Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "25" феврали соли 2017, № 93
СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Стандарти мазкур талаботро ба ҳадди ақалли ҳатмии мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва сатҳи тайёрии хатмкунандагони докторантура аз рӯйи ихтисос муқаррар менамояд.
2. Стандарти мазкур барои истифода ва риоя аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайёрии докторантон аз рӯйи ихтисосро новобаста аз тобеияти маъмурӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо амалӣ месозанд, ҳатмӣ мебошад.
3. Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти аккредитатсионӣ, комиссияҳо оид ба иҷозатномадиҳӣ ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, бахшҳо (шӯроҳо)-и таълимию методӣ аз рӯйи ихтисосҳо, фармоишгарон ва корфармоён истифода бурда мешавад ва ҳамчун асос барои баҳодиҳӣ (ташхис)-и сифати тайёрии докторантон аз рӯйи ихтисос хизмат менамояд.
2. САРЧАШМАҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
4. Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - докторантура аз рӯйи ихтисос (минбаъд - Стандарт) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва санадҳои дигари дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
3. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
5. Дар Стандарти мазкур истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:
- аттестатсияи ниҳоии (ҷамъбастии) давлатии докторант аз рӯйи ихтисос - тартибест, ки сатҳи фарогирии таълимгирандаро ба стандарти ҳатмии давлатии дараҷаи докторантура аз рӯйи ихтисос муайян намуда, аз рӯйи натиҷаи он докторант ба дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос роҳ дода мешавад;
- ихтисоси илмӣ - маҷмӯи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиш ва таҳқиқоти ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошад ва бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешавад;
- озодии академӣ - озодии баёни мазмуни таълим аз рӯйи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзӯъ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, инчунин озодии таълимгирандагон дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ;
- стандарти таҳсилоти баъдидипломӣ - докторантура аз рӯйи ихтисос - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилотро дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос, моҳияту муҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилот ва корҳои илмию таҳқиқотиро бо дарназардошти дастовардҳои байналмилалӣ муайян мекунанд;
- диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос - кори илмиест, ки ҳамчун таҳқиқоти мустақил шинохта шуда, дар он муқаррароти назариявие таҳия гардидааст, ки ба гурӯҳи навовариҳои илмӣ дохил шуда, аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ, иқтисодӣ доранд ва ё масъалаҳои техникӣ, иқтисодӣ ва технологии аз ҷиҳати илмӣ асоснок ифода ёфтаанд, ки татбиқи амалии онҳо дар рушди иқтисодии мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
4. ИХТИСОРҲО
6. Дар Стандарти мазкур ва дигар маводи таълимии докторантура аз рӯйи ихтсос ихтисорҳои зерин истифода мешаванд:
- МФА - маҷмӯи фанҳои асосӣ;
- ҚФҲ - қисмати фанҳои ҳатмӣ;
- ҚФИ - қисмати фанҳои интихобӣ;
- МФМ - маҷмӯм фанҳои тахассусӣ;
- ТПК - таҷрибаи педагогӣ ва касбӣ;
- КИТД - кори илмӣ-таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос;
- АМ - аттестатсияи фосилавӣ;
- АН - аттестатсияи ниҳоӣ;
- ИМ - имтиҳони маҷмӯӣ;
- ДРД - дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос.
5. ТАЛАБОТИ УМУМӢ
7. Тайёрии докторони фалсафа (PhD), докторон аз рӯйи ихтисос дар докторантура аз рӯйи ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ амалӣ карда мешавад.
8. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва илмӣ, ки барои бурдани фаъолияти таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори докторантура аз рӯйи ихтисос, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, дорои иҷозатнома мебошанд, амалӣ карда мешавад.
9. Дар докторантура аз рӯйи ихтисос тайёр намудани кадрҳои илмӣ бо додани дараҷаи олии академии "доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос" амалӣ карда мешавад.
