Тартиби гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз 1 апрели соли 2017 № 161

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 161

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ГАРДИШИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд - Тартиб) гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, аз ҷумла истеҳсол ва сохтани силоҳ, хариду фурӯши силоҳ, фурӯхтан, соҳиб шудан ба он, ба дигарон додан, баҳисобгирӣ, нигоҳ доштан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан, супоридан, гирифтан, мусодира кардан, нобуд сохтан, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро ба танзим медарорад.

2. Ба силоҳи ғайринизомӣ силоҳе мансуб мебошад, ки барои истифодаи шаҳрвандон бо мақсади худмуҳофизаткунӣ, машғулияти варзишӣ ва шикор таъин шудааст.

2. ИСТЕҲСОЛ ВА СОХТАНИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

3. Истеҳсол ва сохтани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби шахсони ҳуқуқие, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои истеҳсоли (таҳқиқ, коркард, озмоиш, сохтан, ороиш ва таъмири) силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он доранд, амалӣ карда мешавад.

4. Шахсони ҳуқуқие, ки чунин намудҳои фаъолиятро амалӣ менамоянд, барои ин ҳуқуқ доранд:

- гузаронидани таҳқиқоте, ки ба ихтирои навъ ва намунаҳои нави силоҳ ва лавозимоти ҷангии он алоқамандӣ дорад;

- коркард намудани намунаҳои таҷрибавии навъ ё намунаҳои нави силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҷараёни гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ, инчунин таҳия ва ташхиси ҳуҷҷатгузории илмӣ-техникӣ барои истеҳсоли силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;

- гузаронидани озмоиши силоҳи ғайринизомӣ ва ё лавозимоти ҷангии он барои муайян намудани тавсифи техникии онҳо ва муқаррар намудани ҳадди муҳлати хизмат ва бехатарии истифодаи он;

- сохтани силоҳи ғайринизомӣ ё ин ки лавозимоти ҷангии он, аз ҷумла васлкунии силоҳ ва тайёр намудани қисмҳои асосии силоҳ, инчунин васлкунии қисмҳои таркибии лавозимоти ҷангии он (гилза, пистон, борут, тир, сочма);

- ороиш додани намуди зоҳирии силоҳи ғайринизомӣ бе ворид намудани дигаргунсозии конструктивӣ дар қисмҳои асосии он ва нигаҳдории тавсифоти техникӣ ва криминалистии силоҳи ғайринизомӣ. Дар ҳолати ороиш додани намуди зоҳирии силоҳи ғайринизомӣ металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маводҳо ва технологияҳое, ки дар вақти сохтани навъҳои мушаххаси силоҳ зарурат надоранд, метавонанд истифода бурда шаванд;

- таъмири силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, аз ҷумла омода намудани он ба ҳолати коршоямӣ бо роҳи бартараф кардани қисмҳои вайроншуда ё иваз намудани онҳо, инчунин барқарорсозии намуди зоҳирии силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он.

5. Ба шахсони ҳуқуқӣ, ки соҳиби иҷозатнома барои истеҳсоли силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он мебошанд, истеҳсоли намуд, навъи силоҳ ва лавозимоти ҷангии дар иҷозатнома пешбининагардида манъ аст.

6. Шахсони ҳуқуқии соҳиби иҷозатнома барои истеҳсоли силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он вазифадоранд, ки назоратро аз болои истеҳсоли силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он амалӣ намуда, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва амнияти корҳои истеҳсолиро вобаста ба сифатнокии молҳои истеҳсолшаванда таъмин намоянд.

3. ХАРИДУ ФУРӯШИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

7. Барои амалӣ кардани хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқии тибқи талаботи қонунгузорӣ дорои иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилӣ барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ҳуқуқ доранд.

8. Шахсони ҳуқуқие, ки ҳуқуқи хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, уҳдадор мебошанд:

- ҳуҷҷатҳои дахлдори таъсисӣ, бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои хариду фурӯши онро дошта бошанд;

- сертификати мутобиқати силоҳи фурӯхташаванда, инчунин рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои нигоҳ доштани чунин силоҳ дошта бошанд;

- аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ҳуқуқи соҳиб шудан ба чунин силоҳро доранд, пешниҳод намудани рухсатнома барои харидории ин намуди силоҳро талаб намоянд, ба истиснои силоҳе, ки барои харидориаш рухсатнома лозим нест;

- дар рухсатномаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ силоҳи ба ӯ фурӯхташударо қайд намоянд;

- риояи қоидаҳои нигоҳдории силоҳро таъмин намоянд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба силоҳҳое, ки гардиши онҳо манъ гардидааст, риоя намоянд.

