Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "25" феврали соли 2017, № 90
тасдиқ шудааст
Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 485)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 (минбаъд - Барнома) мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.
2. Барномаи мазкур самтҳои асосии расонидани кумаки тиббию санитариро (намуд, ҳаҷм ва тартиб) дар муассисаҳои давлатии тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бо шартҳои ҳампардохт, мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳо аз Буҷети давлатӣ, инчунин бо захираҳои донории мавҷуда барои татбиқи Барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.
3. Барнома аз ҳисоби маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
4. Дар асоси замимаи 1 Барнома гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморон, ки ба сифати гурӯҳҳои имтиёзнок оварда шудаанд ва барои гирифтани кумаки ройгони тиббию санитарӣ ҳуқуқ доранд, муайян шудаанд.
5. Шарти асосии расонидани кумаки ройгон ва ҳампардохти тиббию санитарӣ ба аҳолӣ ин додани роҳхати табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳалли зист ва хулосаи комиссияи муолиҷавию назоратӣ мебошад.
6. Кумаки ройгони тиббию санитарӣ ба гурӯҳи имтиёзноки аҳолӣ (номгӯи I ва II, замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи 2 Барномаи мазкур расонида мешавад.
7. Таъминот бо доруворӣ дар доираи Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мутобиқи Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, анҷом дода мешавад.
2. Намудҳои кумаки тиббию санитарӣ
8. Барнома намудҳои зерини кумаки тиббию санитариро дар бар мегирад:
- кумаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;
- кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ;
- таъминот бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳ;
- иммунопрофилактика;
- кумаки тиббии статсионарӣ;
- кумаки стоматологӣ;
- чорабиниҳои санитарию беҳдоштӣ ва зидди эпидемия.
9. Кумаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳои таҳдидовар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд ё шахсони атрофи он, ки бо сабаби бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, захмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ноқисиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба вуҷуд омадааст, то баровардани бемор аз ҳолати таҳдидовар ба ҳаёти ӯ, ба таври ройгон расонида мешавад.
10. Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар чунин намудҳо ва ҳаҷмҳои зерин ройгон анҷом дода мешавад:
а) пешгирӣ:
- маслиҳатдиҳӣ (машварат) ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
- эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи васеи эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда;
- маслиҳатдиҳии пинҳонӣ оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории пайдошудаи норасогии масуният (БПНМ), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;
- назорати ҳолати саломатии кӯдакони синни то 5 сола;
- муоинаи профилактикии даврии мактаббачагон;
- назорати доимии беморони дар қайд буда, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва шаклҳои ташхиси маҷмӯӣ (ба истиснои гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки тибқи Барнома ба кумаки тиббию санитарии ройгон ҳуқуқ доранд);
- гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ оид ба камхунии вобаста ба норасоии оҳан (анемия), бемории саратони ғадудҳои шир ва гарданаки бачадон;
- дар соҳаи саломатии репродуктивӣ ва танзими оила.
б) ташхис:
- азназаргузаронии бемор;
- ташхиси заминавии озмоишӣ ва ташхисии гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;
- ташхиси умумии хуни донорӣ вобаста ба сирояти гемотрансмиссионӣ (сирояти тавассути хун гузаранда);
- ташхиси хун вобаста ба вараҷа (малярия);
- ташхиси умумии пешоб ва микроскопияи таҳшини пешоби гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;
- ташхиси балғам (микроскопия);
- муайян намудани қанд дар хун ва пешоб аз рӯи нишондодҳо;
- сабти барқии дил аз рӯи нишондодҳо.
в) муолиҷа:
- расонидани кумаки бетаъхири тиббӣ;
- шикастабандӣ (иммобилизатсия);
- амалиёти хатна дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ ;
- таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;
- гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохиливаридӣ, дохили мушак ва зери пӯст);
- хизматрасониҳои тиббӣ (физиотерапия, маҳс, бо найча баровардани фасоди ковокии пардаи шуш, тоза кардани чирки гӯш, коркарди аввалияи ҷарроҳӣ, найчагузории рагҳо, дӯхтани захм, боз кардани носурҳо (флегмонҳо), варами фасоднок (абсесҳо), панаритсия, даммал (фурункул), бурида гирифтани ҷисми бегонаи бофтаҳои нарм, хизматрасониҳои стоматологӣ дар шароити дармонгоҳ ва ғайра) ба гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйҳои I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд.
г) кумаки тиббию санитарии ба даъватшавандагон муоинаи тиббии шахсони ба хизмати воқеии ҳарбӣ даъватшаванда, чорабиниҳои табобатию ташхисӣ ва солимгардонӣ тибқи роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ дар асоси шартномаи тарафайн бо мақомоти дахлдор анҷом дода мешавад.
11. Кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ, аз ҷумла муоинаи озмоишию ташхисӣ аз ҷониби марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои ғайрибистаринамоӣ ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯйҳои I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд (аз рӯи бемориҳои асосӣ), ҳангоми мавҷудияти роҳхат аз табибони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ ба таври ройгон расонида мешавад. Дар баробари ин:
а) ба дигар шахсоне, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоишӣ ва муолиҷа бо доруворӣ, дигар намуд ва ҳаҷми кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ дар асоси ҳампардохт анҷом дода мешавад;
б) ҳангоми дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ мавҷуд набудани мутахассисони дахлдор ва шароит барои гузаронидани намудҳои алоҳидаи муоинаи озмоишӣ ва ташхисӣ, машваратҳои зарурӣ ва намудҳои ташхис мумкин аст дар дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шавад, зимнан пардохти он бо роҳи ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарии муассисаҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои басташуда сурат мегирад;
в) шахсоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани хизматрасонии махсусгардонишудаи тиббӣ дар сатҳи дармонгоҳ ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ муроҷиат менамоянд, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоишӣ ва муолиҷа бо доруворӣ, дигар намуд ва ҳаҷми кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ ҳаққи хизматрасониро тибқи нархнома пурра пардохт менамоянд;
г) кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кумаки махсусгардонидашуда дар сатҳи дармонгоҳ ба ҳомиладороне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимии муассисаи дахлдори тиббӣ мебошанд, дар ҳаҷм ва намудҳои зерин бо таври ройгон анҷом дода мешавад:
- таҳлили умумии хун - 2 маротиба;
- ташхиси хун барои гемоглобин - 3 маротиба;
- ташхиси хун барои RW (таҷзияи Вассерман) - 2 маротиба;
- ташхиси хун барои вируси норасоии масунияти одам - 2 маротиба;
- ташхиси умумии пешоб - 2 маротиба;
- ташхиси пешоб барои протеинурия - 4 маротиба;
- ташхиси бактериявии пешоб (ҳангоми зарурият);
- микроскопияи андудаи вагиналӣ;
- ташхиси фаросавтӣ - 2 маротиба.
12. Таъминоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳ аз рӯи Барнома дар асоси Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:
а) ҳангоми расонидани кумаки бетаъхири тиббӣ доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ройгон дода мешавад.
б) ҳангоми расонидани кумаки тиббию санитарӣ, воситаҳои ташхисӣ ва маводи таъиноти тиббие, ки барои гузаронидани тадбирҳои озмоишию ташхисӣ заруранд, ба аҳолӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи Барнома (замимаи 1) дода мешаванд.
в) бемороне, ки дар ҳолати барои ҳаёташон таҳдидкунанда қарор доранд, бо воситаҳои доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд. Инчунин гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи I замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд, дар давоми сол ба таври ройгон дар доираи маблағе, ки аз ду нишондиҳанда барои ҳисоб зиёд намебошад, бо воситаҳои доруворӣ таъмин карда мешаванд.
13. Беморони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоидошта, бо воситаҳои доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҳангоми гирифтори беморӣ ва дар ҳаҷми дар ҷадвали 1 зикргардида ба таври ройгон таъмин карда мешаванд:
*Ҷадвали 1
3. Таъминот бо доруворӣ аз рӯи Барнома
14. Воситаҳои дорувории дар ҷадвали 1 зикргардида метавонанд мутобиқи дорухати аз ҷониби табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ додашуда ё дар доираи барномаи дахлдоре, ки аз ҷониби донорҳо дастгирӣ мешавад, ба таври ройгон пешкаш карда шаванд.
15. Иммунопрофилактика ба таври ройгон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Эмкунии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон дар доираи Барномаи умумии эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, кумакҳои башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, гузаронида мешавад.
16. Ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба статсионарҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ бо нишондиҳандаҳои фаврӣ муроҷиат кардаанд, кумаки фаврии статсионарӣ то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, ба таври ройгон расонида мешавад (мувофиқи номгӯи муваққатии ҳолатҳои ба ҳаёти беморон хатарнок, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст). Пас аз расонидани кумаки фаврии статсионарӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, суботи нишондиҳандаҳои гардиши хун ва нафаскашӣ беморон ҳамчун шахси дорои роҳхат ба хизматрасонӣ аз рӯи шартҳои расонидани кумаки нақшавии статсионарӣ ва ё барои муолиҷа ба шароити дармонгоҳ гузаронида мешаванд.
17. Кумаки нақшавии статсионарӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯи I замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд ва ба бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯи II замимаи 1 Барнома оварда шудаанд, ба таври ройгон расонида мешавад.
