×

Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) аз 26 ноябри соли 2016 № 505

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 267 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "26" ноябри соли 2016, № 505

ТАРТИБИ ДОДАНИ ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ ВА УНВОНИ ИЛМӢ (ДОТСЕНТ, ПРОФЕССОР)

Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) (минбаъд - Тартиб) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, тартиби пешниҳод ва баррасии парвандаҳои аттестатсионӣ, додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ, маҳрум (барқарор) кардани дараҷа ва унвонҳои илмӣ, баррасии шикоятномаҳо, тартиби нострификатсияи ҳуҷҷатҳо оид ба дараҷа ва унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ додашуда ва дигар масъалаҳои танзими давлатии аттестатсияи кормандони илмӣ, аз ҷумла кормандони баландихтисоси илмӣ-омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

1. ТАРТИБИ ДОДАНИ ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ

§1. Муқаррароти умумӣ

1. Барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ шахсони зерин роҳ дода мешаванд:

- барои доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос - шахсоне, ки барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ-омӯзгориро дар докторантура аз рӯйи ихтисоси мутобиқ ба ихтисосҳои илмӣ аз худ намуда, тибқи феҳристи ихтисосҳои илмӣ диссертатсия омода кардаанд;

- барои номзади илм - шахсоне, ки барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ-омӯзгориро дар аспирантура (адъюнктура) ё ҳамчун унвонҷӯй ё мустақилона аз рӯйи ихтисоси мутобиқ ба ихтисосҳои илмӣ аз худ намуда, тибқи феҳристи ихтисосҳои илмӣ диссертатсия омода кардаанд;

- барои доктори илм - шахсоне, ки дар докторантура ё ҳамчун унвонҷӯй ё мустақилона тибқи феҳристи ихтисосҳои илмӣ ва мувофиқи Низомномаи тасдиқшуда аз рӯйи ихтисоси мутобиқ ба ихтисосҳои илмӣ диссертатсия омода кардаанд.

2. Мутобиқати самтҳои тайёркунии кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар докторантура аз рӯйи ихтисос, аспирантура (адъюнктура), докторантура ва диссертатсияҳои аз рӯйи ин ихтисосҳо омодашуда бо ихтисосҳои илмии дар феҳрист пешбинишуда аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КОА) муқаррар мегардад.

3. Ба шахсони зерин иҷозат дода мешавад, ки довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ шаванд:

- барои доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос - шахсоне, ки дипломи дараҷаи магистр (ё аз рӯйи ихтисосҳои тиббӣ-ҳуҷҷати хатми резидентура, ординатура ва ё баъди хатми интернатура 3 сол собиқаи корӣ, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ) доранд, имтиҳонҳои комплексии муқарраршударо супоридаанд ва муассисае, ки дар он барномаи докторантура аз рӯйи ихтисосро азхуд кардаанд, ба диссертатсияи омоданамудаи онҳо хулосаи мусбат додаанд;

- барои номзади илм-шахсоне, ки дипломи дараҷаи мутахассис ё магистр (ё аз рӯйи ихтисосҳои тиббӣ-ҳуҷҷати хатми резидентура ординатура ва ё баъди хатми интернатура 3 сол собиқаи корӣ, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ) доранд, имтиҳонҳои номзадиро тибқи номгӯй ва Барномаи намунавӣ мутобиқи тартиби муқаррашуда, ки Низомнома тасдиқ кардааст, бомуваффақият супоридаанд ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ ба диссертатсияи омоданамудаи онҳо хулосаи мусбат додаанд;

- барои доктори илм - шахсоне, ки дипломи номзади илм доранд ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ ба диссертатсияи омоданамудаи онҳо хулосаи мусбат додаанд.

4. КОА метавонад дар бораи бекор кардани қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ қарор қабул намояд. Баррасии диссертатсия дар КОА аз ҷониби комиссияи ташхис амалӣ мегардад.

5. Шӯроҳои диссертатсионӣ барои воқеъбинона ва асоснок будани қарорҳои қабулшаванда ҳангоми муайян намудани мутобиқати диссертатсияҳо бо меъёрҳои Тартиби мазкур муқарраркарда, ки бояд ба диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмӣ ҷавобгӯ бошанд, инчунин, барои риояи тартиби пешниҳод ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсия, ки ҳамин Тартиб муқаррар кардааст, масъулият доранд.

6. Талабот ба муассисаҳое, ки дар назди онҳо шӯроҳои диссертатсионӣ метавонанд таъсис шаванд, талабот нисбат ба номзадҳо, ба аъзои шӯроҳои диссертатсионӣ ва тартиби таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ мутобиқи Низомномаи намунавии шӯрои диссертатсионӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, муайян карда мешавад.

7. Дипломи доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм дар асоси дархостномаи шӯрои диссертатсионӣ аз ҷониби КОА бо имзои раиси КОА дода мешавад. Намунаи дипломҳои доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, талаботи техникӣ нисбат ба чунин ҳуҷҷатҳо, барасмиятдарорӣ ва тартиби додани онҳоро КОА муайян менамояд.

8. Омода намудани диссертатсия ба ҳимоя, қабул ба ҳимоя ва ҳимояи он, омодасозӣ ва баррасии маводи дигари дорои маълумоти сирри давлатӣ, иттилооти дигаре, ки пешниҳоди онҳо бо асноди қонунгузорӣ маҳдуд ё манъ шудааст, инчунин, баррасии ин гуна мавод аз тарафи шӯрои ташхис ва раёсати КОА бо тартиби муқарраргардида дар асоси қонунгузории мавҷуда амалӣ мегардад.

9. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ доранд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (минбаъд - шаҳрвандони хориҷӣ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат мекунанд, бо забони давлатӣ ё забони русӣ ва ё бо забони англисӣ диссертатсияро омода ва ҳимоя мекунанд. Диссертатсияҳои шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳимоя бо меъёрҳои дар ҳамин Тартиб муқарраргардида, ки ҳолатҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, қабул карда мешаванд:

- шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд, ҳуқуқ доранд, диссертатсияро дар асоси шартномаҳои бо муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ амал мекунанд, ҳимоя намоянд;

- шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат доранд, дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байни шахсони номбурда-шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ ва муассисаи таҳсилотии олии касбӣ ва илмӣ басташуда диссертатсияро омода ва ҳимоя мекунанд;

- агар шахс, ҳамзамон бо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии давлати хориҷӣ ва ё якчанд давлатҳои хориҷиро дошта бошад, чунин шахс барои дастрасӣ ба ҳадафҳои Тартиби мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегардад.

§ 2. Меъёрҳое, ки ба онҳо бояд диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ ҷавобгӯ бошанд

10. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос бояд кори илмӣ-тахассусие бошад, ки дар он фарогири масоили барои рушди соҳаи дахлдори дониш аҳамият дошта бошад ё дар он роҳи ҳал ва коркарди нави илман асоснокшудаи техникӣ, технологӣ ва ғайра, ки барои рушди кишвар аҳамияти муҳим доранд, дарҷ шуда бошад.

11. Диссертатсия бояд аз тарафи муаллиф мустақилона навишта шавад, ягонагии дохилӣ дошта бошад, дорои натиҷаҳо ва нуктаҳои навини илмии барои ҳимояи ошкор пешниҳодшаванда бошад ва дар бораи саҳми шахсии муаллифи диссертатсия дар илм шаҳодат диҳад. Дар диссертатсияе, ки ҷанбаи амалӣ дорад, бояд маълумот оид ба истифодаи амалии натиҷаҳои илмии аз тарафи муаллифи диссертатсия бадастовардашуда ва дар диссертатсияҳое, ки ҷанбаи назариявӣ доранд, тавсияҳо оид ба истифодаи хулосаҳои илмӣ оварда шаванд. Роҳи ҳалли пешниҳоднамудаи муаллифи диссертатсия бояд асоснок ва дар муқоиса бо роҳҳои дигари ҳалли маъмул баҳои сазовор гирифта бошад.

12. Натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия бояд дар нашрияҳои илмии тақризшаванда (минбаъд - нашрияҳои тақризшаванда) чоп шуда бошанд.

13. Талабот нисбат ба нашрияҳои илмии тақризшаванда ва қоидаҳои ташаккули онҳо бо тартиби огоҳкунии феҳристи онҳо аз тарафи КОА муқаррар карда мешавад. Феҳристи нашрияҳои тақризшаванда дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет" ҷой дода мешавад.

14. Теъдоди маводи чопшуда, ки дар онҳо натиҷаҳои илмии диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ дар нашрияҳои тақризшавандаи ватанию хориҷӣ инъикос шудаанд, чунин аст:

- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос - на камтар аз 3 мақола; маърӯзаҳои расмӣ на камтар дар ду конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ; на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё пешпатенткунонӣ барои ихтироот аз рӯйи ихтисосҳои техникӣ;

- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм - дар соҳаҳои санъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, илмҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва илмҳои гуманитарӣ: на камтар аз 3 мақола; дар соҳаҳои дигар на камтар аз 2 мақола;

- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм - дар соҳаҳои санъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмҳои гуманитарӣ: на камтар аз 15 мақола; дар соҳаҳои дигар: на камтар аз 10 мақола.

15. Ба маводи чопшуда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ мегардад, патентҳо барои ихтироот, гувоҳнома (патент)-ҳо барои амсилаи муфид, патентҳо барои намунаи саноатӣ, патенти дастовардҳои селексионӣ, шаҳодатномаҳо барои барномаҳои мошинҳои ҳисоббарорӣ, махзани маълумот, топологияи микросхемаҳои интегралии тибқи тартиби муқарраршуда сабтгардида баробар карда мешаванд.

16. Шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ уҳдадор ҳастанд, ки дар диссертатсия ба муаллиф ва (ё) манбаи иқтибоси мавод ва натиҷаҳои алоҳида ишора намоянд. Ҳангоми дар диссертатсия истифода гардидани натиҷаҳои корҳои илмие, ки шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ шахсан ва (ё) дар ҳаммуаллифӣ иҷро намудаанд, уҳдадор ҳастанд, ки ҳолати мазкурро дар диссертатсия зикр намоянд.

§ 3. Пешниҳод ва ҳимояи диссертатсияҳо

17. Шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ диссертатсияро дар шакли чопӣ бо ҳуқуқи дастнавис пешниҳод менамоянд. Диссертатсия мутобиқ бо талаботи муқаррарнамудаи КОА ба расмият дароварда мешавад.

18. Диссертатсия ба шӯрои диссертатсионӣ бо забони давлатӣ, забони русӣ ва ё забони англисӣ пешниҳод мешавад. Автореферат бояд дар шакли саҳифабандишуда пешниҳод гардад ва аннотатсияи мавзӯъ дар он бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ оварда шавад. Дар ҳолати ба шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод кардани диссертатсия бо забони русӣ ё забони англисӣ автореферати он бояд ба забони давлатӣ тарҷума шуда бошад.

19. Ҳимояи диссертатсия бо забони давлатӣ, забони русӣ ё забони англисӣ баргузор мегардад (дар мавриди зарурӣ шӯрои диссертатсионӣ тарҷумаи ҳамзамонро таъмин менамояд).

20. Муассисае, ки дар он ҷо диссертатсия иҷро шудааст, ба диссертатсия хулоса медиҳад, хулоса аз тарафи роҳбар ё бо супориши роҳбар аз тарафи муовини ӯ имзо карда мешавад. Дар хулоса иштироки шахсии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ дар кори ба даст овардани натиҷаҳои дар диссертатсия дарҷгардида, дараҷаи муътамадии натиҷаҳои таҳқиқоти илмии аз тарафи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ иҷрогардида, навгонӣ ва аҳамияти амалии онҳо, арзишмандии корҳои илмии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, ихтисоси илмӣ, ки ба он диссертатсия мутобиқ аст, мукаммалии дарҷи маводи диссертатсия дар асарҳои чопнамудаи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ нишон дода мешаванд. Тартиби омода кардани хулоса ва додани он ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ ҳамчун иқдоми хусусии муассиса муайян карда мешавад.

21. Шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ ҳуқуқ доранд, ки диссертатсияро барои ҳимоя ба дилхоҳ шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат ихтисоси илмие, ки диссертатсия аз рӯйи он иҷро шудааст, бояд ба ихтисоси илмӣ ва соҳаи илмии шӯрои диссертатсионие, ки аз тарафи КОА ҳуқуқи баргузории ҳимояи диссертатсияҳо вогузор гардидааст, мутобиқ бошад.

22. Ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ, ки роҳбар ё муовини роҳбари муассиса мебошад, пешниҳод кардани ҳимояи диссертатсия дар шӯроҳои диссертатсионии дар назди ҳамин муассиса таъсисшуда манъ аст. Ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, ки роҳбари мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошанд, инчунин, ба хизматчиёни давлатӣ, ки кори иҷронамудаи онҳо боиси ба миён омадани низои манфиатҳо гардида, имкони таъсиррасонӣ ба қарори қабулшаванда оид ба масъалаи аттестатсияи илмии давлатиро дорад, пешниҳод кардани диссертатсия барои ҳимоя дар шӯроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои дар тобеияти мақомоти мазкурбуда, манъ аст.

23. Шӯрои диссертатсионӣ уҳдадор аст, ки диссертатсияро барои баррасии муқаддамотӣ дар сурати вуҷуд доштани хулосаи мусбати муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст ва ҳуҷҷатҳои дар феҳристи КОА пешбинишуда, инчунин, ба шарте, ки шахсони довталаби дарёфти дарачаи илми матни комили диссертатсияро тибқи гоҳшуморӣ (хронометраж) дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис гардидааст, ҷой дода бошад, қабул намояд. Тартиби дар шабакаи "Интернет" ҷой додани иттилооти барои таъмини тартиби додани дараҷаҳои илмӣ зарурбуда, ки дар ҳамин банд, инчунин дар бандҳои 21, 26, 28, 30, 37, 40, 52, 65, 79 и 88 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, аз тарафи КОА муқаррар мегардад. Шӯрои диссертатсионӣ барои шиносоии муқаддамотӣ бо диссертатсия комиссия таъсис медиҳад, ки ба ҳайати он на кам аз 3 аъзои шӯрои диссертатсионӣ шомил гардида, мутахассисон оид ба масъалаҳои ҳар як ихтисоси илмии диссертатсияи ҳимояшаванда мебошанд (минбаъд - комиссияи шӯрои диссертатсионӣ).

24. Ба ҳайати комиссияи шӯрои диссертатсионӣ тибқи қарори шӯрои диссертатсионӣ метавонанд мутахассисони соҳаи дахлдори илм шомил шаванд, ки аъзои шӯрои диссертатсионӣ набошанд (аз ҷумла кормандони муассисае бошанд, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис шудааст). Ин гуна мутахассисон бояд ба талаботи номзад ба узвияти шӯрои диссертатсионӣ мутобиқат намоянд. Комиссияи мазкур ба шӯрои диссертатсионӣ хулоса оид ба мутобиқати мавзӯъ ва мазмуни диссертатсияро ба ихтисос ва соҳаи илме, ки аз рӯйи он ба шӯрои диссертатсионӣ барои ба ҳимоя қабул кардани диссертатсия иҷозат дода шудааст, оид ба мукаммалии дарҷи маводи диссертатсия дар асарҳои аз тарафи довталабони дараҷаҳои илмӣ чопгардида, дар бораи иҷрои талабот нисбат ба чопи натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия, ки дар бандҳои 8 ва 10 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд ва оид ба риояи талаботи банди 11 дар ҳамин Тартиб муқарраргардида пешниҳод менамояд. Тартиби баррасии муқаддамотии диссертатсия аз тарафи шӯрои диссертатсионӣ тибқи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ муқаррар карда мешавад.

