Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо аз 24 декабри соли 2016 № 529

Санаи амалкуни: 31.10.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 декабри соли 2016, № 529

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 113, аз 10.06.2019 № 282)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (минбаъд - Кумита) комиссияи байниидоравӣ буда, фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мусоидат ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ, инчунин ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи мазкур равона шудааст.

2. Кумита аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар танзим ва назорати амалиётҳои савдои хориҷӣ иштирок менамоянд, инчунин корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти онҳо ба татбиқи савдои хориҷӣ на таъмини хизматрасониҳои марбут дар соҳаи мазкур алоқаманданд, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (минбаъд - вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо) ташкил карда мешавад.

3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эьтирофнамудаи Тоҷикистон, ннчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

4. Вазифаҳои асосии Кумита иборатанд аз:

- таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар масъалаҳои соддагардоннн расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ, ҳуҷҷатгузории дахлдор ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ;

- таъмини омода намудани стратегияҳо, нақшаи чорабиниҳо ва пешниҳодҳои дахлдори мувофиқашуда оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ;

- арзёбӣ намудани қонунгузорӣ ва расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намудани пешниҳодҳо оид ба масьалаҳои соддагардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими савдои хориҷӣ, инчунин пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар савдои хориҷӣ;

- амалӣ намудани мониторинги қарорҳои қабулшуда ва рафти иҷрои барномаҳое, ки ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ равона шудаанд ва пешниҳод намудани ҳисоботи семоҳа ва солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи онҳо;

- мусоидат ҷиҳати огоҳонии ҷонибҳои манфиатдор оид ба усул ва афзалиятҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдон хориҷӣ ва ташкили барномаҳои иттилоотию маърифатӣ;

- таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдон хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ;

- арзёбии самаранокии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санадҳои меъёрин ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стаидартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ;

- баргузор намудани мулоқотҳо, омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо дар бораи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стаидартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ба Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба татбиқи сиёсати давлатии воридотивазкунӣ ва рушди содирот мусоидат намуда, фаъолияти худро бо Комиссияи доимоамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолотн воридотивазкунанда ва рушди содирот ҳамоҳанг менамояд;

- амалӣ намудани таизими умумӣ, назорати ягонаи ҷорӣ намудан ва фаъолияти Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикнстон.

5. Кумита фаъолияти худро тибқи нақшаи корие, ки дар ҷаласаи Кумита тасдиқ гардидааст, ташкил менамояд.

6. Кумита бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар Низомномаи мазкур пешбинишуда ҳуқуқ дорад:

- фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ҳамоҳанг намояд;

- ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди Кумита гузошташуда маводи заруриро аз вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои дахлдор дархост ва дастрас намояд;

- дар ҷаласаҳо ҳисоботи роҳбарони назорату идораҳоро оид ба соддагардонии расмиёти савдо баррасӣ ва муҳокима намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои такмили қонунгузории ҷорӣ оид ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдои хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- дар ҳолати зарурӣ оид ба омӯзиши масьалаҳои алоҳидаи савдои хориҷӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис диҳад;

- ҳангоми зарурат барои тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, машваратчиҳо, инчунин, коршиносони ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб намояд;

- натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кориро, ки ҷиҳати иҷрои самаранокии вазифаҳои Кумита равона гардидаанд, муҳокима ва баррасӣ намояд;

- ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои Кумита намояндагони ташкилотҳои ҷамъмятӣ, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳоеро, ки ба ҳайати Кумита шомил намебошанд, ҷалб намояд;

- таҳлил ва арзёбии қонунгузорӣ ва расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба савдои хориҷиро гузаронад ва ҷиҳати мукаммалгардонии онҳо тадбирҳои амалӣ андешад;

- бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стагдартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ҳамкорӣ намояд;

- мизҳои мудаввар, семинарҳо ва конференсияҳо оид ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ташкил намояд;

- дар доираи фаъолият ва салоҳияти худ ҳуқуқ дорад вобаста ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ қарор қабул намояд, ки хусусияти тавсиявӣ доранд.

