Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 аз 1 апрели соли 2017 № 159

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017 № 159

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

1. Муқаррароти умумӣ

1. Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 (минбаъд - Барнома) дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҷлили Рӯзи Шашмақом (12 майи соли 2015) баён доштанд, таҳия гардида, ба рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" нигаронида шудааст.

2. Барнома бо дарназардошти анҷом додани ислоҳоти куллӣ дар вазъи кунунӣ ва рушди Шашмақом, мақомҳои маҳаллии тоҷик, Фалак ва эҳёи мактаби суннатии "устод-шогирд" баҳри тақвият ва ба даст овардани худшиносии воқеии наслҳои ҷавон, баланд бардоштани мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди ҳамаҷонибаи тафаккури бадеиву маънавии тоҷикон таҳия гардидааст.

3. Барномаи мазкур бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик, ҳифзи аслияти ин мероси маънавии тоҷикон ва хусусан санъати классикии Шашмақом, ки ҳамчун шоҳкории башарият аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудааст, умуман санъати мақоми тоҷик, инчунин мусиқии суннатии касбии тоҷик Фалак ва институти меросии таълими санъати мусиқии касбии тоҷик - мактаби суннатии "устод-шогирд" дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ, якрангшавӣ ва оммавишавии фарҳангу санъат амалӣ карда мешавад.

4. Асосгузории ҷашнҳои давлатии Рӯзи Шашмақом ва Рӯзи Фалак маънои дар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми афзалиятнок пайдо кардани ин ду шакли санъати мусиқии ирфониро дорад. Нақши ин ду ҷашн дар устуворгардонии санъати мақомхониву фалакхонӣ хеле бузург аст.

5. Дар баробари тақвияти ҷараёни худшиносӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва зарурати тарбияи инсони дорои тафакқури нав дар амалияи мусиқӣ ва таълимоти махсуси касбиву иловагии бадеӣ эҳтиёҷот ба омӯзиши дақиқ, таҳқиқот, усули тадрисӣ ва методологияи фаннии мусиқии классикиву касбии суннатии тоҷик афзуда истодааст.

6. Барномаи мазкур ба устуворгардонӣ ва мушаххасгардонии шаклҳои мухталифи омӯзишу фаҳмиш, тарбияи мутахассисон ва шунавандагони волои санъати Шашмақому Фалак равона карда мешавад.

7. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" муайян менамояд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

8. Мақсади асосии Барнома ҳифз намудани мероси гаронбаҳои мусиқии миллати тоҷик ва рушду тарғиби он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

9. Баҳри ноил шудан ба ин мақсадҳо иҷрои вазифаҳои зерин зарур мебошад:

- эҳё ва барқарорсозии мактаби суннатии бадеии Шашмақом ва Фалак;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методии мактаби суннатии "устод-шогирд";

- омода кардани мутахассисони Шашмақому Фалак тибқи талаботи мактаби суннатии "устод-шогирд";

- таҳияи роҳу усулҳои навини замонавӣ тибқи талаботи мактаби суннатии "устод-шогирд";

- таҳияи барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба Шашмақом ва Фалак тибқи талаботи мактаби суннатии "устод-шогирд";

- амалӣ намудани чопи дувуми "Донишномаи Шашмақом" бо тағйиру иловаҳо;

- омода ва нашри шашҷилдаи Шашмақом;

- ҷамъоварӣ, омода ва нашр намудани мақомҳои маҳаллии тоҷикӣ;

- омода ва нашр намудали маҷмӯаҳои нотавӣ оид ба Фалак;

- баҳри ҷустуҷӯи симоҳои нав дар ду сол як маротиба миёни ҷавонон гузаронидани озмуни "Мақомхони беҳтарини сол" ва "Фалакхони беҳтарини сол";

- таҳияи силсилаи филмҳои мустанад оид ба "Устодони Шашмақому Фалак";