9. Ба шахсони ҳуқуқие, ки барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он иҷозатнома доранд, дар толори фурӯши силоҳ якҷо ҷойгир намудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ва дигар намудҳои мол, ба истиснои таҷҳизоти варзишӣ, шикорӣ, моҳигирӣ ва қисмҳои эҳтиётии силоҳ, манъ аст.

10. Мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки ҳар семоҳа оид ба мавҷудияти силоҳҳо ва шароити нигоҳдории онҳо дар ташкилотҳое, ки иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, санҷиш гузаронанд.

11. Мақомоти корҳои дохилӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқ дорад ҷойҳои нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро санҷиш намояд ва аз шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ё ин ки нусхаи онҳо, инчунин ахбори хаттӣ ва шифоҳиеро, ки барои амалӣ гардонидани назорат зарур мебошад, талаб намояд.

12. Дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳо оид ба қоидаҳои нигоҳдорӣ ё ин ки хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он мақомоти корҳои дохилӣ барои фавран бартараф намудани камбудиҳо ба шахсони ҳуқуқӣ дастур медиҳанд ва ё тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассисаҳои дахлдорро манъ менамояд.

4. ФУРӯХТАНИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

13. Фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд инҳо амалӣ намоянд:

- шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд;

- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо дарназардошти риояи талаботи қонунгузории ҷорӣ бо коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он машғуланд;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки дар ихтиёрашон мебошад, бо қаблан огоҳ кардани мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба вай барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он рухсатнома додааст, ба шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳро доранд ва ба шаҳрвандоне, ки рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба соҳиб шудан ба силоҳро доранд, фурӯшанд.

14. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани чунин намуди силоҳҳо манъ аст:

- силоҳи дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта нашуда ва ё силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки аз ҷиҳати техникӣ барои истифодабарӣ корношоям мебошад;

- силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификати мутобиқат нагузаштаанд, инчунин силоҳ ва лавозимоти ҷангии бе рақам, бе тамға ва нишонаи мувофиқати дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ;

- силоҳи оташфишони милаш рахпечи аз тирпарронии санҷишӣ нагузашта, тирҳо ва гилзаҳои паррондашудаи ба маҳзани давлатии тиру гилзаҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳоднашуда;

- асбобҳои тирпарронии беовоз ва нишонгиракҳои шабона барои силоҳ;

- силоҳи оташфишоне, ки шаклаш ба ашёи дигар монанд аст;

- силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангие, ки барои истифодаи муваққатӣ гирифта шудааст;

- дигар намудҳои силоҳе, ки гардиши онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

5. СОҲИБ ШУДАН БА СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

15. Корхонаву муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, баъди аз мақомоти корҳои дохилӣ гирифтани рухсатнома ҳуқуқ доранд ба силоҳи ғайринизомӣ соҳиб шаванд. Шакли рухсатномаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

16. Барои гирифтани рухсатномаҳо оид ба соҳиб шудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи хаттӣ пешниҳод намоянд, ки ба он ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешавад:

- рӯйхати кормандон бо зикри насаб, ном ва номи падар, вазифа, соли таваллуд ва ҷойи истиқомат;

- маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани бемориҳои наркологӣ, равонӣ, майзадагӣ ва нуқсонҳои ҷисмонӣ аз маркази саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;

- маълумотнома вобаста ба гузаштани санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона ба силоҳ;

- маълумотнома вобаста ба гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ;

- нусхаи фармонҳои роҳбарони ташкилотҳо оид ба таъин намудани кормандон ба вазифа ва ба таври инфиродӣ вобаста намудани силоҳ;

- 2 дона расми андозаи 3x4 см;

- санад оид ба санҷиши шароити нигоҳдории силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва хадамоти давлатии оташнишонии маҳалли ҷойгиршавӣ;

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақта барои додани рухсатнома оид ба соҳиб шудани силоҳ.