3. ВАКОЛАТИ РАИС, МУОВИНИ ЯКУМИ РАИС, МУОВИНИ РАИС, КОТИБИ МАСЪУЛ ВА АЪЗОИ КУМИТА

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2019 № 282)

7. Ба ҳайати Кумита раис, муовини якуми раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзои Кумита аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо дохил мебошанд. Ҳайати Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ҳайати намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳо дар ҷаласаи якуми Кумита тасдиқ карда мешавад. Бо мақсади таъмини иштироки васеи ҷамъиятӣ дар фаъолияти Кумита намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳо бо пешниҳоди Аъзоёни Кумита метавонанд давра ба давра иваз шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2019 № 282).

8. Раиси Кумита дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- фаъолияти Кумитаро роҳбарӣ менамояд;

- ҷой, сана ва вақти баргузории ҷаласаи Кумитаро муайян менамояд;

- дар мувофиқа бо аъзои Кумита рӯзномаи ҷаласаи Кумитаро муайян менамояд ва протоколҳои ҷаласаро имзо менамояд;

- ҷаласаи Кумитаро даъват намуда, онро роҳбарӣ менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои пешниҳодҳои омоданамудаи Кумитаро манзур менамояд;

- Кумитаро дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳои худ бо ҳайатҳои расмии хориҷӣ оид ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо вохӯриҳо баргузор менамояд;

- вазифаҳоро байни аъзои Кумита тақсим менамояд.

8.(1) Дар ҳолати набудани раиси кумита (рухсатии меҳнатӣ, беморӣ ва сафари хизматӣ), муовини якуми он дорои ваколатҳои пешбининамудаи банди 8 низомнома мебошад. Дар ҳолати набудани раиси кумита ва муовини якуми ӯ ваколатҳои пешбининамудаи банди 8 низомнома, ба истиснои ваколатҳои дар сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум нишондодашуда, ба муовини рамси кумита вогузор карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2019 № 282).

9. Котиби масъул:

- омодагӣ ба ҷаласаҳои Кумитаро таъмин менамояд;

- назорати иҷрои қарорҳои Кумитаро ба роҳ мемонад;

- рӯзномаи ҷаласаи Кумитаро дар мувофиқа бо раис ва аъзои Кумита омода менамояд;

- дигар супоришҳои раиси Кумитаро, ки барои расидан ба ҳадафҳо алоқаманд аст, иҷро менамояд.

10. Ваколатҳои аъзои Кумита:

- дар банақшагирии корӣ Кумита ва омода намудани рӯзномаи ҷаласаҳо, муҳокимаи масъалаҳо ва пешкаш намудани пешниҳодҳо иштирок менамоянд;

- дар фаъолияти гурӯҳҳои кории техникӣ, ки аз ҷониби Кумита ташкил мешаванд, иштирок менамоянд;

- дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо, ки дар ҷаласаҳои Кумита пешниҳод мегарданд иштирок менамоянд;

- фаъолияти босамар ва муштарак оид ба масьалаҳои соддагардонии расмиёти савдоро дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон, дар асоси талабот ва бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи мазкур иҷро менамоянд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати корҳои дар соҳаи расмиёти савдои хориҷиро иҷро менамоянд.

4. ТАРТИБИ ДАЪВАТИ ҶАЛАСАҲОИ КУМИТА, ГУЗАРОНИДАНИ ОН ВА ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО

11. Кумита дар асоси муҳокимаи озоди ҳамаи масъалаҳо ва қабули қарорҳои коллективӣ бо тартиби пешбининамудаи Низомномаи мазкур фаъолият менамояд. Кумита барои муҳокима ва иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор кушода аст.

12. Ҷаласаҳои Кумита дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумита на камтар аз як маротиба дар се моҳ ва дар ҳолати зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатии Кумита бо дархости раиси Кумита даъват карда мегиранд.

13. Ҷаласаҳои Кумитаро раиси Кумита баргузор менамояд. Раиси Кумита дар давоми ҷаласаҳо муҳокимаи рӯзнома ва мубодилаи афкорро баргузор менамояд ва лоиҳаи қарорҳои Кумитаро баъд аз муҳокимаи онҳо ба овоздиҳӣ мегузорад.