25. Аз рӯйи натиҷаҳои баррасии муқаддамотии диссертатсия бо дарназардошти хулосаи комиссияи шӯрои диссертатсионӣ, шӯрои диссертатсионӣ диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмиро барои ҳимоя дар муддати 2 моҳ аз рӯзи аз тарафи довталабони дараҷаҳои илмӣ ба шӯрои диссертатсионӣ супоридани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё ба довталабони дараҷаи илмии доктори илм дар муддати 3 моҳ қарори асоснокшудаи радкунии қабули диссертатсияро дар муҳлатҳои зикршуда барои ҳимоя ирсол менамояд. Қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба қабули диссертатсия барои ҳимоя дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар заминаи он шӯрои диссертатсионӣ таъсис шудааст, ҷой дода мешавад.

26. Дар ҳолати аз тарафи шӯрои диссертатсионӣ қабул гардидани қарор оид ба радкунии диссертатсия барои ҳимоя дар муддати 5 рӯз аз рӯзи баргузор шудани ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ, ки дар он қарори дахлдор қабул шудааст, аз шабакаи "Интернет" аз сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, хориҷ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қарор оид ба радкунии қабули диссертатсия барои ҳимоя ба риоя намудани талаботи дар банди 11 ҳамин Тартиб муқарраргардида марбут аст ва (ё) дар диссертатсия мавҷуд будани маълумоти ғайрисаҳеҳ дар бораи корҳои аз тарафи довталабони дараҷаҳои илмӣ чопгардида, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ шудаанд. Чунин диссертатсия дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст ва дар он диссертатсия баррасии муқаддамотиро гузаштааст, ба муҳлати 10 сол бо нишон додани сабаби радкунии диссертатсия барои ҳимоя ҷой дода мешавад.

27. Асосҳои радкунии қабули диссертатсия барои ҳимоя чунинанд:

- номутобиқатии довталабони дараҷаи илмӣ ба талаботи зарурӣ ҷиҳати иҷозат додани диссертатсияи онҳо барои ҳимоя, ки дар банди 1 Тартиби мазкур нишон дода шудааст;

- номутобиқати мавзӯъ ва мундариҷаи диссертатсия ба ихтисоси илмӣ ва соҳаи илме, ки аз рӯйи он ба шӯрои диссертатсионӣ ҳуқуқи қабули диссертатсия барои ҳимоя вогузор гардидааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 88 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст.

- иҷро нашудани талабот нисбат ба интишори натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия, ки дар бандҳои 8 ва 11 ҳамин Тартиб пешбинӣ шудааст;

- дар диссертатсия истифода намудани мавод бидуни ишора ба муаллиф ва (ё) манбаи иқтибос ва натиҷаҳои корҳои илмии иҷрошуда аз тарафи довталабони дараҷаҳои илмӣ дар ҳаммуаллифӣ бидуни ишора ба ҳаммуаллифон;

- аз тарафи довталабони дараҷаи илмӣ пешниҳод гардидани маълумоти номуътамад оид ба корҳои чопнамудаи онҳо, ки натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ шудаанд;

- пешниҳод гардидани диссертатсия аз тарафи шахсе, ки мутобиқи банди 16 ҳамин Тартиб барои ӯ ҳимоя кардани диссертатсия дар ҳамин шӯрои диссертатсионӣ манъ мебошад.

28. Дар ҳолате ки мавзӯи диссертатсия якчанд ихтисосро дар бар гирифта, на аз руйи ҳамаи онҳо ба шӯрои диссертатсионӣ ҳуқуқи баргузории ҳимояи диссертатсияҳо вогузор шудааст, шӯрои диссертатсионӣ метавонад оид ба баргузор намудани ҳимояи чунин диссертатсия аз рӯйи ихтисосҳое, ки ба вай ҳуқуқи баргузории ҳимояи диссертатсияҳо бо ҷалби мутахассисони соҳаи дахлдори илми аъзои ин шӯрои диссертатсионӣ набуда дода шудааст, қарор қабул намояд. Ин гуна мутахассисон бояд ба талаботи номзад ба узвияти шӯрои диссертатсионӣ мутобиқ бошанд.

29. Тартиби ташкили ҳайати шӯрои диссертатсионӣ барои баргузории ҳимояи якдафъаина тибқи талаботи Низомномаи намунавии шӯрои диссертатсионӣ муқаррар карда мешавад.

30. Ҳангоми қабули диссертатсия барои ҳимоя шӯрои диссертатсионӣ муқарризони расмии диссертатсияро аз ҷумлаи донишмандони босалоҳияти самтҳои дахлдори илм, ки асарҳои чопшуда дар самти дахлдори таҳқиқот доранд ва ба пешниҳод ҷавоби мусбат додаанд (минбаъд - муқарризон), таъин мешаванд.

31. Аз рӯйи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва (ё) номзади илм ду муқарризе, ки яке аз онҳо бояд доктори илм ё дорои дараҷаи илмии дарёфтшуда дар давлати хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст ва ба дорандаи он ҳамон ҳуқуқи академӣ ва (ё) тахассусии доктори илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст ва дигаре доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ё дорои дараҷаи илмии дар давлати хориҷӣ дарёфтшуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст ва ба ӯ ҳамон ҳуқуқи академӣ ва (ё) тахассусии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, таъйин карда мешавад. Аз рӯйи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм се муқарриз, ки ҳамаи онҳо бояд доктори илм ё дорои дараҷаи илмии дарёфташуда дар давлати хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст ва ба онҳо ҳамон ҳуқуқи академӣ ва (ё) тахассусии доктори илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, таъин карда мешавад.

32. Хизматчиёни давлатие, ки иҷрои кори онҳо боиси низои манфиатҳо гашта, метавонад ба қабулшавии қарорҳо оид ба масъалаҳои аттестатсияи давлатии илмӣ таъсир расонанд, аъзои КОА, аъзои шӯрои ташхис, роҳбарони илмии (мушовирони илмӣ) довталабони дараҷаҳои илмӣ, ҳаммуаллифони довталабони дараҷаҳои илмӣ аз рӯйи корҳои чопшуда оид ба мавзӯи диссертатсия, инчунин, кормандони (аз ҷумла ҳамкорон) муассисае, ки дар он ҷо роҳбари илмӣ ё мушовири илмии ӯ кор мекунанд ва дар ҷое, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотие гузаронида мешавад, ки аз рӯйи онҳо довталабони дараҷаҳои илмӣ роҳбар ё корманди муассисафармоишгар ё иҷрокунанда (ҳамиҷрокунанада) мебошанд, муқарриз шуда наметавонанд. Дар ҳолати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ муқарризон бояд кормандони муассисаҳои гуногун бошанд.

33. Муқарриз дар асоси омӯзиши диссертатсия ва корҳои чопшуда оид ба мавзӯи диссертатсия ба шӯрои диссертатсионӣ тақризи хаттӣ ба диссертатсия пешниҳод менамояд, ки дар он аҳамияти мавзӯи интихобшуда, дараҷаи асоснокии нуктаҳои илмӣ, хулосаҳо ва тавсияҳои дар диссертатсия овардашуда, муътамадӣ ва навгонии онҳо, инчунин, оид ба мутобиқати диссертатсия ба меъёрҳои дар Тартиби мазкур муқарраргардида хулоса медиҳад. Имзои муқарриз дар тақриз бо тартиби муқарраршуда аз рӯйи қонун тасдиқ карда мешавад. Нусхаҳои асли тақризҳои муқарризон ба диссертатсия на дертар аз 15 рӯз то санаи ҳимоя аз тарафи муқарризон ба шӯрои диссертатсионӣ супорида мешавад ва нусхаи тақризҳо дар шӯрои диссертатсионӣ ба довталабони дараҷаҳои илмӣ на дертар аз 10 рӯз то санаи ҳимоя супурда мешавад.

34. Дар ҳолати мутобиқат накардани тақризи муқарриз ба талаботи нишондодашуда шӯрои диссертатсионӣ то баргузории ҳимоя муқарризро иваз мекунад, дар ин ҳолат санаи ҳимояи диссертатсия ба муҳлати на беш аз 6 моҳ дертар гузаронида мешавад.

35. Маълумот дар бораи муқарризон ва тақризҳои онҳо ба диссертатсия дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, на дертар аз 10 рӯз пеш аз санаи ҳимояи диссертатсия ҷой дода мешавад.

36. Ҳангоми барои ҳимоя қабул намудани диссертатсия Шӯрои диссертатсионӣ муассисаеро (бо ризоияти он) таъин мекунад, ки бо дастовардҳои худ дар самти илми дахлдор шинохташуда буда, қодир аст, ки арзиши илмӣ ва амалии диссертатсияро муайян намояд (минбаъдмуассисаи пешбар) ва ин муассиса ба шӯрои диссертатсионӣ оид ба диссертатсия тақриз пешниҳод мекунад. Муассисаи пешбар наметавонанд муассисаҳое бошанд, ки дар онҳо шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ, роҳбарони илмии (мушовирони илмии) шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ кор мекунанд, инчунин, муассисаҳое, ки дар он ҷо корҳои илмӣтаҳқиқотие ҷараён дорад, ки аз рӯйи онҳо шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ роҳбар ё корманди муассисаи фармоишгар ё иҷрокунанда (ҳамиҷрокунанада) мебошанд.

37. Дар тақризи муассисаи пешбар ба диссертатсия аҳамияти натиҷаҳои бадастовардаи муаллифи диссертатсия барои рушди соҳаи дахлдори илм инъикос меёбад. Дар тақриз ба диссертатсияе, ки дорои ҷанбаи (хусусияти) амалӣ дорад, бояд тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи натиҷаҳо ва хулосаҳои дар диссертатсия овардашуда вуҷуд дошта бошад. Тақризи муассисаи пешбар ба диссертатсия аз тарафи роҳбар (муовини роҳбар) дар асоси хулосаи воҳиди сохтории ҳамин муассиса, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии он ба мавзӯи диссертатсия мутобиқ мебошад, аз рӯйи натиҷаҳои баррасии диссертатсия дар ҷаласаи он тасдиқ карда мешавад. Имзои роҳбари муассисаи пешбар бо муҳри ҳамин муассиса тасдиқ карда мешавад.

38. Нусхаи асли тақриз ба диссертатсияро муассисаи пешбар ба шӯрои диссертатсионӣ на дертар аз 15 рӯз то санаи ҳимояи диссертатсия ирсол мекунад. Нусхаи тақризро шӯрои диссертатсионӣ ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ на дертар аз 10 рӯз то санаи ҳимояи диссертатсия месупорад. Дар ҳолати мутобиқат накардани тақризи муассисаи пешбар ба талаботи нишондодашуда шӯрои диссертатсионӣ то баргузории ҳимоя муассисаи пешбарро иваз мекунад. Дар ин ҳолат санаи ҳимояи диссертатсия ба муҳлати на беш аз 6 моҳ дертар гузаронида мешавад. Маълумот дар бораи муассисаи пешбар ва тақризи он ба диссертатсия дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, на дертар аз 10 рӯз пеш аз санаи ҳимоя ҷой дода мешавад.

39. Аз рӯйи диссертатсияи барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва номзади илм, ки барои ҳимоя пешниҳод шудааст, дар ҳаҷми то 1 ҷузъи муаллифӣ (барои ихтисосҳои гуманитарӣ то 1,5 ҷузъи муаллифӣ), барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм дар ҳаҷми 2 ҷузъи муаллифӣ (барои ихтисосҳои гуманитарӣ то 2,5 ҷузъи муаллифӣ) автореферат бо ҳуқуқи дастнавис ба чоп расонида мешавад. Дар автореферати диссертатсия андешаҳо ва натиҷаҳои асосии диссертатсия, саҳми муаллиф дар таҳқиқоти гузаронидашуда, дараҷаи навгонӣ ва аҳамияти амалии таҳқиқоти анҷомшуда, маълумот дар бораи муассисае, ки дар он диссертатсия ба иҷро расидааст, оид ба муқарризон ва муассисаи пешбар, роҳбарони илмӣ ва мушовирони илмии довталабони дарёфти дараҷаҳои илмӣ (дар ҳолати вуҷуд доштан), феҳристи асарҳои чопшудаи муаллифи диссертатсия, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия инъикос ёфтаанд, дарҷ мегардад.

40. Автореферати диссертатсия ба аъзои шӯрои диссертатсионӣ, ки дар ҳимояи диссертатсия иштирок мекунанд ва ба муассисаҳои манфиатдор на дертар аз як моҳ то рӯзи ҳимояи диссертатсия ирсол мешавад. Феҳристи муассисаҳоеро, ки ба онҳо автореферати диссертатсия ба таври ҳатмӣ ирсол мегардад, Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ муайян мекунад. Суроғаҳои дигарро, ки ба онҳо фиристодани автореферат зарур аст, шӯрои диссертатсионии диссертатсияро барои ҳимоя қабулнамуда муайян мекунад.

41. Ҳангоми барои ҳимоя қабул намудани диссертатсия шӯрои диссертатсионӣ на дертар аз 3 моҳ то санаи ҳимоя ба КОА барои ҷой додан дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии КОА матни эълонро пешниҳод менамояд, ки дар он насаб, ном, номи падари довталабони дараҷаҳои илмӣ, номи мавзӯи диссертатсияи барои ҳимоя пешниҳодгардида, рамзҳо ва номгӯи ихтисосҳои илмӣ ва соҳаҳои илм (мутобиқи феҳрист), ки аз рӯйи онҳо диссертатсия омода карда шудааст, ном ва суроғаи муассисае, ки дар назди он ҳамин шӯрои диссертатсионӣ таъсис шудааст, ишора (истинод) ба сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис шудааст, ки дар он аз ҷониби довталабони дараҷаҳои илмӣ матни комили диссертатсия ва санаи пешбинишудаи ҳимоя (минбаъд-эълони ҳимоя), инчунин, тақризҳои роҳбарони илмӣ ё мушовирони илмии шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ (дар ҳолати будан) ва автореферати диссертатсия ҷой дода мешавад.