17. Ариза ва маводи барои соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва ба Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби корхонаву муассиса ва дигар ташкилотҳо пешииҳод шудааст, дар муддати як моҳ баррасӣ гардида, дар ҳолати рад намудан ба онҳо тариқи хаттӣ бо зикри сабабҳои радкунӣ хабар дода мешавад.

18. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни бистуяксолагӣ расидаанд, баъди гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба намуди мушаххаси силоҳи ғайринизомӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқ доранд ба силоҳи ғайринизомӣ соҳиб шаванд.

19. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд силоҳи ғайринизомии дар ихтиёри худ бударо тибқи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ ба номи дигар шаҳрванд гузаронанд.

20. Ба силоҳи сарди шикории теғдор шаҳрвандоне метавонанд соҳиб шаванд, ки барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи оташфишони шикорӣ рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро доранд. Силоҳи сард дар дафтарчаи шикорчигӣ ба қайд гирифта мешавад, дар сурате, ки дарозии теғашон на бештар аз ҳаштоду панҷ миллиметрро ташкил диҳад.

21. Барои гирифтани рухсатнома оид ба соҳиб шудани силоҳи оташфишони суфтамили варзишӣ ва шикорӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- варақа - аризаи пуркардашуда, ки шакли он аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ муқаррар карда шудааст;

- билети шикорчигӣ;

- хулосаи тиббӣ аз маркази саломатии шаҳрӣ ё ноҳиявии маҳалли зисти шаҳрванд оид ба надоштани беморӣ ва нуқсонҳои ҷисмонӣ;

- маълумотномаҳои тиббӣ дар бораи дар қайдҳои марказҳои наркологӣ ва равонӣ набудан;

- нусхаи ҳуҷҷате, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданро тасдиқ менамояд;

- маълумотнома ё тавсифнома аз ҷойи кор ё аз ҷойи истиқомат;

- маълумотнома оид ба санҷиши донистани қоидаҳои бехатарии муносибати эҳтиёткорона бо силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он;

- маълумотнома дар бораи аз қайди давлатии дактилоскопӣ гузаштани шаҳрванд;

- санади азназаргузаронии шароити нигоҳдории силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти шаҳрванд;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои додани рухсатнома оид ба соҳиб шудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он.

22. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти касбии бо шикор алоқаманд машғуланд ё шикорчиёни ҳавасманде, ки на кам аз панҷ сол силоҳи шикории оташфишони суфтамил дошта, қоидаҳои шикор, соҳиб шудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, интиқол ва истифода бурдани силоҳро вайрон накардаанд, ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи шикории оташфишони муштарак ва силоҳи шикории оташфишони милаш рахпечро доранд.

23. Барои гирифтани рухсатнома оид ба соҳиб шудани силоҳи оташфишони шикории муштарак ва силоҳи оташфишони шикории милаш рахпеч шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуҷҷатҳои дар банди 21 Тартиби мазкур овардашуда ба Вазорати корҳои дохилӣ ба таври иловагӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- нусхаи рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи шикории оташфишони суфтамил;

- билети шикорчигие, ки на кам аз панҷ сол аъзои ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон будани шаҳрвандро тасдиқ менамояд ва пешниҳодоти ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон вобаста ба фаъолияти касбии бо шикор алоқаманд.

24. Шаҳрвандоне, ки бори аввал ба силоҳи ғайринизомии худмуҳофизатӣ соҳиб мешаванд, бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки дар сархатҳои якум, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳуми банди 21 Тартиби мазкур қайд карда шудаанд, пешниҳод намоянд.

25. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми баррасии ариза ва додани рухсатнома оид ба соҳиб шудан ё ин ки дароз намудани муҳлати амали он вазифадор мебошанд, ки вобаста ба доғи судӣ надоштани кормандони корхона, муассиса ва ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон аз рӯи қайдҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ аз санҷиш гузаронанд.

26. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда бидуни пешниҳод намудани хулосаи тиббии марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин маълумотномаҳои тиббии марказҳои бемориҳои наркологӣ ва равонӣ бо пешниҳод намудани дагар ҳуҷҷатҳои банди 21 Тартиби мазкур ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро доранд.

