Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 июли соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 612 "в"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
"3" майи соли 2016 № 58 ш. Душанбе
Оид ба ворид намудани илова ба Дастурамали № 186 "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Илова ба Дастурамали № 186 "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ", к ибо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011, № 73 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2011, № 612 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон С. Икромӣ гузошта шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
Замима
ба қарори Раёсати
Бонки милли Тоҷикистон
аз "3" майи cоли 2016, № 58
Илова ба Дастурамали №186 "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ"
Ба банди 79 Дастурамали №186 "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ташкилотҳои қарзӣ баҳисобгирии шумораи рӯзҳои тақвимии солро (360 ё 365) барои ҳисоб намудани фоизи қарзҳо мувофиқ ва ё вобаста ба воситаҳои ҷалбшаванда (пасандозҳо ва ғ.) ба роҳ монда, сиёсати ягонаро ҳангоми ҳисобкунии фоизҳо вобаста ба шумораи рӯзҳои тақвимии сол бояд истифода намояд.".
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 26 июля 2016 года,
регистрационный номер 612 "в"
ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
О внесении дополнений в Инструкцию 186 "О порядке предоставления кредита и начисления процента в кредитных организациях"
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правление Национального банка Таджикистана постановляет:
1. Утвердить дополнения в Инструкцию №186 «О порядке предоставления кредита и начисления процента в кредитных организациях», утвержденную Постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 28 апреля 2011 года №73, и зарегистрированную в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 10 июня 2011 года №612 (прилагается).
2. Данное Постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Уполномочить Департамент банковского надзора при государственной регистрации данного Постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при необходимости вносить в текст приложения данного Постановления изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.
4. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент банковского надзора, Юридическое отделение и Отдел прессы.
5. Контроль за исполнением данного Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана С. Икроми.
Председатель Правления Дж. Нурмахмадзода
г. Душанбе,
от 3 мая 2016 г., № 58
Приложение
к Постановлению Правления
Национального банка Таджикистана
от 3 мая 2016 г, № 58
Дополнение к Инструкции №186 “О порядке предоставления кредита и начисления процента в кредитных организациях”
Пункт 79 Инструкции №186 “О порядке предоставления кредита и начисления процента в кредитных организациях” дополнить новым абзацем следующего содержания:
“Кредитные организации должны вести учет календарных дней в году (360 или 365) при начислении процентов по кредитам и/или привлеченным средствам (депозитам и т д.), использовать единую политику при начислении процентов согласно календарным дням в году”.