Тартиби гардиши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он аз 1 апрели соли 2017 № 160

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017 № 160

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ГАРДИШИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби гардиши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд - Тартиб) масъалаҳои гардиши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, аз ҷумла истеҳсол, хариду фурӯш, фурӯхтан, соҳиб шудан, баҳисобгирӣ, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштан ва истифода бурдан, мусодира кардан ва нобуд сохтан, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот намудани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро ба танзим медарорад.

2. ИСТЕҲСОЛИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

2. Истеҳсоли силоҳи хизматӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои истеҳсоли (таҳқиқ, коркард, озмоиш, сохтан, ороиш ва таъмири) силоҳи хизматӣ доранд, амалӣ карда мешавад.

3. Шахсони ҳуқуқие, ки чунин намудҳои фаъолиятро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:

- гузаронидани таҳқиқоте, ки бо таъсиси навъҳо, намунаҳои нави силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он алоқамандӣ дорад;

- таҳияву коркард намудани намунаҳои таҷрибавии навъҳо ва намунаҳои нави силоҳи хизматӣ ё лавозимоти ҷангӣ дар ҷараёни гузаронидани корҳои таҷрибавию конструкторӣ, инчунин коркард ва ташхиси ҳуҷҷатҳои илмию техникӣ барои истеҳсоли силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он;

- гузаронидани озмоиши силоҳи хизматӣ ё лавозимоти ҷангии он барои муайян намудани тавсифи техникии онҳо ва муқаррар намудани муҳлати ниҳоии хизмат ва истифодаи бехатарии он;

- сохтани силоҳи хизматӣ ё лавозимоти ҷангии он, аз ҷумла васлкунии силоҳ ва тайёр намудани қисмҳои асосии силоҳ, инчунин васлкунии қисмҳои таркибии лавозимоти ҷангии он (гилза, пистон, борут, тир, сочма);

- ороиш додани намуди зоҳирии силоҳ бе ворид намудани тағйироти конструктивӣ дар қисмҳои асосии он ва нигоҳдории тавсифоти техникӣ ва криминалистии силоҳ. Дар ҳолати ороиш додани намуди зоҳирии силоҳ металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин мавод ва технологияҳое, ки дар вақти сохтани навъҳои мушаххаси силоҳ зарурат надоранд, метавонанд истифода бурда шаванд;

- таъмири силоҳ, аз ҷумла ба ҳолати коршоямӣ овардани силоҳ бо роҳи бартараф кардани қисмҳои вайроншуда ё иваз намудани охир, инчунин барқарорсозии намуди зоҳирии силоҳ,

4. Ба шахсони ҳуқуқии дорои иҷозатнома барои истеҳсоли силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он истеҳсоли намуд, навъҳои силоҳ ва лавозимоти ҷангии дар иҷозатнома пешбинӣ нагардида манъ аст.

5. Шахсони ҳуқуқии дорои иҷозатнома барои истеҳсоли силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он вазифадоранд, ки аз болои истеҳсоли силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он назорат бурда, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва амнияти корҳои истеҳсолии вобаста ба анҷоми корҳо ва сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаро таъмин намоянд.

3. ХАРИДУ ФУРӯШИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

6. Ҳуқуқи хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ доранд.

7. Шахсони ҳуқуқие, ки ҳуқуқи хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, уҳдадоранд:

- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва бақайдгирии дахлдор ва иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро дошта бошанд;

- сертификати мутобиқати силоҳи фурӯхташавандаи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои нигоҳ доштани чунин силоҳ дошта бошанд;

- аз шахсони ҳуқуқие, ки ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро доранд, рухсатнома барои харидории чунин намуди силоҳро талаб намоянд, ба истиснои силоҳе, ки барои харидориаш рухсатнома лозим нест;

- дар рухсатномаи шахсони ҳуқуқӣ силоҳи ба онҳо фурӯхташударо қайд намоянд;

- риояи қоидаҳои нигоҳдории силоҳро таъмин намоянд.

8. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд ҷойҳои нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангиро санҷиш намоянд ва аз шахсони ҳуқуқи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ё ин ки нусхаи онҳо, инчунин иттилооти хаттӣ ва шифоҳиеро, ки барои амалӣ гардонидани назорат зарур мебошад, талаб намоянд.

9. Дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳо оид ба вайронкунии қоидаҳои нигоҳдорӣ ё ин ки хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он мақомоти корҳои дохилӣ барои фавран бартараф намудани камбудиҳо ба шахсони ҳуқуқӣ амрнома ирсол менамояд ва дар доираи салоҳияти худ фаъолиятн муассисаҳои дахлдорро вобаста ба истифодаи силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он қатъ менамояд.

4. ФУРӯШИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

10. Фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо амалӣ карда метавонанд:

- ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқ доранд, ки силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии ба онҳо тааллуқдоштаро дар асоси дархост ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки барои хариду фурӯши силоҳ иҷозатнома доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанд ё ройгон диҳанд. Фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он бояд бо ҳуҷҷатҳои шакли муқарраргардида ба расмият дароварда шаванд, ки номгӯй, шакл ва тартиби пешбурди онҳоро ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашудаи дахлдор дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд;

- шахсони ҳуқуқие, ки барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он иҷозатнома доранд.

11. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани чунин намудҳои силоҳ манъ аст:

- силоҳе, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта нашудааст, ё ин ки силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки аз ҷиҳати техникӣ барои истифодабарӣ корношоям мебошад;

- силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификати мутобиқат нагузаштаанд, инчунин силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии бе рақам, бе тамға ва бе нишони мутобиқат дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ;

- силоҳи оташфишони милаш рахпечи аз тирпарронии санҷишӣ нагузашта, ки тирҳо ва гилзаҳои парондашудаи он ба махзани давлатии тиру гилзаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нашудаанд;

- асбобҳои тирпарронии беовоз ва нишонгиракҳои шабона барои силоҳ;

- силоҳи оташфишоне, ки шаклаш ба ашёи дигар монанд аст;

- силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангие, ки барои истифодаи муваққатӣ гирифта шудаанд.

5. СОҲИБ ШУДАН БА СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

12. Барои соҳиб шудан ба силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ субъектҳои зерини дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" зикргардида ҳуқуқ доранд:

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва шикор;

- муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

- бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист;

- нозироти давлатии ҳифзи ҷангал;

- муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ;

- хадамоти алоқаи фелдегерӣ.

13. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда барои соҳиб шудан ба силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он бидуни гирифтани рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд. Соҳиб шудан ба силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда бояд бо ҳуҷҷатҳои шаклашон муқарраргардида ба расмият дароварда шавад, ки номгӯй, шакл ва тартиби пешбурди онҳоро ташкилотҳои номбурда муайян менамоянд.

14. Корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои муайяннамудаи Тартиби мазкур пас аз гнрифтани рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ барои соҳиб шудан ба силоҳи хизматӣ ҳуқуқ, доранд. Шакли рухсатномаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Соҳиб шудан ба лавозимоти ҷангӣ бар ивази лавозимоти ҷангии сарфшуда аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои зикргардида аз рӯи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.

15. Додани рухсатнома аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ барои харидани силоҳи оташфишони шикорӣ, аз ҷумла милаш рахпеч ба ташкилотҳое, ки хоҷагии шикорро пеш мебаранд, инчунин ба фаъолияти марбут ба ҳифзи табиат, ҷангал ва захираҳои табиӣ машғулбуда, ташкилотҳои варзишӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси аризаи роҳбарони ташкилотҳои зикргардида тибқи меъёрҳои таъминоти онҳо бо ин намуди силоҳ, ки Вазорати корҳои дохилӣ муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.

16. Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои ба он вогузоршуда оид ба ҳифзи ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқ дорад дар асоси рухсатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳ соҳиб шавад.

17. Барои гирифтани рухсатнома оид ба соҳиб шудан ба силоҳ роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи хаттӣ пешниҳод намоянд, ки ба он ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- руйхати кормандон бо қайди насаб, ном ва номи падар, вазифа, санаи таваллуд ва ҷои истиқомат;

- маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмонӣ аз марказҳои саломатии шаҳрӣ ва моҳиявӣ;

- маълумотномаҳои тиббӣ дар хусуси он, ки шахс дар қайди марказҳои бемориҳои наркологӣ ва равонӣ қарор надорад;

- маълумотнома оид ба гузаштани санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона ба силоҳ;

- маълумотнома оид ба гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ;

- нусхаи фармонҳои роҳбарони ташкилотҳо оид ба таъин намудани кормандон ба вазифа ва ба таври инфиродӣ вобаста намудани силоҳ;

- 2 дона расми андозаи 3x4 см;

- расид (квитансия) оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои додани рухсатнома оид ба соҳиб шудани силоҳ.

