Қоидаҳои реҷаи мусоид дар мавриди анҷом додани хариди давлатӣ аз 25 феврали соли 2017 № 96

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2017, № 96

тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ РЕҶАИ МУСОИД ДАР МАВРИДИ АНҶОМ ДОДАНИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои реҷаи мусоид дар мавриди анҷом додани хариди давлатӣ (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" таҳия гардидааст. Ҳадафи Қоидаҳои мазкур, фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳ доштан ва афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолии мамлакат тавассути ҷойгир намудани фармоиши давлатӣ барои хариди молу хизматрасониҳо дар субъектҳои хоҷагидор истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

2. ДОИРАИ ТАТБИҚИ ҚОИДАҲО

2. Реҷаи мусоид дар мавриди анҷом додани хариди давлатӣ (минбаъд - реҷаи мусоид) нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият, тибқи Номгӯи истеҳсолкунандагони ватанӣ, мол ва хизматрасониҳо татбиқ мегардад.

3. МЕЪЁРҲОИ ДОХИЛ КАРДАН БА НОМГӯИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ ВАТАНӢ, МОЛ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО

3. Бо мақсади татбиқи реҷаи мусоид, дар мавриди муайян намудани Номгӯи истеҳсолкунандагони ватанӣ, мол ва хизматрасониҳо, меъёрҳои зерин истифода мегарданд:

- мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ;

- моҳияти иҷтимоии субъекти хоҷагидор;

- сертификаткунонии маҳсулот ё уҳдадории гузаштан аз сертификаткунонии ихтиёрӣ.

4. Номгӯи истеҳсолкунандагони ватанӣ, мол ва хизматрасониҳо (минбаъд Номгӯй) аз ҷониби Комиссиян доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот тасдиқ мегардад.

4. ТАЛАБОТ БА МАҲСУЛОТИ ХАРИДШАВАНДА

5. Мол ё хизматрасонии аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидшаванда ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникӣ дар сурати нисбати чунин мол ё хизматрасонӣ муқаррар шудани онҳо бояд мутобиқат кунад. Таҳвили мол (расонидани хизматрасонӣ) бо ҳамроҳии сертификати мутобиқат анҷом дода мешавад, агар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сертификаткунонии ҳатмӣ талаб карда шавад ё сертификаткунонии ихтиёрӣ амалӣ гардад.

6. Сертификаткунонии ихтиёрӣ ё уҳдадории истеҳсолкунандаи ватанӣ оид ба гузаштан аз сертификаткунонии ихтиёрӣ дар давраи муносиб барои дохил кардани истеҳсолкунандаи ватанӣ ба Номгӯй, инчунин тамдиди амали реҷаи мусоид нисбати ӯ, агар сертификаткунонии ихтиёрӣ амалӣ шуда истода бошад ва эътироф намудан ҳамчун бартарияти иловагӣ ҳангоми арзёбии пешниҳодҳои довталабон метавонад асос гардад.

7. Бо мақсади таъмини манфиатҳои ташкилотҳои харидор, истеҳсолкунандаи ватанӣ бояд барои истеҳсоли маҳсулоти босифат бо дарназардошти иқтидорҳои истеҳсолии дар ихтиёри ӯ буда ва технологияи истифодашаванда кӯшиш ба харҷ диҳад.

8. Навоварӣ ба истеҳсолот, беҳтар гардонидани сифати моли истеҳсолшаванда ва барои иқтисодиёти миллӣ ё соҳаи он нисбатан муҳим гаштани истеҳсолкунандаи ватанӣ, метавонад барои дохил кардани истеҳсолкунандаи ватанӣ, мол ва хизматрасонӣ ба номгӯи манфиатҳои афзалиятнок дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гардад.

9. Назорати сифати мол ва хизматрасонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тибқи тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.

5. БАТАНЗИМДАРОРИИ НАРХ

10. Бо мақсади батанзимдарории нарх ба маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанй дар мавриди татбиқи реҷаи мусоид, асосноккунии нарх ба моли (хизматрасонии) харидшаванда бо яке аз услубҳои зерин муайян карда мешавад:

- ҳангоми харидҳои мустақим (бо усули харид аз як манбаъ), нарх барои моли (хизматрасонии) харидшаванда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ ва мақоми ваколатдор дар соҳаи хариди давлатӣ тасдиқ карда мешавад;

- ҳангоми усулҳои дигари харид, аз ҷониби худи ташкилоти харидор дар мавриди омӯзиши бозор ва ҳисоби минбаъдаи арзиши тахминии харид. Назорати асосноккунии нарх ҳангоми истифодаи усулҳои дигари харид аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи хариди давлатӣ, дар мавриди зарурат бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ, анҷом дода мешавад.

6. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ХАРИД

11. Бо мақсади хариди мол (хизматрасонӣ) тибқи Номгӯй, ташкилотҳои харидор дар доираи нақшаи солонаи харид нақшаи алоҳидаи хариди мол ва хизматрасониро, ки дар Номгӯй нишон дода шудаанд, тартиб медиҳанд.

12. Ҳангоми таҳия ва пешниҳоди дархостҳо барои баргузории харид, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, мақоми ваколатдор дар соҳаи хариди давлатӣ мувофиқан дархостҳои пешниҳодшудаи ташкилотҳои харидорн соҳибихтисос ва ташкилотҳои харидорро ҷиҳати иҷрои талаботи ҳамин Қоидаҳо оид ба харид аз истеҳсолкунандагони ватанӣ муқоиса мекунанд. Бо ин мақсад, дархостҳо барои харид аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дархостҳо барои харидҳои бо ҳамин Қоида танзимнашаванда алоҳида таҳия мегарданд.

13. Мақоми ваколатдор дар соҳаи хариди давлатӣ бо мақсади банақшагирӣ ва соддагардонии расмиёти маъмурии харид, дар асоси таҳлили нақшаҳои алоҳидаи нақшаи солонаи харид, метавонад оид ба муттаҳидкунонии эҳтиёҷоти ташкилотҳои харидор барои баргузории ҳаридҳои муштараки марказонидашудаи маҳсулоти ҳаммонанд ва оид ба даврагии баргузории расмиёти харид қарорҳо қабул намояд.

14. Дар ҳолате, ки агар маблағи тахминии хариди алоҳидаи бо ҳамин Қоида танзимшаванда ночиз ва анҷом додани чунин харид дар доираи тартиби бо ҳамин Қоида муқарраршуда имконнопазир бошад, харид аз истеҳсолкунандаи ватанӣ, ки нархи пасттаринро аз рӯи шартномаҳои қаблӣ пешниҳод кардааст, анҷом дода мешавад.

7. ХОРИҶ ГАРДИДАН АЗ НОМГӯЙ, РОҲ НАДОДАН БА РАСМИЁТИ ХАРИД Ё БЕКОР КАРДАНИ РАСМИЁТИ ХАРИД

15. Барои хориҷ гардидан аз Номгӯй ё роҳ надодани истеҳсолкунандаи ватанӣ ба расмиёти харид, ҳолатҳои зерин асос мешаванд:

- шикоятҳои чандинкаратаи асосноки ташкилотҳои харидор нисбати номувофиқатии моли таҳвилшаванда (хизматрасонӣ) ба сифати эъломшуда, бо шарте, агар он оқибати мушкилоти объективӣ набошад ва аз ҷониби истеҳсолкунанда чораҳои кофӣ барои беҳбудии вазъ андешида намешаванд;

- ошкор намудани далели забоняккунии истеҳсолкунанда бо иштирокчиёни дигари расмиёти харид;

- пешниҳоди маълумоти бардурӯғ оид ба маҳалли истеҳсол, сифат ва шартҳои кафолати мол ё хизматрасонӣ.

16. Ҳангоми ошкор намудани далели забоняккунии истеҳсолкунанда бо иштирокчиёни дигари расмиёти харид, натиҷаҳои расмиёти харид бекор карда мешаванд.

17. Қарор оид ба хориҷ гардидан аз Номгӯй ё роҳ надодани истеҳсолкунандаи ватанӣ ба расмиёти харид аз ҷониби Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар асоси муроҷиати расмии мақоми ваколатдор дар соҳаи хариди давлатӣ, мақоми назорати болоии молиявии давлатӣ ва дилхоҳ ташкилоти харидор қабул карда мешавад. Дар мавриди баррасии муроҷиат, аз ҷониби Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот инчунин ҳамаи оқибатҳои хориҷ гардидан аз Номгӯй ё роҳ надодани истеҳсолкунандаи ватанӣ ба расмиёти харид арзёбӣ мегарданд. Дар ҳолате, агар хориҷ гардидан аз Номгӯй ё роҳ надодани истеҳсолкунандаи ватанӣ ба расмиёти харид мувофиқи мақсад дониста нашавад, муроҷиат рад карда мешавад ё қарор оид ба хориҷ гардидан аз Номгӯй ё роҳ надодан ба расмиёти харид ба муҳлати аз 3 то 6 моҳ қабул карда мешавад.