27. Ариза ва дигар маводе, ки аз тарафи шаҳрвандон барои соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод мегардад, мутобиқи банди 17 Тартиби мазкур баррасӣ карда мешавад. Дар ҳолати рад намудан ба онҳо ҷавоби хаттӣ бо зикри сабабҳои радкунӣ дода мешавад.

28. Рухсатнома оид ба соҳиб шудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷонибй мақомоти корҳои дохилӣ ба корхона, муассиса, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ба муҳлати шаш моҳ дода мешавад.

29. Лавозимоти ҷангӣ ба силоҳи оташфишони ғайринизомиро шаҳрвандон аз шахсони ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он мебошанд, бо пешниҳод намудани рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани намуди мушаххаси муносиб ба силоҳи соҳибшуда харидорӣ менамоянд.

30. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он соҳиб шаванд.

6. БАҲИСОБГИРӢ, НИГОҲ ДОШТАН, ГИРИФТА ГАШТАН, ИСТИФОДА БУРДАН ВА ИНТИҚОЛ ДОДАНИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

31. Мақомоти корҳои дохилии маҳаллӣ ҳангоми баҳисобгирии силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатӣ ва намудҳои дигари силоҳи шикории соҳибшуда ба шаҳрванд барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани соҳибшавӣ ба онҳоро тасдиқ мекунанд, ба муддати се сол рухсатнома медиҳад. Муҳлати амали рухсатнома ба ҳамин муҳлат дароз карда мешавад.

32. Ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, интиқол додан ва истифода бурдани силоҳи шикории оташфишони муштарак ва силоҳи шикории оташфишони милаш рахпеч тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

33. Силоҳи ғайринизомии соҳибшуда дар муҳлати 10 рӯз аз санаи соҳиб шудан дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти соҳиби силоҳ бо гирифтани рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он ба қайд гирифта мешавад.

34. Соҳиби силоҳи ғайринизомӣ дар ҳолати иваз намудани ҷойи истиқомат силоҳро аз қайди мақомоти корҳои дохилии маҳаллӣ бароварда, дар муддати 10 рӯз дар ҷойи нави истиқомати доимӣ ба қайд мегузорад.

35. Силоҳи ғайринизомие, ки корношоям гаштааст ва аз ҷониби шуъбаҳои ташхисӣ-криминалистии мақомоти корҳои дохилӣ корношоямии он тасдиқ гардидааст ва ё ба қайд гирифта нашудааст, ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.

36. Асос барои додани рухсатнома оид ба нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифодаи силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он дархости хаттии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо мебошад, ки дар он ба ғайр аз маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 16 Тартиби мазкур чунин маълумотҳо бояд қайд карда шаванд:

- миқдори силоҳи ба даст овардашуда бо дарназардошти намуд, навъ, намуна, калибр, рақам, соли барориши ҳар як адад силоҳ;

- оид ба шахси масъул барои нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ, инчунин шахсоне, ки рухсатномаи бо худ гирифта гаштани силоҳро доранд;

- нусхаи фармони роҳбари корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо дар бораи таъин намудани шахси масъул барои нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он.

37. Шаҳрвандон барои гирифтани рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- 2 адад расми андозаи 3x4 см;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои гирифтани рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ;

- рухсатнома барои соҳиб шудан ба силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода шуда, дар он манбаи харидории он қайд гардида бошад.

38. Барои дароз намудани муҳлати амали рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи ғайринизомӣ соҳиби он вазифадор мебошад, ки як моҳ пеш аз гузаштани муҳлати амали рухсатнома ба мақомоти корҳои дохилии маҳаллӣ, ки силоҳ дар қайди он ҷо мебошад, муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- ариза ба номи сардори мақомоти корҳои дохилии маҳаллӣ оид ба дароз намудани муҳлати амали рухсатномае, ки дар он насаб, ном ва номи падар, макони ҷои истиқомат, намуд, калибр ва рақами силоҳ, инчунин шароити таъмини нигоҳдории он нишон дода шудааст;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои дароз намудани муҳлати амали рухсатнома;

- хулосаи тиббии марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявии маҳалли зисти шаҳрванд оид ба надоштани беморӣ ва нуқсонҳои ҷисмоние, ки метавонад ба муомилаи дуруст бо силоҳ монеъ шавад;

- маълумотномаҳои тиббӣ оид ба дар қайди маркази бемориҳои наркологӣ ва равонӣ набудан;

- маълумотнома оид ба аз нав гузаштани санҷиши донистани қоидаҳои бехатарии муносибати эҳтиёткорона бо силоҳ.