10. Барномаи тайёр намудани доктори фалсафа (РhD) самти илмӣпедагогӣ дошта, омӯзиши бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ, таҳқиқотӣ ва таҳсили амиқи фанҳоро аз рӯйи самтҳои дахлдори илм барои низоми таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва соҳаи илмию таҳқиқотӣ пешбинӣ менамояд.
11. Барномаи таълимии тайёр намудани докторон аз рӯйи ихтисос тайёрии бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ ва таҳқиқотӣ буда, омӯзиши амиқи фанҳоро аз рӯйи самтҳои дахлдори илм барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, тиб, ҳуқуқ, фарҳанг, соҳаи хизматрасонӣ, тиҷорат ва ғайра дар назар дорад.
12. Хусусияти хоси барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос аз он иборат аст, ки қисмати амалии он нисбат ба самти назариявии он бартарӣ дорад. Тайёр кардани докторон аз рӯйи ихтисос соҳаҳои амиқи илмро дар бар мегирад.
13. Тайёрии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос дар асоси:
- Стандарти мазкур;
- Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва замима ба он таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос;
- барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ;
- нақшаи кории инфиродии докторант аз рӯйи ихтисос;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд, амалӣ мегарданд.
14. Ба шахсоне, ки барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро аз худ кардаанд, баъд аз дифои диссертатсия бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дараҷаи илмии академии "доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос" дода мешавад.
15. Муқаррароти Стандарти мазкур мақсадҳои зеринро дорад:
- таълими босифати баъдидипломӣ бо риояи талаботи ҳатмӣ ба сатҳи тайёрии докторант аз рӯйи ихтисос;
- таъсиси низоми назорат аз рӯйи самаранокии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, ки тайёр намудани докторант аз рӯйи ихтисосро амалӣ мегардонанд;
- батанзимдарории ҳуқуқҳо ва салоҳиятнокии докторантон аз рӯйи ихтисос, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи таълимӣ, таҳқиқотию илмӣ ва касбии онҳо;
- таъмини эътирофи ҳуҷҷатҳои Ҷумҳурии Точикистон дар бораи додани дараҷаи академии "доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос" дар фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ.
16. Стандартҳои тахассусии докторантура аз рӯйи ихтисос бояд ба муқаррароти Стандарти мазкур мувофиқат намуда, дар маҷмӯъ талаботи зеринро муайян намоянд:
- мундариҷаи таълим;
- ҳаҷми ниҳоии сарбории таълимии докторантон аз рӯйи ихтисос;
- дараҷаи омодагии докторантон аз рӯйи ихтисос.
6. ТАЛАБОТ БА ШАХСОНЕ, КИ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС ДОХИЛ МЕШАВАНД
17. Дараҷаи таълими қаблии шахсоне, ки хоҳиши аз худ кардани барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро доранд - магистр ва ё шахсоне, ки ординатура ё резидентураи клиникиро хатм намудаанд (барои ихтисосҳои тибби клиникӣ).
18. Қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ мегардад, амалӣ карда мешавад.
7. ТАЛАБОТ БА СОХТОРИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС
19. Сохтори барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос аз ду қисмати баробарвазн - илмӣ ва таълимӣ иборат аст.
20. Барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос аз намудҳои гуногуни фаъолият, ки мазмуни таълимро муайян месозад, ташаккул меёбад ва таносуб, ченкунӣ ва баҳисобгирии онҳоро инъикос менамояд. Меҳнатталабии фаъолияти таълимӣ ва илмӣ аз рӯйи миқдори маводи азхуднамуда муайян ва бо кредитҳо ҳисоб карда мешавад. Ҳар як фан бо ҳаҷми баробар ба адади кредитҳо баҳогузорӣ карда мешавад.
21. Давомнокии азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос вобаста аз самт ва тайёрии пешакӣ на камтар аз 3 солро ташкил медиҳад.
22. Таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос дар шакли рӯзона ва фосилавӣ ба роҳ монда мешавад.
23. Соли таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос аз давраҳои академӣ иборат буда, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотӣ, давраи аттестатсияи марҳилавӣ, назорати ниҳоӣ, таҷрибаомӯзӣ, аттестатсияи ниҳоӣ ва таътилро дар бар мегирад.