18. Ариза ва маводе, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ба Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби субъектҳои дар банди 13 Тартиби мазкур зикргардида ворид мегарданд, дар муддати як моҳ баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолати рад намудан, дар ин хусус ба корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бо ишораи сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ хабар дода мешавад.

6. БАҲИСОБГИРИИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

19. Дар мақомоти корҳои дохилӣ силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангие, ки дар ихтиёри корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз намуд, навъ, модел ва манбаи воридот, ба истиснои силоҳе, ки дар ихтиёри ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда мебошанд, ба қайд гирифта мешаванд.

20. Ҳангоми бақайдгирӣ ба корхона, муассиса ва дигар ташкилот барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани ин силоҳ дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани соҳиб шудан ба силоҳро тасдиқ мекунанд, ба муддати панҷ сол рухсатнома дода мешавад.

21. Силоҳи соҳибшуда бояд дар муҳлати даҳ рӯз пас аз соҳиб шудан дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳолати дар ҳудуди давлати дигар соҳиб шудан ба силоҳ пас аз воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон муҳлат ба қайд гирифта мешавад.

22. Ҳангоми бақайдгирӣ ба кормандони корхона, муассиса ё дигар ташкилот барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани ин силоҳ ба муҳлати се сол дар асоси санадҳои тасдиқкунандаи қонунӣ будани соҳибияти он рухсатнома дода мешавад. Муҳлати амали рухсатнома тибқи тартибе, ки барои гирифтан ва соҳиб шудан ба силоҳ пешбинӣ шудааст, дароз карда мешавад.

23. Субъектҳое, ки тибқи Тартиби мазкур ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро доранд, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома барои истеҳсол (таҳқиқ, коркард, озмоиш, сохтан, ороиш ва таъмири силоҳ) мебошанд, баҳисобгирии силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангӣ, таъмини амният, бехатарии нигоҳдорӣ ва истифодаи онро дар асоси Тартиби мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба уҳдаи онҳо назорат аз болои гардиши силоҳ вогузор карда шудааст, амалӣ менамоянд. Ин субъектҳо вазифадор мебошанд, ки дар китобҳои баҳисобгирӣ силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангиро ба қайд гиранд. Китобҳои баҳисобгирии силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он рақамгузорӣ ва саҳифабандӣ шуда, бо муҳри махсуси мақомоти корҳои дохилии минтақавии дорои навиштаҷоти "Тартиби иҷозатдиҳӣ" муҳргузорӣ карда мешаванд. Китобҳо оид ба додан ва қабул кардани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки дар вақти бурдани хизмат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дода шудааст, рақамгузорӣ ва саҳифабандӣ гардида, бо муҳри махсуси мақомоти корҳои дохилии минтақавии дорои навиштаҷоти "Тартиби иҷозатдиҳӣ" муҳргузорӣ карда мешаванд.

7. НИГОҲДОРИИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

24. Ба шахсони ҳуқуқӣ нигоҳдории силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки соҳиби рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ барои нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифодаи силоҳро доро мебошанд, иҷозат дода мешавад.

25. Шахсони ҳуқуқӣ баъди гирифтани рухсатнома аз мақомоти корҳои дохилӣ барои нигоҳдорӣ, гирифта гаштан ва истифодаи силоҳ вазифадор мебошанд, ки силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро дар шароите нигоҳ доранд, ки таъмини амният ва бехатарии онҳо, инчунин ба шахсони бегона дастрас нашудани онҳо таъмин карда шавад. Силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он тибқи талаботи муқаррарнамудаи Тартиби мазкур бояд дар ҷойҳое нигоҳ дошта шаванд, ки бо асбобҳои махсуси муҳофизавии овоздиҳанда ва камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз карда шуда бошанд.

