Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 январи соли 2017, № 29
тасдиқ шудааст
Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак (минбаъд - Низомномаи мазкур) асосҳои ташкил ва фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро муқаррар менамояд.
2. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдаконе, ки ниёз ба ёрии давлатӣ доранд, ҳалли масъалаҳои басо душвори марбут ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва ёрии дигар ба оилаҳое, ки соҳиби кӯдаканд ва кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда таъсис дода шуда, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳоро дар ни ҷода таъмин мекунанд.
3. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак аз Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (минбаъд - Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо (минбаъд - комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) иборат мебошанд.
4. Фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак;
- эътироф ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак;
- муносибати инсондӯстона бо кӯдак;
- таъмини маҳрамияти иттилоот:
- дастгирии оила ва ҳамкорӣ бо он дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак;
- масъулияти умумӣ ва баробари падару модар дар таълиму тарбия ва рушду такомули кӯдак;
- ҷавобгарии падару модарон, дигар намояндагони қонунӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак.
5. Вазифаҳои асосии комиссияҳо оид ба хуқуқи кӯдак:
- ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, расонидани ёрӣ ба ӯ дар барқароркунии ҳуқуқи поймолшудааш, дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниаш дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт;
- ташкили назорат ҷиҳати ба кӯдак фароҳам овардани шароитҳои муносиби нигоҳубин, таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои дигари иҷтимоӣ;
- муҳайё сохтани шароитҳои муносиб баҳри инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдаконе, ки ниёз ба ҳимояи давлатӣ доранду дар оилаҳои вазъашон носолим ва мувоҷеҳ ба низову моҷаро тарбия мегиранд;
- ҷойгиркунонии иҷтимоиву маишии кӯдаконе, ки вазъи зиндагиашон душвор аст;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти манфиатдор оид ба иҷрои қонунгузории марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак;
- андешидани чораҳо ҷиҳати ҳифзи кӯдак аз зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, равонӣ ва шаклҳои дигари он, аз ҷалб намудани кӯдак ба амалу рафтори зиддиҳуқуқӣ, аз қабили истеъмоли воситаҳои нашъадор, маводи мадҳушкунанда, машруботи спиртӣ, оворагардӣ ё гадоӣ, ҳамчунин амалу рафтори зиддиахлоқӣ ва зиддиҷамъиятии дигаре, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон мекунаду мансубият ба ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ надорад;
- ширкат дар ташкили кор баҳри ошкор намудани ҳодисаҳои муносибати бераҳмона бо кӯдак, кӯдакони беназорату бесаробон, падару модар, васиён, парасторон, дигар намояндагони қонунӣ (минбаъд - намояндагони қонунӣ), ки вазифаашонро дар хусуси нигоҳубин, таълиму тарбияи кӯдак иҷро намекунанд ё ба ӯ таъсири манфӣ мерасонанд, баҳисобгирии онҳо;
- таҳдили сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, ҳамчунин сабабу шароитҳое, ки ба беназоратӣ, бесаробонӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон мусоидат мекунад;
- татбиқи чораҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии масъалаҳое, ки ба риояи шарту шароитҳои таълиму тарбия, нигоҳубини кӯдак, ҳамчунин ба муносибат бо кӯдак дар муассисаҳои низоми пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон алоқаманданд;
- баррасии масъалаҳои душвору баҳсноке, ки ба риояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии кӯдак алоқамандӣ доранд;
- баррасии мавод нисбати ноболиғоне, ки то расидан ба синни ҷавобгарии ҳуқуқӣ рафтори хилофи муқаррароти меъёрҳои ҳуқуқ ё меъёрҳои ахлоқ ва зиддиҷамъиятӣ содир кардаанд;
- тибқи тартиби муқарраршуда таъмини амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд";
- вазифаҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ҳамчунин Низомномаи мазкур пешбинӣ намудаанд.
6. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз он ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳанд.
2. КОМИССИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӯДАК
7. Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак мақоми доимоамалкунандаи байниидоравӣ буда, фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак ҳамоҳанг мекунад ва дар доираи ваколатҳои худ сиёсати давлатиро ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва танзими масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд амалӣ менамояд.
8. Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, шумора ва ҳайати онро муайян мекунад.
9. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳуқуқи машваратии овоз иштирок карда метавонанд.
10. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳуқуқи машваратии овоз тибқи ризояти раиси Комиссия иштирок карда метавонанд. Бо мақсади таъмини иштироки васеи аҳли ҷамъият дар кори Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак намояндагии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори Комиссия мумкин аст, ки давра ба давра иваз карда шавад.
11. Дар ҷаласаҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак мумкин аст, ки тибқи ризояти раиси Комиссия намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намоянд.
12. Ваколатҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак:
- фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳоро, ки иртибот ба таъмини иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак доранд, ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад;
- фаъолияти комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро назорат менамояд, ҳамоҳанг месозад, ба онҳо ёрии методӣ мерасонад, таҷрибаи корашонро ҷамъбаст ва паҳн мекунад;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, беҳдошти шароитҳои ҳаёт, таълиму тарбия, меҳнат ва истироҳати ӯ, пешгирии беназоратӣ, бесаробонӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ширкат меварзад ва дар доираи салоҳияташ татбиқашонро назорат мекунад;
- ҷиҳати мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мусоидат менамояд;
- ба тасдиқи санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ё ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин санадҳо бо тартиби муқарраршуда мусоидат менамояд;
- самаранокии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ мекунад;
- хулосаҳои машваратиро оид ба лоиҳаҳои санадҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иртибот ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак доранд, баррасӣ ва таҳия менамояд;
- ба паҳн намудани иттилоот оид ба меъёрҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мусоидат менамояд;
- фаъолияти дастаҷамъона ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба роҳ мемонад;
- бо мақсади истифода ва такмили минбаъдаи меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таҳқиқот мегузаронад, маърӯзаву пешниҳод таҳия менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак иштирок менамояд;
- таҳияи гузоришҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои санадҳои байналмилалии зътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро барои пешниҳод ба ниҳоди дахлдори Созмони Милали Муттаҳид таъмин менамояд;
- бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии тавсия ва мулоҳизаҳои ниҳоди дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ё дигар созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳо меандешад, аз ҷумла гурӯҳҳои корӣ ташкил менамояд, нақшаҳои миллии амалро таҳия ва тасдиқ мекунад, мониторинг мегузаронад;
- ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
13. Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад:
- ба тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи самтҳои асосӣ ва шаклҳои амалигардонии уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак пешниҳод намояд;
- ба мақомоти манфиатдор супориш диҳад, ки риояи ҳуқуқи кӯдак ва барқарор намудани ҳуқуқ ва озодиҳои халалдоршудаи ӯро таъмин намоянд;
- дар ҷаласаҳои худ гузориши шахсони мансабдори мақомоти манфиатдорро дар хусуси вазъияти риояи ҳуқуқи кӯдак дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои тобеи онҳо шунавад;
- бо мақсади амалӣ намуданн ваколатҳои худ гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои коршиносиро таъсис диҳад;
- аз мақомоти манфиатдор маводеро талаб намояд, ки марбут ба масъалаҳои доираи ваколаташ мебошанд;
- дар доираи ваколат ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амалҳоро анҷом диҳад.
14. Раиси Комиссиян миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак:
- роҳбарии фаъолияти онро ба амал мебарорад;
- дар мувофиқа бо аъзои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак рӯзномаи кори ҷаласаи Комиссияро муайян менамояд;
- нақшаҳои миллии амалро вобаста ба иҷрои тавсияҳои ниҳоди дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад;
- дар мунооибат бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалие, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак фаъолият доранд, Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро намояндагӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар доираи ваколати худ супоришу дастур медиҳад;
- дигар ваколатҳоро тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ мекунад.
15. Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак кори худро мувофиқи нақшаҳои тасдиқкардааш ба роҳ мемонад. Дар сурати ҷой доштани зарурат ҷаласаи Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузаронида мешавад. Ҷаласаи Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро раиси он ва ё муовини раис мегузаронад.
16. Иҷрои қарорҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳукуқи кӯдак, ки дар доираи ваколатҳояш қабул гардидаанд, барои тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳатмӣ мебошад.
17. Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ваколати қабули қарорҳоро дар сурати дар ҷаласаҳои он иштирок намудани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия дорад.
18. Қарорҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҷонибдории аксарияти овозҳои аъзои Комиссия қабул карда мешаванд.
19. Қарорҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба мақомоти манфиатдор дар шакли иқтибос аз протоколҳои ҷаласа ва ё супориши раиси Комиссия расонида мешаванд.
20. Коргузорӣ, тайёр кардани мавод барои ҷаласаҳои Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ташкили фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои коршиносиро котибот амалӣ мекунад. Вазифаи котиботи Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро воҳиди сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
21. Муросилот вобаста ба фаъолияти Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак тариқи котибот ба амал бароварда мешавад.
3. КОМИССИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӯДАК
22. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак вазифа ва функсияҳои васояту парасториро нисбат ба кӯдакон амалӣ карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро таъмин ва масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро назорат менамоянд. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳисоботдиҳанда мебошанд.
23. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода, ҳайаташонро муайян мекунанд. Раисии комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба зиммаи яке аз муовинони раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо гузошта мешавад. Кори ҷорӣ ва назорати иҷрои қарорҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро котибони мақомоти васояту парасторӣ амалӣ мекунанд.
24. Ҳайати комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак наметавонад камтар аз се нафар ва бештар аз 12 нафар бошад. Ба ҳайати комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаву ташкилотҳои соҳаи маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият шомил буда метавонанд.
25. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе:
- фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхона, муаосиса ва дигар ташкилотҳоро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳудуди дахлдор ҳамоҳанг намуда, назорати онҳоро ба роҳ мемонад;
- фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳр ва ноҳияҳоро назорат мекунанд, ҳамоҳанг месозанд, таҷрибаи корашонро ҷамъбаст ва паҳн мекунанд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, ҳамчунин оид ба масъалаҳои пешгирии беназоратӣ, бесаробонӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ширкат меварзанд;
- дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дигари манфиатдор барномаи пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғонро назорат мекунанд;
- ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ мекунанд.
26. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳр ва ноҳияҳо:
- назорат, муоина ва санҷиши шароитҳои нигоҳубин, таълиму тарбия, ҳамчунин истифодаи меҳнати кӯдаконро дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкшшю ҳуқуқӣ ва моликият амалӣ менамоянд;
- тибқи тартиби муқарраршуда ба суд ба мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак муроҷиат мекунанд, ба суд маводро нисбати намояндагони қонунии кӯдак дар сурати аз ҷониби онҳо иҷро нашудан ва ё ба таври номатлуб иҷро шудани уҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак мефиристанд;
- тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мақомоти маорифро оид ба гузариши таълимгиранда ба шакли дигари таълим ва ё ба муассисаи дигари таълимӣ, дар хусуси муассисаи таълимиро тарк кардани ноболиғ, дар хусуси аз муассисаи таълимӣ хориҷ намудани таълимгиранда, пешниҳоди корфарморо дар хусуси бекоркунии шартномаи меҳнатӣ бо корманди ноболиғ бо ташаббуси корфармо (ба ҷуз ҳолатҳои барҳамхӯрии ташкилот); арзу шикояти кӯдак, намояндагони қонунии ӯ ва нафарони дигарро вобаста ба поймол шудан ва ё маҳдуд гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак баррасӣ мекунанд;
- тибқи тартиби муқарраршуда дар баррасии мавод ва парвандаҳо нисбати ноболиғоне, ки кирдори барояш ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинишуда содир намудаанд, мавод ва парвандаҳое, ки дар онҳо ноболиғон ҷабрдида мебошанд, дигар мавод ва парвандаҳое, ки дар онҳо ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон аз ҷониби намояндагони қонунӣ бинобар иҷро накардани уҳдадориҳо вобаста ба нигоҳубин, таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ халалдор гардидааст, иштирок менамоянд;
- маводро нисбат ба ноболиғоне, ки кирдори зиддиахлоқӣ ва зиддиҷамъиятӣ содир намудаанд, баррасӣ мекунанд;
- вобаста ба маводи баррасикарда чораҳои таъсиррасониро бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, татбиқ менамоянд;
- бо розигии намояндагони қонунӣ ва дар сурати ба синни даҳ расидани кӯдак - бо розигии ӯ дар бораи ба муассисаҳои офиятбахшии гуногун бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равон кардани кӯдаке, ки таълиму рафтораш боиси нигаронист ва дар бораи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кӯдаконе, ки машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида шудаанд, аз муассисаҳои таълиму тарбиявии махсус ё аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ баргаштаанд, қарор қабул мекунанд;
- шаклҳои ҷойгиркунонӣ ва дастгирии кӯдаконеро, ки ниёз ба ёрии давлат доранд, муайян менамоянд;
- иҷрои вазифаву уҳдадориҳои марбут ба васояту парасториро нисбат ба кӯдакон тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, анҷом медиҳанд.
27. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ доранд:
- тибқи тартиби муқарраршуда маълумоти барои корашон заруриро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин аз корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дархост кунанд ва ройгон гиранд;
- шахсони мансабдор, мутахассисон ва шаҳрвандонро барои аз онҳо гирифтани маълумот ва баёнот вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда даъват намоянд;
- ба фаъолияти комиссия намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ҳамчунин шахсони манфиатдори дигарро ҷалб намоянд;
- тибқи тартиби муқарраршуда санҷиши оилаҳоро таъин ва гузаронанд, санадҳо таҳия намоянд, доир ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мувофиқат доштани шароитҳои зиндагиву тарбияи ӯ хулосаҳо диҳанд;
- санҷиши назоратии кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликиятро вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак гузаронанд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву қонунвайронкуниҳои ошкоршуда пешниҳодҳо намоянд, ҷиҳати такмили кори мазкур таклифу тавсия диҳанд;
- қабули ноболиғон, намояндагони қонунии онҳо ва шахсони дигарро ба роҳ монанд;
- ба мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор, намояндагони қонунии кӯдак ва дигар шаҳрвандон бинобар аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак пешниҳодҳо кунанд ва маводи дахлдорро ирсол намоянд;
- тибқи тартиби муқарраршуда ба суд доир ба шартан татбиқ накардани ҷазо, татбиқи ҷазои нисбатан сабук ва татбиқи чораҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда нисбати ноболиғе, ки ҷиноят содир намудааст, дархостҳо кунанд;
- бо тартиби муқарраршуда дар хусуси пеш аз муҳлат ҷавоб додани ноболиғ аз муассисаи таълиму тарбиявии махсус пешниҳодҳо манзур намоянд;
- аз шахсони мансабдори колонияи тарбиявӣ тағйир додани шарту шароитҳои иҷрои ҷазоро нисбати ноболиғ ва татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии бо Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дархост намоянд;
- нисбат ба ноболиғе, ки рафтори ғайриқонунӣ кардааст, чораҳои таъсиррасонии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо татбиқ намоянд;
- нисбат ба намояндагони қонунии кӯдак, шахсони дигар чораҳои таъсиррасонии бо қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо барои вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ татбиқ намоянд;
- ҳуқуқҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ намоянд.
28. Аъзои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо қарори комиссияҳои мазкур ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраршуда ба муассисаву ташкилотҳои низоми ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак, низоми пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон барои санҷиши шарту шароитҳои нигоҳубин, таълиму тарбияи кӯдак ташриф оваранд.
4. ТАШКИЛ ВАТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӯДАК
29. Ҷаласаҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак як маротиба дар се моҳ ё дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки на камтар аз нисфи аъзои ҳайати комиссия доир мегарданд. Ҷаласаи комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро раис ва ё муовини раис мегузаронад.
30. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак маводро бо ташаббуси худ ё дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин баррасӣ менамоянд:
- аризаи кӯдак, намояндагони қонунии ӯ ва ё шахсони дигар;
- пешниҳодоти мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳои низоми пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкунии моболиғон, ҳамчунин мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки фаъолияташон ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак иртибот дорад;
- қарорҳои мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ нисбат ба ноболиғе, ки то синни фарорасии ҷавобгарии ҷиноятӣ кирдори ба ҷамъият хавфнок содир кардааст;
- парвандаҳои ҷиноятии қатъшуда ва маводи аз оғози парвандаи ҷиноятӣ радшуда нисбат ба ноболиғон, ки аз мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё суд барои баррасии имконияти татбиқи чораҳои таъсиррасонии тарбиявӣ нисбат ба ноболиғони зикршуда ё дархост ба суд оид ба ҷойгиркунии онҳо дар муассисаҳои таълимиву тарбиявии махсус мувофиқи қонунгузории. Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.
31. Маводу парвандаҳое, ки барои баррасии комиссияҳои маҳаллӣ ворид шудаанд, бо мақсади таъмини ҳалли саривақтиву дурусти онҳо қаблан аз ҷониби котибони мақомоти васояту парастори омӯхта мешаванд.
32. Зимни омӯзиши пешакии маводи воридшуда ҳолатҳои зерин муайян карда мешаванд:
- тобеияти баррасии маводи воридшуда;
- доираи шахсоне, ки бояд ба ҷаласаи комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак талаб ва ё даъват шаванд;
- зарурати анҷом додани санҷиши иловагии маводи воридшуда ва ҳолатҳое, ки барои баррасии дурусту саривақтӣ аҳамият доранд, дархост намудани маводи иловагӣ;
- мақсаднок будани чораҳои дигаре, ки барои баррасии дурусту саривақтии мавод аҳамият доранд.
33. Вобаста ба натиҷаҳои омӯзиши пешакии мавод аз ҷониби раиси комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак мумкин аст қарорҳои зерин қабул карда шаванд:
- дар бораи таъин кардани баррасии мавод бо огоҳонидани шахсони манфиатдор доир ба вақт ва маҳалли баргузории ҷаласаи комиссия;
- дар бораи ба мақомоти давлатие, ки маводро равон кардааст, баргардонидани онҳо, агар мавод ба тобеияти комиссияҳои маҳаллӣ мансуб набошад ва ё гузаронидани санҷиши иловагиро талаб намояд;
- дар бораи гузаронидани санҷиш, муоина дар иртибот ба маводи воридшуда ва ё додани супориши гузарониданн онҳо аз ҷониби мутахассисони марбута;
- дар бораи баррасии дархости кӯдак ва намояндагони қонунии ӯ оид ба моҳияти масъалаҳое, ки дар ҷаласаи комиссия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд;
- дар бораи муроҷиат кардан ба суд бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак.
34. Дар хусуси вақт ва маҳалли баргузории ҷаласаи комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак намояндаи қонунии кӯдак, худи кӯдак, прокурор ва шахсони дигаре, ки иштирокашон дар ҷаласа ҳатмӣ дониста мешавад, хабар дода мешаванд.
35. Маводи барои баррасӣ омодагардида барои шиносшавӣ ба кӯдак, намояндагони қонунии ӯ, ҳимоятгар, намояндаи ташкилоти ҷамъиятие, ки кӯдак дар он узвият дорад, ҳатман пешниҳод карда мешаванд.
36. Маводи воридшуда аз ҷониби комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар муддати понздаҳ рӯз аз рӯзи воридшавиашон баррасӣ мешаванд. Муҳлати зикршуда бо қарори асосноки комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар сурати воридшавии дархост аз ҷониби яке аз иштирокчиёни баррасии мавод ва ё зарурати ошкор намудани ҳолатҳои иловагии кор, ҳамчунин дар сурати саркашӣ кардани кӯдак ва намояндагони қонунии ӯ аз ҳозир шудан ба ҷаласаи комиссияҳои маҳаллӣ, агар баррасии мавод бе иштироки онҳо ғайриимкон бошад, метавонад тамдид гардад.
37. Дар ҷаласаи комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак иштироки кӯдаке, ки нисбаташ мавод баррасӣ мешавад, намояндагони қонунии ӯ, дар сурати зарурат омӯзгор, инчунин шахсони дигар ҳатмӣ мебошад. Кӯдаке, ки нисбаташ мавод баррасӣ мешавад, зимни баррасии ҳолатҳое, ки муҳокимаашон эҳтимолияти ба кӯдак расонидани таъсири манфиро дорад, мумкин аст аз ҷаласа берун карда шавад.
38. Қарорҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак аз рӯи натиҷаи баррасии мавод нисбати кӯдак, намояндагони қонунии ӯ ва шахсони дигар, инчунин аз рӯи натиҷаи баррасии пешниҳоди муассисаҳои таълимӣ, муроҷиату дархости ташкилотҳои дигар новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият қабул карда мешаванд. Қарору пешниҳодҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо аксарияти овозҳои аъзои комиссия, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул мегарданд. Дар сурати баробарии овозҳо овози раиси комиссия ҳалкунанда аст. Қарору пешниҳодҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак бояд ба таври хаттӣ баён гардида, асоснок карда шаванд.
39. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак баъд аз баррасии ҳамаҷонибаи мавод яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунанд:
- дар бораи татбиқи чораҳои таъсиррасоние, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- дар бораи қатъ кардани баррасӣ;
- дар бораи ба таъхир мондани баррасӣ ва гузаронидани санҷиши иловагӣ;
- дар бораи супоридани мавод ба мақомоти прокуратура, суд ё мақомоти дигар аз рӯи тобеият;
- дар бораи имконияти татбиқи чораҳои таъсиррасонии тарбиявӣ ё дархост намудан аз суд ҷиҳати ҷойгиркунии кӯдак дар муассисаи таълимиву тарбиявии махсус тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
40. Дар қарор оид ба татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ, оид ба ҷойгиркунонии кӯдак ё андешидани чораҳои дигари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак бояд маълумоти зерин дарҷ гарданд:
- номи комиссияи маҳаллӣ;
- санаи баррасии мавод;
- маълумот дар бораи шахсе, ки нисбаташ мавод баррасӣ гардидааст;
- ҳолатҳое, ки зимни баррасии мавод муқаррар карда шуданд;
- далелҳое, ки дар асоси онҳо қарор қабул карда шудааст;
- санади ҳуқуқие, ки татбиқи чораи таъсиррасониро пешбинӣ мекунад;
- қарори аз рӯи мавод қабулшуда;
- чораҳои ёрии иҷтимоӣ ба кӯдак ва тарзи расонидани он, ки аз ҷониби комиссияи маҳаллӣ пешниҳод мегардад.
41. Нусхаи қарори комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ё иқтибос аз он ва пешниҳодҳо бо нмзо ба шахсони манфиатдор супорида мешавад ва ё дар муддати се рӯз аз рӯзи қабули он ба мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои марбута фиристода мешаванд.
42. Иҷрои қарору пешниҳодҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, инчунин шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Онҳо уҳдадоранд дар давоми даҳ рӯз ба комиссияҳои маҳаллӣ орд ба ҳуқуқи кӯдаке, ки қарор ё пешниҳодро равон кардааст, аз хусуси чораҳои андешидашуда маълумот диҳанд.
43. Нисбат ба қарори комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар муддати даҳ рӯз аз рӯзи қабул шудани он ба комиссияи болоӣ ё тибқи тартиби муқарраршуда ба суд шикоят кардан мумкин аст. Пешниҳоди шикоят иҷрои қарорро бозмедорад.
44. Дар ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол маълумоти зерин дарҷ мегарданд:
- вақт ва маҳалли баргузории ҷаласаи комиссия;
- ном ва ҳайати комиссия:
- мазмуни маводи баррасишаванда;
- насаб, ном, номи падар ва дигар маълумоти тасдиқкунандаи шахсоне, ки нисбаташон мавод баррасӣ мешаванд;
- маълумоти дар бораи ба ҷаласа ҳозир шудани шахсон, фаҳмонида додани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо;
- баёноти шахсони дар ҷаласа иштироккунанда;
- мазмуни дархостҳои дар ҷаласа арзшуда ва натиҷаҳои баррасиашон;
- маълумот дар хусуси қироати қарори қабулшуда;
- маълумот дар хусуси фаҳмондадиҳии муҳлату тартиби шикоят овардан нисбати қарори қабулгашта.
45. Таъминоти моддиву техникии фаъолияти комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба уҳда доранд.