24. Давраи академӣ давраи таълими назариявӣ буда, аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақилона дар яке аз се шаклсеместр, триместр ва семоҳа муқаррар карда мешавад.
25. Давомнокии аттестатсияи фосилавӣ (назорати ниҳоӣ) баъд аз ҳар як семестр ҳангоми ташкили семестрии ҷараёни таълим на кам аз 2 ҳафтаро ташкил медиҳад.
26. Таҷрибаомӯзии докторант аз рӯйи ихтисос тибқи тақвими тасдиқшудаи академӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Стандарти мазкур гузаронида мешавад.
27. Давомнокии давраи таътил дар соли таҳсил бояд на камтар аз 2 моҳро ташкил диҳад.
28. Қисмати илмии барномаи таълимӣ аз фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишӣ, нашри маводи илмӣ ва таҳияи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос ташаккул меёбад.
29. Меъёри асосии баитмомрасии ҷараёни таълим дар докторантура аз рӯйи ихтисос азхудкунии кредитҳои муқарраршуда аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос мебошад.
30. Дар ҳолати азхудкунии пеш аз муҳлати барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос ва дифои бомуваффақияти диссертатсияи докторӣ ба докторант тибқи тартиби муқарраргардида дараҷаи илмии академии "доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос" дода мешавад.
31. Докторанте, ки докторантура аз рӯйи ихтисосро хатм кардааст, метавонад ба фаъолияти илмӣ ва педагогӣ танҳо дар ҳолати азхудкунии маҷмӯи фанҳои педагогии касбӣ ва гузаштани таҷрибаомӯзии педагогӣ шурӯъ намояд. Маҷмӯи фанҳои зикршуда дар давоми давраи иловагии академӣ (агар дар нақшаи таълимӣ ба назар гирифта нашуда бошад) аз худ карда шуда, бо баитмомрасии он ба докторант аз рӯйи ихтисос гувоҳнома (сертификат)-и дахлдор ба дипломи асосӣ дода мешавад.
32. Ба докторант аз рӯйи ихтисос, ки курси пурраи назариявии омӯзиши барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро аз худ карда, диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро дар муҳлати муқарраршуда дифоъ накардааст, муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос метавонад дар асоси шартнома (пулакӣ) тамдид карда шавад.
8. ТАЛАБОТ БА САТҲИ ТАЙЁРИИ КАСБИИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӯЙИ ИХТИСОС
33. Талабот ба сатҳи тайёрии касбии докторон аз рӯйи ихтисос бо Стандарти мазкур ва стандартҳои тахассусии умумиҳатмии таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори докторантура аз рӯйи ихтисос муайян карда мешавад.
34. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос иборатанд аз:
- таълими назариявӣ, ки ба он фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ дохил мешаванд;
- таҷрибаомӯзӣ;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотӣ, аз ҷумла омода намудани диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос;
- аттестатсияи фосилавӣ ва ниҳоӣ.
35. Таълими назариявӣ аз маҷмӯи фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ иборат аст. Маҷмӯи фанҳои заминавӣ аз фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ (элективӣ) иборат мебошад. Маҷмӯи фанҳои тахассусӣ танҳо аз фанҳои ҳатмии тахассусӣ иборат аст.
36. Номгӯи фанҳои қисмати ҳатмӣ мутобиқ ба ихтисоси тайёршавии докторант аз рӯйи ихтисос муайян карда мешавад. Ҳаҷми ҳадди ақалли кредитҳои фанҳои қисмати ҳатмӣ тибқи Стандарти мазкур ва стандартҳои тахассусии умумиҳатмии таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори докторантура аз рӯйи ихтисос муайян карда мешавад. Номгӯи фанҳои интихобӣ (элективӣ) ва ҳаҷми ҳадди ақали кредитҳои дахлдор аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ тибқи дархости корфармоён ва талаботи бозори меҳнат мустақилона муайян карда мешаванд.
