Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2016, № 776
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020
Муқаддима
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.
2. Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
3. Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯии ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
4. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Стратегия), ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
5. Мақсадҳои Стратегия инҳо мебошанд:
- таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремизм ва тундгароии батерроризмбаранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ;
- такмил додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, инчунин амалияи муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм;
- мусоидат ба ташаккули меъёрҳои тафаккур ва рафтори таҳаммулгароёна, ҳамдигарфаҳмии динӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеа;
- муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ;
- баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм, терроризм, нашъаҷаллобӣ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ки барои маблағгузории экстремизм ва терроризм хизмат мекунанд;
- такмил додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм.
6. Стратегия дар асоси Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия шудааст.
БОБИ 1. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
§ 1. Баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс
7. Шарти муҳими таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, рафтори қонунии шаҳрвандон ва ба ин восита пешгирӣ намудани рӯҳияи тундгароӣ, ташаккул додани фарҳанги волои сиёсии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс маҳсуб меёбад.
8. Сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз рӯи мутобиқати арзишҳои ҳуқуқӣ ба арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ, дараҷаи рушди низоми ҳуқуқӣ, вазъи адолати судӣ, тарзи ҳамкориҳо миёни мақомоти давлатию аҳолӣ ва ҳалли низоъҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа муайян карда мешавад.
9. Фарҳанги ҳуқуқии шахси алоҳида сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ, аз худ кардани маҳорати рафтор тибқи қонун, саводнокӣ ва огоҳмандии ҳуқуқии ӯро дар бар мегирад.
10. Ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ дар мақоми ҳуқуқии устувору босубот доштани шахс ва мавҷудияти низоми кафолатҳои ҳуқуқии амалӣ намудани он, ки имконияти ҳифзи боэътимоди ӯро аз амалҳои ғайриқонунии ба ӯ зиёнрасонанда таъмин менамоянд, зоҳир мегардад.
11. Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон дар Тоҷикистон заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода шуда, дар ин самт санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
12. Дар раванди таҳкими заминаҳои ниҳодии ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон соли 2008 ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 бошад, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ислоҳоти милитсия ва адвокатура бомуваффақият идома доранд.
13. Роҳбарияти мамлакат коррупсияро ҳамчун монеа дар роҳи амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ намуда, ба такмили ниҳодҳо, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатии мубориза бо коррупсия ва ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба мубориза бо он таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
14. Дар баробари ин, бо сабаби ҳанӯз анҷом наёфтани раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа дар пояи зарурӣ қарор надошта, низоми меъёрҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ ба боз ҳам бештар ҳамоҳанг намудан бо стандартҳои байналмилалӣ ва арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ ниёз дорад.
15. Вобаста ба ин, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс бояд ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва тундгароии батерроризмбаранда арзёбӣ гарданд.
16. Расидан ба ин ҳадаф амалӣ намудани тадбирҳои зеринро тақозо менамояд:
- боз ҳам бештар мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои маънавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ тавассути мубодилаи афкор ва таҷриба бо дигар давлатҳо, инчунин ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои такмили қонунгузорӣ ва амиқ гардонидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс;
- мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, аз худ намудани малакаи рафтори қонунӣ ва огоҳмандии шаҳрвандон аз оқибатҳои рафтори зиддиҳуқуқӣ;
- таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон дар ҳама мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, ташкилот, корхона ва муассисаҳо;
- баланд бардоштани ҷанбаҳои инсондӯстонаи қонунгузории ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҷиҳати тақвияти кафолатҳои мурофиавии ҳуқуқҳои шахс;
- такмил додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла баррасии саривақтӣ ва холисонаи арзу шикоятҳо дар раванди баамалбарории фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, таҳқиқу тафтиш ва баамалбарории адолати судӣ.
17. Бояд ҳамзамон дар назар дошт, ки Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи худ "Ҳуқуқи инсон ва пешгирию мубориза бо экстремизми зӯроварона" аз 2 октябри соли 2015, №30/15 ба давлатҳо таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои мубориза бо терроризмро дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи башардӯстӣ, қонунҳо дар бораи гурезагон ва ҳуқуқи инсон тавсия дода, ҷиҳати иҷрои онҳо андешидани тадбирҳоро тақозо мекунад.
§ 2. Бартараф намудани омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии экстремизм ва тундгароии батерроризмбаранда
18. Шароитҳои ногувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, надоштани имконияти амалӣ намудани қобилият ва эҳсоси навмедӣ дар давлатҳои мухталиф метавонанд ба ташаккули рӯҳияи экстремистӣ ва баланд шудани сатҳи тундгароӣ дар ҷомеа замина фароҳам оранд.
19. Нақши омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бахусус дар шароити иқтисодиёти даврони гузариш, ки дар он қисмати норозии аҳолӣ аз натиҷаҳои марҳилавии ислоҳоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ мумкин аст ба даъватҳои экстремистӣ ба осонӣ дода шавад, метавонад афзоиш ёбад.
20. Ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ гузаришӣ ва баъдибуҳронӣ маҳсуб меёбад, ки ба он номутобиқатии иҷтимоӣ-иқтисодии қисми аҳолӣ бар асари тағйир ёфтани айниятҳои иҷтимоию фарҳангӣ, стандартҳои ҳаёт ва ба табақаҳо ҷудошавӣ аз лиҳози сатҳи даромадҳо хос мебошад.
21. Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти худ ба комёбиҳои назаррраси иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши бисёркаратаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ҳаҷми буҷети давлатӣ, сохтмони манзил, миқдори ҷойҳои корӣ ва сатҳи даромадҳои аҳолӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ дар ин давра аз 81 фоиз ба 32 фоиз поён фароварда шуд.
22. Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам баъзе мушкилиҳое, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ мамониат мекунанд, боқӣ мондаанд.
23. Ин мушкилиҳо аз бисёр ҷиҳат ба буҳрони молиявии ҷаҳон, ки боиси пастравии истеҳсолот, коҳиш ёфтани воридшавии маблағҳои пулӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, пайдоиши норасоии буҷети давлатӣ ва нокифоягии захираҳои молиявӣ барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ гардидааст, вобаста мебошанд.
24. Ҳамзамон ба андозаи зарурӣ мувофиқат накардани низоми идоракунӣ ба шароитҳои иқтисоди бозорӣ, инчунин дахолати барзиёди мақомоти назоратӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба назар мерасад.
25. Паст намудани сатҳи номутобиқатии иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ пешбурди сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодиеро тақозо менамояд, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сатҳи фарҳангии аҳолӣ, ташаккули ангеза барои интихоби тарзи ҳаёти солим ва созанда, таъмини имконияти мутобиқшавӣ ва иштироки табақаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, муайян ва бартараф намудани омилҳои номутобиқатии иҷтимоӣ ва ғайра равона шуда бошад.
26. Дар робита ба ин зарур аст, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ дар ин давра ташаккули иқтисоди бозории тамоюли иҷтимоидошта, ки болоравии иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии аҳолиро дар асоси баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарватҳои миллӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар таъмин менамояд, ҳисобида шавад.
§ 3. Ташаккули андешаи миллӣ ва пурзӯр намудани корҳои мафкуравӣ
27. Мавҷудият ва амалан татбиқ шудани андешаи миллии муттаҳидкунанда муҳимтарин шарти ҳифзи ваҳдати миллӣ, бақои давлатдории миллӣ ва бунёди садди устувор дар роҳи вуруд ва паҳншавии ғояҳои тундрав маҳсуб меёбад.
28. Аз бисёр ҷиҳат, маҳз фазои холигии ғоявии дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ бамиёномада ва ҳанӯз рӯи кор наомадани мафкураи нави миллӣ дар Тоҷикистони пасошӯравӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта боиси ба ҷомеа ворид гардидани мафкураи зӯроварӣ гардида, пояҳои ваҳдати миллиро хароб ва ҷомеаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонда буд.
29. Дар даврони кунунӣ таҳдиди навин ба ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлатдории миллӣ раванди ҷаҳонишавии созмонҳои тундгарои динӣ мебошад, ки нақшаи бунёди давлати ягонаи теократиро доранд.
30. Ба шароитҳои муосир мафкураи миллие мувофиқ хоҳад буд, ки ба принсипҳои ҷомеаи кушоди шаҳрвандӣ ва анъанаҳои маънавию ахлоқии халқи тоҷик асос ёфта бошад.
31. Дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик чунин меъёрҳои бунёдӣ барои таҳияи андешаи миллӣ, аз қабили ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ, рушди баробари минтақаҳо, тантанаи қонуният ва адолати иҷтимоӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва ғайра аллакай коркард шудаанд.
32. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотии кишварро мебояд перомуни унсурҳои асосӣ, тартиби таҳия, қабул ва роҳҳои татбиқи андешаи ягонаи миллӣ дар доираҳои илмӣ ва аҳли васеи ҷомеа мубоҳисаҳо баргузор намоянд.
33. Ҷанбаи муҳими муқовимат бо экстремизм ва тундгароии батерроризмбарандаро ташаккули корпуси неруманди мафкуравӣ ва тарзу усулҳои ба таҳдидҳои мавҷуда мувофиқи кори мафкуравӣ ташкил медиҳад.
34. Таҳқиқоти дар раванди омодагӣ ба таҳияи Стратегияи мазкур гузаронидашуда нишон медиҳад, ки сатҳи корҳои иттилоотиву маърифатӣ, таълимӣ ва мафкуравӣ дар самти муқовимат бо мафкураи тундгароӣ ва экстремизм дар кишвар тақвиятталаб мебошад. Аз ҷумла:
- фаъолияти ҳамоҳангшуда ва мақсаднок доир ба пешгирии маҷмӯии тундгароӣ ва экстремизм ҳанӯз ба таври дахлдор ташаккул наёфтааст;
- мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм намерасанд;
- донишҳои кормандони сохторҳои мафкуравии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба моҳияти экстремизм ва чораҳои муқовимат бо он дар сатҳи зарурӣ қарор надоранд;
- норасоии маводи иттилоотӣ ва роҳнамо доир ба созмонҳои экстремистию террористӣ, инчунин воситаҳои аёнии ташвиқу тарғиб мушоҳида мегардад;
- нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирию огоҳонии экстремизм, инчунин инъикоси фаъолияти зиддиэкстремистию зиддитеррористии мақомоти давлатӣ кофӣ нест.
35. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати ташаккули корпуси нерумандии мафкуравӣ, таҳкимбахшии иқтидори он дар пешгирии тундгароӣ ва экстремизм, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани нақши пешгирикунандаи воситаҳои ахбори омма ва таъмини ниҳодии пешбурди корҳои таҳлилӣ, иттилоотӣ ва ташвиқотӣ дар ин самт чораҳои муассир андешида шаванд.
§ 4. Пешгирии экстремизм ва ташаккули фарҳанги таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ
36. Муҳити динӣ бар асари омилҳои гуногун аз лиҳози паҳншавии мафкураи тундгароӣ ва назариёти экстремистӣ аз ҳама бештар осебпазир мебошад.
37. Омилҳои мусоидаткунанда ба тундгаро шудани муҳити динӣ мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ, ба қутбҳо ҷудошавии он бар асари ворид шудани исломи ғайрианъанавии сиёсӣ, донишҳои нокифояи динии аҳолӣ шуда метавонанд.
38. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини озодиҳои динӣ, баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ ва ташаккули асли таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
39. Озодии виҷдон ва эътиқод, ҳуқуқи мустақилона муайян намудани муносибат ба дин, алоҳида ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намудан ва дар маросим ё оинҳои динӣ иштирок намудан дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ, тибқи Конститутсия ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда шуда, бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудаанд.
40. Ҷиҳати таъмини шароит барои ба даст овардани таҳсилоти динӣ ва озодона ба амал баровардани расму оинҳои динӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
41. Айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 4006 иттиҳодияи динӣ, аз ҷумла Маркази исломии ҷумҳуриявӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷидҳои ҷомеъ, 3551 масҷидҳои панҷвақта, 2 Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 70 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ ва 6 муассисаи таълимии исломӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки муътадил фаъолият намуда, эҳтиёҷоти эътиқодии аҳолиро қонеъ карда истодаанд.
42. Дар ҳоле ки солҳои аввали истиқлолияти кишвар миқдори ҳоҷиён ҳар сол ҳамагӣ 550 нафарро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли 2014 ба 6 ҳазор нафар расида, даҳ маротиба нисбати солҳои пешин афзудааст.
43. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол дар муҳити динии ҷомеаи тоҷик омилҳои ҳам мамониаткунанда ва ҳам мусоидаткунанда ба паҳншавии мафкураҳои тундравона вуҷуд доранд.
44. Яке аз омилҳои асосии мамониаткунанда ба паҳншавии равияҳои тундравонаи исломӣ пайравии зиёда аз 97 фоизи мусулмонони кишвар ба мактаби мазҳабӣ-ҳуқуқии аз ҳама бештар таҳаммулгаро ва созишпарвар - мазҳаби ҳанафӣ мебошад, ки он имкони ҳамзистии осоиштаи мазоҳиби гуногун ва анъанаҳои мардумиро фароҳам меорад.
45. Бар асари тундгароӣ ва экстремизм ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидани кишвар низ ба вусъати минбаъдаи ин зуҳурот мамониат менамояд. Азобу машаққат ва дарду алами дар солҳои ҷанги бародаркуш азсаргузаронидаи мардум исломи сиёсиро дар назари онҳо беэътибор намуда, ҷаззобияти ғояҳои муборизаро барои "исломи тоза" коҳиш дод.
46. Чунонки аз тадқиқоти сотсиологии дар раванди омодагӣ ба таҳияи Стратегияи мазкур гузаронидашуда бармеояд, аксарияти томи аҳолӣ ғояҳои созмонҳои тундгаро ва экстремистиро дастгирӣ накарда, онҳоро омили бесуботкунанда ва барои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хатарнок арзёбӣ мекунанд.
47. Заминаи имконпазири афзоиши сафҳои тундгароён ва ифротиёнро дар ҳозира асосан ҷавонони 18-27 сола, ки ба дараҷаи камолоти иҷтимоӣ ва пайдо кардани таҷрибаи ҳаётӣ ва касбӣ нарасида, бар асари заиф будани принсипҳо ва ақидаҳои ахлоқиашон метавонанд ба осонӣ фирефта шаванд, инчунин шахсони ба содиркунии ҷиноят майлдошта, ташкил медиҳанд.
48. Шарти муҳими пешгирии тундгароӣ дар муҳити динӣ бартараф намудани низоъҳо ва таъмини ҳамдигарфаҳмӣ дар он мебошад.
49. Таҳлили вазъи муҳити динӣ нишон медиҳад, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ метавонанд ба низои байни меъёрҳои анъанавии исломӣ ва арзишҳои ғайрианъанавии аз берун таҳмилшаванда оварда расонанд.