42. Матни комили диссертатсия барои шиносоӣ аз рӯйи ишораи (истиноди) зикршуда барои ҳар гуна шахсон то гузаштани 7 моҳ аз санаи ҳимояи диссертатсия, ки дар эълони ҳимоя нишон дода шудааст, бояд дастрас бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки КОА оид ба бекор кардани қарори дахлдори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ ва ё радкунии додани дипломи дараҷаи илмӣ дар робита бо риоя нашудани талаботи муқаррарнамудаи банди 11 Тартиби мазкур ва (ё) дар диссертатсия вуҷуд доштани маълумоти ғайрисаҳеҳ оид ба корҳои чопшудаи шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ гардидаанд. Чунин диссертатсия ба муҳлати 10 сол аз рӯзи қабул шудани қарори дахлдори КОА дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар заминаи он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, ҳимояи он баргузор гардидааст, бо нишон додани сабаби аз тарафи КОА қабул шудани чунин қарор ҷой дода мешавад. Эълони ҳимоя бояд дар муҳлати 5 моҳ аз рӯзи таъиншудаи ҳимояи диссертатсия барои ҳар як шахс дастрас бошад.

43. Ба китобхонаи муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис шудааст ва диссертатсияро барои ҳимоя кабул намудааст, на дертар аз 3 моҳ то санаи ҳимояи диссертатсия як нусха диссертатсияи барои ҳимоя қабулшуда ва ду нусха автореферати диссертатсияи зикршуда, супорида мешавад, ки дар он ҷо ба ҳуқуқи дастнавис нигаҳдорӣ мегардад.

44. Тақризҳои ба диссертатсия ва автореферати диссертатсия воридшуда дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, диссертатсияро барои ҳимоя қабул кардааст, на дертар аз 10 рӯз то санаи ҳимояи диссертатсия ҷой дода мешаванд. Дар тақриз насаб, ном, номи падари шахси ба ҳамин диссертатсия (автореферати диссертатсия) тақриз пешниҳоднамуда, суроғаи почта, рақами телефон (агар бошад), суроғаи почтаи электронӣ (агар бошад), номи муассисае, ки ҳамин шахс корманди он мебошад ва вазифаи ӯ дар ин муассиса (дар ҳолате, ки агар шахси тақризро ба ҳамин диссертатсия (автореферати диссертатсия) пешниҳоднамуда кор кунад) нишон дода мешавад. Агар дар тақриз ба диссертатсия насаб, ном, номи падари шахси пешниҳодкунандаи тақриз ба ҳамин диссертатсия (автореферати диссертатсия), суроғаи почтаи ӯ мавҷуд набошад, алфози қабеҳ ва ибораҳои таҳқиромез вуҷуд дошта бошад, хондани ин ё он қисмати матни тақриз (автореферати диссертатсия) имконпазир набошад, чунин тақриз дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, диссертатсияро барои ҳимоя қабул кардааст, ҷой дода намешавад. Тақриз ба диссертатсия (автореферати диссертатсия) метавонад ба муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, хаттӣ (дар шакли чопӣ) ё дар шакли электронӣ ба шарти истифодаи имзои электронӣ ирсол шавад.

45. Довталаби дараҷаи илмӣ ҳангоми мавҷуд будани тақризҳои манфӣ барои баргузории ҳимояи диссертатсия ҳуқуқ доранд.

46. Ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ дар сурати дар кори он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои шӯрои диссертатсионӣ иштирок доштан босалоҳият ҳисобида мешавад. Ҳангоми ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос ё номзади илм дар ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ иштироки на камтар аз 2 нафар доктори илм ва барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм на камтар аз 3 нафар доктори илм, ки мутахассисон оид ба проблемаҳои ихтисоси илмии диссертатсияи ҳимояшаванда мебошанд, зарур аст. Қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба масъалаи додани дараҷаи илмӣ мусбат ҳисоб мешавад, агар ба тарафдории он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои шӯрои диссертатсионии дар ҷаласа иштирокдошта овоз дода бошанд.

47. Ҳимояи ошкор бояд хусусияти мунозираи илмӣ дошта, дар шароити серталабӣ, ҷиддият ва риояи одоби илмӣ баргузор гардад, дар ин ҳол муътамад ва асоснок будани ҳамаи натиҷагириҳо ва тавсияҳои ҷанбаи назариявӣ ва амалидоштаи муҳтавои диссертатсия бояд мавриди таҳлил қарор дода шавад. Дар ҷараёни ҳимояи диссертатсия ҳузури шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ ҳатмӣ аст, шахсони дигар низ ба тартиби муқарраргардида аз ҳуқуқи ҳузур доштан бархурдор мебошанд.

48. Муқарризон вазифадоранд, ки дар ҷаласаи ҳимояи диссертатсия ҳузур дошта бошанд. Шӯрои диссертатсионӣ метавонад оид ба баргузории ҳимояи диссертатсия дар ҳолати ҳузур надоштани яке аз муқарризон бо сабаби узрнок (вазъи саломатӣ, рухсатӣ, сафари хизматӣ ва дигар сабабҳое, ки шӯрои диссертатсионӣ узрнок эътироф менамояд), ки ба диссертатсия тақризи мусбат додааст, қарор қабул намояд. Дар ин ҳолат дар ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ тақризи муқарризи ҳузурнадошта пурра қироат карда мешавад. Дар ҳимояи диссертатсия аз рӯйи қарори шӯрои диссертатсионӣ ҳузури як муқарриз оид ба диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмӣ дар реҷаи дастраси интерактивӣ (бо сабаби саломатӣ, дар ҳолатҳои дар рухсатӣ, сафари хизматӣ будан ва мавҷудияти сабабҳои дигар, ки аз тарафи шӯрои диссертатсионӣ сабаби узрнок эътироф шудааст) ба шарти тамоси аудиовизуалӣ бо иштироккунандагони ҷаласа имконпазир аст. Ҳангоми ҳозир набудани муқарризе, ки ба диссертатсия тақризи манфӣ додааст, ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ ба муҳлати на бештар аз 6 моҳ мавқуф гузошта мешавад. Муқарризи дар ҷаласа такроран ҳозирнашуда иваз карда мешавад.

49. Баъд аз ҳимояи диссертатсия шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ овоздиҳии пинҳонӣ мегузаронад. Барои ҳисоб кардани овозҳо бо овоздиҳии ошкор бо аксарияти овози аъзои шӯрои диссертатсионӣ, ки дар ҷаласа иштирок доранд, комиссияи ҳисоб дар ҳайати на камтар аз 3 нафар аъзои шӯрои диссертатсионӣ интихоб карда мешавад. Тартиби баргузории ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ бо шумули тартиби овоздиҳӣ ва кори комиссияи ҳисобро Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ муқаррар мекунад.

50. Дар хулосаи шӯрои диссертатсионӣ натиҷаҳои овоздиҳӣ оид ба диссертатсия оварда мешаванд. Ҳангоми натиҷаи мусбати овоздиҳӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ шӯрои диссертатсионӣ бо овоздиҳии ошкор хулосаи шӯрои диссертатсиониро оид ба диссертатсия қабул мекунад, ки дар он муҳимтарин натиҷаҳои илмии шахсан бадастовардаи шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ, баҳодиҳии эътимоднокӣ, навгонӣ ва аҳамияти онҳо барои назария ва амалия, тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсия нишон дода мешавад. Инчунин, нишон дода мешавад, ки тибқи кадом талаботи банди 8 Тартиби мазкур ба диссертатсия баҳогузорӣ карда шудааст. Дар хулоса таъини муқарризон ва муассисаи пешбар асоснок карда мешавад.

51. Хулосаи шӯрои диссертатсиониро раис ё бо супориши ӯ муовини раиси шӯрои диссертатсионӣ ва котиби илмии шӯрои диссертатсионӣ имзо мекунанд. Имзои шахсони номбурда бо муҳри муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфтааст, тасдиқ карда мешавад. Нусхаи хулосаи шӯрои диссертатсионӣ ба шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ дар муддати 1 моҳ аз рӯзи ҳимояи диссертатсия супорида мешавад.

52. Ҳангоми қабули қарори мусбат аз рӯйи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия шӯрои диссертатсионӣ дар мудати 30 рӯз аз санаи ҳимояи диссертатсия ба КОА нусхаи якуми парвандаи аттестатсиониро ирсол мекунад. Нусхаи дувуми парвандаи аттестатсионӣ ҳамроҳ бо нусхаи диссертатсия дар муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис гардида. дар он ҳимояи диссертатсия баргузор шудааст, ба муҳлати 10 сол нигаҳдорӣ мешавад.

53. Шӯрои диссертатсионӣ ба КОА дар бораи қабули қарори манфӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия дар муддати 30 рӯз аз санаи қабули чунин қарор иттилоъ медиҳад. Дар ҳолати иштироки як ё якчанд муқарризон дар ҳимояи диссертатсия аз рӯйи реҷаи дурафтодаи интерактивӣ ба ҳар ду нусхаи парвандаи аттестатсионӣ пайнавис (стенограмма)-и дахлдор шомил карда мешавад. Ҳангоми қарори манфӣ оид ба натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия нусхаи якуми парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия дар муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, дар он ҳимояи диссертатсия баргузор шудааст, ба муҳлати 10 сол нигаҳдорӣ мегардад.

54. Барасмиятдарории парвандаи аттестатсионӣ тибқи тартиби дар Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ муқарраршуда баргузор мешавад. Довталаби дараҷаи илмӣ ҳуқуқ дорад, ки бо маводи парвандаи аттестатсионии худ шинос шавад.

55. Тартиби ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ баргардонидани ҳуҷҷатҳои ба шӯрои диссертатсионӣ барои ҳимояи диссертатсия пешниҳодшуда ҳангоми қабули қарори манфии шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия ва феҳристи ҳуҷҷатҳои ба КОА ирсолшаванда дар асоси муқаррароти Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ муайян карда мешавад. Диссертатсияе, ки аз рӯйи натиҷаи ҳимояи он шӯрои диссертатсионӣ қарори манфӣ қабул кардааст, метавонад дар шакли аз нав коркардашуда барои ҳимояи такрорӣ на пештар аз 1 сол баъд аз рӯзи қабул шудани чунин қарор пешниҳод гардад, ба истиснои ҳолате, ки дар банди 12 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми ҳимояи такрории чунин диссертатсия, муқарризон ва муассисаи пешбар иваз карда мешаванд. Қоидаи мазкур ба ҳолатҳое, ки қарори манфии шӯрои диссертатсионӣ бо риоя нашудани талаботи дар банди 11 Тартиби мазкур муқарраргардида ва (ё) дар диссертатсия мавҷуд будани маълумоти номуътамад оид ба асарҳои илмии аз тарафи довталабони дараҷаҳои илмӣ чопшуда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ гардидаанд, дахл надорад. Ба ҳимояи такрории чунин диссертатсия роҳ дода намешавад.

56. Маълумот оид ба натиҷаҳои ҳимояи ошкори диссертатсия дар шӯрои диссертатсионӣ дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, ҳимояи диссертатсияи номбурда баргузор шудааст, дар муддати 10 рӯз аз санаи ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ оид ба масъалаи дахлдор ҷой дода мешавад. КОА дар сомонаи расмии худ дар шабакаи "Интернет" иттилоот оид ба қарорҳои манфии қабулшудаи шӯрои диссертатсиониро дар муддати 10 рӯз аз санаи ба даст овардани иттилооти дахлдор аз шӯроҳои диссертатсионӣ ҷой медиҳад.

57. Дархостномаи шӯрои диссертатсионӣ ва диссертатсия барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ мутобиқи бандҳои 42 ва 47 Тартиби мазкур баррасӣ мегардад.

58. Нусхаи ҳатмии диссертатсия дар шакли хаттӣ ва электронӣ (барои диссертатсияҳое, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҳимояи онҳо қарори манфӣ қабул шудааст, фақат дар шакли электронӣ) тибқи тартиби муқарраршуда ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

59. Шахси довталаби дараҷаи илмӣ ҳуқуқ дорад, ки диссертатсияро аз баррасӣ дар шӯрои диссертатсионӣ то қабули қарори шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи масъалаҳои додани дараҷаи илмӣ бозхонд намоянд. Қоидаи мазкур ба ҳолатҳои риоя нашудани талаботи дар банди 12 Тартиби мазкур муқарраршуда ва ё дар диссертатсия мавҷуд будани маълумоти номуътамад оид ба асарҳои илмии аз тарафи довталабони дараҷаҳои илмӣ чопшуда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ гардидаанд, дахл надорад. Чунин диссертатсия аз баррасии шӯрои диссертатсионӣ бе ҳуқуқи ҳимояи такрорӣ бардошта мешавад ва дар шабакаи "Интернет" дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, дар он ҳимояи диссертатсия баргузор шудааст, ба муҳлати 10 сол аз санаи қабули қарори дахлдори КОА нигоҳдорӣ мешавад. Дар асоси аризаи довталабони дараҷаҳои илмӣ оид ба бозхонди диссертатсия аз баррасӣ, шӯрои диссертатсионӣ диссертатсияи мазкурро ба ғайр аз ҳолатҳои зикршуда аз баррасӣ мебардорад. Баъди аз баррасӣ бардошта шудани диссертатсия аз рӯйи аризаи хаттии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, он метавонад барои ҳимоя тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур пешниҳод гардад.

§ 4. Аз тарафи КОА баррасӣ шудани диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмӣ ва парвандаҳои аттестатсионӣ

60. КОА баъд аз дарёфти парвандаи аттетстатсионӣ ва инчунин, диссертатсияҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур парвандаи аттестатсиониро дар мавриди мутобиқат ба талаботи барасмиятдарории парвандаҳои аттестатсионӣ, инчунин, дар мавриди мутобиқат ба тартиби пешниҳод барои ҳимоя ва ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии дар Тартиби мазкур муқарраршуда мавриди санҷиш қарор медиҳад. Агар ҳангоми санҷиши парвандаи аттестатсионӣ вайрон шудани талаботи барасмиятдарории парвандаҳои аттестатсионӣ ошкор гардида бошад, КОА парвандаи аттестатсиониро бидуни баррасӣ ба шӯрои диссертатсионӣ барои такмил додани он бармегардонад.

61. Шӯрои диссертатсионӣ вазифадор аст, ки камбудиҳои ошкоршударо дар муддати 1 моҳ аз рӯзи дарёфти қарори дахлдори КОА ислоҳ намояд. Дар ин ҳолат, муҳлати қабули қарори шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи масъалаи додани дараҷаи илмӣ аз рӯзи ба КОА воридшавии парвандаи аттестатсионии такмилёфта ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолати ошкор шудани далели вайронкунии тартиби ба ҳимоя пешниҳод намудан ва ҳимояи диссертатсия, ки дар Тартиби мазкур муқаррар шудааст, КОА оид ба бекор намудани қарори шӯрои диссертатсионӣ дар бораи додани дараҷаи илмӣ ва рад кардани додани диплом қарор қабул мекунад.

62. Ҳангоми набудани камбудиҳо дар тартиби пешниҳод намудан ва ҳимояи диссертатсия, парвандаи аттестатсионии ба талаботи дахлдор мутобиқбуда ҳамроҳ бо матни диссертатсия ба шӯрои диссертатсионӣ супорида мешавад. Ҳангоми воридшавии диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмӣ воридшавии дархостномаи шӯрои диссертатсионии мутобиқи банди 51 Тартиби мазкур ирсолшуда, КОА парвандаи аттестатсионӣ ва матни диссертатсияро барои омода намудани хулоса аз рӯйи дархостнома дар ихтиёри шӯрои ташхис мегузорад.