39. Субъектҳое, ки тибқи Тартиби мазкур ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро доранд, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки соҳиби иҷозатнома барои истеҳсоли (таҳқиқ, коркард, озмоиш, сохтан, ороиш ва таъмир) силоҳ мебошанд, баҳисобгирии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, таъмини амният, бехатарии нигоҳдорӣ ва истифодаи онро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ", Тартиби мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба уҳдаи он назорат аз болои гардиши силоҳ вогузор карда шудааст, амалӣ менамояд. Ин субъектҳо вазифадор мебошанд, ки дар дафтарҳои баҳисобгирӣ силоҳ ва лавозимоти ҷангиро ба қайд гиранд. Дафтарҳои баҳисобгирии силоҳ ва лавозимоти ҷангии он рақамгузорӣ ва саҳифабандӣ шуда, бо муҳри махсуси мақомоти корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавӣ бо навиштаҷоти "Тартиби иҷозатдиҳӣ" муҳргузорӣ карда мешаванд. Дафтарҳо оид ба супоридан, қабули силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки ҳангоми бурдани хизмат вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ тайёр карда шудааст, рақамгузорӣ ва саҳифабандӣ гардида, бо муҳри махсуси мақомоти корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавӣ бо навиштаҷоти "Тартиби иҷозатдиҳӣ" муҳргузорӣ карда мешаванд.

40. Силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он бояд дар шароите нигоҳдорӣ шаванд, ки ҳифзи онҳо, бехатарии нигоҳдорӣ ва дастнорасии онҳо ба шахсони бегона таъмин карда шавад.

41. Дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳо силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бояд дар ҷевонҳои оҳанин нигоҳ дошта шаванд, ки ғафсии деворҳои он бояд на камтар аз 3 мм буда, бо ду қулфи дохилии боэътимод маҳкам карда шаванд. Аз қисми дарунии дари ҷевонҳо бояд руйхати силоҳҳо бо рақамҳояшон мавҷуд бошад. Нигоҳдории силоҳ дар ҷевонҳои оҳанини вазнашон на камтар аз 700 кг, ки як қулфи дохилӣ доранд, иҷозат дода мешавад.

42. Якҷоя бо силоҳи ғайринизомӣ нигоҳ доштани дигар ашё, аз ҷумла маводи аёнии таълимӣ, асбобҳои варзишӣ манъ аст. Лавозимоти ҷангӣ бояд алоҳида аз силоҳи ғайринизомӣ дар қуттиҳои оҳанин, ҷевонҳо нигоҳ дошта шаванд.

43. Силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки шаҳрвандон дар ихтиёри худ доранд, бояд дар ҷевонҳои оҳанини ба фарш ё девори хона мустаҳкам пайвастшуда, ки ғафсии онҳо на камтар аз 3 мм мебошад, бо қулфҳои мустаҳками дохилӣ маҳкам карда шуда, дар ҷойҳои зисти доимӣ нигоҳ дошта шавад. Овехтани силоҳ дар деворҳои хонаи истиқоматӣ қатъиян манъ аст.

44. Нигоҳдории силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он берун аз ҷойҳои зисти доимии соҳибони силоҳ, инчунин дар хобгоҳҳо, ба истиснои хобгоҳҳои оилавӣ, ки дар онҳо аъзои як оила дар ҳуҷраҳои алоҳида истиқомат мекунанд, манъ аст.

45. Силоҳи ғайринизомии худмуҳофизатӣ ҳангоми гирифта гаштан дар дохили ғилоф нигоҳ дошта шуда, ҳатман бояд дар ҳолати муҳофизакунанда гузошта шавад.

46. Ҳангоми дар сафари хизматӣ будани соҳиби силоҳи ғайринизомӣ ё ин ки берун будан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз се моҳ силоҳ ва лавозимоти ҷангии он муваққатан ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист барои нигоҳдорӣ супорида мешавад.

47. Истифода бурдани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он тибқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" амалӣ карда мешавад.

