Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017
Дар соли 2016 фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани тадбирҳое, ки аз паёмҳояшон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бармеоянд, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавию минтақавӣ равона шуда буд.
Дар ин давра сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус номуътадилии вазъи иқтисоди ҷаҳон, пастравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молу ашё ва фулузот, коҳишёбии иқтисодиёти давлатҳои шарикони тиҷоратӣ, рушди иқтисоди ҷумҳурӣ бо дарназардошти истифодаи бештари имконияту захираҳои дохилӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таъмин карда шуд.
Соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 54,5 млрд сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил дод.
Рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноат ба андозаи 16,0 фоиз ва кишоварзӣ 5,2 фоиз, зиёд шудани маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 17,4 фоиз ва гардиши савдои чакана 6,0 фоиз таъмин гардид.
Дар баробари ин, дар соли 2016 якчанд нишондиҳандаҳо бинобар таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 коҳиш ёфтанд, аз ҷумла хизматрасонии пулакӣ 2,5 фоиз ва гардииш савдои хориҷӣ 7.7 фоиз, аз он воридот 10 фоиз.
Тавозуни манфии савдои хориҷӣ дар ин давра 2,2 млрд доллари ШМА-ро ташкил дод.
Сатҳи таваррум нисбат ба моҳи декабри соли 2015 ба 6,0 фоиз баробар аст.
Иҷрорт ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2016 дар сатҳи 94,9 фоиз ва воридоти маблағ дар ҳаҷми 16,8 млрд сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба нақша 907,0 млн сомонӣ кам мебошад.
Таъмини иҷрои даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар ин давра дар сатҳи 95,8 фоиз ва воридоти маблағ дар хаҷми 12,6 млрд сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба нақша 559,0 млн сомонӣ ё 4,2 фоиз кам мебошад.
Сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада, ҳоло ҳам камбудиву мушкилиҳо, аз ҷумла бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳои ватанӣ, сатҳи нисбатан пасти коркарди ниҳоии маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва дорои арзиши баланди изофашуда, пурра таъмин нагардидани иҷрои нақшаи баъзе намудҳои андоз, зиёд гардидани ҳаҷми бақияпулиҳои андозӣ, инчунин мураккаб гардидани вазъи молиявии як қатор бонкҳои кишвар ба назар мерасад, ки ин омилҳо ба суръати рушди иқтисоди миллӣ таъсири манфии худро расониданд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодии миллӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва пурраи нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, инчунин супоришҳои додашуда зимни сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳо, иҷрои босифати нишондиҳандаҳои стратегияву барномаҳои қабулгардида, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда чораҳои амалӣ андешанд;
- раванди иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро мунтазам арзёбӣ намуда, ҳар нимсола оид ба ҷараёни амалишавии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;
- бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободониву бунёдиро вусъат бахшида, барои ташкили чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёт, таҳлили вазъи рушди воқеии иқтисодиёти миллии кишварро бо дарназардошти дигаргунишавии иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа мунтазам ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ диверсификатсияи молҳои содиротӣ ва кам кардани вобастагӣ аз воридоти молҳои истеъмолӣ, инчунин мусоидат дар дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ барои намояндагони бахши хусусии ватани ва тақвият додани ин ҳамкориҳо чораҳои зарурӣ андешад;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор мониторинги иҷрои нишондиҳандаҳои стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро гузаронида, барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ва босифат амалӣ гардидани Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 чораҳои амалӣ андешад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, сиёсати андозу буҷетро барои таъмини устувории нишондиҳаидаҳои макроиқтисодии кишвар равона намуда, якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи пардохтҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои ташаккулдиҳандаи Буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам намудан ва пешгирии афзоиши бақияпулиҳои андозӣ ва пурра ба андозбанди ҷалб намудани манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намояд;
- якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ва вазорату идораҳои дахлдор самаранокии имтиёзҳои амалкунандаи андозиро дар кишвар мавриди омузиш қарор дода, бо мақсади дастгирии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди миллӣ ва пешгирӣ намудани қочоқи молу маҳсулот барои тағйир додани меъёри амалкунандаи андоз аз арзиши иловашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои асоснок пешниҳод намояд;
4. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати таъмини кори мунтазами корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, роҳ надодан ба раванди коҳишёбии истеҳсоли молу маҳсулот чораҷӯӣ карда, лоиҳаи Барномаи рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- фаъолияти корхонаҳои давлатӣ дар соҳаи саноатро мавриди омӯзишу таҳлили ҳаматарафа қарор дода, бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани гуногунсамтӣ ва тақвият додани фаъолияти онҳо Нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, хусусан саноати коркард чораҳои зарурӣ андешида, вобаста ба таъсиси корхонаҳои коркарди маъдан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд;
- ҷиҳати ба кор андохтани силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои ресандагии кишвар тадбирҳои судмандро амалӣ намояд;
- якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарбия ва тайёр намудани кадрҳои муҳандисӣ-техникӣ барои соҳаҳои саноат ва фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани тахассуси касбии онҳо чораҳои амалӣ андешад;
- бо мақсади боқӣ намондани маҳсулоти истеҳсолшуда дар анборҳо ва ба фурӯш рафтани он, банақшагирии фаъолияти корхонаҳоро беҳтар намуда, ҷиҳати ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонидани сифати маҳсулоти саноатӣ ва кору хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешад.
5. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои таҷдиди сохтории он чораҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд корҳоро дар самти бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи сарфакорона ва самараноки захираҳои энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, аз ҷумла насби системаи автоматии ҳисоб ва назорати неруи барқ, инчунин ҷамъоварии пурраи маблағҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои барқӣ пурзур намуда, ҷиҳати паст кардани талафоти неруи барқ тадбирҳои судманд амалӣ намояд;
- якҷо бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақтиии корҳо дар доираи лоиҳаҳои "Таҷдиди зеристгоҳи 220 кВ Сарбанд", "Таҷдиди НБО-и Қайроққум", "Таҷдиди НБО-и Норак" ва "САSA-1000", баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои барқӣ ва пайвастшавии иншоот ба марказҳои барқу гармидиҳӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҳар семоҳа аз натиҷаи корҳои амалигардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои таъмини диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсолкунандаи неруи барқ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва васеъ ба роҳ мондани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия чораҳои зарурӣ андешида, ҳар семоҳа аз натиҷаи корҳои амалигардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
6. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо Вазоратрт корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсарҳад фаъолиятро дар самти аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта дар интиқоли транзитии мол ва воситаҳои нақлиёт ҷоннок намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, омода будан барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, беҳтар намудани ҳамлу нақли борҳо тавассути роҳҳои дохилиҷумҳуриявӣ тадбирҳои доимиро роҳатандозӣ намояд;
- якҷо бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҷиҳати зиёд намудани шумораи тайёраҳо, афзун кардани хатсайрҳои ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини рушди рақобати солим дар ин бозор чораҳои таъхирнопазир андешад.
7. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор корҳоро дар самти таҳияи барномаҳои маҷмуавии рушди соҳа, ташаккули гурӯҳҳои (кластерҳои) асосии маҳсулоти содиротӣ, инчунин марказҳои рушди кластерӣ ва механизми амалӣ намудани онҳо тақвият бахшад;
- якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо мақсади афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, масъалаи рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати сохтмони корхонаҳо оид ба истеҳсоли масолеҳи бастабандии замонавӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати сари вақт гузаронидани чорабиниҳои муҳофизати киштзор, боғу токзор ва чарогоҳ аз касалию ҳашароти зараррасон, бахусус малах ва дар ин замина эмин нигоҳ доштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ чораандешӣ намояд;
- бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, воридоти тухмиҳои хушсифати навъҳои мутобиқ ба иқдими маҳалро ба роҳ монад.
