Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 феврали соли 2017 № 58
тасдиқ шудааст
РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ "МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии "Маҳсулоти тамоку" (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, муҳити зист, амалҳои огоҳкунандае, ки истеъмолкунандагони маҳсулоти тамокуро нисбат ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ мебаранд, таҳия шудааст ва ба маҳсулоти тамокуе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, татбиқ мегардад.
2. Регламенти техникии мазкур талаботи риоя барои истифода ва ҳатмӣ ба маҳсулоти тамоку, инчунин талаботро ба маълумоте (тамғагузорие), ки дар қуттии истеъмолии маҳсулоти тамоку насб гардидааст, муқаррар менамояд.
3. Дар ҳолате, ки агар нисбат ба маҳсулоти тамоку дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талабот ба маҳсулоти тамоку, ҳамчунин талабот ба маълумоти (тамғагузории) дар қуттии истеъмолӣ насбгардидаро муқаррар мекунанд, қабул шуда бошанд, дар он сурат маҳсулоти тамоку ва маълумоте (тамғагузорие), ки дар қуттии истеъмолии маҳсулоти тамоку насб гардидааст, бояд ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон нисбати он татбиқ мегарданд, мутобиқат намояд.
2. ДОИРАИ АМАЛИШАВИИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
4. Регламенти техникии мазкур нисбати маҳсулоти тамокуе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, татбиқ мегардад.
5. Амали Регламенти техникии мазкур ба маҳсулоти зерини тамоку татбиқ карда намешавад:
- намунаҳои маҳсулоти тамоку, ки аз тарафи озмоишгоҳҳо, истеҳсолкунандагони маснуоти тамоку ва (ё) воридкунандаҳо (фурӯшандагон) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши сифат ва бехатарӣ ворид карда мешаванд, барои ченкунӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, гузаронидани санҷишҳои муқоисавии байниозмоишгоҳӣ, чен кардани параметрҳои меъёрӣ мутобиқи талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, калибрченкунии таҷҳизот, санҷишҳои муқоисавӣ, гузаронидани чошнигирӣ, омӯзиши тарроҳӣ пешбинӣ шудаанд;
- намунаҳои маҳсулоти тамоку, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилкунандагон ва (ё) иштирокдорони намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ярмаркаҳо ба сифати намунаҳо ва экспонатҳо ворид мегарданд;
- маҳсулоти тамокуе, ки барои содирот тибқи шартномаҳои тиҷорати хориҷӣ таҳвил дода мешаванд;
- маснуоти тамокуи кашиданашаванда.
3. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
6. Бо мақсади татбиқи Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маҳсулоти тамоку - маснуоти тамокуи дар борҷомаҳои истеъмолӣ борҷомашуда;
- маснуоти тамоку - масолеҳе, ки пурра ё қисман аз барги тамоку ва (ё) қисмҳои дигари растании тамоку ба сифати ашёи хом омода гардида, тарзи тайёрсозии он барои истифодабарӣ, яъне кашидани тамоку мувофиқ аст;
- маснуоти тамокуи кашидашаванда - маснуоти тамоку, ки барои кашидан (дуд додан) таъин шудааст;
- маснуоти тамокуи кашиданашаванда - маснуоти тамокуе, ки барои макидан, хоидан ва бӯидан таъин шудаанд;
- намуди маснуоти тамоку - маҷмӯи маснуоти тамокуи кашидашаванда ё кашиданашаванда дорои хусусиятҳои монанди истеъмолӣ ва тариқи истеъмоли онҳо;
- папирос - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда, иборат аз маводи хоми буридашуда ва найча (мундштук) дар шакли найчаи лӯлапечи коғазӣ, печонидашуда бо коғази папиросӣ (сигорӣ), беширеш ва бо дарзҳои дандонадор часпондашуда. Дар найчаи (мундштуки) папирос гузоштани маводи дудполо мумкин аст;