14. Ҷаласаи Кумита ҳангоми иштироки аз нисф зиёди аъзои Кумита дар он, қонунӣ ҳисоб меёбад.

15. Дар ҷаласаҳои Кумита ҳангоми баррасии масъалаҳои мушаххас шахсони даъватшуда иштирок мепамояед, ки рӯйхати онҳо дар рӯзномаи дахлдори рузи ҷаласаи Кумита муқаррар карда шудааст. Дар ҷаласаҳои пӯшида танҳо аъзои Кумита иштирок менамоянд.

16. Рӯзномаи ҷаласа ва ҳуҷҷатҳои масъалаҳои баррасишаванда пеш аз ҷаласа ба аъзои Кумита на дертар аз 3 рӯзи корӣ пешниҳод карда мешаванд.

17. Қарорҳои Кумита бо роҳи овоздиҳии кушода бо аксарияти овозҳои дар ҷаласа иштироккунандагони аъзои Кумита (бо назардошти фикру мулоҳизоти хаттии аъзои Кумита, ки дар ҷаласа иштирок надоранд) қабул карда мешаванд. Дар ҳолате, ки яке аз аъзои Кумита дар бораи қабули қарори қабулнамуда фикри махсуси худро дошта бошад, он ба қарори Кумита замима карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози шахси раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

18. Аъзои Кумита шахсан дар ҷаласаҳои Кумита иштирок мемамоянд ва метавонанд пешниҳоди шифоҳиро оид ба рӯзмома то тасдиқ шудани он манзур намоянд. Дар ҳолати ҳозир набуданаш дар ҷаласа, ӯ ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ мавқеи худро оид ба масъалаи баррасишаванда ба котиби техникӣ пеш аз гузаронидани ҷаласа ирсол намояд.

19. Қарорҳои Кумита дар шаклп Протокол ба расмият дароварда мешавад.

5. ТАШКИЛИ КОРҲО

20. Фаъолияти Кумитаро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

21. Фаъолияти ҳаррӯзаи Кумита ва омодагии ҷаласаҳоро котиботи техникӣ, ки онро котиби масъул роҳбарӣ мекунад, ташкил менамояд.

22. Вазифаҳои асосии котиботи тсхникӣ дар робита ба ташкили фаъолияти Кумита инҳо мебошанд:

- ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди масъалаҳои афзалиятноки мувофиқашуда ба баррасии ҷаласаҳои Кумита;

- ҳамоҳангсозии муҳокимаи масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдон хориҷӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо;

- назорати иҷрои қарорҳои қабулшудаи ҷаласаҳои Кумита;

- иттилоотонии аъзои Кумита, инчунин шахсони мансабдор оид ба натиҷаи иҷрои қарорҳои кабулшуда;

- мусоидат дар ҳамкории Кумита бо Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ва гурӯҳҳои кории соҳавии он;

- таҳияи вазифаҳои техникӣ барои гурӯҳҳои кории Кумита;

- иҷрои дигар вазифаҳо вобаста ба ҳадафҳои Кумита.

23. Гурӯҳҳои кории техникӣ аз ҷониби Кумита муваққатан барои иҷрои масъалаҳои мушаххаси вобаста ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ таъсис дода мешавад.

24. Гурӯҳҳои кории техникӣ ваколатдоранд:

- лоиҳаҳои қарорҳоро баррасӣ намоянд ва оид ба масъалаҳои баррасишаванда тавсияҳо пешниҳод намоянд;

- оид ба масъалаҳои баррасишаванда шарҳҳо ва таҳлилҳо гузаронанд;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намоянд.