18. Ба дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи I замимаи 1 ва бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯи II замимаи 1 Барнома зикр нагардидаанд, вале аз табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ роҳхат доранд ва ё худ бе роҳхат муроҷиат намудаанд, аз рӯи механизми ҳампардохт хизмат расонида мешавад.
19. Ҳаҷми ҳампардохт дар Қоидаҳои ҳампардохт бо аҳолӣ барои хароҷоти кумаки тиббию санитарии аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ расонидашаванда, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян гардидааст.
20. Ҳангоми зарурати бистарикунонӣ беморон қаблан дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ташхис карда мешаванд.
21. Ба заноне, ки дар қайд мебошанд ва зери назорати мунтазами муассисаи дахлдори тиббӣ қарор доранд (ҳангоми ҳомиладорӣ на камтар аз 4 маротиба ҳозир шудаанд), кумаки тиббии статсионарӣ ҳангоми таваллуд ба таври ройгон расонида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо кумаки тиббии статсионарӣ ҳангоми таваллуд аз рӯи механизми ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохт) сурат мегирад.
22. Таъминоти беморон бо доруворӣ ҳангоми муолиҷаи нақшавии статсионарӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳампардохт, кумакҳои башардӯстона ва грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
23. Статсионарҳо доруворӣ ва маводи хароҷотиро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар банди 22 зикр гардидаанд, бо риояи қонунгузорӣ оид ба харид ба даст меоранд.
24. Ҳангоми зарурат харидории доруворие, ки ба Рӯйхати маводи асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо дохил нашудааст, мутобиқи рӯйхати иловагие, ки мақомоти тандурустӣ муайян менамояд, иҷозат дода мешавад.
25. Дар сурати аз арзиши миёнаи муолиҷа барои ҳар ҳолати табобат ду маротиба зиёд будани хароҷоти воқеӣ барои таъминоти дорувории беморон комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурустӣ қарор дар хусуси аз ҳисоби беморон пардохт намудани хароҷоти иловагиро танҳо барои таъмини доруворӣ ҷиҳати муолиҷаи минбаъда, қабул мекунад.
26. Шахсоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани кумаки статсионарӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ муроҷиат менамоянд, дар асоси ҷадвали нархи миёнаи бемории муолиҷашуда нархи пурраи хизматрасониро пардохт менамоянд.
27. Кумаки стоматологӣ:
- муоинаи профилактикии даҳони кӯдакон ва занони ҳомиладор ду маротиба дар як сол;
- санатсияи даҳони кӯдакони аз 2 то 7 - сола ва занони ҳомиладоре, ки ба қайд гирифта шудаанд;
- кумаки таъҷилии стоматологӣ.
б) кумаки махсусгардонидашудаи стоматологӣ аз рӯи Нархнома барои навъ ва ҳаҷми кумаки тиббию санитарӣ дар доираи барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ тибқи тартиби муқарраргардида расонида мешавад.
28. Навъ ва ҳаҷми чорабиниҳои санитарию беҳдоштӣ ва зидди эпидемия мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
4. Мониторинг ва арзёбии амалӣ намудани Барнома
29. Мониторинги амалӣ намудани Барнома дар асоси нишондиҳандаҳои таҳиянамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути тадқиқот гузаронида мешавад.
Замимаи 1
ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ
оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ
дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2017-2019
Номгӯи I
Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд
- иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсоне, ки бо се дараҷаи Ордени Шараф мукофотонида шудаанд;
- қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ;
- ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо;
- шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва аъзои оилаи бесаробонмондаи онҳо;
- маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд;
- маъюбон аз даврони кӯдакӣ;
- кӯдакони маъюби то сини 18 - сола;
- кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонаҳои кӯдакони оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории падару модар маҳрум мондаанд;
- кӯдакони то 1 - сола;
- маъюбони гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ;
- аъзои оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоат;
- шаҳрвандони синни 80 - сола ва аз он боло;
- шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои пиронсолон ва интернатҳо зиндагӣ мекунанд.
Номгӯи II
Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд (бо бемории асосӣ):
- кӯдакони синни то 5 - сола, ки гирифтори дарунравӣ ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мебошанд (дар доираи Барномаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона);
- беморони мубталои гемофилия;
- беморони мубталои махав;
- беморони мубталои бемории ҳорӣ;
- беморони мубталои гулӯзиндонак;
- беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи ДОТС);
- беморони гирифтори ВНМО (вируси норасоии масунияти одам);
- беморони гирифтори бемории дибети қанд (вобаста будан аз инсулин).
Эзоҳ: дар сурати хуруҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ, дар минтақаҳо фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди эпидемиологӣ гузаронида мешаванд.
* Замимаи 2