Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос аз 25 феврали соли 2017 № 93

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" феврали соли 2017, № 93

НИЗОМНОМАИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия шудааст.

2. Низомнома сохтор ва муҳтавои барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос, тартиби қабул ва қоидаҳои тайёр намудани докторҳо аз рӯйи ихтисос, талабот ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ месозанд, талаботи тахассусӣ ба сатҳи тайёр намудани хатмкунандаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва талабот ба аттестатсияи ҷамъбастии давлатиро муайян менамояд.

3. Дар Низомномаи мазкур чунин мафҳумҳои асосӣ истифода мешаванд:

- барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос - маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотии мунтазам таҷдидшаванда, ки аз рӯйи он самти ҳаракати таълимии докторант аз рӯйи ихтисос муайян гардида, бо дифои бомуваффақияти диссертатсия ба анҷом мерасад;

- докторантура аз рӯйи ихтисос - шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии "доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос" барои шаҳрвандоне, ки дорои дараҷаи академии "магистр" мебошанд ё резидентура ва ординатураи клиникиро (барои ихтисосҳои тиббӣ) хатм намудаанд;

- докторант аз рӯйи ихтисос - шахсе, ки дар докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамояд;

- доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос - дараҷаи илмие, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори шӯрои диссертатсионӣ баъди дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос ба докторанте дода мешавад, ки талаботи барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро иҷро кардааст ва маҷмӯи имтиҳонҳои ҷамъбастиро бомуваффақият супоридааст;

- ихтисоси тайёр намудани доктор аз рӯйи ихтисос - маҷмӯи ба таври мақсаднок аз худ намудани барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос, дониш, маҳорат ва малакаҳо аз рӯйи соҳаи мушаххаси илм, ки барои навъи муайяни фаъолияти илмӣ зарур аст;

- низоми кредитии таълим - низоми баҳодиҳии миқдории мазмуни барномаҳои таълимӣ ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо ба воситаи кредит ё соати кредитӣ (меъёри вақте, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон аз ин фан донишҷӯ ба ин кредит (ё кредитҳо) соҳиб мегардад);

- шӯрои диссертатсионӣ - шӯро доир ба баррасии диссертатсияҳои илмӣ, ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос пешниҳод гардидаанд ва дар назди муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки ҳуқуқи амалӣ кардани барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро доранд, тибқи тартиби муқарраргардида ташкил шудааст;

- кредит - воҳиди ба як шакл даровардашудаи ченаки ҳаҷми кори таълимии докторант аз рӯйи ихтисос, ки ба 24 соат баробар аст.

4. Тайёр намудани докторҳо аз рӯйи ихтисос дар доираи барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ медиҳанд ва иҷозатномаи дахлдори фаъолияти таълимиро доранд, амалӣ карда мешавад.

2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА МАҚСАДҲОИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

5. Докторантура аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва илмию таҳқиқотие таъсис дода мешавад, ки аз рӯйи самт ва ихтисоси докторантураи таъсисдодашаванда аз рӯйи ихтисос такягоҳи таълимӣ, илмӣ ва кадрии мувофиқ доранд.

6. Докторантура аз рӯйи ихтисос бо пешниҳоди муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар мувофиқа бо муассис аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

7. Намунаи дипломи давлатии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, талаботи техникӣ нисбат ба он, барасмиятдарорӣ ва тартиби додани онро Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

8. Мақсади таъсиси докторантура аз рӯйи ихтисос иборат аст:

- дар асоси ҳамгироии таҳсилот ва илм ташкил намудани низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию педагогии тахассуси олӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои таъминоти илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо;

- амалӣ намудани ҷараёни таҳсилот мутобиқи принсипҳои таҷрибаи байналмилалии тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии тахассуси олии дар бозори меҳнат рақобатпазир. Бо ин мақсад докторантҳо аз рӯйи ихтисос аз курсҳои таҳсилоти назариявӣ мегузаранд ва мустақилона таҳқиқоти илмиро амалӣ менамоянд, ки хусусияти мубрам, навоварӣ ва аҳамияти амалӣ доранд.