50. Аз ҷумла, шахсоне, ки аз таҳсил дар баъзе муассисаҳои таълимии динии ғайрирасмӣ, маъруфнабуда ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, дар қатори донишҳои касбӣ дар соҳаи илоҳиёт ба муҳити динии Тоҷикистон афкор ва таълимоти тундраву ба ҳам душманонаро ворид месозанд.
51. Давлат барои ҳифзи сулҳу осоиш дар ҷомеа масъул буда, наметавонад ба тамоюлҳои дар муҳити динӣ шаклгиранда, ки на танҳо ба осоиши худи ин муҳит, балки дар маҷмӯъ ба амнияти давлатӣ таҳдид эҷод мекунанд, бетарафона наззора намояд.
52. Дар робита ба ин зарур аст, ки ба сифати самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии тундгароӣ ва экстремизм дар муҳити динӣ инҳо муайян карда шаванд:
- таҳияи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин;
- таъмини ҳамдигарфаҳмӣ ва ташаккули фарҳанги таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ;
- пешгирии тундгароӣ ва экстремизм дар заминаи мухолифатҳои байнимазҳабӣ;
- дастгирии рӯҳониёни муътадил дар муборизаи онҳо бо равияҳои тундгаро;
- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон, роҳ надодани монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии иттиҳодияҳои динӣ ё анҷоми маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз накунанд.
53. Дар ин ҷода ҷалб намудани рӯҳониён ба пешгирии тундгароӣ ва экстремизм дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ низ муҳим мебошад.
§ 5. Огоҳонӣ аз экстремизм ва тундгароӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон
54. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати таълим, ташкили шароит барои фароғат ва ҳал намудани мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодии ҷавонон диққати калон медиҳад.
55. Дар солҳои истиқлолият теъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар се маротиба, миқдори донишҷӯён, инчунин номгӯи ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо мутахассис тайёр карда мешавад, чор маротиба афзудааст.
56. Ҷиҳати таъмин намудани шаффофият, шароитҳои баробар, адолати иҷтимоӣ ва пешгирии коррупсия ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз соли 2014 қабули хонандагон ва донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии мазкур тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст.
57. Бо мақсади таъмини фароғати ҷавонон дар панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 620 майдончаи варзишӣ, 110 толори варзиш, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд. Ба ғайр аз ин, 2700 майдончаи варзишӣ, 635 толори варзиш, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмир ва тармим карда шудаанд.
58. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 2 ноябри соли 2012 Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шуда, дар чаҳорчӯби он теъдоди зиёди лоиҳаҳо оид ба таъмини ҷойи кор, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди имкониятҳои иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон амалӣ карда шуданд.
59. Дар баробари ин, чораҳои андешидашуда айни ҳол дар пешгирии тундгароии ҷавонон самараи дилхоҳ надодаанд.
60. Насли ҷавон, ки даҳшат, вазнинии тоқатфарсо ва маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умро аз сар нагузаронидааст, дар сурати таҳти таъсиррасонии шадиди унсурҳои ифротгаро қарор гирифтан, метавонад зӯровариро ҳамчун воситаи худнишондиҳӣ бипазирад, ки тамоюли зиёдшавии сатҳи шомил шудани ҷавонон ба созмонҳои экстремистию террористӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад.
61. Зарфиятҳои соҳаи маориф оид ба огоҳонидани мафкураи тундгароӣ ва тарбияи асли таҳаммулгароӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба андозаи кофӣ истифода намешавад.
62. Ба огоҳонидан аз тундгароӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебояд аз синну соли томактабӣ ва мактабӣ, ки дар замири кӯдак ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул меёбад, машғул шуд. Дар мактабҳо бояд фанҳое омӯхта шаванд, ки мактаббачагонро дар рӯҳияи эҳтиром ба инсон ҳамчун шахсият, новобаста аз мансубияти миллӣ ё мазҳабии ӯ тарбия намуда, шароит фароҳам оварда шавад, ки кӯдакон тавонанд ба селоби иттилооти манфӣ вокуниши дуруст нишон дода, аз таъсири он худро ҳифз намоянд.
63. Зарур аст, ки ҳамин гуна чорабиниҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ роҳандозӣ карда шаванд.
64. Яке аз омилҳои асосии ба доми созмонҳои тундгаро афтодани ҷавонон - ин муқаррароти воқеии манбаҳои дини ислом, бахусус ғояҳои инсондӯстонаи мазҳаби ҳанафиро нафаҳмидан ва ба ғояҳои ба мардуми мо бегонаи равияҳои динӣ шавқ пайдо кардани онҳо мебошад. Дар ҷустуҷӯи донишҳои динӣ ҷавонон ба шахсони шубҳаноки пинҳонкор, Интернет ва дигар манбаъҳои иттилоот рӯй оварда, дар он ҷо ба доми унсурҳои ифротгаро меафтанд.
65. Аз ин лиҳоз, ба хотири он, ки ҷавонон тавонанд исломи аслро аз тундгароии исломӣ фарқ намоянд, баланд бардоштани нақши низоми маориф дар таълими асосҳои дин зарур мебошад.
66. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти томи шахсони ба ташвиқоти созмонҳои экстремистӣ додашуда таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд, ки ин аз нокифоягии на танҳо донишҳои динӣ, балки дар маҷмӯъ сатҳи таҳсилоти онҳо гувоҳӣ медиҳад.
67. Бинобар ин, зарур аст, ки масъалаи такмили стандартҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати ба ҷавонписарону духтарон фароҳам овардани шароит барои ба даст овардани сатҳи донишҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯе, ки сарфаҳм рафтани онҳоро ба равандҳои сиёсӣ, механизмҳои пайдоиши низоъҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабӣ, моҳияти ғояҳо ва шиорҳои аз ҷониби неруҳои гуногун ироашаванда имконпазир намояд, баррасӣ карда шавад.
68. Яке аз ҷанбаҳои осебпазири соҳаи маориф, ки дар ҳолатҳои муайян метавонад ба норозигии ҷавонон мусоидат намояд, ин ташкили қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад.
69. Бинобар ин, ба Маркази миллии тестӣ зарур аст, ки корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро оид ба хусусияти низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ пурзӯр намуда, шаффофият ва беғаразии имтиҳонҳоро таъмин ва механизми шикоят овардан аз болои қарорҳоро аз натиҷаи имтиҳонҳо ва тақсимоти довталабон ба муассисаҳои мушаххаси таълимӣ муайян намояд.
70. Шарти муҳими пешгирии тундгароӣ ва экстремизм дар байни ҷавонон сафарбаркунии худи онҳо ба корҳои огоҳонӣ бо ҳамсолони худ мебошад.
71. Дар робита ба ин зарур аст, ки самаранокии фаъолият ва сатҳи донишҳои аъзои гурӯҳҳои дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда оид ба огоҳонии экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон баланд бардошта шавад.
72. Тақвияти муқовимат бо тундгароии ҷавонон инчунин андешидани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати кам кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароитҳои фароғат барои ҷавонон тақозо менамояд.
§ 6.Ҷанбаҳои гендерӣ
73. Дар пешгирии тундгароӣ ва экстремизм ба инобат гирифтани нақши гендер, яъне интизориҳои иҷтимоӣ нисбати рафторе, ки барои мард ва зан муносиб дониста мешавад, аҳамияти зиёд дорад.
74. Пурра рушд наёфтани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои занон ва норозӣ будан аз мавқеи худ дар ҷомеа низ омили мусоидаткунанда ба ҳассосияти занон нисбати даъватҳои экстремистӣ маҳсуб меёбад.
75. Аксар ҷавонзанон ва духтарон аз андоза зиёд зудбовар ва таъсирпазир буда, ҳиссиёти нокифояи худмуҳофизаткунӣ, эҳсоси хатар, эҳтиёткорӣ дар муошират бо атрофиён ва ҳаяҷон дар ҳолати таҳоҷуми экстремистӣ доранд, ки ин осебпазирии онҳоро аз ташвиқоти экстремистӣ меафзояд.
76. Созмонҳои террористӣ ба сафҳои худ бештар занонро аз гурӯҳҳои осебпазир ва бо хешовандону атрофиёнашон мушкилидоштаро бо ваъдаи озодӣ, баробарӣ, ташкили оилаи нав, рифоҳи моддӣ ва ғайра ҷалб менамоянд.
77. Вобаста ба ин, сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ мебояд барои боз ҳам таҳким бахшидан ба масъалаҳои фароҳам овардани шароитҳои баробар барои худамалисозии шахсият дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ, новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеа, инчунин таъмини баробарии мардон ва занон дар муносибатҳои оилавӣ равона карда шавад.
78. Зарур аст, ки ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ, аз байн бурдани омилҳои вобастагии равонии занон, ҷазбкунии онҳо аз ҷониби хешовандони наздик ва унсурҳои ифротгаро, пешгирии тундгароӣ ва экстремизм дар муҳити занон диққати махсус дода шавад.
79. Бениҳоят муҳим аст, ки дар ин раванд иштироки ҳамаҷонибаи худи занон ба сифати таҳиякунандагони сиёсат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муаллимон, аъзои ҷамоаҳо ва фаъолон таъмин карда шавад.
§ 7. Муқовимат ба истифодаи Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ
80. Технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи Интернет омили стратегие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди ташвиқоти густурдаи экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мебаранд.
81. Таҳқиқи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи истифодабарии Интернет ҷиҳати паҳн намудани ғояҳо ва даъватҳои экстремистию террористӣ гувоҳӣ медиҳад.
82. Айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 миллион муштариёни шабакаи Интернет мавҷуд буда, зиёда аз 80 фоиз онҳо ҳадафмандона ё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти экстремистӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.
83. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муайян ва манъ намудани пахши сомонаҳои тарғибкунандаи маводи экстремистӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд.