48. Ҳангоми интиқол дар ҳама намуди нақлиёт силоҳи ғайринизомӣ бояд дар ҳолати аз тир холибуда ва дар дохили ҷилд нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамаи ҳолатҳои интиқоли силоҳ соҳиби он вазифадор аст, ки бо худ рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштанро дошта бошад, ки он ҳамзамон рухсатнома барои кашонидани силоҳ ба ҳисоб меравад.

49. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба миқдори на зиёда аз 4 адад силоҳи ғайринизомӣ ва на зиёда аз 400 дона лавозимоти ҷангии онро, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани намуди муайяни силоҳ дода шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол созанд.

50. Интиқоли силоҳи сарди шикории теғдор, ки дар дохили ғилоф нигоҳ дошта шудааст, танҳо дар ҳолати бо худ доштани билети шикорчигӣ иҷозат дода мешавад.

7. МУСОДИРА ВА НОБУД КАРДАНИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН, БЕКОР КАРДАНИ РУХСАТНОМА

51. Силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.

52. Мақомоте, ки назорати давлатиро оид ба риоя намудани қоидаҳои шикор, моҳидорӣ, ҳифзи табиат ва боигариҳои табиӣ амалӣ месозанд, вазифадор мебошанд, ки силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии мусодирашударо бетаъхир бо соҳиби он ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас намоянд.

53. Силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии мусодирашуда тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти корҳои дохилӣ бояд супорида шавад. Силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангие, ки бо парвандаи ҷиноятӣ ҳамчун далели шайъӣ эътироф шудааст, баъди анҷоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.

54. Рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи ғайринизомӣ дар мавридҳои зерин бекор карда мешавад:

- ихтиёран даст кашидан аз рухсатнома ё вафоти соҳиби силоҳ;

- такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давоми як сол, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ ё ин ки ба тартиботи муқаррарнамудаи идоракунӣ таҳдид менамояд, инчунин вайрон намудани қоидаҳои муқарраршудаи гардиши силоҳ;

- ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс;

- дигаргунсозии таркиботии силоҳи ғайринизомӣ аз ҷониби соҳиби силоҳ, ки боиси дигаргунӣ дар тавсифоти баллистикии силоҳ шудааст.

55. Оид ба бекор кардани рухсатнома хулосаи асоснок бароварда шуда, он аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқ карда мешавад. Дар хулоса асос ва сабабҳои қабули ин қарор нишон дода мешавад.

56. Дар ҳолати бекор кардани рухсатнома, он ҳамроҳи силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он мусодира карда мешавад.

57. Силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки нисбати соҳиби он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, дар якҷоягӣ бо рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ мусодира гардида, дар мақомоти корҳои дохилӣ то ба анҷом расидани муҳлати қарори мақомоти таҳқиқотӣ ва тафтишотӣ ва ё судӣ аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд. Агар нисбати шахси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шавад ё аз ҷониби суд ҳукми сафедкунанда бароварда шавад, ба ӯ силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ баргардонида мешавад.

58. Дар сурати вафот кардани соҳиби силоҳи ғайринизомӣ он дарҳол аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ то ҳал шудани масъалаи ба мерос гузоштани молу мулк ва гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба ин намуди силоҳ гирифта мешавад.

59. Дар ҳолати гум кардан ё дуздида шудани силоҳи ғайринизомӣ, соҳиби он вазифадор мебошад, ки фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар расонад.

60. Аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ вайрон кардани муҳлати содир намудани силоҳи ғайринизомӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби ворид намудани он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи он боиси гирифтан ва мусодираи силоҳ мегардад.

61. Оид ба мусодираи силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он санад тартиб дода мешавад, ки дар он намуд, навъ, калибр, силсила ва рақами силоҳи гирифташуда, инчунин намуд ва миқдори лавозимоти ҷангӣ қайд карда мешаванд.

62. Силоҳи ғайринизомии мусодирашуда ва лавозимоти ҷангии аз ҷиҳати техникӣ барои истифода корношоям, силоҳи худсохт, инчунин силоҳе, ки гардиши он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, бо тартиби муқарраркардаи Вазорати корҳои дохилӣ дар дастгоҳҳои махсус бо роҳи буридан ва гудозиш нобуд карда мешаванд.