9. Натиҷаҳои таҳқиқот дар шакли диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос ба танзим дароварда шуда, дифои он аз рӯйи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

3. ВАЗИФАҲОИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

10. Вазифаҳои докторантура аз рӯйи ихтисос чунин аст:

- тайёр намудани докторони ватанӣ аз рӯйи ихтисос, ки дар бозори дохилӣ ва байналмилалии меҳнат рақобатпазиранд;

- ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рӯйи ихтисос бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;

- ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва мубрами таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомӯзӣ равона карда шудааст;

- таъмини пайдарпайи барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

11. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос мустақилона аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ таҳия карда шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

12. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, дар қисми тайёрии касбӣ бояд бо барномаҳои доктории аккредитатсияшудаи муассисаҳои таълимию илмии хориҷии пешбар аз рӯйи ихтисосҳои мушобеҳ мутобиқат намоянд.

13. Теъдоди таълимгирандагон (докторантҳо) дар докторантура аз рӯйи ихтисос тибқи равия ва ихтисосҳои муассисаи таълимӣ ва илмӣ дар замимаи иҷозатнома нишон дода мешавад.

14. Дар муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ месозанд, таносуби ҳайати доимии омӯзгорони дараҷа ва унвонҳои илмидошта бояд ба талаботи Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос мувофиқат кунад.

15. Муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ мекунанд, барои аз худ намудани қисмҳои таркибии барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос ё гузаронидани таҳқиқот бояд ба докторантҳо аз рӯйи ихтисос таҷрибаомӯзии таълимӣ ва (ё) таҳқиқотиро дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ (ё берунӣ - дар муассисаҳои дигари таълимӣ ё илмии дохили кишвар) ба муҳлати аз як то шаш моҳ таъмин намоянд.

4. ТАРТИБИ ҚАБУЛ

16. Қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос тибқи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла таҳқиқоти илмии инноватсионӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад.

17. Ба докторантура аз рӯйи ихтисос қабул карда мешаванд:

- шахсоне, ки дорои дараҷаи академии "магистр" мебошанд;

- шахсоне, ки резидентура ва ординатураи клиникиро хатм намудаанд (барои ихтисосҳои тибби клиникӣ).

18. Довталабони ба докторантура аз рӯйи ихтисос дохилшаванда бояд яке аз забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, олмонӣ, франсавӣ, хитоӣ ва ғайра)-ро дар сатҳи барои ихтисосашон кофӣ донанд ва аз онҳо имтиҳони дохилшавӣ супоранд.

19. Тартиби қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос мувофиқи Қоидаҳои намунавии қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

20. Нақшаи қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда, бо дарназардошти эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва муқаррар мегардад. Ҳамчунин, докторантура аз рӯйи ихтисос ба таври шартномавӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки нақшаи қабули онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба заминаи моддию техникӣ ва нерӯи кадрии муассисаҳои таълимию илмӣ муайян менамояд.

21. Муассисаи таълимӣ ва илмӣ бо мақсади муайянсозии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо дар раванди таҳсил бо докторант, новобаста аз шакли таҳсилоташ, шартнома мебанданд.

5. СОХТОРИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС ВА ТАРТИБИ ТАЙЁР НАМУДАНИ ДОКТОРОН АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

22. Сохтори барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос аз ду қисми таркибии баробараҳамият - таълимӣ ва илмӣ иборат буда, аз намудҳои гуногуни корҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки мазмуни барномаи таълимиро муайян мекунанд, ташаккул ёфта, таносуб, ченак ва баҳисобгирии онҳоро инъикос менамояд.

23. Баҳисобгирии меҳнатталабии кори таълимӣ аз рӯйи ҳаҷми маводи азхудкардашуда амалӣ мегардад ва он бо кредитҳо ҳисоб карда мешавад. Дар ин маврид низоми ғункунии кредитӣ амал мекунад, ки он кредитҳои қаблан азхудкардаро дар зинаҳои пештараи таҳсилот ба ҳисоб мегирад.

24. Соли таҳсил аз давраҳои академӣ, давраи санҷиши ҷамъбастӣ, таҷрибаомӯзӣ ва таътил иборат аст. Ҳангоми зарурат барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти докторантҳо аз рӯйи ихтисос ҷорӣ намудани давраи таҳсили (семестри) тобистона ба муҳлати то 8 ҳафта иҷозат дода мешавад.

25. Ҳаҷми кори таълимӣ аз рӯйи номгӯи фанҳои омӯхташаванда муайян карда мешавад. Дар ин маврид фан бо ҳаҷм, ки ба шумораи каратии кредитӣ (5, 6, 7) баробар мебошад, баҳогузорӣ мегардад.

26. Ҳангоми азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос ҳар як соати академии кори аудитории таълимгирандагон бояд бо соатҳои зерини мустақилона пурра карда шавад:

- аз рӯйи омӯзиши назариявӣ - 4 соат кори мустақилона;

- аз рӯйи кори таҳқиқотӣ - 8 соат кори мустақилона.

