Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1387 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2016 № 616

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 327

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод. 193; с.2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с.2011, №6, мод. 459; с.2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун калимаҳои "ташкилотҳои ҷамъиятӣ", "ташкилотҳои динӣ", "бонкҳо", "салоҳияти", "салоҳият" ва "Салоҳияти" мувофиқан ба калимаҳои "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", "иттиҳодияҳои динӣ", "ташкилотҳои қарзӣ", "ваколати", "ваколат" ва "Ваколати" иваз карда шаванд.

2. Ба қисми 2 моддаи 1 пас аз калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "соле як маротиба" илова карда шаванд.

3. Аз қисми 1 моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

4. Дар номи моддаи 5 калимаи "ҳуқуқи" ба калимаҳои "ҳуқуқ ва озодиҳои" иваз карда шавад.

5. Ба қисми 2 моддаи 7 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон," калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд.

6. Номи боби 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ".

7. Дар моддаи 19:

- ба сархати сеюм пас аз калимаҳои "мақомоти давлатӣ" калимаҳои ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд;

- ба сархати чорум пас аз калимаҳои "нигоҳдории ҳуҷҷатҳо," калимаҳои "технологияҳои иттилоотӣ," илова карда шаванд;

- ба сархати ёздаҳум пас аз калимаҳои "мақомоти давлатӣ" калимаҳои ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда, калимаҳои "масъалаҳои салоҳияти Агентӣ" ба калимаҳои "масъалаҳои ба ваколатҳои Агентӣ мансуббуда" иваз карда шаванд;

- ба сархати сездаҳум пас аз калимаи "санҷиш" калимаҳои ", мониторинг, хронометраж," илова карда шаванд;

- дар сархати нуздаҳум калимаи "иттилоотиро" ба калимаҳои "иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи идоравиро дар шабакаи Интернет" иваз карда шавад.

8. Ба қисми 2 моддаи 26 пас аз калимаҳои "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ" калимаҳои ", аз ҷумла мақомоти давлатӣ бо фармон ё амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

9. Қисмҳои 4 ва 5 моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"4. Кормандони мақомоти Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Дар сурати ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ӯ кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 6 (шаш) маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад. Ҳангоми ҳалок гардидани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи корманди ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда, кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 (ҳашт) маоши таъминоти пулии корманди ҳалокгардида, аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд аз шахсони гунаҳкор бо ҷуброни ин маблағ аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз хизмат, бо сабаби гирифтор шудан ба беморӣ дар рафти иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ, ба ӯ кумакпулии якдафъаина ба андозаи 5 (панҷ) маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар гардидааст, пардохта мешавад.

5. Ба кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда, бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" кумакпулии якдафъаина пардохта мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1387