Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2017 № 835 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 19.03.2025 № 1008 аз эътибор соқит дониста шуд

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"

 

Мутобиқи моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалигардонии самарабахши меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" фармон медиҳам:

1. Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба қорҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иҷрои меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро тибқи замима вобаста ба самти фаъолияташон таъмин намоянд.

2. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таъсис дода шавад.

3. Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва воҳидҳои сохтории маҳаллии вазорату идораҳои дар банди 1 фармони мазкур нишондодашуда ҳар семоҳа ба комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти болоӣ ва дар навбати худ комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дар банди 1 пешбинишуда ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаш моҳ як маротиба оид ба амалигардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳисобот пешниҳод намоянд.

4. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак:

- тибқи тартиби муқарраршуда низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро тасдиқ намояд;

- ҳисоботи комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро таҳлил карда, аз натиҷааш соле як маротиба ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

8 феврали соли 2017 № 835

 

Замима

Утратил силу в редакции Указа Президента РТ от 19.03.2025 №1008


УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О дополнительных мерах по выполнению Закона Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей"

В соответствии со статьёй 70 Конституции Республики Таджикистан и в целях эффективного осуществления норм Закона Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей" постановляю:

1. Министерствам образовании и науки, здравоохранения и социальной защиты населения, внутренних дел, юстиции, труду, миграции и занятости населения, комитетам по делам религии, упорядочению национальных традиций, торжеств и обрядов, по делам молодежи, спорту и туризму, по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти, органам самоуправления посёлков и дехотов обеспечить исполнение норм, предусмотренных Законом Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей" по направлению деятельности в соответствии с приложением.

2. В органах самоуправления поселков и дехотов, органах общественной самодеятельности и органах самоуправления образовательных учреждений создать общественную комиссию по реализации Закона Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей".

3. Общественным комиссиям по реализации Закона Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей" и местным структурным подразделениям министерств и ведомств, указанным в пункте 1 настоящего указа, ежеквартально представлять отчёт комиссиям по правам ребёнка местных исполнительных органов государственной власти и вышестоящему органу, а в свою очередь комиссиям по правам ребёнка местных исполнительных органов государственной власти, министерствам и ведомствам, указанным в пункте 1, каждые шесть месяцев представить отчёт о реализации норм Закона Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей" в Комиссию при Правительстве Республики Таджикистан по правам ребёнка.

4. Комиссии при Правительстве Республики Таджикистан по правам ребёнка:

- согласно с установленным порядком утвердить типовое положение общественных комиссий по реализации Закона Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей";

- анализировать отчёт общественных комиссий по реализации Закона Республики Таджикистан "Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей" и о результатах раз в год представить информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Президент

Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 8 февраля 2017 года № 835

*Приложение