27. Ба докторантҳо аз рӯйи ихтисос ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад.

28. Ба докторантҳо аз рӯйи ихтисос идрорпулӣ дода мешавад, ки андозаи он ба андозаи стипендияи барои аспирантҳо муқарраргардида баробар мебошад.

29. Таълим аз рӯйи барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дар доираи ихтисосҳои илмӣ дар шакли рӯзона ва фосилавӣ амалӣ карда мешавад.

30. Давомнокии меъёрии азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дар заминаи таҳсилоти олии магистратура ва ординатура (резидентура) на кам аз се солро ташкил медиҳад.

31. Муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос метавонад дар асоси хулосаи дахлдори комиссияи тиббию машваратӣ (маълумотномаи Комиссияи тиббию машваратӣ ё варақаи муваққатии корношоямӣ) тамдид карда шавад:

- то 4 моҳ бо фармоиши роҳбари муассисаи таълимӣ ва илмӣ;

- зиёда аз 4 моҳ - дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

32. Муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос ба собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дохил мешавад.

33. Тайёр намудани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос дар докторантура аз рӯйи ихтисосҳои илмие, ки тибқи Таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос (замима ба Низомномаи мазкур) муқаррар гардидааст, амалӣ карда мешавад.

34. Бо мақсади таъмин намудани озодиҳои академӣ ва баробарарзишии дипломҳо ба докторантҳо аз рӯйи ихтисос имконияти аз худ намудани кредитҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмии аккредитатсиядошта, аз ҷумла дар хориҷа иҷозат дода мешавад, ки тартиби онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

35. Меъёри асосии ба анҷом расидани барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҷониби докторантҳо аз рӯйи ихтисос иҷро намудани тамоми намудҳои корҳои таълимию таҳқиқотӣ ва дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос дар ҳаҷми на камтар аз 180 кредит ба ҳисоб меравад.

6. ТАЛАБОТ БА МУҲТАВОИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

36. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос чунин намудҳои корҳои таълимию таҳкиқотиро дар бар мегиранд:

- таҳсилоти назариявӣ (омӯзиши фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ);

- таҷрибаомӯзӣ;

- кори илмию таҳқиқотӣ (иҷрои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос);

- аттестатсияи давлатии марҳилавӣ, тахассусӣ ва ҷамъбастӣ.

37. Қисмҳои таълимии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро номгӯи фанҳои омӯхташаванда ташкил медиҳад, ки аз қисмҳои ҳатмӣ ва қисмҳои интихобӣ, ки мувофиқи самти тайёр намудани докторант аз рӯйи ихтисос таҳия гардидаанд, иборат мебошад.

38. Ҳаҷми ҳадди ақалли кредитҳои фаннӣ аз қисмҳои ҳатмӣ ва интихобӣ тибқи талаботи стандарти давлатии таълимӣ муқаррар карда мешавад.

39. Номгӯи фанҳо аз тарафи муассисаи таълимӣ ё илмӣ мустақилона мувофиқи талаботи тахассусӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти бозори меҳнат муқаррар карда мешавад.

40. Фанҳои интихобиро докторант аз рӯйи ихтисос мустақилона аз рӯйи феҳристи фанҳои интихобӣ интихоб мекунад ва метавонад онҳоро дар давраи дилхоҳи таҳсил омӯзад.

41. Қисми илмии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро корҳои илмию таҳқиқотӣ (таҷрибавию амалӣ), таҳияи мақолаҳои илмӣ ва навиштани диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос ташкил медиҳад.

42. Барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос ва муҳтавои он дар асоси стандарти давлатии таҳсилот таҳия гардида, аз нақшаи таълимӣ, силлабус ва маҷмӯъҳои таълимию методии фаннӣ, барномаҳои таҷрибаи касбӣ (илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ё илмию педагогӣ) ва барномаи инфиродии корҳои илмию таҳқиқотӣ иборат мебошад.

43. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии иҷрогардида бояд дар нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр гарданд, инчунин, доир ба дастовардҳои илмии онҳо дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ватанӣ маълумот дода шаванд. Дар баробари ин, интишорот бояд муқаррароти асосиро, ки барои дифои диссертатсия пешниҳод мешаванд, дар бар гирад.