63. Барои қабули қарор дар бораи ба довталабони дараҷаҳои илмӣ додани дараҷаи илмӣ ё бекор кардани қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ ва дар бораи рад кардани қарор оид ба додани диплом, КОА дар асоси хулосаи асосноки шӯрои ташхис аз шӯрои диссертатсионӣ матни диссертатсияро дар ҳолатҳои зерин дархост менамояд, агар:

- муқарриз ё муассисаи пешбар ба диссертатсия тақризи манфӣ пешниҳод карда бошанд;

- тақризи манфӣ ба диссертатсия ё авторефератро муассисае пешниҳод намуда бошад, ки автореферати диссертатсия мутобиқи низомномаи шӯрои диссертатсионӣ ба он ҳатман ирсол мегардад;

- аз маводи парвандаи аттестатсионӣ маълум гардад, ки ҳангоми овоздиҳӣ дар шӯрои диссертатсионӣ камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзои шӯрои диссертатсионии дар ҷаласа ҳозирбуда ба тарафдории додани дараҷаи илмӣ овоз додаанд;

- зарур бошад, ки саҳми муаллиф дар таҳқиқоти гузаронидашуда, дараҷаи навгонӣ ва аҳамияти амалии натиҷаҳои таҳқиқот, инчунин, риояи талаботи банди 11 Тартиби мазкур муқарраршуда мавриди санҷиш қарор дода шавад.

64. КОА ҳуқуқ дорад, ки матни диссертатсияро ба баррасии шӯрои ташхис диҳад, агар ариза дар бораи беасосии додани дараҷаи илмӣ аз тарафи шӯрои диссертатсионӣ дар робита бо мутобиқат надоштани диссертатсия ба меъёрҳое, ки ба онҳо бояд диссертатсия ҷавобгӯ бошад, ворид гардида бошад.

65. Ариза дар бораи беасос дода шудани дараҷаи илмӣ бояд дорои муҳтавои зерин бошад:

- номи муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис шудааст, қарор оид ба додани дараҷаи илмӣ ба довталабони дараҷаҳои илмӣ қабул кардааст ва рамзи шӯрои диссертатсионии номбурда;

- насаб, ном, номи падари шахси воқеие, ки дар бораи беасосии додани дараҷаи илмӣ ариза додааст, ё номи маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқии чунин аризаро пешниҳодкарда, инчунин, рақами телефон (телефонҳо)-и тамос (агар бошанд), суроға (суроғаҳо)-и почтаи электронӣ (агар бошад) ва суроғае, ки ба он маълумот оид ба ҷараён ва натиҷаҳои баррасии ариза ирсол мегардад;

- далелҳое, ки дар асоси онҳо шахси дар бораи беасосии ба довталаби дараҷаи илмӣ додани дараҷаи илмӣ ариза пешниҳоднамуда ба қарори шӯрои диссертатсионӣ норозӣ мебошад (бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои номбурда).

66. Шӯрои ташхис парвандаи аттестатсиониро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур, инчунин, диссертатсияро барои дарёфти дараҷаи илмӣ баррасӣ менамояд ва дар бораи мутобиқати диссертатсия ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур хулоса медиҳад. Ҳангоми баррасии дархостномаи шӯрои диссертатсионӣ, ки мутобиқи банди 51 Тартиби мазкур ворид гардидааст, шӯрои ташхис ба парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияи шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ хулоса пешниҳод мекунад. Дар ин ҳолат дар ҷаласаи шӯрои ташхис шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ даъват карда мешавад. Дар ҳолати додани хулосаи манфӣ аз рӯи дархостномаи шӯрои аттестатсионӣ шӯрои ташхис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Тартиби мазкур хулоса оид ба натиҷаҳои баррасии парвандаи аттестатсиониро барои додани дараҷаи илмӣ омода менамояд.

67. Барои қабули қарор дар бораи ба шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ додани дипломи дараҷаи илмӣ ё оид ба бекор кардани қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ ва дар хусуси радкунии додани диплом КОА дар асоси хулосаи шӯрои ташхис ҳуқуқ дорад, ки аз шӯрои диссертатсионӣ асарҳои чопшудаи довталаби дараҷаи илмиро ҷиҳати тадқиқи натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмиро, ки талабот ба онҳо дар бандҳои 8 ва 10 Тартиби мазкур муқаррар шудааст, дархост намояд.

68. Парвандаи аттестатсионӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур, инчунин, диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмӣ ва хулосаи шӯрои ташхис барои баррасӣ ба КОА пешниҳод мегардад. Ҳангоми ихтилофи ақидаҳо дар шӯрои ташхис, ки хулоса оид ба диссертатсияро додааст ва шӯрои диссертатсионӣ, ки дар он ҳимояи диссертатсия баргузор шудааст, КОА бо тавсияи комиссияи ташхис метавонад диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмиро ҳамроҳ бо парвандаи аттестатсионӣ барои хулосаи иловагӣ ба шӯрои дигари диссертатсионӣ ирсол намояд. Тартиби баргузории ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ ҳангоми баррасии диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи илмӣ, ки барои хулосаи иловагӣ ирсол шудааст, тибқи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ муқаррар мегардад.

69. Ҳангоми мавҷуд будани хулосаи манфии шӯрои ташхис довталаби дараҷаи илмӣ баъди гирифтани хулосаи иловагӣ оид ба диссертатсия (дар ҳолате, ки агар диссертатсия ба хулосаи иловагӣ ирсол шуда бошад) на кам аз 10 рӯз то санаи баргузории ҷаласа барои тасдиқи иҷрои мустақилонаи диссертатсия, таҳқиқи натиҷаҳои илмии муҳтавои он, инчунин, саҳми шахсии муаллифи диссертатсия дар илм ба ҷаласаи КОА даъват карда мешавад. Дар ин ҳолат ба ҷаласаи КОА метавонад раис ё муовини раиси шӯрои диссертатсионие, ки дар он ҳимояи диссертатсия баргузор шудааст, муқарризон, роҳбарони илмӣ (мушовирони илмӣ)-и довталаби дараҷаи илмӣ, инчунин, аъзои шӯрои ташхис ва мутахассисони пешбари соҳаи дахлдори илм, ки ба талаботи аъзои шӯроҳои ташхис мутобиқат мекунанд ва дар комиссияи ташхис ҳуқуқи овоздиҳии машваратиро доранд, даъват карда шаванд. Дар ҳолати ҳозир нашудани довталаби дараҷаи илмӣ комиссияи ташхис ҷаласаро аз рӯйи ин масъала ба вақти дигар мегузаронад. Шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ на кам аз 10 рӯз пештар аз рӯзи ҷаласа ба ҷаласаи такрории КОА даъват карда мешаванд. Дар ҳолати такроран ҳозир нашудани шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ диссертатсия дар набудани онҳо баррасӣ карда мешавад. КОА аз рӯйи ҷамъбасти ҷаласаи барпошуда тавсияро оид ба диссертатсия қабул мекунад. Нусхаи тавсияи КОА ба шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ тибқи дархости онҳо дар муддати 1 моҳ аз рӯзи муроҷиат дода мешавад.

70. Хулоса ва тавсияи комиссияи ташхис ба КОА пешниҳод мегардад. КОА оид ба додани дараҷаи илмӣ ё дар бораи бекор кардани қарори дахлдори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ ва радкунии додани диплом қарор қабул мекунад.

71. Ҳангоми баррасии дархостномаи шӯрои диссертатсионӣ мутобиқи банди 57 Тартиби мазкур КОА дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбати шӯрои ташхис ва аз рӯйи тавсияи комиссияи ташхис ба шӯрои диссертатсионӣ иҷозат медиҳад, ки ҷаласа оид ба масъалаи ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ додани дараҷаи илмиро баргузор намуда, шӯрои диссертатсиониро оид ба қарори мазкур дар муддати 7 рӯз баъд аз санаи қабули он огоҳ намояд. Дар ин ҳолат ҳимояи такрории диссертатсия баргузор карда намешавад. Тартиби баргузории ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ дар ин ҳолат аз рӯйи Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ муқаррар мегардад.

72. Фармоиши КОА дар бораи додани дараҷаи илмӣ ё бекор кардани қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет"ҷой дода мешавад. Дар ин ҳолат, ҳамчунин автореферат, иттилоот дар бораи роҳбарони илмӣ (мушовирони илмӣ)-и довталаби дараҷаи илмӣ, аъзои комиссияи шӯрои диссертатсионӣ, ки хулоса оид ба қабули диссертатсияи шахсони довталаби дараҷаҳои илмии мазкурро барои ҳимоя имзо намудаанд, раиси ин шӯрои диссертатсионӣ, муқарризоне, ки ба диссертатсия тақриз додаанд, шахси тасдиқнамудаи хулосаи муассисае, ки дар он диссертатсия омода гардидааст, шахси тасдиқнамудаи тақризи муассисаи пешбар ба диссертатсия, инчунин, оид ба муассисаи пешбари ин тақризро пешниҳоднамуда ҷой дода мешавад.

73. Шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ ҳуқуқ доранд, ки диссертатсияро аз баррасии КОА пеш аз қабули қарори КОА дар бораи додан ё радкунии додани диплом бозхонд намояд. Дар асоси аризаи хаттии довталаби дараҷаи илмӣ оид ба бозхонди диссертатсия КОА дар бораи аз баррасӣ бардоштани диссертатсияи зикршуда қарор қабул мекунад, парвандаи аттестатсиониро бармегардонад ва инчунин, дар ҳолатҳои дар Тартиби мазкур муқарраргардида диссертатсияро низ ба шӯрои диссертатсионӣ ирсол менамояд. Баъди қабули қарори дахлдор мумкин аст, ки диссертатсия тибқи муқаррароти Тартиби мазкур барои ҳимоя пешниҳод гардад.

74. Муҳлати аз тарафи КОА қабул шудани қарор дар бораи додани дараҷаи илмӣ наметавонад аз 4 моҳ аз рӯзи воридшавии парвандаи диссертатсионӣ ба КОА зиёдтар бошад. Дар ҳолати ирсол намудани диссертатсия ва парвандаи диссертатсионӣ барои хулосаи иловагӣ муҳлати зикршуда метавонад то 7 моҳ тамдид карда шавад. Қарорро дар бораи тамдиди муҳлатҳои зикршуда роҳбари воҳиди зерсохтори КОА, ки вазифаи аттестатсияи давлатии илмиро таъмин менамояд, қабул мекунад. Баррасии масъалаи додани дипломи дараҷаи илмӣ дар ҳолати пешбинишудаи банди 67 Тартиби мазкур мавқуф гузошта мешавад.

75. Нусхаи диссертатсияи дар КОА мавҷудбуда бо қайд оид ба додан ё радкунии додани дипломи дараҷаи илмӣ дар муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, дар он ҳимояи диссертатсия баргузор шудааст, нигоҳдорӣ мешавад.

§ 5. Баррасии шикоятномаҳо доир ба қарори шӯрои диссертатсионӣ

76. Доир ба қарори шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи масъалаи додани дараҷаи илмӣ, муассиса, шахсони довталаби дараҷаҳои илмӣ ё шахси дигар метавонанд ба КОА дар муддати 2 моҳ аз рӯзи қабули чунин қарор аз тарафи шӯрои диссертатсионӣ дар хусуси вайронкунии тартиби пешниҳод ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсия, ки Тартиби мазкур муқаррар кардааст, шикоятнома пешниҳод кунанд. КОА баъди дарёфти шикоятнома тартиби баррасии масъала оид ба додани дипломро то қабули қарор аз рӯйи ҳамин шикоятнома мавқуф мегузорад.

77. Дар шикоятнома нишон дода мешавад:

- номи муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис гардида, доир ба қарори он шикоятнома дода шудааст, рамзи шӯрои диссертатсионии номбурда дар рӯзи аз тарафи он қабул шудани қарори дахлдор;

- насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, ки шикоятнома додааст, маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқии шикоятномадода, инчунин, рақамҳои телефони тамос (дар ҳолати мавҷуд будан), суроға (суроғаҳо)-и почтаи электронӣ ва суроғаи почта, ки ба онҳо бояд маълумот оид ба ҷараён ва натиҷаҳои баррасии шикоятнома ирсол гардад;

- маълумот оид ба қарори мавриди эътироз қароргирифтаи шӯрои диссертатсионӣ дар бобати вайронкунии тартиби пешниҳод барои ҳимоя ва ҳимояи диссертатсия (санаи қабули қарори номбурда, насаб, ном, номи падари шахсе, ки нисбат ба ӯ қарор қабул шудааст);

- талаботи бандҳои Тартиби мазкур, ки аз тарафи шӯрои диссертатсионӣ ҳангоми қабули қарор оид ба додани дараҷаи илмӣ вайрон карда шудаанд.

78. Шикоятномаро шахси воқеии шикоятномадода имзо мекунад ё роҳбар (муовини роҳбар)-и шахси ҳуқуқии шикоятномадода имзо карда, бо муҳри шахси ҳуқуқии номбурда тасдиқ карда мешавад. Шикоятнома ба КОА бо далелҳои ирсолшудаи нусхаи шикоятнома ба муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис гардидааст ва нисбат ба қарори қабулкардаи он шикоятнома дода шудааст, ирсол мегардад. Шикоятнома метавонад ба КОА дар коғаз ба таври хаттӣ ё дар шакли электронӣ бо шарти истифодаи имзои электронӣ ирсол гардад.

79. Шикоятнома дар чунин ҳолатҳо баррасӣ намегардад:

- дар шикоятнома набудани насаб, ном, номи падар, суроғаи почта, имзои шахси воқеии шикоятномадода ё номи маҳалли ҷойгиршавии он, суроғаи почта, имзои роҳбар (муовини роҳбар), муҳри шахси ҳуқуқии шикоятномадода;

- имконнопазир будани хондани шикоятнома;

- дар муҳтавои шикоятнома мавҷуд будани алфози қабеҳ ва ибораҳои таҳқиромез. Дар ҳолатҳои зикршуда ба суроғаи шахси шикоятномадода (ҳангоми дар шикоятнома вуҷуд доштани суроғаи почта ва имконпазир будани хондани он) оид ба радкунии баррасии шикоятнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ дар мудатти 30 рӯз аз санаи воридшавии шикоятнома огоҳинома ирсол мегардад.

80. КОА ба шӯрои диссертатсионие, ки нисбати қарори он шикоятнома пешниҳод шудааст, дар бораи воридшавии шикоятнома бо замимаи матни он огоҳинома ирсол мекунад. Шӯрои диссертатсионӣ на дертар аз 2 моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома ба КОА инҳоро ирсол мекунад:

- хулосаи шӯрои диссертатсионӣ дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоятнома;

- пайнавис (стенограмма)-и ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ, ки дар он шикоятнома баррасӣ гардида, бо имзои раискунандаи ҷаласа ва котиби илмии шӯрои диссертатсионӣ ва бо муҳри муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, тасдиқ гардидааст.

