Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ аз 7 октябри соли 2016 № 421

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2016, № 421

тасдиқ шудааст

КОДЕКСИ ОДОБИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ

Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ (минбаъд - Кодекс) маҷмӯи қоидаҳои рафтори шахсони мансабдори мақомоти санҷиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбии шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор таҷассум намуда, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият ба хизмати давлатӣ бармеояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кодекс нисбат ба шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро ишғол менамоянд, татбиқ мегардад.

2. Кодекс ҳамчун маҷмӯи қоидаҳои касбию ахлоқӣ барои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ инҳоро муайян менамояд:

- арзишҳои ахлоқӣ, уҳдадориҳо ва принсипҳои хизматӣ дар хизмати давлатӣ;

- қоидаҳои касбию ахлоқиро ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

- стандартҳои касбию ахлоқии рафтори зиддикоррупсионӣ.

3. Риояи принсипҳо, қоида ва меъёрҳои дар Кодекс муқарраршуда, новобаста аз мансаби ишғолнамуда ва рутба, уҳдадории ҳар як шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ мебошад.

4. Донистан ва риояи Кодекс аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ меъёри ҳатмии баҳодиҳии сифати касбии фаъолияти мехнатии ӯ мебошад.

5. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба кор қабул шудан дар мақомоти санҷишӣ уҳдадор мешавад, ки бо талаботи Кодекс шинос шуда, онро риоя намояд.

6. Кодекс ба принсипҳои хизмати давлатӣ ва талабот ба рафтори хизматчиёни давлатӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд, инчунин ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- инсондӯстӣ;

- қонуният;

- риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон;

- поквиҷдонӣ;

- беғаразӣ;

- адолат;

- таҳаммулпазирӣ.

7. Ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ дар ҷойи санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ тибқи тартиби муқарраргардида шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад (хароҷоти нақлиёт, зист ва дигар).

БОБИ 2. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

8. Рафтори шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ дар ҳама ҳолат бояд бенуқсон, ба стандартҳои баланди касбӣ ва принсипҳои ахлоқӣ ҷавобгӯ бошад. Ягон амал набояд обрӯю нуфузи шахси мансабдори мақомоти санҷиширо бадном намояд.

9. Шахси маисабдори мақомоти санҷишӣ ҳангоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд:

- урфу одатҳои халқҳо, гуруҳҳои этникӣ ва иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ, маданияти баланди касбиро риоя намояд;

- мунтазам малакаи тахассусӣ ва дониши худро такмил диҳад;

- ҳангоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор фаъолияти худро чунон ба роҳ монад, ки вобаста ба он ягон шакку шубҳа ба миён наояд;

- дар рафтори худ шаъну шараф, қадру қимати худро нигоҳ дошта, дар фаъолияти меҳнатии худ бо дигарон некхоҳ, кушод, бодиққат ва боадаб бошад;

- рафтор ва эҳсосоти худро назорат намуда, нагузорад, ки майл ё бадбинии шахсӣ, кинаву хусумат, табъи баланд ё хира, муносибати дӯстӣ бо шахси дигар ба қабули қарор таъсир намояд, инчунин натиҷаи рафтор ва амалҳои худро пешбинӣ намояд;

- ҳангоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба зуҳуроти миллатгароӣ, маҳалгароӣ ва хешутаборӣ роҳ надиҳад;

- дар муносибат бо субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, шаҳрвандон, ҳамкасбон ва намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассисаҳо ва корхонаҳо бояд хушмуомила ва бодиққат бошад;

- дар муносибатҳои касбӣ бояд барои дигарон бо фаъолияти бенуқсон, инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ намуна бошад;

- ҳангоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор набояд аз доираи ваколатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ӯ вогузор карда шудааст, барояд.

- дар муносибат бо шаҳрвандон новобаста аз вазъи иҷтимоӣ боодоб буда, нисбат ба шахсони муваффақияти иҷтимоидошта ё вазъи пасти иҷтимоидошта рағбаташро нигоҳ дорад.

- маълумот, далелҳо, воқеа ва вазъияти ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муайян шудааст, паҳн накунад;

- маълумоти расмиро, ки бояд ошкор бошад, пинҳон дорад ё маълумоти нопурра ва дурӯғро паҳн накунад;

- ҳангоми қабули қарор бояд аз таъсири шаҳрвандон, гуруҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ мустақил бошад;

- ҳангоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд аз амале, ки беғаразии ӯро зери шубҳа қарор медиҳад ё ҳолатҳое, ки аз бевосита ё бавосита манфиатдор будани ӯ дар амали ғайриқонунӣ гувоҳӣ медиҳад, даст кашад;

- ҳангоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муносибатро бо намояндагони субъектҳои хоҷагидор оромона ва бе фишордиҳии психологӣ ба роҳ монад.

