Замима
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2016, № 783
Тартиби савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талаботи моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бармеояд, ки мувофиқи онҳо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
2. Варақаи савганди аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи он замима мегардад) бо нишон додани насаб, ном, номи падар, мансаби таъингардида ва матни савганд, ки дар қисми 3 моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси савгандёдкунанда тайёр карда мешавад.
3. Савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қасри миллат баргузор мегардад.
4. Теъдод ва доираи шахсони дар маросими савгандёдкунӣ иштироккунандаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Қабл аз маросими савгандёдкунӣ дар толор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мизи махсус барои савгандёдкунӣ дар тарафи рости савгандёдкунанда Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, инчунин ҷой барои расмиёти имзогузорӣ омода карда мешавад.
6. Пас аз ба толор ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.
7. Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз савгандёдкунӣ муаррифӣ гардида, ба ӯ варақаи савганди аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад. Сипас ӯ ба назди мизи савгандёдкунӣ омада, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, рӯ ба тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матни савгандро бо овози баланд қироат менамояд ва ба варақаи савганд имзо гузошта, онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.
8. Варақаи савганд бо имзои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи шахсии онҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Замима
ПОРЯДОК принятия присяги членами Правительства Республики Таджикистан
1. Принятие присяги членами Правительства Республики Таджикистан исходит из требований статьи 73 Конституции Республики Таджикистан и статьи 8 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", в соответствии с которыми члены Правительства Республики Таджикистан после назначения Президентом Республики Таджикистан и утверждения указа на совместном заседании Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан приносят присягу Президенту Республики Таджикистан.
2. Бланк присяги членами Правительства Республики Таджикистан (его образец прилагается) с указанием фамилии, имени и отчества, назначенной должности и текста присяги, предусмотренного в части 3 статьи 8 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", подготовляется для каждого лица, приводимого к присяге, Исполнительным аппаратом Президента Республики Таджикистан.
3. Принятие присяги членами Правительства Республики Таджикистан проводится в торжественной обстановке в резиденции Президента Республики Таджикистан - во Дворце нации.
4. Количество и круг лиц, принимаемых участие на церемонии принятия присяги, определяется Президентом Республики Таджикистан.
5. До церемонии принятия присяги в зале выставляются Государственный флаг Республики Таджикистан и Штандарт Президента Республики Таджикистан, и на специальном столике с правой стороны присягающего выставляется Конституция Республики Таджикистан, а также подготавливается место для процедуры подписания.
6. После входа Президента Республики Таджикистан в зал, начинается церемония принятия присяги членами Правительства Республики Таджикистан.
7. Член Правительства Республики Таджикистан до принятия присяги представляется и ему вручается бланк присяги члена Правительства Республики Таджикистан. Затем он подходит к столику для принятия присяги, положа правую руку на Конституцию Республики Таджикистан, обращаясь к Президенту Республики Таджикистан, громко зачитывает текст присяги, подписывает бланк присяги и передает его Президенту Республики Таджикистан.
8. Бланк присяги с подписью членов Правительства Республики Таджикистан хранится в их личных делах в Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан.
* Приложение