Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз 1 апрели соли 2017 № 163

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 163

Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (минбаъд - Комиссия) мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо (минбаъд - мақомоти манфиатдор) доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис ёфтааст.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ

3. Вазифаи асосии Комиссия бо роҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти манфиатдор мусоидат кардан ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

4. Бо мақсади иҷрои вазифаи асосӣ Комиссия ваколатҳои зеринро дорад:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти манфиатдор доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- таҳияи гузоришҳои миллӣ дар бораи рафти амалишавии шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар гузоришҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои пешниҳод ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба мақомоти марбутаи Созмони Милали Муттаҳид;

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба баррасӣ ва иҷрои қарор ва мулоҳизаҳои мақоми дахлдори Созмони Милали Муттаҳид;

- ба роҳ мондани муколама ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- мусоидат дар мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат кардан дар тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- омӯхтан ва арзёбии ҳолати мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- арзёбии самаранокии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- баррасии пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор ва таҳияи хулосаҳои машваратӣ дар масъалаи ташаккули мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати масъалаҳои марбут ба татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- мусоидат кардан дар интишор ва паҳн намудани иттилоот доир ба ҳуқуқи инсон;

- анҷом додани тадқиқот, таҳия намудани пешниҳодҳо дар соҳаи татбиқ ва такмили минбаъдаи меъёрҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шахсони масъули иҷрои тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- ба амал баровардани фаъолиятҳои муштарак ва ҳамкориҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон;

- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

5. Комиссия ҳуқуқ дорад:

- ба тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳоро дар бораи самтҳои асосӣ ва шаклҳои амалигардонии уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон манзур намояд;

- ба мақомоти манфиатдор супориш диҳад, ки риояи ҳуқуқи инсон, барқарор намудани ҳуқуқ ва озодиҳои халалдоршударо таъмин намоянд;

- дар ҷаласаҳои худ гузориши шахсони мансабдори мақомоти манфиатдорро дар хусуси вазъияти риояи ҳуқуқи инсон дар сохторҳои тобеи онҳо шунавад;

- бо мақсади амалӣ намудани ваколатҳои худ гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои коршиносиро таъсис диҳад;

- ба тартиби муқарраргардида барои кор дар Комиссия кормандони мақомоти манфиатдорро ҷалб созад;

- аз мақомоти манфиатдор маводеро гирад, ки марбут ба масъалаҳои доираи ваколати Комиссия мебошанд;

- иҷрои қарорҳое, ки Комиссия қабул кардааст, назорат намояд;

- дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

6. Комиссия муроҷиатҳо оид ба масъалаҳои шахсӣ, аз ҷумла вобаста ба баҳсҳои молумулкӣ, манзилӣ ва меҳнатӣ, инчунин шикоят нисбат ба санадҳои судӣ ва мақомоти тафтишотиро баррасӣ намекунад.

3. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ

7. Комиссия аз раис, муовини раис, котиби масъул ва дигар аъзои Комиссия иборат мебошад, ки ҳайати онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

8. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссия бо ҳуқуқи машваратии овоз ҳамчун мушоҳидони доимӣ иштирок карда метавонанд.

9. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаҳои Комиссия бо ҳуқуқи машваратии овоз тибқи ризояти раиси Комиссия иштирок карда метавонанд. Бо мақсади таъмини иштироки васеи аҳли ҷамъият дар кори Комиссия намояндагии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори Комиссия метавонад давра ба давра иваз карда шавад.

10. Дар ҷаласаҳои Комиссия бо розигии раиси Комиссия намояндагони мақомоти давлатии дигар, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони манфиатдор иштирок карда метавонанд.

4. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

11. Комиссия кори худро тибқи нақшаҳои тасдиқнамудаи он анҷом медиҳад. Дар сурати ҷой доштани зарурат ҷаласаҳои Комиссия баргузор карда мешаванд.

12. Иҷрои қарорҳои Комиссия, ки дар доираи ваколатҳои дар ин Низомнома пешбинишуда қабул гардадаанд, барои тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

13. Комиссия ваколати қабули қарорҳоро дар сурати дар ҷаласаҳои он иштирок намудани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия дорад. Қарорҳои Комиссия бо ҷонибдории аксарияти оддии овозҳои аъзои Комиссия қабул карда мешаванд.

14. Қарорҳои Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешаванд. Протоколро котиби масъули Комиссия таҳия намуда, он аз ҷониби раис ва котиби масъули Комиссия имзо карда мешавад.

15. Қарорҳои Комиссия дар шакли иқтибосҳо аз протоколҳои ҷаласаҳои Комиссия ва ё супоришҳои раиси Комиссия ба маълумоти мақомоти манфиатдор расонида мешаванд.

16. Коргузорӣ, таҳияи мавод барои ҷаласаҳои Комиссия, ташкили фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои коршиносӣ аз ҷониби котиботи Комиссия, ки функсияҳои он ба воҳиди сохтории марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд, анҷом дода мешавад.

17. Муросилот вобаста ба фаъолияти Комиссия тариқи котиботи Комиссия ба амал бараварда мешавад.

5. ВАКОЛАТҲОИ РАИС ВА КОТИБИ МАСЪУЛИ КОМИССИЯ

18. Раиси Комиссия:

- роҳбарии фаъолияти Комиссияро ба амал бароварда, дар ҷаласаҳои Комиссия раиси мекунад;

- дар мувофиқа бо аъзои Комиссия рӯзномаи кори ҷаласаи Комиссияро муайян менамояд;

- нақшаҳои миллии чорабиниҳоро вобаста ба амалигардонии тавсияҳои мақомоти марбутаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад;

- дар муносибат бо мақомоти марбутаи давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмнлалие, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият доранд, Комиссияро намояндагӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраршуда ба вазорату идораҳои марбута дар доираи ваколатҳои худ супоришу дастур медиҳад;

- дигар ваколатҳоро тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ мекунад.

19. Дар сурати набудани раиси Комиссия ё бо супориши ӯ вазифаи ӯро муовини раиси Комиссия иҷро мекунад.

20. Котиби масъули Комиссия:

- корҳои тайёрӣ ба ҷаласаҳои Комиссияро анҷом медиҳад;

- назорати бевоситаи иҷрои қарорҳои Комиссияро ба амал мебарорад;

- ҳамкориҳоро бо мақомоти марбутаи давлатҳои дигар, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият мекунанд, ба роҳ мемонад;

- аз шахсоии масъули иҷрои тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маводи лозимаро вобаста ба самти фаъолият талаб мекунад;

- супоришҳои дигари раиси Комиссияро ба иҷро мерасонад;

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 163

Ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон

1. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонраиси Комиссия;

2. Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;

3. Сармутахассиси раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Комиссия;

4.  Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

5.  Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистои (дар мувофиқа);

6.  Муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7.  Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8.  Муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9.  Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

14. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15. Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

16. Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

17. Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

18. Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.