Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.08.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2020 № 487)

Мувофиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Оиннома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Номгӯи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои тобеи муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2020 № 487).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 18 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2020 № 487).

3. Маблағгузории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблагҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

4. Ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як ноиби президент дошта бошад ва лимити автомобилҳои сабукрави хизматиро ба миқдори 2 адад муқаррар намояд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006 № 70 аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 майи соли 2008 № 215

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Устава Таджикской академии сельскохозяйственных наук

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.08.2020г.№487)

В соответствии со статьей 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Устав, Структуру центрального аппарата, Перечень научно-исследовательских  учреждений, подведомственных организаций научно-исследовательских учреждений Таджикской академии сельскохозяйственных наук ( приложения 1. 2. 3. 4) (в редакции постановления Правительства РТ от 31.08.2020г.№487).

2. Установить предельную численность Центрального аппарата Таджикской академии сельскохозяйственных наук в количестве 18 единиц (без вспомогательного персонала)(в редакции постановления Правительства РТ от 31.08.2020г.№487).

3. Финансирование Таджикской академии сельскохозяйственных наук осуществлять за счет средств Республиканского бюджета и других средств, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

4. Разрешить Таджикской академии сельскохозяйственных наук иметь одного вице-президента и установить лимит служебных автомобилей в количестве 2 единиц.

5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 января 2006 года № 70.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                       Эмомали Рахмон

от 2 мая 2008 года № 215

 ш. Душанбе