Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо аз 25 январи соли 2017 № 33

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2017 № 33

тасдиқ шудааст

Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур шароити нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳоро муайян намуда, масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд.

2. Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросимҳои мардумии миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

3. Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо мутобиқ ба меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ, санитарию гигиенӣ, меъморию шаҳрсозӣ, сӯхторнишонӣ ва дигарҳо ба роҳ монда мешавад.

2. НИГОҲДОРИИ ҚАБРИСТОНҲО

4. Қабристонҳо - қитъаҳои замине, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, барои ҷойгир намудани қабрҳо ва дигар биною иншооти барои дафн таъиншуда пешбинӣ шудаанд.

5. Фаъолияти бевосита оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба амал бароварда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот надоранд, нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо бевосита аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

6. Нигоҳдорӣ, ободонӣ ва таъмири қабристонҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, буҷети шаҳрак ва деҳот, маблағҳои хайрия ва дигар маблағҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба амал бароварда мешавад.

7. Қабристонҳо бояд ҳар руз барои зиёрат ва дафн кушода бошанд.

8. Дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳозир шудан дар ҳолати мастӣ, шикастан ва нобуд сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сӯхтани растаниҳои хушк ва дигар мавод, чаронидани чорво манъ мебошад.

9. Аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд китоби бақайдгирии дафн ва санги мазор, инчунин бастаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ташкил карда шавад. Ҳуҷҷатҳои барои дафн зарурӣ бояд тибқи тартиби муқарраршуда дӯхта ва ҳифз карда шаванд.

10. Мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

- дар ҳудуди қабристонҳо тартиботро ҷорӣ намуда, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкурро таъмин менамояд;

- имконияти дар ҳудуди қабристонҳо озодона ҳаракат намуданро тавассути роҳҳо ва гузаргоҳҳои он фароҳам меорад;

- тоза нигоҳ доштани ҳудуди қабристонҳо ва саривақт буридани ниҳолу дарахтҳои хушкшударо ташкил менамояд;

- таъмири ҷории девору панҷараҳои марзии қабристонҳо, роҳҳою гузаргоҳҳо ва дигар биною иншооти барои дафн таъиншударо амалӣ менамояд;

- кабудизоркунӣ ва нигоҳубини растанию дарахтони ороиширо анҷом медиҳад;

- тибқи дархости шаҳрвандон аз ҳудуди қабристон қитьаи муайяни заминро барои қабр ройгон пешниҳод менамояд;

- гузоштани санги мазорро мувофиқа мекунад;

- ташкил ва пешбурди китоби бақайдгирии дафн ва санги мазорро амалӣ менамояд;

- иҷрои дигар корҳоро баҳри нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо тибқи тартиби муқарраршуда таъмин менамояд.

11. Шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии қабристон истифода мебаранд, ҳуқуқ доранд:

- барои дафн мутобиқи эътиқоди динӣ аз ҳудуди қабристон қитъаи муайяни заминро ройгон дастрас намоянд;

- дафнро бо риояи расму оини динӣ ва анъанаҳои маҳаллӣ, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳою стандартҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ мухолиф намебошанд, анҷом диҳанд;

- аз хизматрасонии муздноки қабркан ва мурдашӯй истифода намоянд;

- дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузоштани санги мазорро ба роҳ монанд;

- дигар ҳуқуқҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ намоянд.

3. ТАШКИЛИ ҲУДУДИ ҚАБРИСТОНҲО

12. Ҳудуди қабристонҳо тибқи меъёрҳо ва стандартҳои меъморию шаҳрсозӣ муқаррар карда мешавад.

13. Дар ташкили ҳудуди қабристонҳо тибқи нақшаи онҳо анъанаҳои миллии меъморию шаҳрсозӣ ва расму оинҳои динии маҳаллӣ ба инобат гирифта мешаванд.

14. Дар ҳудуди қабристонҳо ниҳолу дарахтҳо шинонда, кабудизоркунии он ташкил карда мешавад. Ниҳолу дарахтҳо тибқи қоидаҳои боғдорӣ шинонида мешаванд.