37. Мундариҷаи барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос тибқи ҷадвали 1 муайян карда мешавад.
* Ҷадвали 1
38. Барномаҳои таълимии тайёр кардани докторантҳо аз рӯйи ихтисос аз нақшаи таълимӣ, маҷмӯи таълимӣ-методии фанҳо, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ (педагогӣ/касбӣ) ва нақшаи фардии кори илмию таҳқиқотӣ иборат аст.
39. Натиҷаи таҳқиқоти илмии докторант аз рӯйи ихтисос чунин аст:
- дар як ё зиёда нашрияҳои илмии ватанию хориҷӣ ба табъ расонидани на камтар аз 3 мақола;
- суханрониҳои расмӣ дар на камтар аз ду конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ;
- на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё пешпатенткунонӣ (ба истиснои ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ) барои ихтироот аз рӯйи ихтисосҳои техникӣ.
9. ТАЛАБОТ БА МУҲИТИ ТАЪЛИМИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС
40. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ мустақилона мутобиқи ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос ва Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва замима ба он - Таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос таҳия карда шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
41. Барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос иборат аст аз:
- таълими назариявӣ, ки ба он омӯзиши фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ дохил мешавад;
- таҷрибаомӯзии педагогӣ/касбӣ;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ;
- иҷро ва дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос;
- феҳристи фанҳои интихобӣ, аттестатсияи фосилавӣ ва ниҳоӣ.
42. Мундариҷаи барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос бо нақшаи таълимии корӣ, барномаҳое, ки дар асоси Стандарти мазкур ва стандартҳои тахассусии умумиҳатмии таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори докторантура аз рӯйи ихтисос таҳия гардидаанд, муайян карда мешавад.
43. Докторант аз рӯйи ихтисос дар асоси нақшаи фаъолияти инфиродӣ, ки бо ёрии эдвайзер ва мушовирони илмӣ тартиб дода мешавад, таълим мегирад.
44. Нақшаи инфиродии кори докторант аз рӯйи ихтисос барои ҳамаи давраи таҳсил тартиб дода шуда, аз фаслҳои зерин иборат аст:
- нақшаи инфиродии таълимӣ (ҳангоми зарурат метавонад ҳамасола дақиқ карда шавад);
- кори илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ (мавзӯъ, самти таҳқиқот, муҳлат ва шакли ҳисоботдиҳӣ);
- таҷрибаомӯзӣ (барнома, макон, муҳлат ва шакли ҳисоботдиҳӣ);
- мавзӯи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос бо асосноккунӣ ва сохтори он;
- нақшаи иҷрои диссертатсияи докторӣ;
- нақшаи нашри маводи илмӣ ва коромӯзӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар.
45. Докторант аз рӯйи ихтисос нақшаи таълимии инфиродии худро бо ёрии эдвайзер (роҳбари илмӣ ё мушовир) дар асоси нақшаи намунавии таълимӣ ва феҳристи фанҳои ҳатмӣ тартиб медиҳад. Ба он бояд тамоми фанҳои қисмати ҳатмӣ дохил карда шаванд, ки ҳаҷми онҳо аз ҳаҷме, ки Стандарти мазкур муайян намудааст, набояд кам бошад. Фанҳои интихобӣ аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос мустақилона муайян карда мешаванд. Миқдори умумии кредитҳои қисмати интихобӣ, ки аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос аз худ карда мешаванд, набояд аз ҳаҷме, ки Стандарти мазкур муқаррар намудааст, кам бошад.
46. Натиҷаи фаъолияти амалии докторант аз рӯйи ихтисос бо истифодаи шаклҳои гуногуни назорат ва аттестатсия ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Барои таъмини эътирофи натиҷаҳои назорати дастовардҳои таълимии таълимгирандагон дар фазои байналмилалии таълим баҳогузории донишҳо аз рӯйи низоми баҳогузории рейтингии холию ҳарфӣ амалӣ карда мешавад.