26. Тартиби қабули силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он барои нигоҳдорӣ, супоридан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурии бақайдгирии силоҳ бо фармони роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ ва тибқи талаботи муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

27. Асос барои додани рухсатнома оид ба нигоҳдорӣ, гирифта гаштан ва истифода бурдани силоҳ дархости хаттии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо мебошад, ки дар он чунин маълумот бояд қайд карда шаванд:

- миқдори силоҳи соҳибшуда бо дарназардошти намуд, навъ, модел, калибр, рақам, соли барориши ҳар як адад силоҳ;

- оид ба шахси масъул барои нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ, инчунин шахсоне, ки иҷозати бо худ гирифта гаштани силоҳро доранд, аз ҷумла оид ба кормандони муҳофиза (вазифа, насаб, ном ва номи падар, сана ва ҷои таваллуд), хулосаи тиббӣ оид ба надоштани бемориҳое, ки барои гирифта гаштани силоҳ монеагӣ мекунанд, маълумотномаҳо оид ба санҷишӣ донистани қоидаҳои бехатарии муносибат бо силоҳ ва надоштани доғи судӣ;

- нусхаи фармони роҳбари корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо дар бораи таъин намудани шахси масъул барои нигоҳдории силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он;

- санад оид ба мусоид будани бинои барои нигоҳдории силоҳ пешбинишуда, ки аз ҷониби намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд.

28. Силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он дар анборҳои махсуси таҷҳизонидашуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ба талаботи зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

- аз дигар утоқҳои хизматӣ ҷудо ва дорои деворҳо ва шифти мустаҳкам бошанд. Деворҳои дарунӣ бо деворҳои гипсобетонии обутобдодаи ғафсиаш 80 мм ва дар таркиби онҳо панҷараи симин ё девори хиштии ғафсиаш на камтар аз 120 мм мебошад, ки бо тӯри симин мустаҳкам карда шудааст;

- дорои ду дари оҳанин бошад. Дари берунӣ бояд бо ду қулфи дохилӣ маҳкам шавад ва бо муҳри мастикӣ муҳргузорӣ карда шавад, Дари панҷарадори дохилӣ бо қулфи дохилӣ ё қулфи овезон бояд маҳкам шавад;

- бо ду ва аз он зиёд хати воситаҳои сигналдиҳии муҳофизавию сӯхторнишонии дорои ноқилҳои ниҳонӣ то қуттии таъминоти қувваи барқ ва бо насби чашмакҳои ҳиссиётӣ дар дару тирезаҳо, сақфҳо, деворҳо, фаршҳои ҳангоми кушодан ё шикастани сандуқҳои оҳанин, ки дохили он силоҳ нигоҳ дошта мешавад, инчунин ҳангоми дохили ҳуҷра воридшавии шахс ба кор медароянд, таҷҳизонида шуда бошанд. Ин биноҳо бояд бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардида бошанд ва барои ҳифз намудан ба кормандони Хадамоти давлатии муҳофизаи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба дигар мақомоти дахлдор бо пайвастшавии воситаҳои сигналдиҳӣ ба нуқтаи назорати мутамарказ супорида мешаванд;

- утоқҳои нигоҳдории аслиҳа ва ҷевонҳои оҳанини дорои силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он бояд ду баста калид дошта бошанд. Як бастаи калидҳо доимо дар ихтиёри шахсе, ки масъули нигоҳдории силоҳ мебошад, нигоҳ дошта шуда, маҷмӯи дуюми калидҳо дар қуттичаи бо муҳр тамғашуда дар ихтиёри роҳбари ташкилот, ки ба унвони ӯ барои нигоҳдории силоҳ рухсатнома дода шудааст, нигоҳ дошта мешавад, Калидҳои ҳуҷраҳои нигоҳдории силоҳ ва ҷевонҳои оҳанинеро, ки дорои силоҳҳои хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он мебошанд, дар болои миз ва дигар ҷойҳо бе назорат гузоштан манъ аст;

- силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он бояд дар ҷевонҳои оҳанин (сейфҳо) нигоҳ дошта шаванд, ки ғафсии деворҳои он на камтар аз 3 мм буда, бо ду қулфи боэътимоди дарунӣ маҳкам карда шаванд. Аз тарафи дарунии дари ҷевонҳо бояд рӯйхати силоҳҳо бо рақамҳояшон мавҷуд бошад. Нигоҳдории силоҳ дар ҷевонҳои оҳанини вазнашон на камтар аз 700 кг, ки як қулфи дохилӣ доранд, иҷозат дода мешавад;

- якҷо бо силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он нигоҳ доштани дигар ашё, аз ҷумла маводи аёнии таълимӣ, асбобҳои варзишӣ манъ аст. Лавозимоти ҷангӣ бояд дар қуттиҳои оҳанин, ҷевонҳо алоҳида аз силоҳ ҷудо нигоҳ дошта шаванд.