15. Минтақаи барои қабрҳо пешбинишудаи ҳудуди қабристонҳо бояд ба бахшҳои дорои қаторҳои муайян ҷудо карда шавад. Бахшҳои ҳудуди қабристонҳо бо роҳҳою гузаргоҳҳо иҳота карда мешаванд. Андозаи тахминии бахшҳои ҳудуди қабристонҳо мумкин аст 30 метр ба 40 метр ё 30 метр ба 60 метр ё дигар андозаи мувофиқ бо пешбинӣ намудани қитъаи замин барои аз 200 то 300 қабр муқаррар карда шаванд. Рақамгузории умумии бахшҳои ҳудуди қабристон мувофиқи нақшаи қабристон муайян карда шуда, дар даромадгоҳи асосии бахши муайян дарҷ карда мешавад. Бо дарназардошти гуногун будани заминҳои қабристонҳо бахшҳои он мумкин аст росткунҷа ва ё дорои шакли номуайян бошанд. Дар роҳҳои асосии иҳотакунандаи бахшҳо ниҳолу дарахтҳо чунон шинонида мешаванд, ки ба интиқоли тобут аз даромадгоҳи қабристон то ба қабр монеа эҷод накунад.

16. Даромадгоҳ ва баромадгоҳи қабристон бо назардошти кӯтоҳ кардани роҳ ба бахшҳои ҳудуди он муайян карда мешавад. Дар қабристонҳои калон мумкин аст якчанд даромадгоҳ ва баромадгоҳ муқаррар карда шавад, ки яке аз онҳо ҳамчун асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар назди даромадгоҳи қабристон майдончаҳо барои ҷамъшавӣ ва интизории хешовандони марҳум ва ё дигар шахсони масъули дафн, инчуннн майдончаҳо барои воситаҳои нақлиёт пешбинӣ карда мешаванд.

17. Дар даромадгоҳи асосии қабристон аз тарафи дарун инҳо бояд мавҷуд бошанд:

- нақшаи қабристон бо ишораи макони ҷойгиршавии бахшҳои қабристон, роҳҳо, гузаргоҳҳо, боғҳо, мақбараҳои таърихӣ, хоҷатхонаҳои умумӣ ва биною иншооти барои дафн таъиншуда;

- лавҳа бо дарҷи қоидаҳои зиёрати қабрҳо, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- маълумот дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо ишораи суроға ва маълумоти дигар барои тамос.

18. Барои бино ва иншооти барои дафн таъиншуда даромадгоҳи алоҳида муқаррар карда мешавад. Чунин биною иншоот аз минтақаҳои барои қабр пешбинишуда бо панҷара ва ё растанию дарахтони ороишӣ бояд ҷудо карда шаванд.

19. Тамоми ҳудуди берунии қабристон бо девор ё панҷара иҳота карда мешаванд.

20. Вобаста ба андозаи ҳудуди қабристон дар он метавонад чунин бино ва иншооти барои дафн таъиншуда ҷойгир карда шаванд:

- анбори нигоҳдории лавозимоти барои дафн таъиншуда;

- хоҷатхонаҳои умумӣ;

- дигар иншооти барои дафн таъиншуда.

4. ИСТИФОДАБАРИИ ҚАБРИСТОНҲО

21. Дафн танҳо дар қабристонҳои амалкунанда бо ҷудо намудани қитъаи муайяни замин барои қабр амалӣ карда мешавад. Дар сурати ба бахшҳою қаторҳо ҷудо намудани ҳудуди қабристон, қитъаи муайяни замин барои қабр аз ҳамин бахшҳою қаторҳо бо риояи тартиби муқарраршуда мутобиқи нақшаи қабристон муайян карда мешавад.

22. Дафни ҳар як марҳум дар қабри алоҳида ба амал бароварда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани шароит, бо дархости хешовандон дафн дар қабре анҷом дода мешавад, ки дар наздикиаш қабри аъзои оилаи марҳум ва ё дигар хешовандони наздики ӯ қарор дорад. Масофаи байни қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда мешавад.

23. Аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда мешавад. Ҳангоми дафни кӯдак андозаи қитьаи замин барои қабр мумкин аст мутаносибан кам карда шавад.

24. Тарзи кофтани қабр ва чуқурии он аз ҷониби хешовандони марҳум ва ё дигар шахсони масъули дафн мутобиқи анъана, расму оин ва эътиқоди динии онҳо ва бо риояи меъёрҳою стандартҳои санитарию гигиенӣ муқаррар карда мешавад.

25. Дар сурати мавҷуд будани шароит қабрҳои шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, дар бахшҳои ҷудогонаи қабристонҳо ҷойгир карда мешаванд.

5. ГУЗОШТАН ВА НИГОҲДОРИИ САНГИ МАЗОР

26. Баъд аз дафн дар болои қабр мумкин аст санги мазор дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузошта шавад.

27. Гузоштан ва нигоҳдории санги мазор аз тарафи хешовандони марҳум ва ё дигар шахсони масъули дафн ба амал бароварда мешавад.

28. Андозаи санги мазори уфуқӣ бояд на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ бошад. Андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0.5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ бошад. Санги мазор баъд аз мустаҳкам кардани замини болои қабр гузошта мешавад. Атрофи қабрро ба андозаи замини барои қабр ҷудошуда бо панҷара ё растаниҳои ороишӣ иҳота намудан мумкин аст. Гузоштани санги мазоре, ки аз меъёрҳои пешбинишудаи Тартиби мазкур берун мебарояд, манъ мебошад.

29. Андоза ва тарзи ҷойгиршавии санги мазор пешакӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқа карда мешавад.

30. Гузоштани санги мазор аз тарафи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар китоби бақайдгирии дафн ва санги мазор бо ишораи бахш, қатор ва рақами қабр, насаб, ном ва номи падари марҳум, санаи гузоштан ва тавсифи мухтасари мазмуни матни он, инчунин маълумоти тамосгирандаи шахсони масъули дафн ба қайд гирифта мешавад.

31. Бунёди мақбараҳои таърихӣ ва ё дигар иншооти дорои шаклҳои махсуси муҳандисӣ дар болои қабр танҳо дар сурати мавҷудияти лоиҳаи сохтмонию меъмории онҳо, ки бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мувофиқа шудаанд, иҷозат дода мешавад.

32. Бунёд, нигоҳдорӣ ва ҳифзи санги мазори шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

33. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки ба номутобиқатии мазмуни матни санги мазор бо талаботи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътиқоди динии мардуми маҳал роҳ надиҳанд.

6. ТАЪСИС, МАҲКАМКУНӢ ВА КӯЧОНИДАНИ ҚАБРИСТОНҲО

34. Таъсиси қабристонҳои нав ва кӯчонидани қабристонҳои мавҷуда дар асоси хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ бо назардошти пешниҳоди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва иттиҳодияҳои динӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Қабристонҳои нав аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд.

35. Таъсис додани қабристонҳо танҳо пас аз ҳалли масъалаи мутобиқатии қитъаи замини барои қабристон муайяншуда ба меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ, санитарию гигиенӣ, меъморию шаҳрсозӣ, сӯхторнишонӣ ва дигарҳо иҷозат дода мешавад.

36. Омодагии қабристон барои кушодашавӣ бо санади комиссияи давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад, ба расмият дароварда мешавад.

37. Қабристонҳо мумкин аст дар ҳолати таҳдид намудани хатарҳои обхезӣ, ярч ва дигар офатҳои табиӣ тибқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мадомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҷои дигар кӯчонида шаванд. Дар ҳолатҳои мазкур қабристон маҳкам карда мешавад.

38. Маҳкамкунии қабристонҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баъд аз бо тартиби муқарраршуда ҷудо намудани қитъаи замин барои қабристони нав ба амал бароварда мешавад, агар дар чунин маҳалли истиқоматӣ қабристони дигари амалкунандаи ба эътиқоди динии мардуми маҳал мутобиқ мавҷуд набошад.