- сигара - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда аз маводи хоми сигор ва дигар маводи хом омодагардидаи аз се қабат иборатбуда: аз маводи ғоздода, ё буридаи сигарӣ ва (ё) дигар маводи хом пур кардашуда; бо иловаи коғази сигор ва (ё) маҳсулоти дигар ва бо барги тамокуи сигорӣ печонидашуда, ғафсии сигараҳо бо дарозии сеяки он ё андозаи нисбатан дарозтари он бояд на кам аз 11 мм бошад;
- сигор - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда, иборат аз маводи хоми резагардидаи бо коғази сигорӣ печонидашуда;
- сигори бе дудполо - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда, иборат аз маводи хоми резагардидаи бо коғази сигорӣ печонидашуда (қисми кашидашаванда);
- сигор бо дудполо - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда, иборат аз маводи хоми резагардидаи бо коғази сигорӣ печонидашуда (қисми кашидашаванда) ва дудполо;
- дудполо - ашёе, қи дар раванди истеҳсоли маҳсулоти тамоку ба канори охири маснуоти тамокуи кашидашаванда пайваст шуда, барои нигоҳ доштани қисми дуди тамоку пешбинӣ шудааст;
- сигарилла (сигарита) - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда, аз маводи сигар ё маводи дигар омодагардида ва аз якчанд қабат иборатбуда: аз маводи ғоздода, ё буридаи сигарӣ ва (ё) дигар ашёи хом пур кардашуда, бо иловаи коғази сигор ва (ё) маҳсулоти дигар ва бо барги тамокуи сигорӣ печонидашуда, барқароршудаи тамоку ё қоғази махсуси дар асоси селлюлозаҳо ва тамоку тайёргардида. Сигарилла (сигарита) метавонад дудполо ва коғазпечи иловагӣ дошта бошад, ғафсии ниҳоии сигариллаҳо (сигаритҳо) бояд аз 11 мм зиёд набошад;
- маводи хом - тамокуи аз ҷамъоварию коркарди аввалия гузашта ва (ё) бо роҳи дигари саноатӣ коркардшудаи ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку истифодашаванда;
- тамоку барои чилим - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда, ки барои кашидан (дуд додан) бо истифодаи чилим таъин шудааст ва аз омехтаи маводи хоми бурида ё порагардида, бо илова ё бе иловаи ингредиентҳо иборат мебошад;
- тамокуи кашидании тунукбуридашуда - намуди маснуоти тамокуи кашиданӣ, ки барои тариқи дастӣ омода намудани сигор ё папирос пешбинӣ гардида, аз тамокуи буридашуда, порагардида, печонида ё манганаёфта бо илова ё бе иловаи ингредиентҳое, ки на кам аз 25 фоизи вазни холиси маҳсулотро нахи паҳниаш 1 мм ё камтар аз он ташкил медиҳад, таркиб ёфтаанд;
- чилимтамоку - намуди маснуоти тамокуи кашидашаванда барои бо истифодаи найчаҳои хосаи дуддиҳӣ (чилимҳо) кашидан пешниҳодгардида, иборат аз тамокуи буридашуда, порагардида, печонида ё манганаёфта, бо илова ё бе иловаи ингредиентҳое, ки на кам аз 75 фоизи вазни холиси маҳсулотро нахи паҳниаш зиёда аз 1 мм ташкил медиҳад;
- ба муомилот баровардани маҳсулоти тамоку - таҳвил ё содир намудани маҳсулоти тамоку (аз ҷумла интиқоли маҳсулот аз анбори истеҳсолкунанда ё ҳамлу нақли бор аз макони истеҳсолот) бо мақсади ба фурӯш баровардан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси беподош ё подош;
- ҳаммонандкунии маҳсулоти тамоку - тартиби мансуб намудани маҳсулоти тамоку ба доираи татбиқи Регламенти техникии мазкур;
- истеҳсолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз номи худ истеҳсол ё истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти тамокуро ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати он ба талаботи Регламенти техникии мазкур масъул мебошад;
- воридкунанда - шахсе, ки бо намояндагони давлатию ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридсозии маҳсулоти тамоку ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи савдои беруна баста, ҳамчунин фурӯши маҳсулоти тамокуро амалӣ менамояд ва барои мутобиқати он ба талаботи Регламенти техникии мазкур масъулиятро ба уҳда мегирад;
- ингредиент (ҷузъ, ҳисса, қисм) - моддаи (ба истиснои барги тамоку ва дигар қисмҳои тамоку) ҳангоми истеҳсоли маснуоти тамоку ва дар маснуоти тайёри тамоку истифодашаванда, аз ҷумла дар шакли тағйирдодашуда;
- варақаи иловагӣ - варақае, ки дар он маълумот барои истеъмолкунанда дарҷ карда шуда, ҳангоми ба фурӯш баровардани маснуоти тамоку дар борҷомаи истеъмолӣ, ки дар он имкони ҷой додани маълумот барои истеъмолкунанда мавҷуд нест, ҳамчунин дар ҳолати ба таври донабайъ ба фурӯш баровардани сигор ва сигарилл (сигарит) истифода мешавад;
- монооксиди карбон - маҳсулоти нопурра сӯзонидашудаи моддаҳои карбондор;
- номгӯйи маҳсулоти тамоку - номгӯйи (нишона) маҳсулоти тамокуи аз тарафи истеҳсолкунанда пешниҳодгардида;
- борҷомаи истеъмолӣ - борҷома барои фурӯш ё бастабандии аввалияи маҳсулот, ки ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ фурӯхта мешавад, аз он ҷумла қуттиҳо;
- огоҳкунӣ оид ба зарари истеъмоли маснуоти тамоку маълумот дар бораи натиҷаҳои зараровари истеъмоли маснуоти тамоку ва дуди тамоку ба саломатии инсон, ки дар борҷомаи истеъмолии маснуоти тамоку (варақаи махсус) дар намуди навиштаҷот, расм ё тасвири аккосӣ сабт карда шудааст;
- шахси ваколатдори истеҳсолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунанда дар асоси шартнома бо он барои амалӣ намудани фаъолиятҳо аз номи ӯ ҳангоми ба муомилот баровардани маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мегардад ва ҳамчунин ҳангоми номутобиқатии маҳсулоти тамоку ба талаботи Регламенти техникии мазкур масъулиятро ба уҳда мегирад;
- Номгӯйи умумии молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ - Номгӯйи умумии молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003, № 44 тасдиқ шудааст.
4. ҲАММОНАНДКУНИИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ
7. Ҳаммонандкунии маҳсулоти тамоку вобаста ба номгӯйи он ва (ё) нишонаҳои тавсифие, ки барои муайян намудани ин намуди маҳсулот дар Регламенти техникии мазкур дарҷ гардидаанд, гузаронида мешавад. Аломатҳои тавсифкунандаи маҳсулоти тамоку чунинанд: таркиби қисматҳо (компонентҳо) (мавҷудияти барги тамоку ва (ё) дигар қисмҳои растании тамоку), хусусиятҳои он ва тарзи истифодаи маҳсулоти тамоку.
8. Ҳаммонандкунии маҳсулоти тамоку ба таври зерин гузаронида мешавад:
- аз рӯйи номгӯйи намуд - бо роҳи муқоисаи номгӯйи намуди маснуоти тамоку, ки маълумоти заруриро дар бар гирифта, дар тамғакоғази бастабандӣ (варақаи иловагӣ) ва (ё) ҳуҷҷати ба маҳсулот ҳамроҳшуда (намунаи аслии (нусхаи тасдиқшуда) шартнома оиди ворид намудан, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳи молу маҳсулот), бо муайян намудани намудҳои маснуоти тамоку мутобиқи Регламенти техникии мазкур дарҷ ёфтаанд;
- усули муоинасозӣ - бо роҳи муқоисаи намуди берунии маснуоти - тамоку бо аломатҳои дар мафҳуми ҳамин маснуоти тамоку мутобиқи Регламенти техникии мазкур дарҷгардида.
