Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1404 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2016 № 668

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 345

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.152; с.2013, №6, мод.405, мод. 406; с.2014, №7, қ. 1, мод. 397) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар ном ва муқаддимаи Қонун, сархатҳои панҷум, ҳаштум ва даҳуми моддаи 1, моддаи 2, қисми 1 моддаи 3, номи бобҳои 2, 3, 4, ном ва қисми 1 моддаи 5, банди 3) қисми 5, қисми 6 моддаи 6, қисми 2 моддаи 7, ном, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 8, моддаи 11, қисми 1 ва 5 моддаи 12, бандҳои 2), 3), 4) ва 6) қисми 1, банди 1) қисми 2 моддаи 13, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, матни моддаи 14(1), қисмҳои 1 ва 2 моддаи 16 калимаҳои "ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ", "ва маблағгузории терроризм", "ё маблағгузории терроризм", "ва маблағгузории терроризмро" мувофиқан ба калимаҳои ", МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ", ", маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом", ва ", маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 1:

- сархатҳои дуюм, чорум, ёздаҳум ва дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпуш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк;";

- маблағгузории терроризм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра, ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 179(1), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3) 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода мегарданд, ҳамчунин агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда истифода нашуда бошанд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акт (актҳои) мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад;

"- шахсони сиёсии бонуфуз - шахсоне, ки ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (шахсони бонуфузи сиёсии миллӣ) ё дар давлати дигар (шахсони бонуфузи сиёсии хориҷӣ - сарони давлатҳо ё ҳукуматҳо, ходимони баландпояи сиёсӣ, шахсони олии мансабдори ҳукумат, судҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фискалӣ, роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, инчунин роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, шахсоне, ки ба онҳо вазифаҳои муҳими ташкилоти байналмилалӣ бовар карда шудааст) вазифаҳои муҳими давлатӣ пешниҳод шудаанд, аз ҷумла шахсони собиқ дар ин мансабҳо фаъолиятнамуда ва хешовандони наздики онҳо;

- молик-бенефитсиар (манфиатгир) - як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд;";

- дар сархати понздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум, нуздаҳум, бистум, бисту якум ва бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- муштарӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда бархурдор аст, инчунин шахси дигаре, ки тибқи ваколатҳо ӯҳдадориҳои ба ӯ боваркардашударо амалӣ менамояд;

- хавф - маҷмӯи таҳдидҳо, осебпазирӣ ва фарорасии оқибатҳо барои ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷомдиҳанда бо мақсади истифода дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо мутобиқи хусусияти фаъолияташон;

- ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар - ба ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда манъ кардани интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ ва амалиёти дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари ба муштарӣ тааллуқдошта, ки ба рӯйхати ташкилот ва шахсони воқеӣ дохил карда шуда, оид ба даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумоти кофӣ мавҷуд аст;

- идорасозии хавфҳо - тадбирҳои аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷом медиҳанд, барои ташкил ва таъмини фаъолияти низоми идорасозии хавфҳо, ки аз ҷумла муайян (ошкорсозӣ), баҳодиҳӣ (андоза намудан) мониторинг, назорати хавфҳоро бо мақсади коҳиш додани онҳо пешбинӣ менамоянд;

- таҳримҳои байналмилалӣ - таҳримҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ эътироф карда мешаванд;

- мушаххаскунии муштарӣ - гирифтани маълумоти мушаххаскунанда аз тарафи ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад, аз муштарӣ (намояндаи муштарӣ);

- маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - амалҳо оид ба пешниҳод, ҷамъоварӣ ё истифодаи ҳама гуна дороиҳо барои паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки барои анҷом додани онҳо таҳримҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.".

3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

4. Банди 12) моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"12) нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ;".

5. Дар моддаи 5:

- дар қисми 2:

- дар банди 4) калимаҳои "таваккалҳо, инчунин маълумоти дастрас дар бораи манбаи маблағҳои муштарӣ дар лаҳзаи гузаронидани амалиёт" ба калимаи "хавфҳо" иваз карда шаванд;

- дар банди 7) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- банди 8) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8) мушаххаскунии муштарӣ ва омӯзиши фаъолияти молиявии ӯ ҳангоми шубҳа доштан ба алоқамандии амалиёти молиявӣ бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё ба маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳамчунин ҳангоми гузарондани амалиёти молиявии якдафъаина бо муштариён ба маблағи баробар ба андозаи муайяннамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур ё зиёда аз он.".

6. Дар моддаи 6:

- дар қисми 1:

- ба банди 2) пас аз калима ва рақамҳои "бандҳои 3-17" калима ва рақами "ва 20" илова карда шаванд;

- дар банди 3) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4) барои амалиёти дар банди 21) қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида ба маблағи баробар ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ва ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиш ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он.";

- дар қисми 2:

- дар банди 19) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- бандҳои 20) ва 21) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"20) интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;

21) интиқоли электронии маблағҳо.".