39. Баъд аз маҳкам карда шудани қабристонҳо қабати замин, санги мазор, роҳҳою гузаргоҳҳо, ниҳолу дарахтҳо, девор, панҷараҳо, бино ва иншооти барои дафн таъиншуда дар ҳолати коршоям ва дахлнопазирӣ қарор дода мешаванд.

40. Дар қабристонҳои маҳкамшуда дафн, аз ҷумла гӯронидан манъ аст.

41. Аз нав гӯронидан бояд бо риояи қатъии қоидаҳо ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ анҷом дода шавад.

42. Истифодаи ҳудуди қабристонҳое, ки тибқи тартиби муқарраршуда маҳкам карда шудаанд, баъд аз чил сол аз рӯзи маҳкамкунии онҳо иҷозат дода мешавад.

43. Қарор дар бораи маҳкам кардани қабристонҳо саривақт дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ нашр карда мешавад.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

44. Назорати иҷрои Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад.

45. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 января 2017 года, № 33

Порядок содержания и эксплуатации кладбищ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящий Порядок определяет условия содержания и эксплуатации кладбищ и могил и устанавливает ответственность местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления посёлков и сёл в данной сфере.

2. Содержание и эксплуатация кладбищ на территории Республики Таджикистан осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, правилами содержания кладбищ, традициями, обрядами, народными ритуалами наций и народностей, проживающих в Таджикистане.

3. Содержание и эксплуатация кладбищ производится в соответствии с экологическими, санитарно - гигиеническими, градостроительными, противопожарными и иными нормами и стандартами.

2. СОДЕРЖАНИЕ КЛАДБИЩ

4. Кладбища - отведенные в соответствии с законодательством Республики Таджикистан земельные участки для устройства могил, иных зданий и сооружений, предназначенных для погребения.

5. Непосредственная деятельность по содержанию и эксплуатации кладбищ осуществляется органами самоуправления посёлков и сёл. В городах и районах, где не имеются органы самоуправления посёлков и сёл, содержание и эксплуатация кладбищ осуществляется непосредственно местными исполнительными органами государственной власти.

6. Содержание, благоустройство и ремонт кладбищ осуществляется за счет средств местного бюджета, бюджета посёлков и сёл, добровольных пожертвований и иных средств, не запрещенных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

7. Кладбища должны быть ежедневно открыты для посещений и погребений.

8. На территории кладбища запрещается нарушать общественный порядок, в том числе находиться в состоянии опьянения, повреждать надгробие и зеленые насаждения, сжигать сухие травы и другие материалы, производить выпас скота.

9. Органами самоуправления посёлков и сёл должны вестись книги регистрации погребений и надгробий, также папка подшивки документов. Документы, необходимые для погребения, должны подшиваться и храниться в установленном порядке.

10. Орган самоуправления посёлков и сёл:

- ведёт порядок на территории кладбищ, и обеспечивает соблюдения требований законодательства Республики Таджикистан и настоящего Порядка;

- предоставляет возможность беспрепятственного прохода на территории кладбищ по его дорогам и аллеям;

- содержит в чистоте территорию кладбищ и организует своевременную вырубку высохших деревьев для сохранения надгробий;

- осуществляет текущий ремонт стен и решётчатой ограды территории кладбищ, дорог и аллей, других зданий и сооружений, предназначенных для погребения;

- выполняет озеленение и уход за декоративными зелеными насаждениями;

- предоставляет с территории кладбища определенные участки земли для погребения по заявлениям граждан на бесплатной основе;

- согласовывает установление надгробий;

- осуществляет учреждение и ведение книг регистрации погребений и надгробий;

- обеспечивает исполнение других работ для содержания и эксплуатации кладбищ в установленном порядке.