10. ТАЛАБОТ БА ТАЪМИНОТИ КАДРӢ
47. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмие татбиқ карда мешаванд, ки дорои иҷозатнома барои амаликунии фаъолияти таълимӣ ва созишнома оид ба ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ ва илмӣ мебошанд.
48. Дар докторантура аз рӯйи ихтисос раванди таълимро бояд шахсоне гузаронанд, ки дараҷаҳои илмии доктори илм ва ё номзади илм, доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисосро доранд. Дар зимн аз рӯйи силсилаҳои фанҳои заминавӣ ва ихтисосии Стандарти мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ бояд ҳатман ҳайати доимии профессорону омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мавҷуд бошанд.
49. Мактабҳои илмӣ бояд дар миқёси мамлакат ва ё дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида бошанд. Нишондоди эътирофи маводи чопӣ дар нашрияҳои илмии бонуфуз ва иҷрои лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ ва ватанӣ якҷоя бо шарикони хориҷӣ мебошад.
50. Кадрҳои педагогӣ бояд усулҳои муосири таълим ва технологияҳои таълимро донанд ва онҳоро дар ҷараёни таълим истифода бурда тавонанд.
51. Роҳбарии илмии докторантон аз рӯйи ихтисосро 1 ё 2 нафар амалӣ менамояд, ки аз ҳисоби докторон ва номзадҳои илм, докторони РhD, докторон аз рӯйи ихтисос, ки бо таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи мазкури илм (аз рӯйи равияи ихтисос) фаъолона иштирок намуда, таҷрибаи роҳбарии илмӣ дошта бошанд, таъин карда мешаванд. Дар ҳолати 2 нафар таъин шудани роҳбарон, яке аз онҳо, чун қоида, олими намоён аз муассисаи хориҷӣ (ё берунӣ - аз муассисаҳои дигари таълимӣ ё илмии дохили кишвар) мебошад.
11. ТАЛАБОТ БА ТАҲИЯИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ТАЙЁРИИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӯЙИ ИХТИСОС БО ФАРОГИРИИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ
52. Муассисаҳои таълимӣ ва илмие, ки барномаҳои тайёр кардани докторони фалсафа РhD, докторон аз рӯйи ихтисосро амалӣ менамоянд, ҳуҷҷатҳои зарурии таълимию методиро (нақшаи кории таълимӣ, барномаҳои фанҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, барномаи корҳои илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ ва ғайра) таҳия ва тасдиқ менамоянд.
53. Барномаҳои фанҳои таълимӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар асоси Стандарти мазкур таҳия мешаванд. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дар қисмати тайёрии касбӣ бояд дар асоси таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии дорои рейтинги баланд ва марказҳои илмии хориҷӣ, ки барномаҳои аккредитатсияшудаи тайёрии "докторони фалсафа, (РhD) докторон аз рӯйи ихтисос"-ро татбиқ менамоянд, таҳия карда шаванд.
12. ТАЛАБОТ БА ТАЪМИНОТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ
54. Таъминоти таълимию методӣ ва иттилоотии раванди таълим бояд имконияти азхудкунии босифати барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро кафолат диҳад. Амалигардонии барномаи таълимӣ бояд бо дастрасии озод ба шабакаҳои иттилоотии байналмилалӣ, махзанҳои электронии маълумот, фондҳои китобхона, технологияҳои компютерӣ, адабиёти таълимию методӣ ва илмӣ таъмин карда шавад.
13. ТАЛАБОТ БА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ
55. Муассисаҳои таълимӣ ва илмие, ки барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисосро татбиқ менамоянд, бояд дорои заминаи моддию техникие (фонди аудиторӣ, синфҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо, таъминоти асбобҳо, маводи фондӣ) бошанд, ки ба меъёрҳои амалкунандаи санитарию техникӣ мувофиқат намояд ва гузаронидани тамоми намудҳои тайёрии назариявӣ ва амалии дар нақшаи таълимӣ пешбинигардида, инчунин иҷрои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро таъмин намоянд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ бояд барои нашри ҳатмии натиҷаҳои таҳқиқот имконият фароҳам оваранд.