8. Вазората меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади сифатнок соҳибкасб намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҳама имкониятҳои мавҷудаи соҳа истифода бурда, шабакаи тайёр кардани мутахассисонро дар шакли курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ васеъ намояд;
- якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти бозорҳои нави меҳнат дар хориҷи кишвар ва ба имзо расонидани созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ бо кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон, барои ба роҳ мондани муҳоҷирати меҳнатии расмӣ ва идора намудани ин ҷараён тадбирҳои судманд андешад;
- якҷо бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия, тасдиқ ва мавриди истифода қарор додани шаклҳои ҳисоботи омори соҳаи таҳсилоти калонсолон чораандешӣ намояд.
9. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо истифода аз таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутараққӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ҷиҳати омода намудани мутахассисон ва тарбияи олимону муҳаққиқони ҷавон дар бахши нанотехнология ва низоми технологияҳои электронӣ тадбирҳо андешад;
- татбиқи низоми таълими салоҳиятнокро дар зинаи ибтидоии таҳсилоти умумӣ таҳти назорат қарор дода, гузариш ба низоми таълими салоҳиятнокро дар соли таҳсили 2017-2018 дар зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ба роҳ монад ва ҷиҳати гузаронидани озмоиши низоми мазкур дар синфҳои 10-11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми тадбирҳои амалӣ андешад.
10. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориҳои сироятии тавассути об гузаранда чораҳои қатъӣ андешида, тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солимро пурзӯр намояд;
- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд лоиҳаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ғизои мактаббачагон барои солҳои 2017-2025-ро таҳия намуда, то 1 июли соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
11. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, лоиҳаи Барномаи давлатии омода намудани кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2017-2022-ро таҳия намуда, то 1 июли соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо" Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, дар давоми соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
12. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо дарназардошти тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил додани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро идома диҳад;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешад.
13. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо мақсади таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ ва мусоидат ба сармоягузорон дар амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қоидаҳои ташкили фаъолияти равзани ягона барои мусоидат ба сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия намуда, дар давоми соли 2017 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва таҳияи созишномаҳои нави сармоягузорӣ фаъолиятро пурзӯр намуда, ҳамкориро бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ вусъат бахшад;
- бо мақсади муайян намудани самаранокии фаъолияти агентиҳои иҷроия ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор механизми баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти оиҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таҳия карда, барои амалишавии минбаъдаи он чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
14. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- натиҷаи ҳисоботи корҳои заминсозӣ оид ба муайян намудани сарҳади шаҳраку деҳотро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешииҳод намуда, минбаъд баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳоро дар ҳудуди шаҳраку деҳот ба роҳ монад;
- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани маблағгузории корхонаҳои зерсохтор бо мақсади тақвият бахшидани корҳои заминсозӣ, кадастри давлатии замин, геодезӣ ва харитасозӣ чораҳои дахлдор андешад;
- корҳои заминсозӣ, кадастри давлатии замин, геодезӣ ва харитасозиро бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда, истифодаи самараноки шабакаҳои доимоамалкунандаи геодезиро таъмин намояд.
15. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки:
- бо мақсади таъмини муътадилии вазъи макроиқтисодӣ, барои устувор нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва эҳтиром ба пули миллӣ тадбирҳои амалӣ андешад;
- ҷиҳати афзун иамудани заминаи сармоявии ташкилотҳои қарзӣ чораҳои заруриро барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва ба таври назаррас коҳиш додани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол, инчунии назорати фаъолияти онҳо роҳандозӣ намояд;
- бо мақсади коҳиш додани хавфҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин афзун намудани дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҷиҳати таъмини пардохтпазирии бонкҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд;
- ҷиҳати зиёд намудани қарздиҳии хурд ба соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳияҳои дурдасти куҳистон чораҳои дахлдор андешад.
16. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти гузариш ба ҳисоботи омории электронӣ ва такмили механизми нави ҷамъоварии маълумоти омории бахши хусусӣ корҳоро вусъат дода, оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ то 1 июли соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
17. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми идоракунии маҳаллӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот чораҳои зарурӣ андешида, вобаста ба таҳияи бариомаи дахлдор оид ба ислоҳоти низоми идоракунии маҳаллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои асоснок пешниҳод намояд.
18. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти сохторҳои худ дар маҳалҳо оид ба ҷамъоварии пурраи андозҳо аз рӯи намудҳо ва кам намудани бақиялулиҳои андозӣ корҳои амалиро роҳандозӣ намояд;
- якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳуҷҷатҳои барномавии қабулшуда барои таҳияи барномаҳои компютерии соҳавӣ, ташкили шабакаи ягонаи табодули маълумот миёни мақомоти давлатии мазкур ва татбиқи пурраи он чораҷӯӣ намояд;
- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар рейтингҳои байналмилалӣ ва дар ин замина ҷалб намудани сармоягузории бештар ба иқтисодиёти кишвар, ҷиҳати такмили низоми андозбандӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
19. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади инъикоси васеи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳо дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати барномаҳои шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва таъмини фарогирии пурраи аҳолии ҳамаи минтақаҳои кишвар бо онҳо, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои гузаштан ба шабакаҳои телевизиони бо формати дақиқияш баланд (HD) чораҳои амалӣ андешад.
20. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистои бо мақсади паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, бахусус дар байни ҷавонону ноболиғон ва мустаҳкам намудани низоми кор бо онҳоро таҳия ва дар соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
21. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, назоратро ҷиҳати пешгирии воридот ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, риояи қоидаҳои ҳозиразамони савдо ва хизматрасонӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ пурзӯр намуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагонро дар доираи салоҳияти муқарраргардида таъмин намояд ва аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда тавассути воситаҳои ахбори омма ба аҳолӣ ба таври мунтазам маълумот диҳад.
22. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ"ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, бо мақсади таъмини шаффофияти хариди давлатӣ, якҷо бо ташкилотҳои харидори соҳибихтисос ҷиҳати ба пуррагӣ фаро гирифтани хариди давлатӣ бо низоми хариди давлатии электронӣ тадбирҳои амалӣ андешад;
- бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, мониторинги мунтазами фаъолияти ташкилотҳои харидори соҳибихтисосро ба роҳ монад.
23. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва барқарор намудани заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш чораҳои амалӣ андешад:
- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об барои сари вақт ва ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намудани маблағҳои истифодаи об чораҳои зарурӣ андешад.
24. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани муҳлати барасмиятдарории мол дар гузаргоҳҳои сарҳади гумрукӣ, ба таври воқеӣ муайян намудани арзиши гумрукии мол ва саҳеҳ намудани ҳисоботи мутақобилаи оморӣ бо давлатҳои шарикони тиҷоратӣ чораҳои зарурӣ андешад.
25. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти амалӣ намудани танзими давлатии нархҳои молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, лоиҳаи Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳоро таҳия карда, то 1 майи соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
26. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, аз ҷумла низоми обтаъминкунӣ, баланд бардоштани иқтидори техникӣ ва корпоративии корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ, канализатсия, ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ ва сохтори идоракуниро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, нисбат ба мушкилиҳои ҷойдошта ва ҳалли онҳо то 1 марти соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.
27. Иттифоқи "Тоҷикматлубот" якҷо бо Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ бо захираҳои зарурии молу маҳсулот ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи молу хизматрасониҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дар доираи ваколатҳои ба онҳо вогузоршуда чораҳои зарурӣ андешад.
28. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо вазорату идораҳо ҷиҳати ҳалли арзу шикоятҳои шаҳрвандон, мушкилиҳои ҷойдошта, махсусан масъалаҳои дорои аҳамияти иҷтимои чораҳои зарурӣ андешанд.
29. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2016 № 531
ш.Душанбе