25. Кумита метавонад маблағҳои грантиро бо мақсади таъмини фаъолияти гурӯҳҳои кории техникӣ ва гузаронидани ҷаласаҳои Кумита ҷалб намояд.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "10" июни соли 2019, № 285

тасдиқ шудааст

 

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2019 № 282)

Ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо:

раиси кумита - вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми раис - муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раис - муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

котиби масъул - сардори раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзои кумита:

муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷмкистон;

муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон;

сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар

намудани фазои сармоягузорӣ;

муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзм иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентни стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми фармондеҳ-сардори сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти

миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии

тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори раёсати танзими тарифи гумруки ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

директори корхонаи воҳиди давлатии "Маркази равзанаи ягона"-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини сардори раёсати фитосанитарӣ ва карантини растании Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сармутахассиси шуъбаи назорати байтории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаи савдо.

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 декабри соли 2016, № 529

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (минбаъд - Кумита) комиссияи байниидоравӣ буда, фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мусоидат ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ, инчунин ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи мазкур равона шудааст.

2. Кумита аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар танзим ва назорати амалиётҳои савдои хориҷӣ иштирок менамоянд, инчунин корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти онҳо ба татбиқи савдои хориҷӣ на таъмини хизматрасониҳои марбут дар соҳаи мазкур алоқаманданд, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (минбаъд - вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо) ташкил карда мешавад.

3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эьтирофнамудаи Тоҷикистон, ннчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

4. Вазифаҳои асосии Кумита иборатанд аз:

- таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар масъалаҳои соддагардоннн расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ, ҳуҷҷатгузории дахлдор ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ;

- таъмини омода намудани стратегияҳо, нақшаи чорабиниҳо ва пешниҳодҳои дахлдори мувофиқашуда оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ;

- арзёбӣ намудани қонунгузорӣ ва расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намудани пешниҳодҳо оид ба масьалаҳои соддагардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими савдои хориҷӣ, инчунин пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар савдои хориҷӣ;

- амалӣ намудани мониторинги қарорҳои қабулшуда ва рафти иҷрои барномаҳое, ки ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ равона шудаанд ва пешниҳод намудани ҳисоботи семоҳа ва солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи онҳо;

- мусоидат ҷиҳати огоҳонии ҷонибҳои манфиатдор оид ба усул ва афзалиятҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдон хориҷӣ ва ташкили барномаҳои иттилоотию маърифатӣ;

- таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдон хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ;

- арзёбии самаранокии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санадҳои меъёрин ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стаидартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ;

- баргузор намудани мулоқотҳо, омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо дар бораи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стаидартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ба Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба татбиқи сиёсати давлатии воридотивазкунӣ ва рушди содирот мусоидат намуда, фаъолияти худро бо Комиссияи доимоамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолотн воридотивазкунанда ва рушди содирот ҳамоҳанг менамояд;

- амалӣ намудани таизими умумӣ, назорати ягонаи ҷорӣ намудан ва фаъолияти Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикнстон.

5. Кумита фаъолияти худро тибқи нақшаи корие, ки дар ҷаласаи Кумита тасдиқ гардидааст, ташкил менамояд.

6. Кумита бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар Низомномаи мазкур пешбинишуда ҳуқуқ дорад:

- фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ҳамоҳанг намояд;

- ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди Кумита гузошташуда маводи заруриро аз вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои дахлдор дархост ва дастрас намояд;

- дар ҷаласаҳо ҳисоботи роҳбарони назорату идораҳоро оид ба соддагардонии расмиёти савдо баррасӣ ва муҳокима намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои такмили қонунгузории ҷорӣ оид ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдои хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- дар ҳолати зарурӣ оид ба омӯзиши масьалаҳои алоҳидаи савдои хориҷӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис диҳад;

- ҳангоми зарурат барои тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, машваратчиҳо, инчунин, коршиносони ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб намояд;

- натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кориро, ки ҷиҳати иҷрои самаранокии вазифаҳои Кумита равона гардидаанд, муҳокима ва баррасӣ намояд;

- ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои Кумита намояндагони ташкилотҳои ҷамъмятӣ, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳоеро, ки ба ҳайати Кумита шомил намебошанд, ҷалб намояд;

- таҳлил ва арзёбии қонунгузорӣ ва расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба савдои хориҷиро гузаронад ва ҷиҳати мукаммалгардонии онҳо тадбирҳои амалӣ андешад;

- бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стагдартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ҳамкорӣ намояд;

- мизҳои мудаввар, семинарҳо ва конференсияҳо оид ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ ташкил намояд;

- дар доираи фаъолият ва салоҳияти худ ҳуқуқ дорад вобаста ба масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ қарор қабул намояд, ки хусусияти тавсиявӣ доранд.