14. ТАЛАБОТ БА ТАШКИЛИ ТАҶРИБАОМӯЗӢ
56. Таҷрибаомӯзӣ бо мақсади ташаккули маҳорати амалии фаъолияти илмӣ ва касбӣ гузаронида мешавад.
57. Барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос бояд таҷрибаомӯзии таҳқиқотӣ ва таҷрибаомӯзии касбиро дар бар гирад. Таҷрибаомӯзии таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос бо мақсади азхудкунии дастовардҳои муосири назариявӣ, методологӣ ва технологияи ватанию хориҷӣ, инчунин таҳкими маҳорати амалӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, коркард ва шарҳи маълумоти озмоишӣ дар таҳқиқоти диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос гузаронида мешавад. Таҷрибаомӯзии касбии докторант аз рӯйи ихтисос бо мақсади мустаҳкамкунии донишҳои назариявие, ки дар ҷараёни таҳсил ба даст омадаанд ва баландбардории сатҳи касбӣ гузаронида мешавад. Мундариҷаи таҷрибаомӯзии таҳқиқотӣ ва касбӣ дар асоси мавзӯи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос муайян карда мешавад. Ҳамаи намудҳои таҷрибаомӯзӣ мутобиқи нақшаи инфиродӣ дар он муҳлате, ки нақшаи таълимӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад.
15. ТАЛАБОТ БА КОРИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОН ТИБҚИ БАРНОМАИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС
58. Кори илмию таҳқиқотии таълимгирандаи докторантура аз рӯйи ихтисос бояд:
- ба мавзӯъҳои асосии ихтисос, ки аз рӯйи он диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос дифоъ карда мешавад, мувофиқат намояд;
- мубрам ва дорои навгонии илмӣ ва аҳамияти амалӣ бошад;
- ба дастовардҳои муосири назариявӣ, методӣ ва технологии илм ва таҷриба асос ёфта бошад;
- бо усулҳои муосири коркард ва тафсири маълумот бо истифодаи технологияҳои компютерӣ асоснок шуда бошанд;
- бо истифодаи усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ иҷро шавад;
- дорои фаслҳои илмию таҳқиқотӣ (методӣ, амалӣ) аз рӯйи муқаррароти дифоъшаванда бошад.
16. ТАЛАБОТ БА КОРИ ОЗМОИШИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОН ТИБҚИ БАРНОМАИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС
59. Кори озмоишию таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос бояд:
- ба мавзӯъҳои асосӣ, ки аз рӯйи он диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос дифоъ карда мешавад, мувофиқат намояд;
- мубрам, дорои навгонии илмӣ ва моҳияти амалӣ бошад;
- ба дастовардҳои муосири илм, техника ва истеҳсолот асос ёфта, дорои тавсияҳои мушаххаси амалӣ, ҳалли мустақилонаи вазифаҳои идоракунии дорои хусусиятҳои маҷмӯӣ ва байнифунксионалӣ бошад;
- бо истифодаи технологияҳои муосири пешрафта иҷро карда шавад;
- дорои фаслҳои озмоишию таҳқиқотӣ (методӣ, амалӣ) аз рӯйи муқаррароти дифоъшаванда бошад.
60. Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос дар шакли ҳисоботи мухтасар дар охири ҳар як сол ба расмият дароварда мешавад.
61. Натиҷаи ниҳоии кори илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос мебошад.
62. Натиҷаи асосии диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос бояд тибқи талаботи банди 39 Стандарти мазкур ба табъ расонида шавад.
63. Талабот ба мазмун ва барасмиятдарории диссертатсияҳо, тайёрии онҳо ба дифоъ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф ва илм ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
17. ТАЛАБОТ БА САТҲИ ТАЙЁРИИ ШАХСОНЕ, КИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДОКТОРАНТУРАРО АЗ РӯЙИ ИХТИСОС АЗ ХУД КАРДААНД
64. Хатмкунандаи докторантура аз рӯйи ихтисос бояд тайёрии бунёдии илмӣ, методологӣ ва касбӣ дошта бошад, технологияҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла усулҳои бадастоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилооти илмиро донад, масъалаҳои муосири илмӣ ва амалиро асоснок кунад ва онҳоро ҳал намояд, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотиро аз рӯйи самти интихобгардида пеш барад, фаъолияти таҳқиқотӣ ва идоракуниро амалӣ созад.
65. Дар стандарти ихтисосҳо сатҳи дониши хатмкунандагони докторантура аз рӯйи ихтисос бояд чунин талаботро инъикос намояд:
- маълумотнокии умумӣ;
- салоҳиятнокии иҷтимоию шахсиятӣ;
- салоҳиятнокии иқтисодӣ ва ташкилию идоракунӣ;
- салоҳиятнокии касбӣ;
- салоҳиятнокии махсус;
- тайёрӣ ба ивазшавии нақшаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, касбӣ, мутаҳаррикии ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ дар шароити дигаргуниҳо.
66. Аттестатсияи ниҳоии (ҷамъбастии) докторант аз рӯйи ихтисос шакли назорати давлатии дастовардҳои таълимии докторант аз рӯйи ихтисос мебошад, ки ба муайянсозии мутобиқати дониш, маҳорату малака ва салоҳияти бадастовардаи ӯ ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот аз рӯйи ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос равона карда шудааст.
67. Аттестатсияи ниҳоии докторантон аз рӯйи ихтисос мутобиқи Қоидаҳои аттестатсияи ҷамъбастии давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, гузаронида мешавад.
68. Аттестатсияи ниҳоии докторантон аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ дар муҳлатҳое, ки бо тақвими академӣ ва нақшаҳои корҳои таълимии ихтисосҳо пешбинӣ гардидаанд, дар шакли имтиҳони маҷмӯӣ гузаронида мешавад.
69. Имтиҳони маҷмӯӣ аз ҷониби Комиссияи давлатии аттестатсионӣ (КДА) гузаронида мешавад. Раиси КДА аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм бо тартиби муайянгардида таъин карда мешавад.
70. Ба имтиҳони маҷмӯӣ аз рӯйи ихтисос фанҳои ҳатмии қисмати заминавӣ ва тахассусии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дохил мешаванд.
71. Имтиҳони маҷмӯӣ на дертар аз 3 моҳ то дифои диссертатсияи илмӣ гузаронида мешавад.
72. Докторант аз рӯйи ихтисос, ки имтиҳони маҷмӯиро супоридааст, ба дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос роҳ дода мешавад.
73. Тартиби дифои диссертатсияҳои докторӣ аз рӯйи ихтисос ва фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ тибқи Низомномаи намунавии шӯрои диссертатсионӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад.
74. Дифои диссертатсия дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- тақризҳои мусбати мушовирони илмӣ;
- на камтар аз 3 мақола, монографияҳо, суханрониҳои расмӣ дар на камтар аз ду конференсияи илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё нахустпатент барои ихтироот аз рӯйи ихтисосҳои техникӣ;
- хулосаи хаттии шӯрои экспертӣ оид ба тавсияи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос ба дифоъ.
75. Дар ҳолате, ки аз ҷониби мушовирони илмӣ ва ё шӯрои экспертӣ хулосаи манфии "ба дифоъ роҳ дода намешавад" ва ё "барои дифоъ тавсия карда намешавад" дода шавад, докторант аз рӯйи ихтисос наметавонад диссертатсияи илмиашро дифоъ намояд.
76. Ба докторанте, ки диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро дифоъ кардааст, тибқи тартиботи муқарраргардида дараҷаи илмии "доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос" дода мешавад.
77. Ба шахсоне, ки барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро пурра иҷро намуда, диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро бомуваффақият дифоъ кардаанд, дар баробари дипломи доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисоси намунаи давлатӣ, инчунин замима ба диплом ва баҳонавишт (транскрипт) дода мешавад.