84. Дар баробари ин, зарур аст, ки вобаста ба истифодаи имкониятҳои Интернет ҷиҳати пешбурди фаъолияти васеъ оид ба аксуламалҳои тарғиботӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Аз ҷумла:
- таъсиси сомонаҳо оид ба пешбурди аксуламалҳои тарғиботӣ, ки барои аҳолӣ, хусусан ҷавонон маводи дастрас ва фаҳмои шарҳдиҳандаи зиддиэкстремистиро нашр мекунанд, ҷоннок карда шавад;
- имконияти иштирок дар муҳокимаҳои мустақими видеонаворҳо, аксҳо ва дигар тавлидоти созмонҳои экстремистӣ, ки дар онҳо метавон тавассути ибрози нигоҳи муқобил ё роҳандозӣ намудани мубоҳисаҳои созанда ҷонибдорони имконпазири ифротгароён ва террористонро аз фикрашон баргардонад, бештар истифода бурда шавад;
- ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос доир ба пешбурди ҷанги иттилоотӣ ва мафкуравӣ дар шабакаи Интернет чораҷӯӣ карда шавад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои муқовимат аз истифодабарии Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ такмил дода шаванд.
§ 8. Кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ
85. Дар шароити афзоиши босуръати аҳолии қобили меҳнат ва имкониятҳои муваққатан маҳдуди таъмини захираҳои меҳнатӣ бо ҷойҳои корӣ дар мамлакат, муҳоҷирати меҳнатӣ омили муассири таъмини аҳолӣ бо шуғл, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, инчунин таъмини суботи иҷтимоӣ гардидааст.
86. Мутобиқи омори расмӣ айни ҳол наздик ба 700 ҳазор шаҳрванди кишвар ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд.
87. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши худ таҳти хатари зиёди тундгаро шудан ва ба сафҳои ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидан қарор доранд.
88. Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани шароитҳое, ки ба тундгароии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалбкунии онҳо ба фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ мусоидат менамоянд, зарур аст, ки ҷиҳати бастани созишномаҳо бо давлатҳои будубоши муҳоҷирон оид ба беҳтар намудани шароитҳои будубоши онҳо, тақвият бахшидани зарфиятҳои ташкилӣ ва кадрии муассисаҳои консулӣ ва хадамоти муҳоҷират дар хориҷа, беҳтар намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мудофеи ҳуқуқ, ҷамъиятҳои тоҷикон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти муҳоҷирати кишварҳои будубош оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва пешгирии ҷазбкунии онҳо аз ҷониби созмонҳои экстремистӣ, инчунин хубтар намудани сифати омодагии томуҳоҷиратии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
§ 9. Пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ ва тундгароӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ
89. Муассисаҳои ислоҳӣ низ вобаста ба хусусиятҳои худ аз хавфи паҳншавии экстремизм ва тундгароӣ осебпазир мебошанд.
90. Манбаъҳои паҳнкунии ақидаҳои тундгароӣ ва рӯҳияи экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон шахсони барои фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ маҳкумшуда мебошанд, ки бо ҳамсафони дар озодӣ будаи худ робитаашонро нигоҳ дошта, иҷрои супоришҳои онҳоро оид ба пешбурди фаъолияти тарғиботӣ ва ҷазбкунии маҳкумшудагон ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ идома медиҳанд.
91. Ба чунин ҳолат аз бисёр ҷиҳат омили дар муассисаҳои ислоҳии шакли лагерӣ якҷоя адои ҷазо намудани маҳкумшудагони ба фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дахлдошта бо шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ маҳкумгардида мусоидат менамояд.
92. Муассисаҳои ислоҳии айни ҳол амалкунанда ба талабот оид ба амнияти техникӣ ба таври дахлдор ҷавобгӯй набуда, ба таҷҳизонидан бо навъҳои нави иҳотакунӣ ва воситаҳои муҳандисӣ - техникии муосири назорат ва муҳофизат ниёз доранд.
93. Пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳамзамон тақвият додани имкониятҳои пешгирикунандаи мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумла зиёд намудани воҳидҳои кории сохторҳои тарбиявӣ ва равоншиносон, такмили усулҳои пенитенсиарии пешгирӣ, баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон оид ба масъалаҳои пешгирии экстремизм, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳоро дар самти кор бо ифротгароён дар маҳбасҳо тақозо менамояд.
§ 10. Пешгирӣ аз экстремизм ва тундгароӣ дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ
94. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ бар асари муошират аз рӯи хизмат бо унсурҳои экстремистӣ, истифодаи Интернет, омӯзиши адабиёти экстремистӣ ва ё ҷазбкунии бевосита таҳти хатари сироятёбӣ аз ташвиқоти ифротгароӣ қарор доранд.
95. Ба пайдоиши рӯҳияи ифротгароӣ дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд муносибати ноодилона аз ҷониби роҳбарон (сардорон), норозигӣ аз хизмат, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, мушкилоти манзилӣ ва оилавӣ, ноустувории ахлоқӣ, нокифоягии корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва ғайра ҳамчун омили мусоидаткунанда баромад кунанд.
96. Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои ба пайдоиши рӯҳияи тундгароӣ дар байни ҳайати шахсӣ мамониаткунанда, гузаронидани чорабиниҳои фардии огоҳонӣ бо кормандони таҳти хавфи бештари сироятёбӣ қарордошта, роҳ надодан ба таъсиррасонии гурӯҳҳои тундгаро ба кормандон ва хизматчиёни ҳарбӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.