44. Рӯйхати маҷаллаҳои илмие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он нашр мешаванд ва дар онҳо бояд ба таври зарурӣ мундариҷаи асосӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсияҳои илмии барои дифоъ пешниҳодшуда чоп шаванд, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

45. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бояд инъикос шаванд:

- дар як ё зиёда нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, ки тибқи рӯйхати маҷаллаҳои тақризшаванда аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд;

- дар на камтар аз се мақола дар нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ;

- дар суханрониҳои расмӣ, дар на камтар аз се конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ;

- аз рӯйи ихтисосҳои техникӣ дар на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё нахустпатент барои ихтироот.

7. ТАЛАБОТ БА ШАРОИТИ АМАЛӢ НАМУДАНИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

46. Барои гирифтани иҷозатнома дар мавриди амалӣ намудани барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисос муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Амалӣ намудани барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисос пас аз гирифтани иҷозатнома иҷозат дода мешавад.

47. Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ мекунанд, бояд мактабҳои илмии дар сатҳи кишвар ё сатҳи байналмилалӣ шинохташуда, кадрҳои омӯзгории донандаи технологияи муосири таълим дар муассисаи таҳсилоти олӣ, инчунин шартномаҳо дар бораи мубодилаи кадрҳои илмӣ бо марказҳои аккредитатсияшудаи таълимию илмии ватанӣ ва хориҷӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ менамоянд, дошта бошанд.

48. Диссертатсия таҳти роҳбарии олимони ватанӣ ва хориҷӣ (ё берунӣ - аз муассисаҳои дигари таълимӣ ё илмии дохили кишвар), ки дорои дараҷаи илмӣ (доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос) буда, дар соҳаи таҳқиқоти илмии докторант аз рӯйи ихтисос мутахассис мебошанд, иҷро карда мешавад. Сарбории илмию педагогӣ барои роҳбарӣ намудан ба докторант аз рӯйи ихтисос дар ҳаҷми на камтар аз 100 соат ҳар сол муқаррар карда мешавад. Ба докторони илм роҳбарӣ ба ду докторант аз рӯйи ихтисос (дар сарбории фардӣ) ва ба се докторант (берун аз сарборӣ), ба номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос - ба як докторант (дар сарбории фардӣ) ва ду докторант (берун аз сарборӣ) дар як сол иҷозат дода мешавад.

49. Дараҷаи касбии роҳбарони илмӣ, аъзои комиссияи машваратӣ дар соҳаи илм ва объекти таҳқиқоти илмии докторант аз рӯйи ихтисос бо ду ва зиёда интишорот дар нашрияҳои илмии хориҷӣ ва ватанӣ, инчунин бо суханрониҳо дар анҷуманҳои илмии бонуфуз дар 5 соли охир бояд тасдиқ карда шавад.

50. Муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ месозанд, мустақилона нақшаҳои таълимӣ (корӣ ва фардӣ), барномаҳои фанҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои корҳои илмию таҳқиқотиро таҳия намуда, онҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Барномаҳои фанҳои таълимӣ дар асоси стандарти ихтисосҳои илмӣ таҳия карда мешаванд.

51. Нақшаи таълимии инфиродӣ ва мавзӯи диссертатсия дар муҳлати на зиёда аз 3 моҳи баъд аз дохилшавии докторант ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз тарафи мақоми олии муассисаи таълимӣ ва илмӣ (Шӯрои олимон ё техникӣ), ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ менамояд, барои тамоми давраи таҳсили таълимгиранда дар докторантура аз рӯйи ихтисос тасдиқ карда мешавад.

52. Таъминоти таълимию методӣ ва иттилоотии ҷараёни таълим бояд азхудкунии сифатнокӣ барномаи докторантура аз рӯйи ихтисосро барои докторант аз рӯйи ихтисос кафолат диҳад. Амалӣ намудани барномаи таълимӣ бояд дастрасии озодона ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, фонди китобхонаҳо, технологияҳои компютерӣ, дастурҳои методӣ ва коркардҳо аз рӯйи фанҳои таълимдодашаванда ва намуди дарсҳо, аз ҷумла иҷрои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро таъмин намояд.

53. Муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро амалӣ мекунанд, бояд заминаи моддию техникӣ (фонди аудиторӣ, синфҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо) дошта бошанд, ки барномаи таълимӣ пешбинӣ менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ бояд имконият фароҳам оваранд, ки натиҷаҳои таҳқиқот нашр карда шаванд.

54. Бо мақсади ташаккул додани малакаҳои амалии илмӣ, фаъолияти касбӣ дар соҳаи мушаххаси илм докторант аз рӯйи ихтисос аз таҷрибаомӯзӣ мегузарад, ки мувофиқи нақшаи инфиродӣ дар муҳлате, ки нақшаи таълимӣ муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад.

55. Қисми илмию таҳқиқотии барномаи таълимӣ бояд:

- ба масъалаи асосии тахассуси илмӣ, ки аз рӯйи он диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос дифоъ мешавад, мувофиқат намояд;

- дар доираи маблағгузории таҳқиқоти бунёдӣ, амалӣ ва дигар лоиҳаҳои буҷетии давлатӣ ва шартномаҳои хоҷагӣ иҷро карда шавад;

- мубрам, дорои навоварии илмӣ ва аҳамияти амалӣ бошад;

- бо комёбиҳои назариявӣ, методӣ ва технологии муосири илм ва амалияи ватанӣ ва хориҷӣ асоснок карда шавад;

- методикаи муосири таҳқиқоти илмӣ истифода карда шавад;

- ба методҳои муосири коркард ва тафсири маълумот бо истифодаи технологияи компютерӣ асоснок карда шавад;

- фаслҳои назариявӣ, методӣ ва амалӣ дошта бошад, ки бо барномаҳои илмии дар диссертатсия дифоъшаванда мувофиқат намоянд.

56. Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар охири ҳар як даври академӣ аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос дар шакли ҳисоботи мухтасар таҳия карда мешавад. Натиҷаи ниҳоии кори илмию таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос мебошад.

8. ТАЛАБОТ БА САТҲИ ТАЙЁР КАРДАН ВА ТАВСИФИ ТАХАССУСИИ ХАТМКУНАНДАИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

57. Хатмкунандаи докторантура аз рӯйи ихтисос бояд:

- дорои донишҳои бунёдии назариявӣ бошад;

- дорои малакаи истифодаи методҳои муосири озмоишӣ бошад;

- имконияти кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, аз ҷумла усули таҳлил, коркард ва нигоҳдории ахбори илмиро дошта бошад;

- масоили илмӣ ва амалии муосирро муайян ва ҳал карда тавонад;

- фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсиониро аз рӯйи ихтисоси илмии интихобкарда ташкил ва амалӣ намояд;

- донандаи забони хориҷӣ дар сатҳи барои ихтисосаш кофӣ бошад.

58. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос барои ихтисосҳои мушаххас бояд талаботро ба нуктаҳои зерин инъикос намоянд:

- маълумотнокии умумӣ;

- салоҳияти иҷтимоию шахсӣ;

- салоҳияти иқтисодӣ ва ташкилию идоракунӣ;

- салоҳияти касбӣ;

- салоҳияти махсус;

- омода будан ба иваз шудани нақшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, касбӣ, серҳаракатии ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ дар шароити ба вуҷуд омадани дигаргуниҳо ва номуайяниҳо;

- маълумотнокӣ аз рӯйи бахшҳои асосии фанҳо ва фанҳои алоҳидаи таълимӣ.

9. АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ ҶАМЪБАСТӢ

59. Аттестатсияи ҷамъбастии докторант аз рӯйи ихтисос дар муҳлати пешбининамудаи ҷадвали академӣ ва нақшаи таълимии ихтисосҳо дар шакли имтиҳони маҷмӯӣ ва дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос гузаронида мешавад.

60. Аттестатсияи тахассусӣ на дертар аз 1,5 сол аз лаҳзаи қабул шудан ба докторантура аз рӯйи ихтисос бо мақсади муайян кардани имконияти давом додани таҳсил ва навиштани диссертатсия гузаронида мешавад.

61. Докторант аз рӯйи ихтисос, ки талаботи аттестатсияро иҷро накардааст, ҳуқуқ дорад, аттестатсияро такроран гузарад. Дар ин маврид докторант аз рӯйи ихтисос вазифадор аст, ки маблағи таҳсилро пардохт намояд.

62. Аттестатсияи тахассусиро барои ҳар як барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос комиссия мегузаронад, ки аз тарафи роҳбари муассисаи таълимӣ ё илмӣ тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия на камтар аз ду нафар мутахассис аз рӯйи ихтисоси докторант аз рӯйи ихтисос шомил мешаванд.

63. Ба имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) оид ба ихтисос аз фанҳои заминавӣ ва касбӣ танҳо фанҳои ҳатмии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дохил карда мешаванд.

64. Имтиҳони маҷмӯӣ дар чунин шаклҳо гузаронида мешавад: имтиҳони шифоҳӣ, кори хаттӣ, тест дар ҳаҷми барномаҳои таълимии фанҳо.

65. Имтиҳони маҷмӯӣ на дертар аз 3 моҳ то дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос гузаронида мешавад.

66. Натиҷаҳои имтиҳони маҷмӯӣ бо протокол ба танзим дароварда мешавад, ки барои ҳар як докторант аз рӯйи ихтисос алоҳида тартиб дода мешавад. Агар имтиҳони маҷмӯӣ ба таври тестӣ гузаронида шавад, натиҷа дар шакли варақаи умумии имтиҳонӣ ва протоколи инфиродӣ барои ҳар як докторант аз рӯйи ихтисос алоҳида ба қайд гирифта мешавад.

67. Диссертатсияи доктории аз рӯйи ихтисос тибқи тамоми талабот ба анҷом расонидашуда ба комиссияи ташхисӣ барои додани хулосаи дахлдор пешниҳод карда мешавад. Якҷоя бо диссертатсия ба комиссияи ташхисӣ инчунин ҳуҷҷатҳои дахлдор мувофиқи талаботи Қоидаҳои аттестатсияи ҷамъбастии давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пешниҳод мегардад.

68. Ба ҳайати комиссияи ташхисӣ раиси мустақил, ки ихтисосманди самт ва тахассуси таҳқиқоти илмӣ мебошад ва се нафар коршиносҳои мустақил аз рӯйи ихтисоси докторант аз рӯйи ихтисос шомил мешаванд. Ҳайати комиссияи ташхисӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

69. Комиссияи ташхисӣ дар шакли муқарраршуда бо яке аз қарорҳои зерин хулосаи хаттии асосноккардашударо мебарорад:

- диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос барои дифои расмӣ тавсия дода шавад;

- диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос баъди бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлати муқарраркардашуда ба дифои расмӣ тавсия карда шавад;

- диссертатсия барои дифоъ тавсия карда нашавад.

70. Тартиби дифои диссертатсияҳои докторӣ аз рӯйи ихтисос ва фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ тибқи Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ муайян карда мешавад.

10. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ДОКТОРАНТ АЗ РӯЙИ ИХТИСОС

71. Докторант дар докторантура аз рӯйи ихтисос дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, оинномаи муассисаи таълимӣ ё илмӣ ва дигар санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад.

72. Докторант аз рӯйи ихтисос уҳдадор аст, саривақт ва босифат тамоми намудҳои корҳоеро, ки барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос пешбинӣ намудааст, иҷро намояд ва диссертатсияи доктории аз рӯйи ихтисос ба итмомрасонидашударо пешниҳод кунад.

73. Ҳангоми пайдо шудани мухолифатҳо байни докторант аз рӯйи ихтисос ва мушовири илмӣ докторант аз рӯйи ихтисос ҳуқуқ дорад ба комиссияи мусолиҳавӣ барои ҳал намудани масъалаҳои баҳсталаб муроҷиат намояд. Дар ҳолати зарурӣ мақоми олии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ - Шӯрои олимон (техникӣ) метавонад дар бораи озод кардани мушовири илмӣ аз роҳбарӣ ва таъин намудани мушовири нав ба докторант аз рӯйи ихтисос қарор қабул намояд.

74. Докторант аз докторантура аз рӯйи ихтисос бо сабабҳои зерин хориҷ карда мешавад:

- бо хоҳиши худ;

- аз рӯи вазъи саломатӣ;

- барои иҷро накардани нақшаи инфиродӣ;

- барои вайрон кардани оиннома ва тартиботи дохилии муассиса;

- барои иҷро накардани шартҳои шартнома ҳангоми таҳсили пулакӣ;

- ҳангоми содир намудани ҷиноят тибқи ҳукми судӣ.

75. Барои шахсоне, ки аз докторантура аз рӯйи ихтисос хориҷ карда шудаанд, маълумотномаи академӣ бо нишон додани кредитҳои азхуднамуда дода мешавад.

76. Докторантура аз рӯйи ихтисос тибқи тартибе, ки Низомномаи мазкур муқаррар намудааст, мушобеҳ бо аспирантура ва докторантураи анъанавӣ фаъолият менамояд.

77. Дипломи дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос бо қарори шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ баъди тасдиқ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба докторант аз рӯйи ихтисос бевосита аз ҷониби шӯроҳои диссертатсионӣ супурда мешавад.

78. Тамоми масъалаҳои баҳсталаб, ки дар раванди тайёр намудани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Замима ба Низомнома