81. Агар фаъолияти шӯрои диссертатсионии нисбат ба қарори он шикоятнома додашуда боздошт ё қатъ гардида бошад, ҷавоб ба шикоятномаро муассисае омода менамояд, ки дар назди он шӯрои диссертатсионии номбурда фаъолият доштааст. Тақриз ба шикоятнома, ки роҳбар ба он имзо гузоштааст, бо гузоштани муҳри муассиса ба КОА на дертар аз 2 моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома ирсол мегардад.

82. Шикоятнома ва маводи воридшудаи вобаста ба онро КОА ба шӯрои ташхис медиҳад.

83. КОА дар асоси хулосаи шӯрои ташхис ҳуқуқ дорад, ки аз шӯрои диссертатсионӣ маълумоти иловагӣ оид ба баргузории расмиёти пешниҳод ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсияро, ки дар хусуси он шикоятнома ворид шудааст, маводи заруриро барои баррасии масъала дар бораи аз тарафи КОА қабул шудани қарор оид ба шикоятнома дархост намояд. Шахси шикоятномадода ва довталаби дараҷаи илмӣ ба ҷаласаи шӯрои ташхис на камтар аз 10 рӯз пеш аз рӯзи баргузории ҷаласа даъват мешаванд. Дар ҳолати ҳозир нашудани онҳо шӯрои ташхис ҷаласаи худро аз рӯйи ин масъала ба вақти дигар мегузаронад. Шахсони номбурда на кам аз 10 рӯз пеш аз ҷаласа ба ҷаласаи такрории шӯрои ташхис даъват карда мешаванд.

84. Дар ҳолати такроран ҳозир нашудани шахси шикоятномадода ва (ё) шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ шикоятнома дар набудани онҳо баррасӣ мегардад. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи баргузоршуда шӯрои ташхис хулосаро оид ба шикоятнома қабул менамояд, ки бо дарназардошти он КОА тавсия оид ба шикоятнома қабул мекунад.

85. Хулосаи комиссияи ташхис оид ба шикоятнома ба КОА пешниҳод мегардад ва КОА бо мазмуни зайл қарор қабул мекунад:

- дар бораи қонеъ намудани шикоятнома ва бекор кардани қарори шӯрои диссертатсионӣ;

- дар бораи рад кардани шикоятнома ва додани дипломи дараҷаи илмӣ.

86. Муҳлати аз тарафи КОА қабул намудани қарор оид ба шикоятнома бояд аз 3 моҳ аз рӯзи ба КОА воридшавии маводи дар банди 75 Тартиби мазкур пешбинишуда зиёд набошад. Муҳлати мазкур дар ҳолати дархости маълумоти иловагии барои баррасии шикоятнома зарурбуда метавонад аз тарафи КОА тамдид карда шавад. Қарор оид ба тамдиди муҳлати номбурдаро роҳбари воҳиди зерсохтори КОА, ки вазифаи аттестатсияи давлатии илмиро таъмин мекунад, қабул менамояд.

87. Қарори КОА оид ба шикоятнома дар муддати 10 рӯз аз санаи қабул шудани он дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет" ҷой дода шуда, нусха аз ин қарор ба шахси шикоятномадода, инчунин, ба шӯрои диссертатсионие, ки шикоятномаи мазкурро баррасӣ кардааст, ирсол мегардад. Дар ин маврид, иттилоот дар бораи роҳбарони илмӣ (мушовирони илмӣ)-и шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, ки нисбат ба онҳо қарор оид ба шикоятнома қабул шудааст, аъзои комиссияи шӯрои диссертатсионие, ки хулоса дар бораи қабули диссертатсияи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмиро барои ҳимоя имзо кардаанд, раиси ин шӯрои диссертатсионӣ, муқарризоне, ки ба ин диссертатсия тақриз навиштаанд, шахсе, ки хулосаи муассисаеро, ки дар назди он диссертатсия омода шудааст, имзо кардааст, шахсе, ки тақризи муассисаи пешбарро ба ин диссертатсия имзо кардааст, инчунин, дар бораи муассисаи пешбаре, ки ин тақризро додааст, ҷой дода мешавад.

88. Дар ҳолати аз тарафи КОА қабул шудани қарор дар бораи қонеъ гардонидани шикоятнома ва бекор кардани қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ диссертатсия метавонад такроран барои ҳимоя аз тарафи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Тартиби мазкур пешниҳод карда шавад.

§ 6. Маҳрум кардани дараҷаҳои илмӣ

89. Шахсоне, ки ба онҳо дараҷаҳои илмӣ бо вайронкунии меъёрҳои муқаррарнамудаи бандҳои 8-11 Тартиби мазкур дода шудаанд, метавонанд бо қарори КОА аз дараҷаи илмӣ маҳрум карда шаванд.

90. Ариза дар бораи маҳрум кардани дараҷаи илмиро шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ метавонад ба КОА ба таври хаттӣ ё дар шакли электронӣ дар муддати 10 рӯз аз санаи қабули қарори шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмӣ диҳад.

91. Дар ариза дар бораи маҳрум кардани дараҷаи илмӣ маълумоти зерин зикр мегардад:

- номи муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфтааст ва дар асоси қарори қабулнамудаи он дипломи дахлдор оид ба дараҷаи илмӣ дода шудааст, рамзи шӯрои диссертатсионии мазкур;

- насаб, ном, номи падари шахси воқеие, ки дар бораи маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ариза додааст ё номи маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқие, ки дар бораи маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ариза додааст, инчунин, рақами телефони тамос (агар мавҷуд бошад), суроға (суроғаҳо)и почтаи электронӣ (агар мавҷуд бошад) ва суроғаи почта, ки ба онҳо бояд маълумот оид ба ҷараён ва натиҷаҳои баррасии ариза дар бораи маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ирсол карда шавад;

- маълумот дар бораи қарори шӯрои диссертатсионӣ, ки мавриди эътироз аст (санаи қабули қарор, насаб, ном, номи падари шахсе, ки ба ӯ дар асоси ин қарор дипломи дараҷаи илмӣ супурда шудааст);

- далелҳое, ки дар асоси онҳо шахси аризадода нисбати маҳрум кардани дараҷаи илмӣ бо қарори шӯрои диссертатсионӣ (бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои зикршуда) норозӣ мебошад.

92. Масъалаи маҳрум кардани дараҷаи илмӣ дар ҳолатҳои зерин баррасӣ намешавад:

- мавҷуд будани қарори КОА аз рӯйи ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмии қаблан қабул кардашуда аз рӯйи ҳамон масъала;

- дар ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ набудани далелҳое, ки дар асоси онҳо шахси аризадиҳанда бо қарори шӯрои диссертатсионӣ норозӣ аст, инчунин набудани ҳуҷҷатҳое, ки далелҳои мазкурро тасдиқ мекунанд;

- дар ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмии додашуда аз тарафи шахсе, ки қаблан шикоятнома ва аризаро оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ аз рӯйи ҳамон масъала дода буд, набудани далелҳои дигар, ки дар асоси онҳо шахси аризадиҳанда оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ бо қарори шӯрои диссертатсионӣ норозӣ аст;

- дар ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ набудани насаб, ном, номи падар, суроғаи почта, имзои шахсии воқеии аризадиҳанда, ё номи маҳалли ҷойгиршавии он, суроғаи почта, имзои роҳбар (муовини роҳбар), муҳри шахси ҳуқуқии аризадиҳанда оид ба маҳрум кардани дараҷаи илм;

- имконнопазир будани хондани ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ;

- дар ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ вуҷуд доштани алфози қабеҳ ва ибораҳои таҳқиромез.

93. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 87 Тартиби мазкур КОА ба суроғаи шахсе, ки ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмиро додааст (дар ҳолати дар ариза мавҷуд будани суроға ва имконпазир будани хондани он) огоҳинома оид ба рад кардани баррасии ариза бо зикр намудани сабаби радкунӣ дар муддати 30 рӯз аз санаи воридшавии ариза ирсол менамояд.

94. КОА ба шӯрои диссертатсионие, ки нисбат ба қарори он оид ба додани дараҷаи илмӣ ариза дода шудааст, инчунин, ба шахсе, ки дар хусуси ӯ ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ дода шудааст (дар сурати имконпазир будан) огоҳинома дар бораи воридшавии ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ирсол менамояд. Шӯрои диссертатсионӣ на дертар аз 2 моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома ба КОА ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- хулосаи шӯрои диссертатсионӣ дар бораи натиҷаҳои баррасии ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ;

- пайнавис (стенограмма)-и ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ, ки дар он ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ баррасӣ шуда, аз тарафи раисикунандаи ҷаласа ва котиби илмии шӯрои диссертатсионӣ ба имзо расида, бо муҳри муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис шуда аст, тасдиқ гардидааст. Тартиби баргузории ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи масъалаи баррасии ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ бо Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ муқаррар карда мешавад.

95. Агар фаъолияти шӯрои диссертатсионие, ки дар хусуси қарори он оид ба додани дараҷаи илмӣ ариза дар бораи маҳрум кардани дараҷаи илмӣ дода шудааст, манъ ё қатъ шуда бошад, КОА ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмиро ҳамроҳ бо маводи парванда ба баррасии дигар шӯрои диссертатсионӣ ирсол менамояд.

96. Ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ва маводи аз рӯйи он воридшударо КОА ба шӯрои ташхис вогузор мекунад.

97. КОА дар асоси хулосаи шӯрои ташхис ҳуқуқ дорад, маълумотро оид ба мақолаҳои чопшуда, ки талабот ба онҳо дар бандҳои 11-13 Тартиби мазкур муқаррар гардидаанд ва маҳалли кори шахсеро, ки дар хусуси ӯ ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ дода шудааст ва барои баррасии аризаи мазкур заруранд, дархост намояд.

98. Хулосаи шӯрои ташхис, ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ва маводи дар ин хусус воридшуда ба КОА барои баррасӣ вогузор мегардад. Ҳангоми ихтилофи ақидаҳои шӯрои ташхис, ки ба ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ хулоса додааст ва шӯрои диссертатсионӣ, ки дар хусуси қарори он оид ба додани дараҷаи илмӣ ариза дода шудааст, аз рӯйи тавсияи комиссияи ташхис КОА метавонад ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ва маводи дар мавриди он воридшударо барои хулосаи иловагӣ ба шӯрои диссертатсионии дигар ирсол намояд.

99. Ҳангоми мавҷуд будани хулосаи шӯрои ташхис, ки дар он ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ дастгирӣ ёфтааст, шахси аризадиҳанда ва шахсе, ки нисбати ӯ ин ариза дода шудааст, ба ҷаласаи комиссияи ташхис на камтар аз 10 рӯз пеш аз рӯзи ҷаласа даъват карда мешаванд. Дар ҳолати ҳозир шудани яке аз шахсони зикршуда, ҷаласаи комиссияи ташхис баргузор мегардад. Ҳангоми ҳозир нашудани ҳар ду шахс комиссияи ташхис ҷаласаро оид ба ин масъала ба вақти дигар мавқуф мегузорад. Шахсони зикршуда на кам аз 10 рӯз пеш аз рӯзи ҷаласа ба ҷаласаи такрории комиссияи ташхис даъват карда мешаванд. Дар ҳолати такроран ҳозир нашудани шахси аризадиҳанда оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ва (ё) шахсе, ки нисбат ба ӯ ин ариза дода шудааст, комиссияи ташхис масъаларо дар набудани онҳо баррасӣ менамояд. Баъд аз ҷамъбасти ҷаласаи баргузоршуда комиссияи ташхис тавсия аз рӯйи ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ қабул мекунад.

100. Хулосаи шӯрои ташхис аз рӯйи ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ва тавсияи комиссияи ташхис ба КОА пешниҳод шуда, он яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

- дар бораи маҳрум кардани дараҷаи илмӣ;

- дар бораи радкунии маҳрум кардани дараҷаи илмӣ.

101. Муҳлати қабули қарори КОА аз рӯйи ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ наметавонад аз рӯзи воридшавии ҳуҷҷатҳои дар банди 89 Тартиби мазкур пешбинигардида аз 6 моҳ зиёд бошад. Муҳлати зикршударо КОА метавонад дар ҳолати дархости маълумоти иловагии зарурӣ барои баррасии ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ ва маводи дар хусуси он воридшуда ба шӯрои диссертатсионии дигар барои хулосаи иловагӣ тамдид намояд. Қарор оид ба тамдиди муҳлати номбурдаро роҳбари воҳиди зерсохтори КОА, ки вазифаи аттестатсияи давлатии илмиро таъмин мекунад, қабул менамояд.

102. Қарори КОА дар бораи ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ дар муддати 10 рӯз аз санаи қабули он дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет" ҷой дода шуда, нусхаи ин қарор ба шахси аризадиҳанда оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ, ба шӯрои диссертатсионие, ки ин аризаро баррасӣ намудааст ва ба шахсе, ки нисбат ба ӯ қарори дахлдор (ҳангоми инконпазир будани ирсоли нусхаи мазкур ба ин шахс) қабул шудааст, ирсол мегардад. Дар ин ҳолат, инчунин, иттилоот дар бораи роҳбарони илмӣ (мушовирони илмӣ) - и шахсе, ки нисбат ба ӯ аз рӯйи ариза оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ қарор қабул карда шудааст, аъзои комиссияи шӯрои диссертатсионие, ки хулосаро дар бораи қабули диссертатсияи шахсе, ки нисбат ба ӯ қарори қабулшуда ба ҳимоя имзо намудаанд, раиси ин шӯрои диссертатсионӣ, муқарризони ба диссертатсия тақриздода, шахсе, ки хулосаи муассисаеро, ки дар назди он диссертатсияи мазкур омода шудааст, тасдиқ намудааст, шахсе ки тақризи муассисаи пешбарро ба ин диссертатсия тасдиқ кардааст, инчунин муассисаи пешбаре, ки ин тақризро додааст, низ ҷой дода мешавад.

§ 7. Барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ

103. Дараҷаи илмӣ метавонад ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ барқарор карда шавад.

104. Ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ метавонад аз тарафи шахси воқеӣ ва ҳуқуқии дилхоҳ ба КОА дар шакли хаттӣ ё шакли электронӣ ба шарти истифодаи имзои электронӣ дода шавад. Аризаи мазкур метавонад дар вақти дилхоҳ баъди аз тарафи КОА қабул шудани қарор оид ба маҳрум кардани дараҷаи илмӣ дода шавад.

105. Дар ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ нишон дода мешаванд:

- номи муассисае, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, қарори он оид ба додани дараҷаи илмӣ аз тарафи КОА бекор карда шудааст, рамзи шӯрои диссертатсионии мазкур;

- насаб, ном, номи падари (агар мавҷуд бошад) шахси аризадиҳанда оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ ё ном, маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқие, ки оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ ариза додааст, инчунин, рақами телефони тамос, суроға (суроғаҳои) почтаи электронӣ (агар мавҷуд бошад) ва суроғаи почта, ки ба онҳо бояд маълумот оид ба ҷараён ва натиҷаҳои баррасии ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ ирсол гардад;

- маълумот дар бораи қарори КОА, ки мавриди эътироз аст (санаи қабули қарори мазкур, насаб, ном, номи падари (агар мавҷуд бошад) шахсе, ки аз дараҷаи илмӣ маҳрум карда шудааст;

- далелҳое, ки дар асоси онҳо шахси аризадиҳанда оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ бо қарори КОА (бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои зикршуда) норозӣ мебошад.