§ 11. Такмили чораҳои таъқиб ва ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ ва террористӣ
97. Ҷузъи муҳими муқовимат бо экстремизм ва терроризм сари вақт ҷилавгирӣ намудан аз ташвиқоти экстремистию террористӣ, инчунин ошкор ва мавриди тафтиш қарор додани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ маҳсуб меёбанд.
98. Комёб шудан ба муваффақият дар ин самт аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ намудани тадбирҳои зеринро талаб менамояд:
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати муайян намудани манбаъҳои маҳаллии ташвиқи экстремизм ва терроризм, гурӯҳҳои тундрав, ҷалбкунандагони ҷавонон ба сафҳои ташкилотҳои экстремистию террористӣ, пешгирӣ ва рафъ намудани амалҳои террористӣ;
- роҳандозӣ намудани мониторинги пайвастаи захираҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет ҷиҳати ҷамъоварии иттилоот оид ба шахсон ва гурӯҳҳои ба фаъолияти экстремистию террористӣ дастдошта;
- бунёди механизми самараноки ҳамкориҳои ташкилию амалӣ ва иттилоотӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатие, ки ба экстремизм ва терроризм муқовимат менамоянд;
- хабардор намудани аҳолӣ аз фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва чораҳои муқовимат ба онҳо;
- пурзӯр намудани назорати сарҳадӣ, шиносномавӣ ва раводидӣ, инчунин назорат дар тамоми намудҳои нақлиёти хатҳои алоқаи байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳаракати унсурҳои ҷиноятӣ;
- ҷустуҷӯӣ роҳҳои беҳтар намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм;
- тафтиши самаранок ва босифати ҷиноятҳои алоқаманд ба экстремизму терроризм, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризми байналмилалӣ.
99. Дар ин росто, такмили пайвастаи қонунгузорӣ дар бораи ҷавобгарӣ барои экстремизм ва терроризм, аз ҷумла сари вақт ҷиноят эътироф намудани шаклҳои нави зоҳиршавии онҳо, инчунин муқаррар намудани муҷозоти мувофиқ барои содир намудани онҳо зарур мебошад.
§ 12. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм
100. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар пешгирии экстремизм ва терроризм дар ин раванд иштирок намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.
101. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазор ташкилоти ғайридавлатӣ амал намуда, ин ташкилотҳо шарикони баробарҳуқуқи давлат дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм мебошанд.
102. Дар пешгирии экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеа инчунин воситаҳои ахбори омма иштироки бевосита доранд.
103. Дар баробари ин, фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар пешгирии экстремизм ва терроризм ҳанӯз ҳам кофӣ ба назар намерасад.
104. Тақвияти минбаъдаи ҳамкории давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар пешгирии экстремизм ва тундгароӣ инҳоро тақозо менамояд:
- ҷалб намудани ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ ба таҳия, қабул ва амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва чорабиниҳо оид ба пешгирии экстремизм ва тундгароии батерроризмбаранда;
- мусоидат ба таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон махсус ба масъалаҳои пешгирии экстремизм ва тундгароӣ равона мегардад;
- осон намудани дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла тавассути таҷдиди назар намудани номгӯи иттилооте, ки ба мафҳуми иттилооти маҳрамона дохил мешаванд;
- баргузор намудани нишастҳои матбуотии даврӣ барои воситаҳои ахбори омма вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм;
- мусоидат ба истифодаи зарфиятҳои ҷамоаҳои маҳаллӣ дар пешгирии барвақтии экстремизм ва тундгароӣ.
105. Иқдоми муҳим дар ин самт инчунин таъмин намудани ҳамкориҳои шаффоф ва зич байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар раванди татбиқ ва назорат бурдани иҷрои Стратегияи мазкур маҳсуб меёбад.
§ 13. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ
106. Муқовимат ба экстремизм ва терроризм муттаҳид намудани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаккули заминаҳои дахлдори ҳуқуқии байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалиро дар ин самт тақозо менамояд.
107. Бо эътирофи аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин соҳа, Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳои асосии зиддитеррористии байналмилалиро ба тасвиб расонида, дар ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавии фаъолияташон ба муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ равонашуда фаъолона иштирок менамояд.
108. Ҳамзамон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон, Хитой, Покистон, Туркия, ӯзбекистон ва ғайра созишномаҳои дуҷониба оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм баста шуда, дар доираи Созмони хамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо давлатҳои аъзо дар ин самт ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд.
109. Айни ҳол як қатор масъалаҳои ҳалталабе вуҷуд доранд, ки самаранокии ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин самт коҳиш медиҳанд.
110. Аз ҷумла, бинобар нав будани масъалаи муқовимат ба экстремизми зӯроварона дар қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид "Ҳуқуқи инсон ва пешгириву мубориза бо экстремизми зӯроварона" мафҳумҳои калидӣ дар ин соҳа ҳамаҷониба равшану возеҳ инъикос нашуда, омилҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, мафкуравӣ, ташкилӣ ва дигари пайдоиши он, инчунин нақши ҳалкунандаи давлат дар бартараф намудани онҳо дарҷ карда нашудааст.