9. Натиҷаи ҳаммонандкунӣ мансуб ё ғайримансуб донистани маҳсулоти ҳаммонандгардида ба маводи тамоку ба ҳисоб меравад.
5. ҚОИДАҲОИ МУОМИЛОТ ДАР БОЗОР
10. Маҳсулоти тамоку дар ҳолати мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва хамчунин талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад, дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд.
11. Маҳсулоти тамокуе, ки ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва ҳамчунин талаботи дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад, ҷавобгӯ мебошад ва расмиёти баҳодиҳии мутобиқатро гузаштааст, метавонад бо нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ шуда бошад.
6. ТАЛАБОТ БА МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ
12. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку ба сифати ингредиентҳо истифода шудани моддаҳо мутобиқи замимаи 1 Регламенти техникии мазкур иҷозат дода намешавад.
13. Мавҷудияти қатрон ва никотин дар дуди як сигор (бо дудполо ё бе дудполо) набояд мутаносибан аз 10 мг/сиг. ва 1,0 мг/сиг. зиёд бошад.
14. Мавҷудияти монооксиди карбон дар дуди як сигори бо дудполо набояд аз 10 мг/сиг. зиёд бошад.
15. Усулҳои муайян намудани мавҷудияти қатрон ва никотин дар дуди сигор (бо дудполо ва бе дудполо) ва монооксиди карбон дар дуди сигори бо дудполо, қоидаҳои гирифтани намунаҳо ва муайян намудани саҳеҳияти маълумот оиди мавҷудияти қатрон, никотин ва монооксиди карбон дар стандартҳое, ки дар банди 36 Регламенти техникии мазкур нишон дода шудаанд, муқаррар карда мешавад.
16. Ҳангоми ба муомилот баровардани маҳсулоти тамоку истифода намудани варақаҳои иловагие, ки дар дохили борҷомаҳои истеъмолии маҳсулоти тамоку ҷойгир гардидаанд, аз берун часпонида шудаанд ё дар ин борҷома гузошта шудаанд, иҷозат дода намешавад, ба истиснои борҷомаҳои истеъмолие, ки дар онҳо ҷой додани маълумот барои истеъмолкунанда имконият надорад ва ҳамчунин ҳангоми донабайъ ба фурӯш баровардани сигар ва сигариллаҳо (сигаритаҳо).
7. ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ҲИСОБОТ ДАР БОРАИ ТАРКИБИ МАСНУОТИ ТАМОКУ ВА МОДДАҲОИ АЗ ОНҲО ҶУДОШАВАНДА
17. Истеҳсолкунанда ва (ё) воридкунандаи маҳсулоти тамокуе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, уҳдадор аст, ки ҳамасола, на дертар аз рӯзи охирони семоҳаи аввали соли минбаъда барои соли тақвимии ҳисоботӣ ба мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботеро, ки дорои маълумот дар бораи таркиби маснуоти тамокугии дар муддати соли тақвимии ҳисоботӣ фурӯхташаванда ва ҳамчунин моддаҳои аз онҳо ҷудошаванда мебошад, аз рӯи намунаи аз тарафи мақоми мазкур тасдиқшуда, пешниҳод намояд.
18. Агар истеҳсолкунанда ё воридкунанда нисбати ингредиентҳо тадқиқоти токсикологӣ гузаронида бошанд ва ё ин гуна тадқиқот бо фармоиши онҳо гузаронида шуда бошад, ин шахсон дар ҳисоботе, ки дар банди 17 Регламенти техникии мазкур нишон дода шудааст, уҳдадоранд, далели гузаронидани тадқиқоти токсикологиро нишон диҳанд ва тибқи дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 30 рӯз аз санаи қабул намудани ин дархост дар бораи натиҷаҳои тадқиқ бо нишондоди усулҳои дар он истифодашуда ва усулҳои гузаронидани ченкуниҳо ва ҳамчунин намудҳои воситаҳои ченак маълумот пешниҳод намоянд.