106. Масъалаи барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ дар ҳолатҳои зерин баррасӣ намегардад:

- додани ариза оид ба барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ дар иртибот бо вайронкунии тартиби пешниҳод ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсия;

- дар ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ набудани далелҳое, ки дар асоси онҳо, шахси аризадиҳанда бо қарори шӯрои диссертатсионӣ норозӣ аст, инчунин, набудани ҳуҷҷатҳое, ки далелҳои мазкурро тасдиқ мекунанд;

- мавҷуд будани қарори КОА аз рӯйи ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ, ки қаблан аз рӯйи худи ҳамин масъала дода шуда аст;

- дар аризаи додашуда оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ аз тарафи ҳамон шахсе, ки қаблан аризаро оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ аз рӯйи ҳамон масъала дода буд, набудани далелҳои дигаре, ки дар асоси онҳо шахси аризадода бо қарори КОА норозӣ мебошад;

- дар ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ набудани насаб, ном, номи падар, суроғаи почта, имзои шахси воқеии аризадода ё номи маҳалли ҷойгиршавӣ, суроғаи почта, имзои роҳбар (муовини роҳбар), муҳри шахси ҳуқуқие, ки аризаро додааст;

- имконнопазир будани хондани матни ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ;

- дар ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ вуҷуд доштани алфози қабеҳ ва ибораҳои таҳқиромез.

107. Дар ҳолатҳои дар банди 101 Тартиби мазкур пешбинишуда КОА ба суроғаи шахсе, ки ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмиро додааст (дар ҳолати вуҷуд доштани суроғаи почта ва имконпазир будани хондани он), дар муддати 30 рӯз аз санаи воридшавии ариза огоҳинома оид ба рад шудани баррасии ариза бо зикр намудани сабаби радкунӣ ирсол менамояд.

108. Ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ ва диссертатсия аз тарафи КОА ба шӯрои ташхис супурда мешавад.

109. КОА дар асоси хулосаи шӯрои ташхис ҳуқуқ дорад, дар бораи маводи чопшудае, ки талабот нисбат ба онҳо дар бандҳои 79 ва 81 Тартиби мазкур муқаррар гардидааст ва маҳалли кори шахсе, ки нисбат ба ӯ ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ дода шудааст, маълумотро барои баррасии аризаи мазкур дархост намояд.

110. Шахсе, ки оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ ариза додааст ва шахсе, ки нисбат ба ӯ ин ариза дода шудааст, ба ҷаласаи шӯрои ташхис на кам аз 10 рӯз пеш аз рӯзи ҷаласа даъват карда мешаванд. Дар ҳолати ҳозир шудани яке аз шахсони номбурда ҷаласаи шӯрои ташхис баргузор мегардад. Ҳангоми ҳозир нашудани ҳар ду шахс шӯрои ташхис ҷаласаро оид ба ин масъала ба вақти дигар мегузаронад. Шахсони номбурда на камтар аз 10 рӯз пеш аз рӯзи ҷаласа ба ҷаласаи такрории шӯрои ташхис даъват карда мешаванд. Дар сурати такроран ҳозир нашудани шахси аризадода оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ ва ё шахсе, ки нисбат ба ӯ ин ариза дода шудааст, масъалаи барқарор кардани дараҷаи илмӣ дар шӯрои ташхис дар набудани онҳо баррасӣ мегардад. Аз рӯйи ҷамъбасти ҷаласаи баргузоршуда шӯрои ташхис хулоса қабул мекунад.

111. Хулосаи комиссияи ташхис аз рӯйи ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ ва тавсияи он ба КОА пешниҳод мешавад ва яке аз қарорҳои зерин қабул карда мешавад;

- дар бораи барқарор кардани дараҷаи илмӣ;

- дар бораи радкунии барқарор кардани дараҷаи илмӣ.

112. Муҳлати аз тарафи КОА қабул карда шудани қарор аз рӯйи ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ аз рӯзи ба КОА воридшавии ариза наметавонад аз 6 моҳ зиёд бошад. Муҳлати мазкур дар ҳолати дархости мавод ва маълумоти иловагӣ барои баррасии ариза метавонад аз тарафи КОА тамдид карда шавад. Қарори тамдиди муҳлати номбурдаро роҳбари воҳиди зерсохтори КОА, ки вазифаи аттестатсияи давлатии илмиро таъмин мекунад, қабул менамояд.

113. Қарори КОА аз рӯйи ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ дар муддати 10 рӯз аз рӯзи қабул шудани он дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет" ҷой дода шуда, нусхаи ин қарор ба суроғаи шахсе, ки ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмиро додааст ва шахсе, ки нисбат ба ӯ қарори дахлдор қабул карда шудааст (дар сурати имконпазир будани ирсоли нусхаи зикршуда ба ин шахс), ирсол карда мешавад. Дар ин ҳолат, инчунин, иттилоот дар бораи роҳбарони илмӣ (мушовирони илмӣ)и шахсе, ки нисбат ба ӯ аз рӯйи ариза оид ба барқарор кардани дараҷаи илмӣ қарор қабул карда шудааст, аъзои комиссияи шӯрои диссертатсионие, ки хулосаро дар бораи қабули диссертатсияи ҳамон шахсе, ки нисбат ба ӯ қарори қабулшуда ба ҳимоя имзо намудаанд, раиси ин шӯрои диссертатсионӣ, муқарризони ба диссертатсия тақриздода, шахсе, ки хулосаи муассисаеро, ки дар назди он диссертатсияи мазкур омода шудааст, тасдиқ намудааст, шахсе ки тақризи муассисаи пешбарро ба ин диссертатсия тасдиқ кардааст, инчунин, муассисаи пешбаре, ки ин тақризро додааст, низ ҷой дода мешавад.

2. ТАРТИБИ ДОДАНИ УНВОНҲОИ ИЛМӢ (ДОТСЕНТ, ПРОФЕССОР)

§ 1. Муқаррароти умумӣ

114. Унвонҳои илмии дотсент ва профессор мутобиқи феҳристи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, дода мешаванд. Феҳристи ихтисосҳои кормандони илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиноснома ва номгӯи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо унвони илмӣ дода мешаванд, аз тарафи КОА тасдиқ карда мешавад.

115. Унвони илмӣ ба шахсоне дода мешавад, ки фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ (илмӣ - таҳқиқотӣ) - ро дар муассисаҳо амалӣ намуда, дорои маҳорати баланди омӯзгорӣ, дониши амиқи тахассусӣ ва дастовардҳои илмӣ буда, инчунин, ба талаботи шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмӣ ҷавобгӯ мебошанд.

116. Унвони илмии додашударо шаҳодатнома оид ба додани унвони илмии дотсент ё профессор тасдиқ менамояд. Намунаи давлатии шаҳодатнома оид ба додани унвони илмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, талаботи техникӣ, тартиби барасмият дарорӣ ва додани онро КОА муқаррар менамояд. Шаҳодатнома оид ба унвони илмӣ дар асоси қарори КОА дода мешавад.

117. Қарор дар бораи додани унвони илмии дотсент ё профессор аз рӯзи қабули он аз тарафи раёсати КОА эътибор пайдо мекунад.

118. Дар ҳолати мавҷуд будани сабабҳои узрнок, аз ҷумла ҳангоми адои хизмати муҳлатноки шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ё ҷузъу томҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб гардидани ӯ барои иҷрои дигар уҳдадориҳои давлатӣ, дар сафари хизматии тӯлонӣ будан ва ё дар муассисаи табобатӣ будани ӯ КОА ҳуқуқ дорад, ки ҷараёни муҳлатҳои дар ҳамин Тартиб пешбинишударо мавқуф гузорад.

119. Масъалаҳои дигари марбут бо додани унвонҳои илмиро, ки Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос нанамудаанд, КОА бо тартиби муқарраргардида танзим менамояд.

§ 2. Меъёрҳои додани унвони илмӣ ва талабот нисбат ба шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ

120. Унвони илмии дотсент ба корманди илмӣ ё илмӣ-омӯзгории довталаби дарёфти унвони илмӣ дода мешавад, агар довталаб дар рӯзи ба шӯрои муассиса пешниҳод кардани парвандаи аттестатсионӣ талаботи зеринро қонеъ намояд:

- маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва асарҳои илмии чопшуда дошта бошад, дарсҳои лексионӣ ё машғулиятҳои дигарро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронад;

- дараҷаи илмии доктори илм, номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ё дараҷаи илмии дар давлати хориҷӣ дарёфтшуда дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, ба дорандаи он ҳамон ҳуқуқи академӣ ва (ё) тахассусии доктори илм, номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос вогузор гардидаанд.

121. Унвони илмии дотсент ба онҳое дода мешавад, ки тибқи шартномаҳои меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар вазифаҳои зерин кор мекунанд:

- декани факултет, мудири кафедра, дотсент, роҳбар ё ҷонишини роҳбари (оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ, таълимӣ-методӣ) филиал ё пажӯҳишгоҳи ин муассиса, ректор, муовини аввали ректор, муовини ректор, сарходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими хурди илмӣ ё мудир (сардори)-и шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмӣ (илмӣ - таҳқиқотӣ ё таҷрибавӣ-конструкторӣ);

- корманди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ва (ё) барномаи такмили ихтисос ва барномаи азнавтайёркунии тахассусӣ дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, дар муассисаи таҳсилоти тахассусии иловагӣ, ки барномаи такмили ихтисос ва барномаи азнавтайёркунии тахассусиро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мекунад;

- директор, муовини директор, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими калони илмӣ, мудир (сардор), муовини мудир (сардор)-и шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ё таҷрибавӣконструкторӣ, роҳбар ё муовини роҳбари (оид ба корҳои илмӣтаҳқиқотӣ, таълимӣ, таълимӣ-методӣ) филиали ин муассиса;

- корманди муассисаи илмии амаликунандаи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ва (ё) барномаи такмили ихтисос ва барномаи азнавтайёркунии тахассусӣ дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ;

- яке аз вазифаҳои зикршуда дар сархатҳои 2 ва 3 банди мазкур ё вазифаи сардори донишкада, сардори факултет, сардори кафедра ё муовини сардори кафедра ё вазифаи зикршуда дар феҳристи тасдиқшаванда аз тарафи роҳбари мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия, ки дар он тибқи қонун хизмати ҳарбӣ ё дигар хизмати ба он баробаркардашуда аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст ва ба яке аз вазифаҳои дар сархатҳои 2 ва 3 банди мазкур баробар карда шудааст;

- нисбат ба шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ ва ё дар хизмати ба он баробаркардашуда аз рӯйи шартнома ва дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

122. Меъёрҳои додани унвони илмии дотсент аз инҳо иборат аст:

- доштани собиқаи бефосилаи кор (собиқаи хизмати бефосилаи ҳарбӣ ё дигар хизмати ба он баробаркардашуда аз рӯйи шартнома, хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба муддати на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои дар банди 118 Тартиби мазкур зикршуда:

- амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (аз ҷумла дар шароити ҳамкор будан) аз руйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё таҳсилоти тахассусии иловагӣ аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ зикршуда дар муассисае, ки ӯро барои дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудааст;

- доштани собиқаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳо, аз ҷумла, на камтар аз 3 сол собиқаи кори омӯзгорӣ аз рӯйи ихтисоси илмие, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- доштани на камтар аз 20 маводи таълимӣ, таълимӣ - методӣ ва асари илмии чопшуда (аз ҷумла бо ҳаммуаллифӣ) бо шумули патентҳо барои ихтироот ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки дар раванди таҳсилот истифода мешаванд. Зимнан, дар зарфи 5 соли охир бояд на камтар аз 2 маводи таълимӣ ва на камтар аз 3 асари илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда ба чоп расонида бошад (асарҳои илмӣ дар нашрияҳои тақризшаванда чоп шуда бошанд). Ба асарҳои илмии дорои маълумоти сирри давлатӣ ва дигар сирри аз рӯйи қонун ҳифзшаванда талаботи чопи онҳо дар нашрияҳои тақризшаванда дахл надорад.

123. Унвони илмии профессор ба корманди илмӣ, илмӣ- омӯзгорӣ, ки барои дарёфти унвони илмӣ довталаб аст, дода мешавад, агар ӯ дар рӯзи пешниҳоди парвандаи аттестатсионӣ ба шӯрои муассиса талаботи зеринро қонеъ намояд:

- дараҷаи илмии доктори илм ё дараҷаи илмии дар давлати хориҷӣ дарёфтнамуда дошта бошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, ба дорандаи он ҳамон ҳуқуқи академӣ ва (ё) тахассусӣ вогузор гардидаанд, ки ба доктори илм тааллуқ дорад;

- маводи таълимӣ ва асарҳои илмии чопшуда дошта бошад, инчунин, дарсҳои лексиониро дар сатҳи баланди тахассусӣ гузаронад.

124. Унвони илмии профессор ба онҳое дода мешавад, ки тибқи шартномаҳои меҳнатӣ дар вазифаҳои зерин дар муассисаҳои таълимӣ кор мекунад:

- декани факултет, мудири кафедра, вазифаи профессор, роҳбар ё муовини роҳбари (оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ, таълимӣметодӣ) филиал ё пажӯҳишгоҳи ин муассиса, ректор, муовини аввали ректор, муовини ректор, сарходими илмӣ ё сардори шуъбаи (бахш, озмоишгоҳи) илмӣ-таҳқиқотӣ ё таҷрибавӣ-конструкторӣ;

- корманди муассисаи таҳсилотии таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таълимии таҳсилоти олии аккредитатсияи давлатидошта ва (ё) барномаи такмили ихтисос ва барномаи азнавтайёркунии тахассусиро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ, инчунин муассисаи таҳсилоти тахассусии иловагие, ки барномаи такмили ихтисос ва барномаи азнавтайёркунии тахассусиро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ менамояд;

- вазифаи директор, ҷонишини директор, ходими калони илмӣ, мудир (сардор), ҷонишини мудири шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмӣ, илмӣтаҳқиқотӣ ё таҷрибавӣ-конструкторӣ, роҳбар ё муовини роҳбари (оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ, таълимӣ-методӣ) ин муассиса,

- корманди муассисаи илмии амаликунандаи барномаҳои таҳсилотии таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ва (ё) барномаи такмили ихтисос ва барномаи азнавтайёркунии тахассусӣ дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ;

- яке аз вазифаҳои зикршуда дар сархатҳои 2 ва 3 банди мазкур ё вазифаи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, декани факултет, мудири кафедра ё муовини мудири кафедра, ё вазифаи зикршуда дар феҳристи тасдиқшаванда аз тарафи роҳбари мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия, ки дар он тибқи қонун хизмати ҳарбӣ ё дигар хизмати ба он баробаркардашуда аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст ва ба яке аз вазифаҳои дар сархатҳои 2 ва 3 банди мазкур баробар карда шудааст;

- шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ ва ё дар хизмати ба он баробаркардашуда аз рӯйи шартнома мебошанд, дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд;

- дорои унвони илмии дотсент, ки аз дарёфти он на камтар аз 3 сол сипарӣ шудааст.

