Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1384 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҳУРИИ ТОҷИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2016 № 602

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 324

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183; с. 2011, №6, мод. 457; с. 2013, №7, мод. 513, №12, мод. 886; с. 2014, №11, мод. 654; с. 2015, №7-9, мод.701; с. 2016, №3, мод. 138) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 7 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар қисми чоруми моддаи 10 калимаҳои "ба қувваи қонунӣ даромадани" ба калимаҳои "эътибори қонунӣ пайдо кардани" иваз карда шаванд.

3. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 16 ва сархати чордаҳуми қисми дуюми моддаи 20 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

4. Дар сархати даҳуми қисми дуюми моддаи 20 калимаи "ҷиноӣ" ба калимаи "ҷиноятӣ" иваз карда шавад.

5. Дар моддаи 23:

- дар қисми дуюм калимаҳои "он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки" ба калимаҳои "шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад," иваз карда шаванд;

- ба ҷумлаи якуми қисми шашум пас аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "доштани шаҳрвандии давлати дигар, инчунин" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

24 феврали еоли 2017 № 1384

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ НАЦИОНАЛЬНОЙ БЕЗОПАСНОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 2 ноября 2016 года, №602

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 16 февраля 2017 года, №324

Статья 1. Внести в статью 23 Закона Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об органах национальной безопасности Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 183; 2011 г., №6, ст. 457; 2013 г., №7, ст. 513, №12, ст. 886; 2014 г., №11, ст. 654; 2015 г., №7-9, ст.701; 2016 г., №3, ст. 138) следующие изменения и дополнения:

- в части второй слова "может быть гражданин Республики Таджикистан, владеющий государственным языком, способный по своим личным и деловым качествам" заменить словами "может быть лицо, являющееся только гражданином Республики Таджикистан, владеющее государственным языком, способное по своим личным и деловым качествам";

- первое предложение части шестой после слова "запрещается" дополнить словами "иметь гражданство другого государства, а также".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 24 февраля 2017 года, № 1384