3. ВАКОЛАТИ РАИС, МУОВИНИ РАИС, КОТИБИ МАСЪУЛ ВА АЪЗОИ КУМИТА

7. Ба ҳайати Кумита раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзои Кумита аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо дохил мебошанд. Ҳайати Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ҳайати намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳо дар ҷаласаи якуми Кумита тасдиқ карда мешавад. Бо мақсади таъмини иштироки васеи ҷамъиятӣ дар фаъолияти Кумита намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳо бо пешниҳоди Аъзоёни Кумита метавонанд давра ба давра иваз шаванд.

8. Раиси Кумита дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- фаъолияти Кумитаро роҳбарӣ менамояд;

- ҷой, сана ва вақти баргузории ҷаласаи Кумитаро муайян менамояд;

- дар мувофиқа бо аъзои Кумита рӯзномаи ҷаласаи Кумитаро муайян менамояд ва протоколҳои ҷаласаро имзо менамояд;

- ҷаласаи Кумитаро даъват намуда, онро роҳбарӣ менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои пешниҳодҳои омоданамудаи Кумитаро манзур менамояд;

- Кумитаро дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳои худ бо ҳайатҳои расмии хориҷӣ оид ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо вохӯриҳо баргузор менамояд;

- вазифаҳоро байни аъзои Кумита тақсим менамояд.

9. Котиби масъул:

- омодагӣ ба ҷаласаҳои Кумитаро таъмин менамояд;

- назорати иҷрои қарорҳои Кумитаро ба роҳ мемонад;

- рӯзномаи ҷаласаи Кумитаро дар мувофиқа бо раис ва аъзои Кумита омода менамояд;

- дигар супоришҳои раиси Кумитаро, ки барои расидан ба ҳадафҳо алоқаманд аст, иҷро менамояд.

10. Ваколатҳои аъзои Кумита:

- дар банақшагирии корӣ Кумита ва омода намудани рӯзномаи ҷаласаҳо, муҳокимаи масъалаҳо ва пешкаш намудани пешниҳодҳо иштирок менамоянд;

- дар фаъолияти гурӯҳҳои кории техникӣ, ки аз ҷониби Кумита ташкил мешаванд, иштирок менамоянд;

- дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо, ки дар ҷаласаҳои Кумита пешниҳод мегарданд иштирок менамоянд;

- фаъолияти босамар ва муштарак оид ба масьалаҳои соддагардонии расмиёти савдоро дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон, дар асоси талабот ва бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи мазкур иҷро менамоянд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати корҳои дар соҳаи расмиёти савдои хориҷиро иҷро менамоянд.

4. ТАРТИБИ ДАЪВАТИ ҶАЛАСАҲОИ КУМИТА, ГУЗАРОНИДАНИ ОН ВА ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО

11. Кумита дар асоси муҳокимаи озоди ҳамаи масъалаҳо ва қабули қарорҳои коллективӣ бо тартиби пешбининамудаи Низомномаи мазкур фаъолият менамояд. Кумита барои муҳокима ва иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор кушода аст.

12. Ҷаласаҳои Кумита дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумита на камтар аз як маротиба дар се моҳ ва дар ҳолати зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатии Кумита бо дархости раиси Кумита даъват карда мегиранд.

13. Ҷаласаҳои Кумитаро раиси Кумита баргузор менамояд. Раиси Кумита дар давоми ҷаласаҳо муҳокимаи рӯзнома ва мубодилаи афкорро баргузор менамояд ва лоиҳаи қарорҳои Кумитаро баъд аз муҳокимаи онҳо ба овоздиҳӣ мегузорад.