8. ТАЛАБОТ БА МАЗМУНИ МАЪЛУМОТ БАРОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОНИ МАСНУОТИ ТАМОКУ
19. Дар борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку маркаҳои махсусро (аксизӣ, ҳисобии назоратӣ ё дигар) насб менамоянд, ки имконияти сохтакорӣ ва истифодаи такрории онҳоро истисно намояд (минбаъд - марка).
20. Маълумот барои истеъмолкунандагони маснуоти тамоку дар борҷомаи истеъмолӣ (варақаи иловагӣ) нишон дода шуда, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номгӯйи намуди маснуоти тамоку;
- номгӯйи маҳсулоти тамоку;
- номгӯйи шахси ҳуқуқие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, аз тарафи истеҳсолкунанда барои қабули шикоятҳо аз тарафи истеъмолкунандагон ваколатдор аст, макони зисти ӯ (кишвар ва суроға, аз ҷумла воқеӣ). Маълумоти нишондодашуда метавонад дар тарафи берунӣ ё дохилии борҷомаи истеъмолӣ, дар ҷойи барои хондан дастрас, ҷой дода шавад;
- номгӯйи истеҳсолкунанда, шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдоршуда ё воридкунанда, макони ҷойгиршавии ӯ (кишвар ва суроға, аз ҷумла воқеӣ). Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот истеҳсолкунанда, шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдоршуда ё воридкунанда, бояд дар муҳлати 180 рӯзи тақвимӣ аз санаи ин тағйирот дар маълумотноман борҷомаи истеъмолии (варақаи иловагӣ) маҳсулоти тамоку тағйироти ҷойдоштаро дохил намояд. Дар ин ҳолат истеҳсолкунанда, шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдоршуда ё воридкунанда то ба итмом расидани муҳлати нишондодашуда ҳуқуқ дорад, ки маҳсулоти тамокуро бо маълумоти пештара ба фурӯш барорад;
- маълумот дар бораи мавҷудияти дудполо (барои маснуоти тамокуи кашиданӣ бо дудполо);
- маълумот дар бораи шумораи донаҳо (барои маснуоти тамокуи донагӣ) ё вазни холис (г) (барои маснуоти тамокуи баркаш);
- огоҳӣ дар бораи зарари истеъмоли маснуоти тамоку;
- маълумот оид ба моҳ ва соли истеҳсоли маснуоти тамоку. Дар болои маълумоти нишондодашуда насб намудани ягон хел унсурҳои борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку (ба истиснои плёнкаҳои шаффофи печонидашаванда) ё часпонидани маркаҳо иҷозат дода намешавад;
- маълумот дар бораи заҳрҳои системавӣ, моддаҳои кансерогенӣ ва мутагенӣ.
21. Маълумоте, ки дар борҷомаи истеъмолӣ (варақаи иловагӣ) дарҷ карда мешавад, бояд боварибахш бошад ва набояд истеъмолкунандаро ба иштибоҳ оварад.
22. Маълумоте, ки дар борҷомаи истеъмолӣ (варақаи иловагӣ) дарҷ карда мешавад, набояд ҳама гуна истилоҳот, тасвирҳо, аломатҳо, рамзҳо ва дигар таъинотеро, ки мустақиман ё ғайримустақим дар бораи зарари камтар доштани маснуоти тамоку нисбати дигар маснуоти тамоку таассуроти бардурӯғ пайдо менамоянд, аз ҷумла чунин калима ё ибораҳо ба монанди "дорои миқдори ками қатрон", "сабук", "хело сабук", "камтаъсир", "экстра", "ултра", калима, аломат ва рамзҳое, ки ассотсиатсияҳои маснуоти тамокуро бо маҳсулоти хӯрокворӣ (иловаҳои ғизоӣ) ё он калимаҳое, ки мустақиман ё ғайримустақим таассуроти нодурустро дар бораи тамъи маҳсулоти хӯрокворӣ (иловаҳои ғизоӣ) доштани маснуоти тамоку пайдо мекунанд, калимаҳои бо ин гуна калимаҳо ҳамреша, ҳаммонанди чунин калимаҳо бо забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин монанди калимаҳое, ки аз забонҳои хориҷӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тарҷума гардидаанд, дар бар гирад.
23. Маълумоте, ки дар борҷомаи истеъмолӣ (варақаи иловагӣ) дарҷ карда мешавад, набояд тасвири маҳсулоти ғизоӣ, маводи доруворӣ, растаниҳои доруворӣ, инчунин калима ё ибораҳоеро, ки мустақиман ё ғайримустақим ассотсиатсияи маснуоти тамокуро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи доруворӣ ё растаниҳои доруворӣ ташкил медиҳанд, дошта бошад.
24. Дар дохили маълумоти дар борҷомаи истеъмолӣ (варақаи иловагӣ) дарҷгардида, истифода намудани калима ё ибораҳое, ки мавҷудияти ментолро дар маснуоти тамоку, хусусияти бӯйи хушро барои сигар, сигариллаҳо (сигаритаҳо)) тамоку барои қалён, тамокуи кашидании тунук буридашуда ва тамокуи чилимӣ нишон медиҳанд, иҷозат дода мешавад.
25. Дар борҷомаи истеъмолии (варақаи иловагӣ) ҳама намудҳои маснуоти тамоку дарҷ намудани нишондиҳандаҳои миқдории мавҷудияти қатрон, никотин ва монооксиди карбон дар дуди маснуоти тамоку ва маълумоте, ки амалҳои зеринро тасдиқ менамоянд, иҷозат дода намешавад:
- истеъмоли ин маснуоти тамоку (намуди маснуоти тамоку) хатари пайдоиши бемориҳоеро, ки ба истеъмоли маснуоти тамоку алоқамандӣ доранд, паст менамояд;
- ин маснуоти тамоку (намуди маснуоти тамоку) нисбат ба дигар маснуоти тамоку (намудҳои дигари маснуоти тамоку) барои саломатӣ хатари камтар дорад;
- хавфи пайдоиши бемориҳое, ки ба истеъмоли ин маснуоти тамоку (намуди маснуоти тамоку) алоқамандӣ доранд, бо сабаби мавҷудияти (ҷой надоштани, таркиби паст доштан) моддаҳои ҷудошуда ҳангоми истеъмоли маснуоти тамоку, паст карда шудааст.
26. Маълумоте, ки бо навиштаҷот ва расм ё тасвири аккосӣ дар борҷомаи истеъмолӣ (варақаи иловагӣ) дарҷ карда мешавад, бояд аниқ, фаҳмо, осонхон, шустанашаванда ва ба таъсири омилҳои иқлимӣ устувор бошад. Восита ва роҳҳои ҷой додани маълумот дар борҷомаи истеъмолӣ (варақаи иловагӣ) бояд ҳифзи ин маълумотро ҳангоми интиқол, нигоҳдорӣ ва ба муомилот баровардани маҳсулоти тамоку таъмин карда тавонад.
27. Маълумоте, ки дар борҷомаи истеъмолӣ дарҷ карда мешавад, ба истиснои номгӯйи маҳсулоти тамоку, бояд чунон ҷойгир карда шавад, ки дар ҳолати кушодани борҷомаи истеъмолӣ яклухтии навиштаҷот, расм ё тасвири аккосӣ вайрон нашавад.
28. Маълумоте, ки дар борҷомаи истеъмолӣ дарҷ карда мешавад, набояд дар пленкаи шаффофи печонидашаванда ё ба ягон намуди дигари борпеч сабт карда шавад, набояд дигар маълумоти чопӣ бо он пӯшида гардад, ба истиснои тарафи пеши борҷомаи истеъмолӣ, ки метавонад қисман бо марка паноҳ гардад.
29. Тибқи муқаррароти банди 20 Регламенти техникии мазкур маълумот дар бораи маҳсулоти тамоку бо забони давлатӣ дарҷ гардида, метавонад бо дигар забон низ дар қисмати номгӯйи корхонаи истеҳсолӣ (коргоҳи ваколатдори истеҳсолкунанда) ё воридкунандаи маҳсулот, ҳамчунин номгӯйи маҳсулоти тамоку такрор шуда бошад. Матни дар нишони молии бақайдгирифташуда ё дар намунаи саноатӣ мавҷудбуда, бо забони бақайдгирӣ дарҷ мегардад.
30. Дар ҳар кадом борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку (варақаи иловагӣ) навиштаҷот, расм ё тасвири аккосии огоҳкунанда оид ба зарари истеъмоли маснуоти тамоку дарҷ мешаванд. Матнҳои навиштаҷот, расм ё тасвири аккосии огоҳкунанда дар бораи зарари истеъмоли маснуоти тамоку ва андозаҳои дар борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку сабт кардани онҳоро мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
31. Истеҳсолкунанда (шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдор) ё воридкунанда бояд сабти навиштаҷот, расм ё тасвири аккосии огоҳкунанда оид ба зарари истеъмоли маснуоти тамокуро дар борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку дар муҳлати на зиёда аз 12 моҳ аз санаи тасдиқи он таъмин намояд.
32. Навиштаҷот, расм ё тасвири аккосии огоҳкунанда оид ба зарари истеъмоли маснуоти тамоку бояд дар ду тарафи асосии борҷомаи истеъмолии маводи тамоку ҷой дода шавад. Дар тарафи асосии баръакси борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку огоҳкунӣ дар бораи зарари истеъмоли маснуоти тамоку, агар он бо марка пӯшонида шуда бошад ё ҳангоми кушодани маъмулии борҷомаи истеъмолӣ вайрон шавад, дар қисми поёнӣ ҷойгир карда мешавад. Навиштаҷот, расм ё тасвири аккосии огоҳкунанда дар бораи зарари истеъмоли маснуоти тамоку бояд на кам аз 50 фоизи андозаи тарафҳои асосии қуттиро ишғол намоянд.
33. Дар тарафи асосии рости борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку матни навиштаҷоти огоҳкунанда дар бораи зарари маснуоти тамоку бо забони давлатӣ ва дар тарафи асосии баръакси он бо забони русӣ дарҷ карда мешавад.
34. Маълумот дар бораи мавҷудияти заҳрҳои системавӣ, моддаҳои кансерогенӣ ва мутагенӣ дар сатҳи паҳлуии борҷомаи истеъмолии маҳсулоти тамоку бо ранги баръакс ба ранги асосии борҷомаи истеъмолӣ дар шакли навиштаҷоти: "Дорои заҳрҳои силсилавӣ, моддаҳои кансерогенӣ ва мутагенӣ мебошад", ки бояд на кам аз 17 фоизи андозаи сатҳи паҳлуии борҷомаи истеъмолиро ишғол намояд, дарҷ карда мешавад.
9. ТАЪМИНИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ БА ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
35. Мутобиқати маҳсулоти тамоку ба Регламенти техникии мазкур бо иҷроиши талаботи бевоситаи он таъмин карда мешавад.
36. Усулҳои ташхис (санҷиш) ва ченкунӣ бо стандартҳо мутобиқи Номгӯйи стандартҳое, ки дорои қоида ва усулҳои ташхис (санҷиш) ва ченкунӣ мебошанд, аз ҷумла қоидаҳои гирифтани намунаҳое, ки барои истифода ва иҷроиши талаботи Регламенти техникии мазкур ва амалӣ намудани баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот заруранд, муқаррар карда мешаванд.
10. СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ
37. Маҳсулоти тамокуи ба гурӯҳи 24 Номгӯйи умумии молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дохилшуда ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш баровардашаванда, бояд мутобиқи талаботи Регламенти техникии мазкур ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои он татбиқ мешавад, сертификатсия карда шавад.