- баргузор намудани чорабиниҳои гуногун баҳри тарғиби Шашмақому Фалак;

- ташкил намудани экспедитсияҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри ҷамъоварии намунаҳои гуногуни мақомҳои маҳаллӣ ва Фалак;

- мусоидат намудан ба фаъолгардонӣ ва ба роҳи дурусти илмӣ-эҷодӣ равон кардани ҳунари тайёр кардани асбобҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон;

- таҳкими асосҳои таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик тавассути таҳияи феҳристу луғатномаҳо;

- мусоидат намудан ба рушди Шашмақом ва Фалак дар таҳсилоти касбии сезинагӣ ва бадеии соҳаи фарҳанг ва санъат;

- ворид намудани унсурҳои аввалини мақому фалак ба таҳсилоти бадеии мактабҳои ибтидоӣ ва таълимоти бадеии томактабӣ;

- доир намудани мизҳои мудаввар дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бахшида ба Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд";

- дар услубҳои суннативу композиторӣ эҷод намудани асарҳои нав бо истифода аз мақому фалак.

3. Самтҳои асосии амалӣ намудани Барнома

10. Баҳри таҳкими мақоми зарурии Шашмақом ва Фалак дар ҷомеаи муосир дар Барнома самтҳои асосии зерин муайян карда шудаанд:

- аз нав дида баромадани истилоҳоти Шашмақом ва Фалак дар доираи вожагиҳои суннативу таърихии забони тоҷикӣ;

- ташаккули заминаи асосии таълимӣ-методии Шашмақому Фалак дар системаи таълимоти касбӣ ва бадеӣ;

- тарғибу ташвиқи Шашмақому Фалак тавассути воситаҳои ахбори омма;

- баргузории чорабиниҳои гуногуншакл (мубодилаи афкор, мизҳои мудаввар, конференсия ва симпозиумҳо) ҷиҳати рушди санъати Шашмақому Фалак;

- нашри матнҳои асосии шеъриву мусиқии Шашмақому Фалак;

- фаро гирифтани ҳамаи муассисаҳои таълимиву эҷодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Шашмақому Фалак ва ғайра.

11. Барномаро асосан Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон амалӣ менамояд.

12. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсоз ва масъули амалигардонии Барнома мебошад.

4. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

13. Манбаъҳои асосии маблағгузории амалигардонии Барнома маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илму маориф ҷудошаванда, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.

14. Хароҷот барои амалигардонии Барнома аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илму маориф ҷудошаванда (тибқи замима) 3 366 000 (се миллиону сесаду шасту шаш ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

5. Муҳлати амалисозии Барнома

15. Чорабиниҳои Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2017-2021 амалӣ карда мешаванд.

16. Барномаи мазкур марҳилаи аввали амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" буда, ҷиҳати рушди устувори мероси маънавии тоҷикон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон барои марҳилаҳои минбаъда замина фароҳам меорад.

6. Натиҷаҳои иҷрои Барнома

17. Тавассути амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зерин ба даст хоҳанд омад:

- баҳри таҳким намудани аслияти миллии Шашмақому Фалак шароити мусоид муҳайё мегардад;

- меъёрҳои тарҳрезишудаи таълимӣ-методӣ, илмӣ-эҷодии мусиқии суннатаи тоҷик дар системаи таълимии махсуси мусиқӣ ва иловагии бадеии кишвар заминаи асосии раҳнамоиро ташкил медиҳад;

- дар ҷомеаи муосири кишвар фаҳмишу аҳамияти Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" ба сатҳи арзанда мерасад;

- масъулияти насли ҷавон дар нигаҳдошти мероси маънавии аҷдодӣ фаъол мегардад;

- инфраструктураи системаи таълимии мусиқии касбӣ ва иловагии бадеӣ таҳким меёбад.

18. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома ва сарчашмаҳои маблағгузории он замима мегарданд (замимаҳои 1 ва 2).

Замимаҳои 1 ва 2