7. Дар моддаи 7:

- бандҳои 4), 5), 6), 7) ва 8) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4) фавран ба мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамуда дар бораи анҷомдиҳии ҳар як аҳд ё амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ё амалиёти шубҳанок) хабар диҳанд;

5) оид ба боздошт, ғайрифаъолгардонӣ ва фаъолгардонии маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ба ташкилот ё шахси воқеӣ тааллуқдошта, ки дар бораи даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом асосҳои кофӣ мавҷуданд, чораҳо андешанд;

6) оид ба ошкор, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (аз рӯи намуди муштарӣ, мавқеи ҷуғрофии кишвари бақайдгирии муштарӣ ё муассиса, ки тавассути он ӯ интиқоли (гирифтани) дороиҳо, мол ва хизматрасониро анҷом медиҳад, чораҳои зарурӣ андешанд;

7) ҳангоми ошкор кардани хавфҳо оид ба коҳиш додан ва назорат кардани онҳо чораҳои дахлдор андешанд;

8) бо мақсади идорасозии хавфҳо ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ бо муштарӣ ҳамаи воситаҳои иттилоотӣ, инчунин манбаъҳои байналмилалии эътирофшудаи маълумотро истифода баранд, аз ҷумла он воситаҳои иттилоотие, ки гузарондани амалиёти молиявиро бидуни тамоси мустақим бо муштарӣ таъмин мекунанд.";

- дар қисми 2:

- банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5) на кам аз як маротиба дар ду сол омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;";

- дар банди 5) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, он банди 6) ҳисобида шавад;

- банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7) талабот нисбат ба шахси масъул (корманди бахши комплаенс) ва шахсони ӯро ивазкунанда, ки барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, оид ба ошкорсозӣ, баҳодиҳии хавфҳо ва механизмҳои коҳиш додани онҳо масъул мебошад.";

- дар қисми 3 баъд аз калимаҳои "шахсони мансабдори масъулро" калимаҳои "ё шахсе, ки вазифаҳои корманди масъулро дар ҳолати набудани он муваққатан иҷро мекунад," илова карда шуда, калимаҳои "бо қарори роҳбари" ба калимаҳои "бо қарори роҳбари Раёсат, Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) (мувофиқи шакли ташкилию ҳуқуқӣ)" иваз карда шаванд;

- ба қисми 7 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Ба ташкилотҳои қарзӣ бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ (пасандоз) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар сурати дар маълумоти тибқи Қонуни мазкур бадастомада, мавҷуд будани шубҳаи асоснок оид ба даст доштани ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё ягон молик-бенефитсиари эҳтимолӣ ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом манъ аст.".

8. Дар моддаи 8:

- банди 3) қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3) нотариусҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулк аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид мешаванд ва бояд дар феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда шаванд - аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "Тартиби пешниҳоди маълумот" калимаҳои "ва ҳисоботҳо" илова карда шаванд.

9. Ба моддаи 9 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Бо қарори (таъиноти) суд (судя) аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, амалиёт тавассути суратҳисобҳои бонкӣ (пасандоз), ҳамчунин дигар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ташкилот ва шахсоне, ки нисбати онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба алоқамандии онҳо ба фаъолияти ифротгароӣ ё терроризм, ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита ё бавосита дар моликият ва ё таҳти назорати чунин ташкилотҳо ё шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз ном ва ё бо супориши чунин ташкилотҳо ё шахсон фаъолият менамоянд, то бекор кардани чунин қарор (таъинот) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт карда мешавад.".

10. Дар ном ва матни моддаи 10 калимаҳои "сиёсии бонуфузи хориҷӣ" ба калимаҳои "бонуфузи сиёсӣ" иваз карда шаванд.

11. Ба моддаи 12 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Мақоми ваколатдор дар якҷоягӣ бо мақомоти назоратӣ ва ё мустақилона бо мақсади ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санҷиши ташкилотҳоеро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, мегузаронад.".

12. Дар моддаи 13:

- дар қисми 1:

- дар банди 6) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

"7) бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ба таври мустақим ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар хусуси он, ки амалиёт ё аҳдҳои шубҳанок ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вобаста мебошанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи ваколатҳои онҳо иттилоот пешниҳод намояд.";

"4) пешбурди маълумоти омориро дар асоси иттилооте, ки аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои марбут ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гирифта шудааст, ба роҳ монад.".

13. Дар моддаи 14:

"4) ба мақоми ваколатдор дар бораи натиҷаҳои санҷиш, таҳқиқу тафтише, ки аз рӯйи ҷавоби дархостҳои аз мақоми ваколатдор гирифташуда гузаронда шудааст, иттилоот пешниҳод намоянд.".

14. Матни моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ дархостҳо оид ба пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ ирсол менамоянд ва ба дархостҳои мақомоти салоҳиятдори мазкур бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи мутақобила ҷавоб пешниҳод менамоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1404