Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1400 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2016 № 608

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 341

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №3, мод.169; с.2014, №3, мод.149) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба қисми 2 моддаи 8 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳои касбии муҳосибонро таҳия ва тасдиқ менамояд;".

3. Ба қисми 9 моддаи 10 баъд аз калимаҳои "стандартҳои миллӣ" калимаҳои "ё байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1400