29. Лавозимоти ҷангии сарфшуда барои мақсадҳои таълимӣ, машқҳои таҷрибавии тирандозӣ ва дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ё дар натиҷаи истифодабарии силоҳ ҳангоми адои хизмат, инчунин лавозимоти ҷангии гумшуда мутобиқи санад бо ҳамроҳ кардани ведомости тақсимотӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо замимаи маводи санҷиши хизматӣ оид ба сабабҳои истифодаи силоҳ ва ё лавозимоти ҷангии гумшуда аз ҳисоб хориҷ карда мешаванд.

30. Санад на дертар аз рӯзи гузаронидани тирпарронии навбатӣ тартиб дода шуда, аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад ва ин санад бояд дар ихтиёри шахсе, ки масъул оид ба нигоҳдории силоҳ мебошад, нигоҳ дошта шавад.

31. Дар хусуси аз ҳисоб баровардани лавозимоти ҷангии сарфшуда дар китобҳои баҳисобгирии силоҳ қайдҳои дахлдор гузошта мешаванд.

32. Дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳдории силоҳи рахпеч ва суфтамили шикории хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он дар маҳалли истиқомати кормандони ҳифзи табиат иҷозат дода мешавад. Дар ин маврид силоҳи оташфишон бояд дар ҷевонҳои оҳанин, ки ба шифт ё ин ки ба девор мустаҳкам пайваст карда шудааст, нигоҳ дошта мешавад ва ғафсии девори ҷевони оҳанин бояд на камтар аз 3 мм бошад ва бо ду қулфи дохилӣ маҳкам карда шавад.

8. ИНТИҚОЛ ДОДАНИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

33. Шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии дар ихтиёри худ доштаро дар асоси рухсатномаҳои мақомоти корҳои дохилӣ интиқол диҳанд.

34. Барои интиқол додани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он шахсони ҳуқуқӣ вазифадор мебошанд:

- бо мақомоти корҳои дохилии маҳалли қайди силоҳ хатсайр ва намуди нақлиётеро, ки дар он силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он интиқол дода мешавад, мувофиқа намоянд;

- воситаҳои нақлиётро мутобиқи талаботе, ки барои кашонидани борҳои хатарнок муқаррар карда шудааст, муҷҷаҳаз гардонанд;

- интиқол додани силоҳи оташфишони теъдодаш зиёда аз 5 адад ва лавозимоти ҷангии теъдодаш зиёда аз 400 донаро дар тӯли роҳ бо на камтар аз ду нафар муҳофизини бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ барои роҳбаладӣ таъмин намоянд;

- ба варзишгарон, устодон ва дигар кормандони ташкилотҳои варзишӣ ва муассисаҳои таҳсилотии ба намудҳои варзиши тирпарронӣ ё ин ки ба корҳои варзишию таълимӣ машғулбуда ва бо истифодаи силоҳи оташфишони варзишӣ алоқамандидошта, бидуни роҳбаладии муҳофизони бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ интиқоли ин силоҳҳои оташфишони варзишӣ ва лавозимоти ҷангии он ҳангоми таъин намудани шахси масъул иҷозат дода мешаванд;

- интиқол додани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он бояд дар зарфҳои махсусе, ки муҳргузорӣ ва тамғазании қӯрғошимӣ дорад, амалӣ карда шавад;

- силоҳ дар вақти интиқол додан бояд дар ҳолати аз тир холӣ кардашуда ва ҷудо аз лавозимоти ҷангии он ҷойгир бошад.

35. Ҳангоми ошкор кардани аломатҳои кушодани воситаи нақлиёти интиқолдиҳандаи силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангӣ, осебёбии зарфҳо, вайроншавии муҳр ва тамғазании қурғошимӣ сардори дастаи муҳофизон вазифадор аст, ки фавран дар ин хусус ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар расонида, санад тартиб диҳад. Оид ба муқаррар намудани сабабҳои ба вуқӯъ омадани ҳодисаи ногувор чораҳои зарурӣ андешида, муҳофизати ҷои ҳодисаро таъмин намояд.

36. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда интиқоли силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро бо тартиби муқаррарнамудаи ин ташкилотҳо бидуни рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ менамоянд.

9. ГИРИФТА ГАШТАН ВА ИСТИФОДА БУРДАНИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

37. Гирифта гаштани силоҳи хизматӣ дар асоси рухсатномаҳо оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани навъҳо, шакл, намудҳои мушаххаси силоҳ, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад, амалӣ мегардад.

38. Барои гирифтани рухсатномаҳо оид ба гирифта гаштани силоҳ роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи хаттӣ пешниҳод намоянд, ки ба он ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- рӯйхати кормандон бо қайди насаб, ном ва номи падар, вазифа, ҷой ва соли таваллуд ва ҷои истиқомат;

- маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмонӣ;

- маълумотномаҳои тиббии дар қайди марказҳои бемориҳои наркологӣ ва равонӣ набудан;

- маълумотнома вобаста ба гузаштани санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона ба силоҳ;

- маълумотнома вобаста ба гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ;

- нусхаи фармонҳои роҳбарони ташкилотҳо оид ба таъин намудани кормандон ба вазифа ва ба таври фардӣ вобаста намудани силоҳ;

- 2 дона расми андозаи 3x4 см;

- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақтаина барои додани рухсатнома оид ба гирифта гаштани силоҳ.

39. Мақомоти корҳои дохилӣ дар муддати як моҳ аз рӯзи воридшавии дархост ва ҳуҷҷатҳо маводи пешниҳодшударо баррасӣ намуда, рухсатнома оид ба бо худ гирифта гаштани силоҳро медиҳад. Дар ҳолати рад намудан ба корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бо дарҷи сабабҳои радкунӣ тариқи хаттӣ хабар медиҳад.

40. Рухсатнома барои гирифта гаштани силоҳи хизматӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати се сол бо гузоштани муҳр бо навиштаҷоти "танҳо дар вақти адои вазифаҳои хизматӣ" дода мешавад.

41. Ҳуқуқи бо худ гирифта гаштани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангиро инҳо доранд:

- шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кормандони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, аз ҷумла хадамоти бехатарӣ ва таҳвили маблағҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи ҷангал, аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва шикорчигӣ, кормандони муассисаи давлатии обуҳавосанҷӣ ва хадамоти алоқаи фелдегерӣ;

- хизматчиён ва кормандони дар нафақабудаи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда, ки бо силоҳ мукофотонида шудаанд.

42. Силоҳи оташфишони дарозмили хизматӣ ҳангоми гирифта гаштан, бояд дар дохили ҷилд нигоҳ дошта шуда, силоҳ ҳатман дар ҳолати муҳофизакунанда гузошта шавад. Силоҳи оташфишони кӯтоҳмили хизматӣ ҳангоми гирифта гаштан бояд дар дохили ғилоф гузошта шавад.

43. Гирифта гаштани намунаи силоҳ, инчунин силоҳе, ки арзиши фарҳангӣ дорад, фақат ба шахсони либосҳои таърихӣ пӯшида, ҳангоми баргузории чорабиниҳои таърихӣ-фарҳангӣ ё дигар чорабиниҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, бо рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ иҷозат дода мешавад.

44. Ҳангоми гирифта гаштани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва кормандоне, ки тибқи банди 41 ҳамин Тартиб ҳуқуқи гирифта гаштани силоҳро доранд, вазифадоранд бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома, шаҳодатномаи хизматӣ, билети ҳарбӣ ё дафтарчаи шикорчигӣ), инчунин рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи бо худдоштаро бошанд.

45. Истифодаи силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

10. МУСОДИРА КАРДАН ВА НОБУД СОХТАНИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

46. Силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоте, ки ваколатдор мебошанд, тибқи Тартиби мазкур мусодира карда мешаванд.

47. Мақомоте, ки назорати давлатиро оид ба риоя намудани қоидаҳои шикор, моҳидорӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ амалӣ месозанд, вазифадор мебошанд, ки силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии мусодирашударо ба мақомоти корҳои дохилӣ супоранд.

48. Силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии мусодирашуда тибқи Тартиби мазкур бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шавад, инчунин силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии мусодирашуда, ки далели шайъии парвандаи ҷиноятӣ дониста шудаанд, баъди ба охир расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо тариқи судӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шаванд.

49. Оид ба мусодираи силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он протокол тартиб дода мешавад, ки дар он намуд, навъ, калибр, силсила ва рақами силоҳи гирифташуда, инчунин намуд ва миқдори лавозимоти ҷангӣ қайд карда мешавад.

50. Силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки барои истифодаи муваққатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дода шудааст, дар давраи бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда, ё дигар шароитҳое, ки барои таъмини амният ва бехатарии нигоҳдории силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он монеагӣ мекунад, муваққатан мусодира карда мешавад.

51. Силоҳи хизматии мусодирашуда ва лавозимоти ҷангии аз ҷиҳати техникӣ барои истифода корношоям, силоҳи худсохт, инчунин силоҳе, ки гардиши он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар дастгоҳҳои махсус бо роҳи буридан ва гудозиш нобуд карда мешаванд.

11. БА ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД НАМУДАН ВА АЗ ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОДИРОТ НАМУДАНИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

52. Ворид намудани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти чангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" амалӣ карда мешавад.

53. Силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии воридшаванда ва содиротшаванда бояд тамға ё нишони мутобиқати стандартро дошта бошанд ва ба Кадастри давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман дохил карда шавад.

54. Рухсатнома барои ворид намудани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии ои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷиикстон ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

- аризаи роҳбари ташкилот, ки дар он миқдори силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, насаб, ном ва номи падар, силсила ва рақами шиноснома, ё ин ки шаҳодатномаи шахсии шахси масъул оид ба ворид намудани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он қайд карда мешавад;

- нусхаи шаҳодатнома дар хусуси аз қайди давлатӣ гузаштани шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дода шудааст;

- нусхаи шартномаҳои бо тариқи нотариалӣ барои таҳвили силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он тасдиқгардида, ки ба он номгӯй, намудҳои муайян, навъ ва миқдори онҳо замима мегардад;

- расид (квитансия) оид ба пардохти яквақтаина барои додани рухсатнома оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва содирот намудани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷантии он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

55. Рухсатнома барои содирот намудани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси ҳуҷҷҷатҳои зикршудаи сархатҳои якум, дуюм, чорум ва панҷуми банди 55 Тартиби мазкур дода шуда, ва инчунин иловатан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- нусхаи рухсатнома ё иҷозатномаҳо барои харидорӣ ва ворид намудани силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки ба шахсони ҳуқуқии қабулкунанда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии давлати хориҷие, ки силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангӣ ба он ҷо содир мешавад, дода шудааст;

- кафолатномаи хаттии мақоми ваколатдор дар соҳаи назоратбарии содиротии давлати хориҷӣ дар хусуси он, ки силоҳи мазкур танҳо бо мақсадҳои осоишта истифода гардида, ба кишварҳои дигар интиқол дода намешавад.

56. Бланки рухсатнома оид ба ворид ва содироти силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он ҳуҷҷати ҳисоботии қатъӣ буда, дар матбаа бо гузоштани рақамгузории тартибӣ тайёр карда мешавад. Бланкҳои тайёршуда дар китоби бақайдгирии додани рухсатномаҳо барои воридот ва содироти силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он ба қайд гирифта мешавад.

57. Силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии ворид ва содиротшуда дар нуқтаҳои гумрукӣ бо дарназардошти миқдор, навъ, намуд, калибр, рақам, соли барориши ҳар як адад силоҳ аз санҷиш гузаронида шуда, дар китобҳои бақайдгирии силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии ворид ва содиротшудаи ин нуқтаҳои гумрукӣ дарҷ карда мешавад.

58. Тартиби барасмиятдарории гумрукии силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангие, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ё содирот карда мешаванд, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

12. НАЗОРАТИ ГАРДИШИ СИЛОҲИ ХИЗМАТӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН

59. Назорат аз болои гардиши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро доранд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад.

60. Шахсони мансабдори мақомоте, ки барои амалӣ намудани назорати гардиши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он ваколатдор мебошанд, ҳуқуқ доранд силоҳи гардишаш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъкардашударо бо тартиби муқарраршуда ройгон гирифта, барои нобуд сохтан супоранд.