8. ВОРИД НАМУДАНИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН БА ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОДИР НАМУДАНИ ОН АЗ ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

63. Ворид намудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешаванд.

64. Силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии воридшаванда ва содиршаванда бояд тамға ё нишони мутобиқати стандартро дошта бошанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ба Кадастри давлатӣ дохил карда шавад.

65. Рухсатнома оид ба ворид намудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дода мешавад.

66. Рухсатнома барои ворид намудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

- аризаи роҳбари ташкилот, ки дар он миқдори силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, насаб, ном ва номи падар, силсила ва рақами шиноснома, ё ин ки шаҳодатномаи шахсии шахсе, ки барои ворид ё содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мутасаддӣ мебошад, қайд карда мешавад;

- нусхаи шаҳодатнома оид ба аз қайди давлатӣ гузаштани шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикнстон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дода шудааст;

- нусхаи шартномаи тариқи нотариалӣ барои таҳвили силоҳ ва лавозимоти ҷангии он тасдиқгардида, ки ба он номгӯй, намудҳои муайян, навъ ва миқдори онҳо замима мегарданд;

- нусхаи рухсатнома оид ба соҳиб шудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 6 моҳ дода шудааст;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои додани рухсатнома дар бораи ворид ё содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

67. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани рухсатнома оид ба ворид намудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- аризаи хаттӣ ба номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он миқдор, намуд, калибри силоҳи ғайринизомӣ ва миқдори лавозимоти ҷангии он қайд гардад;

- нусхаи дафтарчаи шикорчигӣ;

- нусхаи рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи ғайринизомӣ;

- нусхаи шиносномаҳои миллӣ ё хориҷӣ;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои додани рухсатнома бораи ворид намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

68. Рухсатнома барои ворид намудани силоҳи варзишӣ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин ба варзишгароне, ки ба намудҳои варзиши тирандозӣ машғуланд, дода мешавад;

- дархости хаттии ташкилоти манфиатдори варзишӣ, ки дар он миқдори силоҳи варзишии ворид ё содиршаванда бо дарназардошти намуд, навъ, калибр, рақам ва соли барориши ҳар як адад силоҳ қайд карда мешавад;

- даъватнома барои иштирок намудан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои варзиши тирпарронӣ;

- фармони роҳбари ташкилоти варзишӣ оид ба вобаста намудани намуди мушаххаси силоҳ ба варзишгарони масъул ҳангоми воридот ё содироти силоҳ.

69. Силоҳи шикорӣ ва варзиширо шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд, агар қарордод барои шикор ё таклиф барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва рухсатномаи дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад. Силоҳ бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати бо қарордод ё даъватнома муқарраршуда содир карда шавад.

70. Шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани рухсатнома оид ба ворид ва содир намудани силоҳи шикорӣ ва варзишӣ ба воситаи ширкатҳои ватании сайёҳӣ ва ташкилотҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил намудани шикори сайёҳиро доранд, ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- дархости хаттӣ, ки дар он насаб, ном ва номи падари шаҳрванди хориҷӣ, намуд, калибр ва рақами силоҳ, миқдори лавозимоти ҷангии воридшаванда ва ҳаракати хатсайри шаҳрванди хориҷӣ, инчунин муҳлати муқарраршудаи қарордод қайд карда мешавад;

- нусхаи шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;

- нусхаи иҷозатномаҳо ё роҳхатҳои шикорӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои ваколатдори давлатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ барои шикор дода шудааст;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои додани рухсатнома оид ба ворид ва содир намудани силоҳ.

9. НАЗОРАТИ ГАРДИШИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

71. Назорати гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он дар корхона, муассисаву ташкилотҳо ва нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро доранд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

72. Шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои амалӣ намудани назорати гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ваколатдор мебошанд, ҳуқуқ доранд, силоҳи гардишаш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардашударо бо тартиби муқарраршуда ройгон гирифта, барои нобуд сохтан супоранд.

73. Мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки ҳар семоҳа шароити нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки дар ихтиёри корхона, муассисаву ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон мебошанд, дар маҳалли ҷойгиршавӣ ва ҷои зисташон санҷиш гузаронида, дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.