марказии санҷишӣ дар шакли электронӣ ва (ё) хаттӣ амалӣ карда мешавад.

16. Ба ҳар фаъолияти субъекти хоҷагидор мутобиқи миқдори холҳои гирифташуда дараҷаи таваккал муайян карда мешавад:

- гурӯҳи дараҷаи таваккалнокиаш баланд - аз 90 то 100;

- гурӯҳи дараҷаи таваккалнокиаш миёна - аз 60 то 89;

- гурӯҳи дараҷаи таваккалнокиаш паст - аз 0 то 59.

17. Дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис баъди аз тарафи мақомоти санҷишӣ гирифтани маълумот дар бораи субъекти хоҷагидори таъсисгардида ҳисоб карда мешавад.

4. ИСТИФОДАИ НАТИҶАҲОИ НИЗОМИ АРЗЁБИИ ТАВАККАЛ

18. Воситаҳои эътино ба таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор бояд самаранок, аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок ва ба андозаи пешбинишудаи зарари расонидашаванда мутобиқ бошанд.

19. Воситаҳои эътино ба таваккал инҳоянд:

- арзёбии маълумот дар бораи фаъолияти субъекти хоҷагидор ва ворид намудани ин маълумот ба низоми идоракунии таваккал;

- машваратдиҳӣ ба субъекти хоҷагидор;

- пешниҳоди огоҳиномаҳои хаттӣ ба субъекти хоҷагидор дар бораи таваккалҳои имконпазири фаъолияташ ва дигар амалҳои мақомоти санҷишӣ, ки ба коҳиш додани таваккалҳои бо фаъолияти субъекти хоҷагидор алоқамандбуда равона гардидаанд.

20. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, ба истиснои сааҷиши ғайринақшавӣ, бояд танҳо бо дарназардошти дараҷаи таваккал, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" муқаррар намудааст, гузаронида шавад.

21. Вобаста ба дараҷаи таваккал даврияти зерини санҷишҳои нақшавӣ муқаррар карда шудааст:

- на зиёда аз ду маротиба дар як сол барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалашон баланд;

- на зиёда аз як маротиба дар се сол барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалашон миёна;

- на зиёда аз як маротиба дар панҷ сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалашон паст.

22. Даврияти санҷишҳои субъектҳои хоҷагидори муайян бо дарназардошти дараҷаи таваккали он аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо муайян мегардад.

23. Дар ҳолате, ки агар иқтидори мақомоти санҷишӣ барои гузаронидани санҷиши дар маҷмӯъ тамоми гурӯҳи таваккал имконият надиҳад, бояд арзёбии иловагии гурӯҳ ва санҷиши қисми бештар хавфноки он гузаронида шавад.

24. Маълумот дар бораи мансуб донистани фаъолияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккал ҳам барои худи субъекти хоҷагидор ва ҳам барои аҳли ҷомеа дастрас буда, дар сомонаи расмии мақомоти санҷшпӣ ҷойгир карда мешавад.

5. НИЗОМИ АРЗЁБИИ ДАРАҶАИ ТАВАККАЛ

25. Низоми арзёбии дараҷаи таваккал - маҷмӯи чорабиниҳои мақомоти санҷишӣ мебошад, ки бо мақсади ошкор намудан, мураттаб сохтан, арзёбӣ ва муайян намудани дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор гузаронида шуда, ба коҳиш додани хатари расонидани зарар ба аҳолӣ, муҳити зист, амнияти ҷомеа ва манфиатҳои молумулкӣ равона гардидаанд.

26. Низоми арзёбии дараҷаи таваккал инҳоро дар бар мегирад:

- таҳияи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккалнокӣ ва алгоритми ҳисобкунӣ;

- ҷамъоварӣ, ворид намудан, мунтазам нав кардан ва нигоҳ доштани маълумот дар бораи субъектҳои хоҷагидор ва фаъолияти онҳо;

- истифодаи чораҳои мухталифи эътино аз рӯи натиҷаҳои арзёбии дараҷаи таваккалнокӣ;

- мониторинги фаъолияти низоми арзёбии дараҷаи таваккал.

27. Мониторинги низоми арзёбии дараҷаи таваккал аз тарафи сохтори дахлдори мақомоти санҷишӣ оид ба таҳлил ба таври доимӣ гузаронида мешавад. Сохтори дахлдори мақомоти санҷишӣ оид ба таҳлил маълумоти дахлдор ва шикоятҳоро дар бораи камбудиҳои имконпазири низоми идоракунии таваккал ба эътибор гирифта, дар ҳолати зарурат меъёрҳо ва (ё) алгоритмро таҷдиди назар менамояд.

28. Натиҷаҳои санҷиш дар Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии арзёбии дараҷаи таваккал ба қайд гирифта, мураттаб гардонида мешаванд, инчунин аз тарафи мақомоти санҷишӣ таҳлил ва арзёбӣ карда мешаванд.

29. Тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои арзёбии дараҷаи таваккал, ки мавзӯи санҷиш мебошанд (объектҳо, намуди фаъолияти санҷидашаванда, суроға ва ғайра), дар қолабе нигоҳ дошта мешавад, ки барои мураттабсозии минбаъда, арзёбӣ ва муқоиса имконият медиҳад.

30. Дар мақомоти санҷишӣ фаъолият оид ба арзёбии дараҷаи таваккал ва гузаронидани санҷиш аз тарафи бахшҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Фаъолият оид ба арзёбии дараҷаи таваккалнокӣ аз тарафи воҳиди сохтории ниҳодӣ амалӣ карда мешавад, ки таҳлил ва арзёбии дараҷаи таваккалро анҷом дода, ба воҳиди сохторие, ки санҷишро мегузаронад, ҳисоботдиҳанда намебошад.

31. Ба шахсони мансабдори мақомоти санҷишие, ки барои ташкил ва гузаронидани санҷиш масъуланд, қабул намудани қарор оид ба дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор манъ аст.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

32. Барои вайрон кардани Қоидаҳои мазкур шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

33. Баҳсҳои вобаста ба Қоидаҳои мазкур ва амал ё беамалии шахсони масъули мақомоти санҷишӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти санҷишӣ, мақомоти болоӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ё суд ҳал карда мешаванд.

Замимаҳои 1 ва 2