111. Амалияи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва тундгароии батерроризмбаранда ҳанӯз шакл нагирифтааст.
112. Ҳамзамон санади универсалии танзимкунандаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бо Интернет-экстремизм, ки он, аз ҷумла тартиби ягонаи аз шабакаи Интернет хориҷ кардани маводи экстремистиро пешбинӣ намояд, мавҷуд нест.
113. Дар робита ба ин, вазифаҳои мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм инҳо мебошанд:
- мусоидат ба такмил додани заминаҳои ҳуқуқии байналмилалии муқовимат бо экстремизм ва терроризм;
- васеъ намудани заминаҳои ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм;
- баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ ва таъмини иҷрои воқеии шартномаҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм;
- вусъат додани ташаббусҳо оид ба ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои минтақавӣ ба таъмини сулҳ ва ризоият дар Афғонистон ва мусоидат ба ҷалб намудани ин кишвар ба равандҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо экстремизм ва терроризм.
БОБИ 2. АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ
§ 1. Ҳадафҳои амалишавии Стратегия ва интизорӣ аз натиҷаҳо
114. Ҳадафҳои амалишавии Стратегия ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди босуботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ дар ризоят дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мебошанд.
115. Амалишавии Стратегия имкон медиҳад:
- низоми таъсирбахши механизмҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва мафкуравии пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ва фарҳанги таҳаммулгароӣ дар ҷомеа ташаккул дода шаванд;
- ба паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ дар қишрҳои гуногуни ҷамъият мамониат карда шавад;
- самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм пурзӯр карда шавад;
- аҳолии Тоҷикистон бар мабнои айнияти шаҳрвандӣ муттаҳид сохта, нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод аз тоқатнопазирии динӣ ва нажодӣ, экстремизм ва тундгароӣ баланд бардошта шавад.
§ 2. Механизмҳо ва марҳилаҳои амалишавии Стратегия
116. Механизми амалишавии Стратегия инҳоро дар назар дорад:
- муносибати маҷмӯӣ ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо;
- пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳои пешбинишуда;
- ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар амалишавии Стратегия.
117. Стратегия дар давраи аз соли 2016 то соли 2020 дар се марҳила амалӣ карда мешавад.
118. Вазифаҳои марҳилаи аввал (соли 2016) инҳо мебошанд:
- фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои амалишавии Стратегия, ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ҷамоатчигӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба масъалаи мазкур;
- таҳияи нақша ва лоиҳаҳо оид ба иҷрои бандҳои мушаххаси Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии Стратегия, ташаккул додани гурӯҳҳои кории муштарак аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор;
- таҳияи харҷномаҳо (лоиҳаҳо) барои амалишавии чорабиниҳои банақшагирифташуда, ки маблағгузориро аз буҷети давлатӣ ё сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ тақозо менамоянд;
- дарёфти созмонҳои мададрасон ҷиҳати маблағгузории чорабиниҳои банақшагирифташуда.
119. Вазифаҳои марҳилаи дуюм (солҳои 2017-2018) ташкил ва ҷорӣ намудани механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва тундгароии батерроризмбаранда мебошанд.
120. Дар марҳилаи сеюм (солҳои 2019-2020) фаъолгардонии истифодаи механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, мукаммалгардонии онҳо вобаста ба натиҷаҳои татбиқ таъмин мегардад. Дар охири ин марҳила (соли 2020) натиҷаҳои амалишавии Стратегия ҷамъбаст карда шуда, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати таҳияи санадҳои нави банақшагирии стратегӣ дар ин соҳа таклифҳо манзур карда мешаванд.
§ 3. Таъминоти молиявӣ
121. Амалигардонии Стратегия аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва маблағҳои ташкилотҳои мададрасон анҷом дода мешавад.
122. Вазорату идораҳо ҳуқуқ доранд чорабиниҳои алоҳидаро мустақилона дар доираи харҷномаи тасдиқшудаашон, аз ҷумла аз ҳисоби сарфаи онҳо маблағгузорӣ намоянд.
123. Аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои мададрасони байналмилалӣ маблағгузорӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳаммаблағгузории чорабиниҳои алоҳидаи Нақшаи амалҳо, ба роҳ мондани таҳия ва татбиқи таҷрибавии барномаҳои таълимӣ ва маводи дарсӣ, гузаронидани семинарҳо, омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо, ташаккули махзанҳои маълумот ва ғайра дар назар дошта шудааст.
124. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани кумаки молиявӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ниҳодҳои молиявӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ барои амалигардонии Стратегия тадбирҳо меандешанд.
§ 4. Ташкили иҷрои Стратегия ва назорат ба амалишавии он
125. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои Стратегия, инчунин назорат ба рафти амалишавии он аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
126. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои марҳилавӣ ва рафти иҷрои Стратегияро дар маҷмӯъ арзёбӣ менамояд, оид ба тартиби иҷрои Стратегия, ворид намудан, хориҷ намудан ва мушаххас намудани бандҳои алоҳидаи он таклифҳо манзур менамояд.
Замимаи 2