Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1406 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 декабри соли 2016 № 661

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 347

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Сархати даҳуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166, №6, мод. 429: с. 2010, №3, мод. 158; с. 2011, №6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834, №12, қ. 1. мод. 1008; с. 2013, №7, мод, 542, №12, мод. 905; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 425: с.2015, №12, қ. 1, мод.1106; с.2016, №3, мод. 156) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- шахси мансабдори давлатӣ - шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбати шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1406

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЕ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 14 декабря 2016 года, №661

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 16 февраля 2017 года, №347

Статья 1. Абзац десятый статьи 1 Закона Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О государственной службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 166, №6, ст. 429; 2010 г., №3, ст. 158; 2011 г., №6, ст. 452; 2012 г., №8, ст. 834, №12, ч.1, ст. 1008; 2013 г., №7, ст. 542, №12, ст. 905; 2014 г., №7, ч.2, ст. 425; 2015 г., №12, ч.1, ст. 1106; 2016 г., №3, ст.156) изложить в следующей редакции:

"- государственное должностное лицо - назначенное или избранное лицо, осуществляющее постоянно, временно или по особому полномочию функции представителя государственной власти, то есть наделенное в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, распорядительными полномочиями в отношении лиц, не находящихся в его служебном подчинении, а равно лицо, выполняющее на платной или безвозмездной основе организационно-распорядительные, административно-хозяйственные функции в органах государственной власти, государственных учреждениях и органах самоуправления поселков и сёл, а также в государственных хозяйствующих субъектах и других субъектах хозяйствования, в которых доля государства составляет не менее половины, и приравненные к ним лица;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент 

Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 24 февраля 2017 года, № 1406