125. Меъёрҳои додани унвони илмии профессор инҳо мебошанд:

- доштани собиқаи бефосилаи кор (собиқаи бефосилаи хизмати ҳарбӣ ё дигар намуди хизмати ба он баробарбуда аз рӯйи шартнома, хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) на камтар аз 5 сол дар вазифаҳои дар банди 121 ҳамин Тартиб зикршуда;

- амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (аз ҷумла дар шароити ҳамкор будан) аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва (ё) таҳсилоти тахассусии иловагӣ аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ зикршуда дар муассисае, ки ӯро барои дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудааст;

- доштани собиқаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ на кам аз 10 сол дар муассисаҳо, аз ҷумла на камтар аз 5 сол собиқаи кори омӯзгорӣ аз рӯйи ихтисоси илмие, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- ба ҳайси роҳбари илмӣ ё мушовири илмӣ тайёр кардани на кам аз 2 нафар (барои кормандони муассисаҳои омӯзгорӣ) ва на камтар аз 5 нафар (барои кормандони муассисаҳои илмӣ) шахсоне, ки ба онҳо дараҷаҳои илмӣ дода шудааст, зимнан, мавзӯи диссертатсияи ақаллан як нафари онҳо ба ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда мутобиқат дошта бошад;

- доштани на камтар аз 50 маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва асарҳои илмии чопшуда (аз ҷумла бо ҳаммуаллифӣ), бо доштани патентҳо барои ихтироот ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки дар раванди таҳсилот истифода мешаванд. Дар ин ҳолат тайи 5 соли охир аз рӯйи ихтисоси илмии зикршуда дар парвандаи аттестатсионии шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмӣ бояд на камтар аз 3 мақолаи таълимӣ ва на камтар аз 5 асари илмии чопшуда вуҷуд дошта бошад. Асарҳои илмӣ бояд дар нашрияҳои илмии тақризшаванда чоп шуда бошанд. Ба асарҳои илмии дорои маълумоти сирри давлатӣ ва ё сирри дигари аз рӯйи қонун ҳифзшаванда талаботи чопи онҳо дар нашрияҳои тақризшаванда дахл надорад;

- мавҷуд будани китоби дарсӣ (воситаи таълимӣ), ки муаллифи он шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ мебошанд ё мавҷуд будани на камтар аз 3 китоби дарсӣ (васоити таълимӣ), ки ҳаммуаллифи он шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмӣ ҳастанд. Китобҳои дарсӣ бояд тайи 10 соли охир аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда чоп шуда бошанд.

§ 3. Меъёрҳои додани унвони илмӣ дар соҳаи санъат ва талабот нисбат ба шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмӣ дар соҳаи санъат

126. Унвони илмии дотсент дар соҳаи санъат аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ ба шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмии дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос надошта дода мешавад, агар онҳо дар рӯзи пешниҳоди парвандаи аттестатсионӣ ба шӯрои муассиса талаботи зеринро қонеъ намоянд:

- маводи таълимӣ ва асарҳои илмии чопшуда дошта бошанд, дарсҳои лексиониро хонанд ё дигар машғулиятҳоро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронанд;

- таҳсилоти олии касбӣ дошта бошанд;

- ба унвони ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (ҳунарпешаи халқӣ, рассоми халқӣ, меъмори халқӣ, арбоби шоистаи санъат, ҳунарпешаи шоиста, рассоми шоиста) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (соҳибдиплом) на камтар аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бошанд, зимнан, унвони барандаи ҷоизаи (соҳибдиплом) намоишгоҳҳо, озмунҳо ё ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва (ё) ҷумҳуриявӣ дар ҳамон ҳолат ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар он дар давраи омӯзгории унвонҷӯи унвони илмӣ дар муассисаи таҳсилотии таҳсилоти олии касбӣ ё баъди хатми он дарёфт гардида бошанд;

- тариқи шартномаи меҳнатӣ дар муассисае кор кунанд, ки онҳоро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудааст;

- вазифаи декани факултет, мудири кафедра, дотсент, роҳбар ё муовини роҳбари филиал ё пажӯҳишгоҳ (донишкада)-и муассисаи ӯро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳодкунанда, ректор, муовини аввали ректор, муовини ректор, директор, муовини директор, вазифаи сардори кафедра ё муовини сардори кафедра ё ки вазифаи дар феҳрист шомилбуда, ки аз тарафи роҳбари мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ тасдиқ шуда, дар он тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ хизмати ҳарбӣ ё дигар хизмати ба он баробаркардашуда ва аз тарафи роҳбари мақомоти марказии иҷроияи давлатӣ дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст.

127. Меъёрҳои додани унвони илмии дотсент дар соҳаи санъат инҳо мебошанд:

- доштани собиқаи бефосилаи кор на камтар аз 2 сол дар вазифаҳое, ки дар сархати панҷуми банди 123 Тартиби мазкур нишон дода шудааст:

- амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (аз ҷумла дар шароити ҳамкор будан) аз рӯйи соҳаи санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;

- доштани собиқаи кори омӯзгорӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳо, аз ҷумла на камтар аз 3 сол собиқаи кори омӯзгорӣ дар соҳаи санъат, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- тайёр кардани на камтар аз 2 нафар барандаи ҷоизаи (соҳибдиплом) намоишгоҳҳо, озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва (ё) ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;

- доштани на камтар аз 2 асари илмӣ ва маводи таълимӣ, таълимӣметодии чопшуда (аз ҷумла, бо ҳаммуаллифӣ) ва на камтар аз 7 кори эҷодӣ аз рӯйи соҳаҳои санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда.

128. Меъёрҳои додани унвони илмии профессор дар соҳаи санъат чунинанд:

- доштани собиқаи бефосилаи кор на камтар аз 2 сол дар вазифаҳои дар банди 123 Тартиби мазкур зикршуда;

- амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (аз ҷумла дар шароити ҳамкор будан) аз рӯйи он соҳаи санъат, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- доштани собиқаи кори омӯзгорӣ на камтар аз 10 сол дар муассисаҳо, аз ҷумла, на камтар аз 3 сол собиқаи кори омӯзгорӣ дар он соҳаи санъат, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- баъди дарёфти унвони илмии дотсент тайёр кардани на камтар аз 3 нафар барандаи ҷоизаи (соҳибдиплом) намоишгоҳҳо, озмунҳо ё ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва (ё) ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи санъат, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- баъди дарёфти унвони илмии дотсент доштани на камтар аз 3 кори илмӣ ва маводи таълимӣ, таълимӣ-методии чопшуда (аз ҷумла бо ҳаммуаллифон) ва на камтар аз 10 корҳои эҷодӣ аз рӯйи соҳаи санъат, ки дар парвандаи аттестатсионӣ пешниҳод шудааст.

129. Унвони илмии профессор дар соҳаи санъат аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ ба шахсони довталаб барои дарёфти унвонҳои илмии дараҷаи илмии доктори илм надошта дода мешавад, агар онҳо дар рӯзи пешниҳоди парвандаи аттестатсионӣ ба шӯрои муассиса талаботи зеринро қонеъ намоянд:

- маводи таълимӣ ва асарҳои илмии чопшуда дошта бошанд, курсҳои лексияҳоро хонанд ё дигар машғулиятҳоро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронанд;

- таҳсилоти олии касбӣ дошта бошанд;

- ба унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (ҳунарпешаи халқӣ, рассоми халқӣ, меъмори халқӣ, арбоби шоистаи санъат, ҳунарпешаи шоиста ва рассоми шоиста, меъмори шоиста) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (соҳибдиплом), маъмулан, на кам аз 3 намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва (ё) ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бошанд (зимнан, унвони барандаи ҷоизаи (соҳибдиплом) намоишгоҳҳо, озмунҳо ё ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва (ё) ҷумҳуриявӣ дар ҳамон ҳолат ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар он дар давраи омӯзгории унвонҷӯи унвони илмӣ дар муассисаи таҳсилотии таҳсилоти олии касбӣ ё баъди хатми он дарёфт гардида бошанд);

- тибқи шартномаи меҳнатӣ дар муассисае кор мекунанд, ки онҳоро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудааст;

- вазифаҳои зеринро иҷро кунанд: вазифаи профессор, декани факултет, мудири кафедра, роҳбар ё муовини роҳбари филиал ё пажӯҳишгоҳи муассисае, ки ӯро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод мекунад, ректор, муовини аввали ректор, муовини ректор, директор, муовини директор, сардори кафедра, муовини сардори кафедра ё вазифаи дар феҳрист шомилбуда, ки аз тарафи роҳбари мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ тасдиқ шуда, дар он тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ хизмати ҳарбӣ ё дигар хизмати ба он баробаркардашуда ва аз тарафи роҳбари мақомоти марказии иҷроияи давлатӣ дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст;

- дорандаи унвони илмии дотсент буда, аз рӯзи дарёфти он на камтар аз 3 сол сипарӣ шудааст.

§ 4. Меъёрҳои додани унвони илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва талабот нисбат ба шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

130. Унвони илмии дотсент дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ ба шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмии дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ё номзади илм надошта дода мешавад, агар онҳо дар рӯзи пешниҳоди парвандаи аттестатсионӣ ба шӯрои муассиса талаботи зеринро қонеъ намоянд:

- маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва асарҳои илмии чопшуда дошта бошанд, курси лексияҳоро хонанд ё машғулиятҳои дигарро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронанд;

- вазифаи декани факултет, дотсент, мудири кафедра, роҳбар ё муовини роҳбари филиал ё пажӯҳишгоҳ (донишкада)-и муассисаеро иҷро кунад, ки ӯро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод кардааст, вазифаи ректор, муовини аввали ректор, муовини ректор ё вазифаи мудири кафедра, муовини мудири кафедра ё вазифаи директор, муовини директор, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ ё мудир (сардор), муовини мудир (сардор)-и шуъбаи (бахш, озмоишгоҳ)-и илмӣ, илмӣ- таҳқиқотӣ, роҳбар ё муовини роҳбари филиали (оид ба корҳои илмӣ, илмӣ - таҳқиқотӣ, таълимӣ, таълимӣметодӣ)-и муассисаи ӯро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳодкунанда ё вазифаи дар феҳрист шомилбудаи аз тарафи роҳбари мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, ки дар он тибқи қонун хизмати ҳарбӣ ё дигар хизмати ба он баробаркардашударо, ки аз тарафи роҳбари мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ гардидааст, иҷро кунанд.

131. Меъёрҳои додани унвони дотсент дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чунинанд:

- доштани собиқаи бефосилаи кор на камтар аз 2 сол дар вазифаҳои дар сархати сеюми банди 127 Тартиби мазкур нишондодашуда;

- амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (аз ҷумла, дар шароити ҳамкор будан) аз рӯйи он соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- доштани собиқаи кори омӯзгорӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳо, аз ҷумла на камтар аз 3 сол собиқаи кори омӯзгорӣ аз руйи он соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- доштани унвони қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳон, Аврупо, Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои қаҳрамонии миллӣ ё унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, унвони фахрии байналмилалӣ ё барандаи ҷоиза дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё тайёр кардани на камтар аз 1 нафар қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон, Аврупо, Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони мусобиқаи миллӣ аз рӯйи он соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- доштани на камтар аз 3 маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва асарҳои илмии чопшуда дар 5 соли охир аз рӯйи он соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст.

132. Унвони илмии профессор дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ ба шахси довталаби унвони илмӣ, ки дараҷаи илмии доктори илмро надорад, дода мешавад, агар ӯ дар рӯзи пешниҳоди парвандаи аттестатсионӣ ба шӯрои муассиса талаботи зеринро қонеъ намояд:

- маводи таълимӣ, таълимӣ - методӣ ва асарҳои илмии чопшуда дошта бошад, курси лексияҳоро хонад ва ё машғулиятҳои дигарро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронад;

- бо шартномаи меҳнатӣ дар муассисае, кор мекунад, ки ӯро ба дарёфти увони илмӣ пешниҳод намудааст;

- вазифаи профессори кафедра, мудири кафедра, декани факултет, роҳбар ё ҷонишини роҳбари филиал ё институти муассисаро, ки ӯро ба унвони илмӣ пешниҳод намудааст, иҷро намояд;

- вазифаи мувини якуми ректор, муовини ректор ё ректор ва ё вазифаи сардори кафедра, ё муовини сардори кафедра, ё вазифаи директор, муовини директор, сарходими илмӣ, ё мудир (сардор), муовини мудири (сардори) шуъбаи илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ (бахш, сектор, озмоишгоҳ), роҳбар ё муовини роҳбари (оид ба корҳои илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, таълим, таълимӣметодии) филиали ташкилоте бошад, ки ӯро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудааст, ё вазифаи дар феҳристи аз тарафи роҳбари мақомоти ҳокимияти иҷроия тасдиқшаванда, ки дар он тибқи қонунгузорӣ хизмати ҳарбӣ ё дигар хизмати ба он баробаркардашуда пешбинӣ шудааст, роҳбари мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи корҳои дохилиро иҷро намояд;

- унвони илмии дотсентро доранд, ки аз рӯзи дарёфти он на камтар аз 3 сол сипарӣ шудааст.

133. Меъёрҳои додани унвони профессор дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш инҳоянд:

- доштани собиқаи бефосилаи кор на камтар аз 2 сол дар вазифаҳои дар сархати 3 банди 129 Тартиби мазкур нишондодашуда;

- амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (аз ҷумла дар шароити ҳамкор будан) аз рӯйи он соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- доштани собиқаи кори омӯзгорӣ на камтар аз 10 сол дар муассисаҳо, аз он ҷумла, на камтар аз 3 сол собиқаи кори омӯзгорӣ аз руйи он соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст;

- доштани унвони қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳон, Аврупо, Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои қаҳрамонии миллӣ ё унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, унвони фахрии байналмилалӣ ё ҷоизаҳои соҳаи дахлдори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- тайёр кардани на камтар аз 3 нафар қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаҳои Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, қаҳрамони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон, Аврупо, Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони мусобиқаҳои миллӣ аз рӯйи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст ё дар 10 соли охир доштани китоби дарсӣ (васоити таълимӣ)-и чопшуда аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;

- доштани на камтар аз 5 асари илмӣ ва маводи таълимӣ, таълимӣметодии чопшуда тайи 5 соли охир аз рӯйи он соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар парвандаи аттестатсионӣ нишон дода шудааст.

§ 5. Ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудани номзадҳо аз тарафи муассисаҳо

134. Номзадҳои ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳодшавандаро шӯрои муассисаи пешниҳодкунандаи шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ баррасӣ менамояд.

