Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1405 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМ УДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2016 № 606

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 346

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166, №6, мод. 429; с. 2010, №3, мод. 158; с. 2011, №6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834, №12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, №7, мод. 542, №12, мод. 905; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 425; с.2015, №12, қ.1, мод.1106; с.2016, №3, мод.1.56) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз сархати сеюми моддаи 1, матни моддаи 4 ва сархати шашуми қисми 3 моддаи 11 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар ном ва матни моддаи 14 калимаҳои "Делои" ва "делои" мувофиқан ба калимаҳои "Парвандаи" ва "парвандаи" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 15:

- дар қисми 1 калимаҳои "(ному насаб)" ба калимаҳои "(насаб, ном ва номи падар)" иваз карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаи "делои" ба калимаи "парвандаи" иваз карда шавад.

4. Дар моддаи 16:

- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад;";

- сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии давлати дигарро гирифта бошад;

- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад;".

5. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаҳои "Тартиби гузаронидани озмун ва намудҳои онро" ба калимаҳои "Қоидаҳои гузаронидани озмунро" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 1 моддаи 23:

- дар сархати сеюм калимаҳои "гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ" ба калимаҳои "соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар" иваз карда шаванд;

- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистои ё давлати хориҷӣ;".

7. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 27 калимаи "делои" ба калимаи "парвандаи" иваз карда шавад.

8. Ба қисми 1 моддаи 28 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;".

9. Дар сархати шашуми моддаи 30 калимаҳои "воситаҳои молиявии хориҷӣ" ба калимаҳои "воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа" иваз карда шаванд.

10. Ба моддаи 41 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Дар мавриди такроран ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани шахсоне, ки нафақа мегиранд, пардохти нафақаи онҳо қатъ карда мешавад. Ҳангоми аз мансаб озод шудани чунин шахсон пардохти нафақаи онҳо дар асоси собиқаи корӣ дар рӯзи охирини аз мансаб озод шуданашон аз нав барқарор карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1405

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЕ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 2 ноября 2016 года, №606

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 16 февраля 2017 года, №346

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О государственной службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 166, №6, ст. 429; 2010 г., №3, ст. 158; 2011 г., №6, ст. 452; 2012 г., №8, ст. 834, №12, ч. 1, ст. 1008; 2013 г., №7, ст. 542, №12, ст. 905; 2014 г., №7, ч. 2, ст. 425; 201.5 г., №1.2, ч.1, ст. 1106; 2016 г., №3, ст. 156) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 16:

- второй абзац изложить в следующей редакции:

"- наличия гражданства другого государства;";

- дополнить абзацами третьим и четвёртым следующего содержания:

"- выхода из гражданства Республики Таджикистан и приобретения гражданства другого государства;

- если является пенсионером Республики Таджикистан или иностранного государства;".

2. В части 2 статьи 18 слова "Порядок проведения конкурса и его виды" заменить словами "Правила проведения конкурса".

3. В части 1 статьи 23:

- в абзаце третьем слово "иностранного" заменить словом "другого";

- дополнить абзацем четвёртым следующего содержания:

"- получения пенсии Республики Таджикистан или иностранного государства;".

4. Часть 1 статьи 28 дополнить абзацем одиннадцатым, следующего содержания:

"- со дня получения официальной информации о прекращении гражданства Республики Таджикистан или приобретении гражданства другого государства сообщить руководителю государственного органа, имеющего право назначения на должность и освобождения от должности;".

5. В абзаце шестом статьи 30 слова "иностранными финансовыми инструментами" заменить словами "финансовыми средствами и собственностью за рубежом;".

6. Статью 41 дополнить частью 4 следующего содержания:

"4. В случае повторного назначения (избрания) на государственные должности государственной службы лиц, получающих пенсию, оплата их пенсии прекращается. При последующем освобождении таких лиц от должности, выплата их пенсии возобновляется на основании стажа работы с последнего дня освобождения от должности.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 24 февраля 2017 года, № 1405