38. Сертификатсияи маҳсулоти тамоку аз тарафи мақом оид ба сертификатсия, ки доираи аккредитатсияи он барои маҳсулоти тамоку татбиқ мешавад, дар асоси шартнома ва дархостҳои байни дархостдиҳанда ва мақом оид ба сертификатсия амалӣ карда мешавад.
39. Сертификатсияи ҳар як миқдори маҳсулоти тамоку алоҳида гузаронида мешавад.
40. Тартиби амалӣ намудани сертификатсияи маҳсулоти тамоку амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- пешниҳоди дархост;
- гирифтани намуна ва ҳаммонандкунии маҳсулот;
- гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти тамоку дар озмоишгоҳҳои санҷишии аккредитатсияшуда;
- ҷамъбаст намудани натиҷаҳои санҷиш ва қабул намудани қарор дар бораи ба дархостдиҳанда додани (дар бораи рад намудани) сертификати мутобиқат.
41. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад оид ба қарори мақом оид ба сертификатсия бо тартиби судӣ даъво намояд.
11. ТАЛАБОТ БА ТАМҒАГУЗОРИИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ
42. Маҳсулоти тамокуе, ки баҳодиҳии мутобиқатро тибқи талаботи Регламенти техникии мазкур ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои он татбиқ карда мешавад, гузаштааст, метавонад бо нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ шавад.
43. Тамғагузорӣ бо нишонаи мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ба фурӯш баровардани маҳсулоти тамоку амалӣ карда мешавад.
44. Нишонаи мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар борҷомаи истеъмолии (варақаи иловагӣ) маҳсулоти тамоку бо ҳама гуна усулҳое, ки тасвири амиқ ва саҳеҳи онро таъмин менамоянд, сабт карда мешавад.
45. Тамғагузорӣ бо нишонаи мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мутобиқати маҳсулоти тамоку ба талаботи Регламенти техникии мазкур, ҳамчунин талаботи дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон нисбати он татбиқ карда мешавад, шаҳодат медиҳад.
12. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ МАЗКУР
46. Назорати (санҷиши) давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур нисбат ба маҳсулоти тамоку мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
47. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замима
ба Регламенти техникии
"Маҳсулоти тамоку"
Руйхати моддаҳое, ки барои истифода ба сифати ингредиентҳо ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку манъ мебошад
1. Моддаҳо:
- кислотаи агаритсионӣ (Acidumagaricinicum);
- равғани қатронии тӯс (Oleum Betulaeempyreumaticum);
- равғани бодоми талх (Oleum Amygdalarumamarum) бо омехтаи кислотаи озод ё синилӣ алоқаманд;
- равғани сассафрас (Oleum Sassafratis);
- равғани қатронии арча (Oleum Juniperriempyreumaticum);
- равғани кофурӣ (Oleumcamphoratum);
- кофур;
- кумарин;
- сафлор;
- туйон.
2. Моддаҳои хушбӯй ва хуштамъе, ки аз маводи зерин омода гардидаанд:
- чӯбпояи сагангури талху ширин (Stipites Ddulcamarae);
- чӯби дарахти кофур (Lignum Ceamphorae);
- решаи арчаи маъмулӣ Rhizoma ppoiypodii);
- алафи пудинаи тезак (кайкпудина) (Herba Pulegii):
- чӯби квассия (Lignum Quassiae);
- решаи дарахти собунак (Cortex Quillaja);
- алафҳои пижмаи ёбоӣ (Herba Tanaceti);
- алафҳои испанд (Herba Rutae);
- поя, барг, решаи сассафрас (Stipes, Folium, Cortex Sassafratis);
- қашқабедаи хушбӯйи доругӣ (Millilotus officinalis);
- лӯбиёи нафис (Semen Toncae);
- изғиҷи печони хушбӯй (Liantris oaoratissima);
- шуигиёҳ (Asperula odorata).