11. Граждане, пользующиеся услугами кладбища, имеют право:

- бесплатно получить определенный участок земли с территории кладбища для погребения в соответствии с религиозными вероисповеданиями;

- производить погребения с соблюдением религиозных обрядов и местных традиций, не противоречащих требованиям законодательства Республики Таджикистан и санитарно-гигиеническим и эпидемиологическим нормам и стандартам;

- пользоваться платными услугами могильщиков и обмывальщиков;

- устанавливать надгробие по согласованию с органами самоуправления посёлков и сёл;

- осуществлять иные права, предусмотренные в нормативных правовых актах Республики Таджикистан.

3. ОРГАНИЗАЦИЯ ТЕРРИТОРИИ КЛАДБИЩ

12. Территория кладбищ устанавливается в соответствии с градостроительными нормами и стандартами.

13. В организации территории кладбищ согласно их плану учитываются национальные традиции градостроительства и местные религиозные обряды.

14. На территории кладбищ высаживаются деревья, живая изгородь, и организуется их озеленение. Деревья и живая изгородь высаживаются в соответствии с правилами садоводства.

15. Зоны погребений территории кладбищ должны быть разбиты на сектора, имеющие определенные ряды. Сектора территории кладбищ окружаются дорогами и аллеями. Примерные размеры секторов территории кладбищ могут составлять 30 метров на 40 метров или 30 метров на 60 метров или другой соответствующий размер с размещением от 200 до 300 могил. Общая нумерация секторов территории кладбища определяется согласно плану кладбища, и обозначается у главного въезда определенного сектора. В зависимости от разной формы территории кладбищ его сектора могут быть прямоугольными или неопределенной формы. По периметру основных дорог, окружающих сектор, следует высаживать деревья и живую изгородь так, чтобы они не мешали переносу тобута (гроба) от въезда на кладбище до могилы.

16. Вход (въезд) и выход с кладбища определяется с учётом сокращения пути к секторам его территории. На крупных кладбищах может быть предусмотрено несколько входов и выходов, один из которых будет считаться главным. Перед входом на кладбище следует предусмотреть площадки для сбора и ожидания родственников покойного или иных ответственных лиц за погребение, а также автостоянку для транспортных средств.

17. У главного входа на кладбище с внутренней стороны должны быть установлены:

- план кладбища с обозначением расположения секторов кладбища, дорог, аллей, садов, исторических намогильных памятников, общественных туалетов, зданий и сооружений, предназначенных для погребения;

- доска с правилами посещения могил, также другими нормативными правовыми актами;

- сведения об органах самоуправления посёлков и сёл с указанием адресов и других контактных данных.

18. Для зданий и сооружений, предназначенных для погребения, устанавливается отдельный вход (въезд). Эти здания и сооружения должны быть отделены от зоны погребения решёткой или живой изгородью.

19. Вся внешняя территория кладбища должна быть ограждена стеной или решёткой.

20. В зависимости от размера территории кладбища, там могут размещаться следующие здания и сооружения, предназначенные для погребения:

- склад для хранения принадлежностей, предназначенных для погребения;

- общественные туалеты;

- другие объекты, предназначенных для погребения.

4. ЭКСПЛУАТАЦИЯ КЛАДБИЩ

21. Погребения осуществляются только на действующих кладбищах с отводом определенных участков земли для могилы. При разделении территории кладбища на секторы и ряды, определенный участок земли для могилы отводится из этих секторов и рядов согласно плану кладбища в установленном порядке.

22. Погребение каждого умершего производится в отдельной могиле. При наличии условий по желанию родственников погребение может быть осуществлено рядом с могилой членов семьи покойного или других его близких родственников. Расстояние между могилами по длине должно быть не более 1 метра, по ширине - не более 0,5 метра.

23. С территории кладбища для каждой отдельной могилы отводится участок земли размером в среднем 2 метра длины и 1,5 метра ширины. При погребении ребёнка размеры участка земли для могилы могут быть соответственно сокращены.

24. Способ откапывания могилы и его глубина устанавливается родственниками покойного или иных ответственных лиц за погребение в соответствии с их традициями, обрядами и религиозным вероисповеданием, и с соблюдением санитарно - гигиенических норм и стандартов.

25. При наличии условий могилы лиц, имеющих высокие заслуги перед государством и обществом, располагаются в отдельных секторах кладбищ.

5. УСТАНОВЛЕНИЕ И СОДЕРЖАНИЕ НАДГРОБИЙ

26. После погребения на поверхности могилы допускается установление надгробий по согласованию с органами самоуправления посёлков и сёл.

27. Установление и содержание надгробий осуществляется родственниками покойного или иных ответственных лиц за погребение.

28. Размер горизонтальных надгробий должно быть не более 1,5 метра длиной, 1 метра шириной и 0,5 метра высотой. Размер вертикальных надгробий должно быть не более 1 метра высотой, 0,5 метра шириной и 10 сантиметра толщиной. Надгробие устанавливается после усадки земляной насыпи поверх могилы. Могила может быть ограждена решеткой или декоративными зелеными насаждениями размером отведенной земли для могилы. Установление надгробий, превышающие предусмотренные настоящим Порядком нормы, запрещается.

29. Размер и расположение надгробий предварительно согласовываются с органами самоуправления посёлков и сёл.

30. Установка надгробий регистрируется органами самоуправления посёлков и сёл в книге регистрации погребений и надгробий с указанием сектора, ряда и номера могилы, фамилии, имени и отчества погребенного, даты установки и краткого описания содержания его надписей, а также контактных данных ответственных лиц за погребение.

31. Сооружение исторических намогильных памятников или иных объектов особой архитектурной формы поверх могилы разрешается только при наличии строительно - архитектурного проекта, согласованного с местными исполнительными органами государственной власти, государственными уполномоченными органами по делам религии, и по охране и использованию объектов историко-культурного наследия.

32. Сооружение, содержание и охрана надгробий лиц, имеющих высокие заслуги перед государством и обществом, осуществляется в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

33. Органы самоуправления посёлков и сёл обязаны не допускать несоответствия содержания надписей надгробий с требованием  нормативных правовых актов Республики Таджикистан и религиозного вероисповедания местного населения.

6. СОЗДАНИЕ, ЗАКРЫТИЕ И ПЕРЕНОС КЛАДБИЩ

34. Создание новых кладбищ и реконструкция действующих кладбищ осуществляются при наличии заключений государственной экологической и санитарно-эпидемиологической экспертизы с учетом предложений органов самоуправления посёлков и сёл и религиозных объединений в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан. Новые кладбища создаются местными исполнительными органами государственной власти.

35. Создание кладбищ разрешается только после решения вопроса о соответствии земельного участка, предназначенного для кладбища, экологическим, санитарно-гигиеническим, градостроительным, противопожарным и иным нормам и стандартам.

36. Готовность кладбища к открытию оформляется актом государственной комиссии, учрежденной местными исполнительными органами государственной власти.

37. Кладбища могут быть перенесены в другое место в установленном порядке местными исполнительными органами государственной власти в случае угрозы затопления, оползней и других стихийных бедствий. В этом случае кладбище закрывается.

38. Закрытие кладбищ производится местными исполнительными органами государственной власти после отвода земельного участка в установленном порядке под новое кладбище, если в данном населенном пункте нет другого действующего кладбища, соответствующего религиозному вероисповеданию местного населения.

39. После закрытия кладбищ земляной покров, надгробия, дороги, аллеи, деревья, живая изгородь, стены, решётчатые ограждения, здания и сооружения, предназначенные для погребения, остаются в надлежащем состоянии и неприкосновенности.

40. На закрытых кладбищах погребение, в том числе подзахоронение, запрещается.

41. Перезахоронение должно производиться со строгим соблюдением санитарно - гигиенических правил и норм.

42. Использование территорий кладбищ, закрывшихся в установленном порядке, разрешается по истечении сорока лет со дня их закрытия.

43. Решение о закрытии кладбища своевременно публикуется в местных средствах массовой информации.

7. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

44. Контроль над исполнением настоящего Порядка обеспечивается органами прокуратуры Республики Таджикистан и местными исполнительными органами государственной власти.

45. Физические и юридические лица за несоблюдение настоящего Порядка привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.