БОБИ 3. ФАРҲАНГИ СУХАНВАРӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШ

10. Фарҳанги суханварӣ нишондиҳандаи муҳими касбии шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ буда, дар маҳорати босаводона, фаҳмо ва дақиқ расонидани фикру андеша ба дигарон зоҳир мегардад.

11. Фарҳанги суханварӣ шахси мансабдори мақомоти санҷиширо уҳдадор месозад, ки қоидаҳои зеринро риоя намояд:

- возеҳӣ, ки дастрасӣ ва соддагии муносибатро таъмин менамояд;

- саводнокӣ, ки дар истифодаи қоидаҳои қабулшудаи забони адабии тоҷикӣ асос меёбад;

- пурмаъногӣ, ки боандешагӣ, пурмазмунӣ ва маълумотнокиро ифода мекунад;

- мантиқ, ки пайдарҳамӣ, ғайриихтилофотӣ ва асоснокии баёни фикрро дар назар дорад;

- исботкунӣ, ки дурустӣ ва маълумоти объективиро дар бар мегирад;

- мухтасарӣ, ки кӯтоҳӣ ва фаҳмо иброз намуданро инъикос мекунад;

- бамавридӣ, ки маънои зарурат ва муҳимияти гуфтани суханро дар ҳолати мувофиқ дорад.

12. Шахси мансабдори мақомоти санҷиширо зарур аст, ки ҳангоми муносибат бо дигарон забони адабии тоҷикиро риоя ва ҳимоя намояд. Дар сухангӯй шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ инҳоро набояд истифода намояд:

- ҳазлҳои дағал ва тамасхури бад;

- суханҳои номуносиб ва гапҳои печутоб, аз ҷумла истифодаи нутқи хориҷӣ;

- калима ё ибораи дағал;

- суханҳое, ки ҳамчун таҳқири гуруҳҳои муайяншудаи иҷтимоӣ ё маҳаллу миллатҳои алоҳида истифода карда мешаванд;

- гуфторҳои беорона ва тези хусусияти таҳқирдошта, ки бо нуқсонҳои ҷисмонии инсон алоқаманд аст.

БОБИ 4. МУНОСИБАТ БА ТУҲФАҲО ВА ДИГАР НИШОНАҲОИ ТАВАҶҶУҲ

13. Аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ гирифтани туҳфаҳо, мукофот, инчунин ифтихорнома, хизматрасонӣ (минбаъд туҳфаҳо) бо мақсади таъсир расонидан ба фаъолияти санҷишӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардаанд, манъ аст.

14. Гирифтан ё додани туҳфаҳо шахси мансабдори мақомоти санҷиширо ба ҳолати вобастагӣ ё тобеият аз туҳфакунанда мегузорад, ки он ба қоидаҳои ахлоқу одобии рафтори зиддикоррупсионӣ мухолифат мекунад.

15. Меҳмондорӣ аз рӯи хешутаборӣ, шиносоӣ ва дӯстӣ набояд ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор таъсир расонад.

16. Шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ набояд:

- шароитеро фароҳам оварад, ки барои пайдо шудани ҳолати хусусияти таҳриқа дошта барои гирифтани туҳфа мусоидат намояд;

- туҳфаҳоро барои худ, оила ва хешовандони худ, инчунин шахс ва ташкилоту муассисаҳое, ки ӯ бо онҳо муносибат дорад ё қаблан дошт, қабул намояд, агар амали мазкур барои беғаразии ӯ таъсир расонад;

- ба манфиати шахсии худ барои додани туҳфаҳо миёнарав бошад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

17. Шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ барои амалигардонии Кодекс уҳдадор мебошад.

18. Таҳлил ва арзёбии риояи меъёрҳои одоби рафтори хизматӣ ҳангоми баррасии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ, таъин кардан ба мансаб, ҳангоми мукофотонидан, додани тавсифнома ё тавсиянома ҳатмӣ мебошад.

19. Роҳбари мақомоти санҷишӣ бояд барои пешгирӣ ва бартараф намудани рафтори беодобонаи зертобеон чораҳои зерин андешад:

- бо мақсади паҳн намудани талаботи Кодекс тадбирҳои зарурӣ андешад;

- ҳангоми аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ вайрон кардани талаботи Кодекс тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" муҷозоти интизомӣ татбиқ намояд;

- дигар чораҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

20. Роҳбари мақомоти санҷишӣ бояд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ поквиҷдон, беғараз, одил, инсондӯст, таҳаммулпазир ва барои зертобеон намуна бошад.

21. Назорати риояи Кодекс дар мақомоти санҷишӣ тибқи Фармони Президемти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.

22. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ барои риоя накардани Кодекс тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

23. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳангоми вайрон кардани Кодекс номи нек ва шаъну шарафро аз даст медиҳанд, сохтори худро беэътибор ва беобрӯ мекунанд ва дар натиҷа аз ҳуқуқи ахлоқӣ барои иззату эҳтиром, дастгирию боварии шаҳрвандон, ҳамкорону ҳамкасбон ва роҳбарият маҳрум мешаванд.