14. Ҷаласаи Кумита ҳангоми иштироки аз нисф зиёди аъзои Кумита дар он, қонунӣ ҳисоб меёбад.

15. Дар ҷаласаҳои Кумита ҳангоми баррасии масъалаҳои мушаххас шахсони даъватшуда иштирок мепамояед, ки рӯйхати онҳо дар рӯзномаи дахлдори рузи ҷаласаи Кумита муқаррар карда шудааст. Дар ҷаласаҳои пӯшида танҳо аъзои Кумита иштирок менамоянд.

16. Рӯзномаи ҷаласа ва ҳуҷҷатҳои масъалаҳои баррасишаванда пеш аз ҷаласа ба аъзои Кумита на дертар аз 3 рӯзи корӣ пешниҳод карда мешаванд.

17. Қарорҳои Кумита бо роҳи овоздиҳии кушода бо аксарияти овозҳои дар ҷаласа иштироккунандагони аъзои Кумита (бо назардошти фикру мулоҳизоти хаттии аъзои Кумита, ки дар ҷаласа иштирок надоранд) қабул карда мешаванд. Дар ҳолате, ки яке аз аъзои Кумита дар бораи қабули қарори қабулнамуда фикри махсуси худро дошта бошад, он ба қарори Кумита замима карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози шахси раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

18. Аъзои Кумита шахсан дар ҷаласаҳои Кумита иштирок мемамоянд ва метавонанд пешниҳоди шифоҳиро оид ба рӯзмома то тасдиқ шудани он манзур намоянд. Дар ҳолати ҳозир набуданаш дар ҷаласа, ӯ ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ мавқеи худро оид ба масъалаи баррасишаванда ба котиби техникӣ пеш аз гузаронидани ҷаласа ирсол намояд.

19. Қарорҳои Кумита дар шаклп Протокол ба расмият дароварда мешавад.

5. ТАШКИЛИ КОРҲО

20. Фаъолияти Кумитаро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

21. Фаъолияти ҳаррӯзаи Кумита ва омодагии ҷаласаҳоро котиботи техникӣ, ки онро котиби масъул роҳбарӣ мекунад, ташкил менамояд.

22. Вазифаҳои асосии котиботи тсхникӣ дар робита ба ташкили фаъолияти Кумита инҳо мебошанд:

- ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди масъалаҳои афзалиятноки мувофиқашуда ба баррасии ҷаласаҳои Кумита;

- ҳамоҳангсозии муҳокимаи масъалаҳои соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдон хориҷӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо;

- назорати иҷрои қарорҳои қабулшудаи ҷаласаҳои Кумита;

- иттилоотонии аъзои Кумита, инчунин шахсони мансабдор оид ба натиҷаи иҷрои қарорҳои кабулшуда;

- мусоидат дар ҳамкории Кумита бо Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ва гурӯҳҳои кории соҳавии он;

- таҳияи вазифаҳои техникӣ барои гурӯҳҳои кории Кумита;

- иҷрои дигар вазифаҳо вобаста ба ҳадафҳои Кумита.

23. Гурӯҳҳои кории техникӣ аз ҷониби Кумита муваққатан барои иҷрои масъалаҳои мушаххаси вобаста ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ таъсис дода мешавад.

24. Гурӯҳҳои кории техникӣ ваколатдоранд:

- лоиҳаҳои қарорҳоро баррасӣ намоянд ва оид ба масъалаҳои баррасишаванда тавсияҳо пешниҳод намоянд;

- оид ба масъалаҳои баррасишаванда шарҳҳо ва таҳлилҳо гузаронанд;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намоянд.

25. Кумита метавонад маблағҳои грантиро бо мақсади таъмини фаъолияти гурӯҳҳои кории техникӣ ва гузаронидани ҷаласаҳои Кумита ҷалб намояд.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 декабри соли 2016, № 529

тасдиқ шудааст

Ҳайти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо

Раиси Кумита - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раис - Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Котиби масъул - Сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз:

Муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Фармондеҳ-Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Хадамоти наторати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Палатаи саадо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Раёсати танзими тарифи гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Намояндагони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон.