Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2017 № 867

Санаи амалкуни: 22.05.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "11" апрели соли 2017, № 867

Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 22.05.2021 № 184)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) мақоми машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад, ки амалӣ гардонидани салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

2. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон", амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ

3. Вазифаҳои асосии Комиссия аз инҳо иборатанд:

- баррасии пешакии дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳо дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаҳо дар бораи бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба ин масъалаҳо омода намудани пешниҳодҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъминоти иттилоотӣ ва таҳлилии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ гардонидани салоҳияти тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ӯ вогузоргардида вобаста ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрвандӣ;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандӣ, инчунин ҳалли мушкилиҳое, ки дар ин соҳа ба миён меоянд.

4. Комиссия барои иҷрои вазифаҳои асосии худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:

- аз мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдор бо тартиби муқарраргардида маводи заруриро дархост ва қабул намояд;

- ба ҷаласаҳои худ шахсони мансабдорро барои муайян кардани ҳолатҳое, ки ба амалӣ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандӣ алоқаманданд, даъват намояд;

- оид ба масъалаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳоро гузаронад;

- бо мақсади амалӣ намудани ваколатҳои худ гурӯҳҳои корӣ ва коршиносиро таъсис диҳад;

- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

3. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

5. Комиссия мақоми доимоамалкунанда буда, аз раис, муовини раис, котиби масъул ва дигар аъзо иборат мебошад.

6. Ҷаласаҳои Комиссия аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешавад.

7. Дар ҷаласаҳои Комиссия тибқи ризояти раиси Комиссия намояндагони мақомоти давлатии дигар, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони манфиатдор метавонанд иштирок намоянд.

8. Ҷаласаи Комиссияро раиси он мегузаронад. Дар сурати набудани раиси Комиссия ё бо супориши ӯ вазифаи ӯро муовини раиси Комиссия иҷро мекунад.

9. Комиссия ваколати қабули қарорҳоро дар сурати дар ҷаласаҳои он иштирок намудани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия дорад. Қарорҳои Комиссия бо ҷонибдории аксарияти овозҳои аъзои Комиссия қабул карда мешаванд.

10. Қарорҳои Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешаванд. Протоколро аъзои дар ҷаласа ҳузурдоштаи Комиссия имзо мекунанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ бо супориши раиси Комиссия қабули қарор бо роҳи пурсиши аъзои Комиссия иҷозат дода мешавад.

11. Протоколи ҷаласаи Комиссия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

12. Коргузорӣ ва таҳияи мавод барои ҷаласаҳои Комиссия аз ҷониби котиботи Комиссия, ки функсияҳои он ба зиммаи воҳиди сохтории марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд, анҷом дода мешавад. Муросилот оид ба фаъолияти Комиссия тавассути котиботи Комиссия ба амал бароварда мешавад.

Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "11" апрели соли 2017, № 867

Ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;

2.  Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;

3.  Муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Комиссия;

3(1). Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(Фармони Президенти ҶТ аз 22.05.2021 № 184);

4.  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;

5.  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

6.  Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7.  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

8.  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9.  Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.