135. Қарори шӯрои муассиса дар бораи ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудан бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад.

136. Ҷаласаи шӯрои муассиса дар мавриде босалоҳият ҳисобида мешавад, ки агар дар ҷаласа на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои дар рӯйхати шӯрои муассиса шомилбуда иштирок дошта бошанд. Қарори шӯрои муассиса дар бораи пешниҳод ба дарёфти унвони илмӣ мусбат ҳисоб мешавад, агар ба тарафдории номзад на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои шӯрои дар ҷаласа иштирокдошта, вале на камтар аз 50 дарсади шумораи умумии аъзои шӯро овоз дода бошанд.

137. Нусхаи парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ дар муассисае, ки онҳоро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод кардааст, ба муҳлати 10 сол нигоҳдорӣ мешавад.

138. Унвонҳои илмиро метавонанд шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки барои фаъолияти омӯзгорӣ ва (ё) илмӣ ба муассиса даъват шудаанд, дарёфт намоянд, агар талаботи нисбат ба шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмиро қонеъ кунанд.

§ 6. Баррасии парвандаҳои аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ дар КОА

139. Санҷиши мукаммали ҳуҷҷатҳои барои баррасии масъала оид ба додани унвони илмӣ ба шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ пешниҳодшаванда, инчунин барасмиятдарории онҳоро ҳангоми воридшавии парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ КОА амалӣ менамояд. Ҳангоми ошкор шудани камбудӣ дар ҳуҷҷатҳо ё барасмиятдарории нодурусти онҳо парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ бо асоснок кардани сабаби баргардонидан барои бартараф намудани нуқсонҳои ошкоршуда ба муассисаи онро пешниҳоднамуда баргардонида мешавад. Дар ин ҳолат муҳлати қабули қарор аз рӯйи масъалаи додани унвони илмӣ аз рӯзи ба КОА воридшавии парвандаи аттестатсионии ислоҳшудаи шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ муқаррар мегардад.

140. Дар ҳолати пешниҳоди такрории парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ бидуни бартарафкунии камбудиҳои қаблан ошкоргардида КОА маводи иловагии заруриро барои баррасии парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ дархост намуда, онҳоро ҳамроҳ бо парвандаи аттестатсионӣ барои ташхис ба муассисаи дигар ирсол менамояд. Муассиса на дертар аз 2 моҳ аз рӯзи дарёфти маводи иловагӣ ва парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ хулосаи шӯрои муассисаро оид ба натиҷаҳои баррасии парвандаи аттестатсионӣ ба КОА пешниҳод мекунад. Дар муҳтавои хулосаи муассиса бояд натиҷагириҳои асоснокшуда оид ба риояи тартиби додани унвони илмӣ, иҷрои меъёрҳои додани унвони илмӣ, аз ҷумла, оид ба мутобиқати шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ ба талабот нисбат ба шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ пешниҳодшаванда мавҷуд бошад.

141. КОА аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши парвандаи аттестатсионӣ чунин қарор қабул мекунад:

- дар бораи додани унвони илмӣ;

- дар бораи радкунии додани унвони илмӣ.

142. Дар ҳолати радкунии додани унвони илмӣ, пешниҳоди такрории шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ барои дарёфти унвони илмӣ метавонад баъди на камтар аз як сол аз рӯзи қабули қарор оид ба радкунии додани унвони илмӣ ба ӯ амалӣ гардад.

143. Муҳлати баррасии парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ дар КОА набояд зиёда аз 6 моҳ бошад. Дар сурати баргузории ташхиси иловагӣ муҳлати баррасии парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ метавонад то 3 моҳ тамдид гардад.

144. Фармоиши КОА дар бораи додани унвони илмӣ ва шаҳодатнома ё рад кардани додани унвони илмӣ дар муддати 10 рӯз дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет" ва низоми иттилоотии давлатии аттестатсияи илмӣ аз рӯзи таъсиси он ҷой дода мешавад.

§ 7. Маҳрум кардани унвони илмӣ

145. Шахсоне, ки ба онҳо унвонҳои илмӣ дода шудаанд, метавонанд аз тарафи КОА бо асосҳои зерин аз унвон маҳрум карда шаванд:

- маҳрум кардани шахсе, ки ба ӯ унвони илмӣ дода шудааст, аз дараҷаи илмӣ;

- ошкор гардидани маълумоти тасдиқкунандаи вайронкуниҳои талаботи ҳамин Тартиб нисбат ба шахсе, ки ба ӯ унвони илмӣ дода шудааст ва ба шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмии матраҳшаванда дар рӯзи додани унвони илмӣ ба ҳамин гуна шахс.

146. Ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба унвони КОА дар шакли хаттӣ ё электронӣ ба шарти истифодаи имзои электронӣ аз рӯзи аз тарафи КОА қабул шудани қарор оид ба додани унвони илмӣ дар муддати 5 сол дода мешавад.

147. Муҳтавои ариза дар бораи маҳрум кардани унвони илмӣ аз инҳо иборат аст:

- номи муассисае, ки шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмиро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудааст, маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии он, суроға, имзои роҳбар (муовини роҳбар), нусхаи муҳри шахси ҳуқуқии аризадиҳанда оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ;

- насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, ки оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ ариза додааст, инчунин рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ (агар мавҷуд бошад) ва суроғае, ки ба онҳо маълумот дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои баррасии ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ бояд ирсол гардад;

- маълумот дар бораи қарори КОА оид ба додани унвони илмӣ ва супоридани диплом оид ба додани унвони илмӣ (санаи қабули қарори зикршуда, насаб, ном, номи падари шахсе, ки нисбат ба ӯ ин қарор қабул шудааст);

- далелҳое, ки дар асоси онҳо шахси аризадиҳанда оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ аз қарори КОА дар бораи додани унвони илмӣ ва супоридани диплом оид ба додани унвони илмӣ (бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои зикршуда) норозӣ аст.

148. Масъалаи маҳрум кардани унвони илмӣ дар ҳолатҳои зерин баррасӣ намегардад;

- мавҷуд будани қарори КОА дар бораи аризаҳои қаблан додашуда оид ба маҳрум кардани унвон аз рӯйи худи ҳамон асосҳо;

- дар ариза оид ба маҳрум кардани унвонҳои илмӣ мавҷуд набудани маълумоти дар банди 144 Тартиби мазкур пешбинигардида;

- дар ариза оид ба маҳрум кардани унвонҳои илмӣ мавҷуд будани алфози қабеҳ ё ибораҳои таҳқиромез;

- имконнопазир будани хондани матни ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ.

149. Дар ҳолатҳои дар банди 145 Тартиби мазкур пешбинишуда КОА ба суроғаи шахси аризадода оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ (дар сурати имконпазир будани хондани он), огоҳинома оид ба рад кардани баррасии аризаро бо зикри сабабҳои иқдоми мазкур дар муддати 30 рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ирсол менамояд.

150. КОА ба муассисаи пешниҳодкунандаи шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмӣ барои дарёфти унвони илмӣ, инчунин ба шахсе, ки нисбат ба ӯ ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмиро додааст, огоҳиномаро дар бораи воридшавии ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ бо замимаи ариза ирсол менамояд.

151. Муассиса на дертар аз 2 моҳ аз рӯзи дарёфт кардани огоҳинома ба КОА инҳоро пешниҳод мекунад:

- хулосаи шӯрои муассиса оид ба натиҷаҳои баррасии ариза дар бораи маҳрум кардани унвони илмӣ;

- пайнависи (стенограммаи) ҷаласаи шӯрои муассиса, ки дар он ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ баррасӣ гардидааст, бо имзои раисикунандаи ҷаласа, котиби илмии шӯрои муассиса ва бо муҳри муассиса тасдиқшуда.

152. КОА дар асоси ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ, хулосаи далелноки муассиса ва парвандаи аттестатсионии шахсеро, ки нисбат ба ӯ ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ дода шудааст, қарорро дар бораи маҳрум кардани унвони илмӣ ва дар хусуси бекор намудани шаҳодатнома оид ба додани унвони илмӣ ё оид ба радкунии маҳрум кардани унвони илмиро қабул мекунад. Фармоиши КОА дар бораи маҳрум кардани унвони илмӣ ва дар хусуси бекор намудани шаҳодатнома оид ба додани унвони илмӣ дар муддати 10 рӯз аз рӯзи қабули он дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет" ҷой дода шуда, нусхаи қарори мазкур ба шахси аризадиҳанда оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ, ба муассисае, ки шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмиро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод намудааст, инчунин ба шахсе, ки нисбат ба ӯ қарор дар бораи маҳрум кардан ё радкунии маҳрум кардани унвони илмӣ қабул гардидааст, ирсол мешавад.

153. Муҳлати аз тарафи КОА қабул кардани қарор оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ аз рӯзи ворид шудани ариза наметавонад аз 6 моҳ зиёд бошад. Муҳлати зикршуда метавонад аз тарафи КОА дар сурати дархости маълумоти иловагӣ барои баррасии ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ, инчунин ирсоли ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ ва маводи оид ба он воридшуда ба муассисаи дигар барои хулосаи иловагӣ тамдид гардад. Қарор оид ба тамдиди муҳлатро раиси КОА қабул мекунад.

154. Қароре, ки аз рӯйи ариза оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ аз тарафи КОА қабул шудааст, метавонад бо тартиби судӣ мавриди эътироз қарор гирад.

§ 8. Барқарор кардани унвони илмӣ

155. Шахсоне, ки аз унвони илмӣ маҳрум шудаанд, метавонанд бо қарори КОА дар ҳолати вуҷуд доштани асосҳои зерин барқарор карда шаванд:

- барқарор кардани дараҷаи илмӣ, ки маҳрум кардани он барои маҳрум кардани унвони илмӣ ҳамчун асос хизмат кардааст;

- ошкор шудани беасосии маълумоти гувоҳидиҳандае, ки барои маҳрум кардани унвони илмӣ асос шудааст;

- вайрон карда шудани қоидаи маҳрум кардани унвони илмӣ, ки ҳамин Тартиб муқаррар намудааст.

156. Ариза дар хусуси барқарор кардани унвони илмӣ метавонад аз тарафи дилхоҳ шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба КОА ба таври хаттӣ ё дар шакли электронӣ бо шарти истифодаи имзои электронӣ дода шавад. Аризаи мазкур метавонад дар муддати 10 сол аз рӯзи қабули қарори КОА оид ба маҳрум кардани унвони илмӣ дода шавад.

157. Дар ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ нишон дода мешаванд:

- номи муассисаи шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмиро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳодкарда, маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии он, суроға, имзои роҳбар (муовини роҳбар), нусхаи муҳри шахси ҳуқуқии аризадиҳанда оид ба барқарор кардани унвони илмӣ;

- насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, ки барои барқарор кардани унвони илмӣ ариза додааст, инчунин рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ (агар мавҷуд бошад) ва суроғаи почтавӣ, ки ба онҳо маълумот дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои баррасии ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ ирсол мегардад;

- маълумот дар бораи қарори КОА (санаи қарори қабулшуда, насаб, ном, номи падари шахси аз унвони илмӣ маҳрумгардида, ки ба он эътироз оварда мешавад;

- далелҳое, ки дар асоси онҳо шахси аризадода оид ба барқарор кардани унвони илмӣ аз қарори КОА (бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои зикршуда) норозӣ аст.

158. Дар ҳолатҳои зерин ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ баррасӣ намегардад:

- дар ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ набудани далелҳое, ки дар асоси онҳо шахси аризадода бо қарори КОА розӣ нест, инчунин набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои нишондодашуда;

- мавҷуд будани қарори КОА аз рӯйи ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ, ки қаблан оид ба ҳамон масъала қабул шудааст;

- дар ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ мавҷуд набудани маълумоте, ки дар банди 154 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст;

- имконнопазир будани хондани матни ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ;

- мавҷуд будани алфози қабеҳ ва ибораҳои таҳқиромез дар ариза оид ба барқароркунии унвони илмӣ.

159. Дар ҳолатҳои дар банди 155 Тартиби мазкур пешбинишуда КОА ба суроғаи шахси аризадиҳанда оид ба барқароркунии унвони илмӣ огоҳиномаро дар бораи радкунии баррасии ариза бо зикри сабабҳои иқдоми мазкур дар мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ирсол менамояд.

160. КОА ба муассисае, ки шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмиро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод кардааст, огоҳиномаро оид ба воридшавии ариза дар бораи барқарор кардани унвони илмӣ бо замимаи ариза мефиристад. Чунин муассиса на дертар аз 2 моҳ баъди дарёфти огоҳинома ба КОА ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- хулосаи шӯрои муассиса оид ба натиҷаҳои баррасии ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ;

- пайнавис (стенограмма)-и бо имзои раисикунандаи ҷаласа, котиби илмии шӯрои муассиса ва бо муҳри муассиса тасдиқшудаи ҷаласаи шӯрои муассисае, ки дар он ариза оид ба барқароркунии унвони илмӣ баррасӣ гардидааст.

161. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи баргузоршудаи шӯрои муассисае, ки шахсони довталаби дарёфти унвонҳои илмиро ба дарёфти унвони илмӣ пешниҳод кардааст, КОА қарори зеринро қабул мекунад:

- дар бораи барқарор кардани унвони илмӣ;

- дар бораи радкунии барқарор кардани унвони илмӣ.

162. Муҳлати қабули қарори КОА дар бораи ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ аз рӯзи воридшавии ариза наметавонад аз 6 моҳ зиёд бошад. Муҳлати зикршуда метавонад аз тарафи КОА дар сурати дархости маълумот ва маводи иловагии зарурӣ барои баррасии ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ тамдид карда шавад. Қарор оид ба тамдиди муҳлати мазкурро раиси КОА, ки фаъолияти аттестатсияи илмии давлатиро таъмин менамояд, қабул мекунад.

163. Фармоиши КОА дар бораи барқарор кардани унвони илмӣ дар муддати 10 рӯз аз рӯзи қабули он дар сомонаи расмии КОА дар шабакаи "Интернет" ҷой дода мешавад. Нусхаи қарори мазкур ба шахсе, ки оид ба барқарор кардани унвони илмӣ ариза додааст, инчунин ба шахсе, ки нисбат ба ӯ қарори дахлдор қабул шудааст, ирсол мегардад.

164. Қароре, ки аз рӯйи ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ аз тарафи КОА қабул шудааст, метавонад бо тартиби судӣ мавриди эътироз қарор гирад.

3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

165. Тамоми масъалаҳои баҳснок оид ба Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мегардад.

166. Дахолати мақомоти давлатӣ, дигар муассисаҳо, шаҳрвандон аз ҷумла, шахсони мансабдор ба фаъолияти КОА оид ба масъалаҳои додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ, нострификатсияи (баробарарзишии) ҳуҷҷатҳо, аттестатсияи такрории шахсони дар давлатҳои хориҷӣ дараҷа ва унвонҳои илмӣ дарёфтнамуда, маҳрум (барқарор) кардани дараҷа ва унвонҳои илмӣ манъ мебошад.