Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ аз 26 ноябри соли 2016 № 505

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 267 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "26" ноябри соли 2016, № 505

НИЗОМНОМАИ НАМУНАВӢ ОИД БА ШӯРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ (минбаъд - Низомнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби ташкил ва фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисосро (минбаъд - Шӯро) муайян мекунад; қоидаҳои баргузории ҷаласаҳои Шӯро, гузаронидани ташхиси диссертатсияҳоро, ки ташхиси аввалия, ташхиси муқарризони расмӣ, ташхиси муассисаи муқарриз ва ҳимояи ошкор дар Шӯро оид ба ҳимояи диссертатсияро дар бар мегирад, ҳамчунин аттестатсияи такрории соҳибони ҳуҷҷатҳои тахассусӣ оид ба дараҷаҳои илмии давлатҳои хориҷӣ додашуда ва маҳрум (барқарор) кардани дараҷаҳои илмиро муқаррар мекунад.

2. Шӯро талаботи ягонаро нисбат ба довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ва диссертатсияи онҳо таъмин мекунад, ҳамчунин, таҳлили муҳтавои диссертатсияро амалӣ намуда, ба диссертатсияҳои барои ҳимоя пешниҳодшуда баҳо медиҳад.

3. Шӯро фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар асоси Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

4. Баррасии диссертатсияҳо дар Шӯро марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:

- ташхиси аввалия;

- ташхиси муқарризони расмӣ ва муассисаи муқарриз;

- ҳимояи ошкори диссертатсия.

5. Аз рӯйи натиҷаҳои ҳимояи ошкори диссертатсия Шӯро барои додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос қарор қабул намуда, амалҳои зеринро ба ҷо меорад:

- ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КОА) дархостномаро оид ба додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос пешниҳод мекунад;

- ба диссертатсияҳое, ки дар дигар шӯроҳо ҳимоя шудаанд, хулосаи иловагӣ медиҳад;

- дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоятномаҳо оид ба масъалаи додани дараҷаҳои илмӣ дар мавриди вайрон кардани тартиби пешниҳод намудан ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсияҳо (минбаъд - шикоятнома) хулоса медиҳад;

- ҳамасола фаъолияти худро таҳлил ва баррасӣ менамояд (бо шумули муҳтавои диссертатсияҳои ҳимояшуда);

- дигар ваколатҳои муқаррарнамударо тибқи талаботи Тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ амалӣ менамояд.

6. Шӯро барои мувофиқати диссертатсияҳо ба ихтисосҳо ва самтҳои пешниҳодшуда, воқеӣ будани сифати ташхиси онҳо, асоснок будани қарорҳои дахлдори нисбати онҳо қабулшуда, мувофиқати онҳо ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур масъул мебошад. Шӯро вазифадор аст, ки аз рӯйи дархости КОА тавзеҳоти зарурӣ диҳад ва барои гузаронидани ташхис ва ҳимояи диссертатсия маводи дахлдорро пешниҳод намояд.

7. Дар мавриди вайрон намудани қоидаҳои пешниҳод ва ҳимояи диссертатсияҳо, воқеӣ набудани ташхиси онҳо, КОА ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти Шӯроро манъ кунад ва ё қатъ намояд.

8. Агар дар натиҷаи ташхиси мавод дар КОА вайрон карда шудани талабот оид ба қоидаҳои ҳимоя аз ҷониби шӯрои ҳимояи диссертатсияҳо ошкор шуда бошад, КОА ҳуқуқ дорад, ки диссертатсияҳои ҳимояшударо барои баррасии такрорӣ ба Шӯрои мазкур баргардонад.

9. Шӯро ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ шароити шиносоӣ бо маводи ба диссертатсия дахлдоштаро фароҳам меорад ва дар масъалаҳои вобаста ба ҳимояи он ёрии илмию методӣ мерасонад.

10. Аъзои Шӯро уҳдадориҳои худро тибқи банди 155 Низомномаи мазкур ба роҳ мемонанд.

11. Муассисае, ки дар заминаи он Шӯро таъсис дода шудааст, ҷой додани матни пурраи диссертатсияро дар сомонаи расмии худ дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии "Интернет" (минбаъд - сомонаи муассиса) таъмин менамояд, сабти ҷаласаҳои Шӯро ва омода намудани шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмиро ба аттестатсия ташкил мекунад, маводи иттилоотиро тибқи "Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)" дар сомонаи муассиса ҷойгир карда, фаъолияти ошкорбаёнии шӯроҳоро таъмин менамояд.

12. Пардохти хароҷоти вобаста ба баррасӣ ва ҳимояи диссертатсия аз ҳисоби шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ қатъиян манъ аст.

13. Хароҷоти муқарризони расмиро дар кори Шӯро муассисае, ки дар назди он Шӯро таъсис дода шудааст, пардохт менамояд.

14. Роҳбари муассисае, ки дар назди он Шӯро таъсис дода шудааст, барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти Шӯро мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгорӣ масъул мебошад.

15. Хизматчиёни давлатӣ диссертатсияҳои худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ ҳимоя мекунанд. Ҳимояи диссертатсияҳои хизматчиёни давлатӣ дар Шӯрои назди муассисаҳое, ки тобеи зерсохтори мақомоти давлатӣ мебошанд ва онҳо дар он ҷо фаъолият мекунанд, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, муовинони онҳо дар шӯроҳое, ки дар тобеияти онҳо мебошанд, бо иҷозати КОА дар ҳолате амалӣ мешаванд, ки агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар Шӯро аз рӯйи ихтисос ва соҳаи илми мувофиқ мавҷуд набошад.

16. Диссертатсияи шаҳрвандони хориҷӣ метавонад аз тарафи Шӯро дар ҳолатҳое қабул шавад, ки он тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба шарте, ки диссертатсия дар асоси қарордоди имзошуда миёни шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ва муассисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кормандони илмии тахассуси олиро тайёр мекунад, пешбинӣ гардида бошад. Дар ҳолати охир ба ҳимоя пешниҳод шудани диссертатсия ва ташхиси муқаддамотии диссертатсияи шаҳрванди хориҷӣ бояд аз тарафи ҳамон муассиса гузаронида шавад. Ҳимояи диссертатсияи шаҳрвандони хориҷӣ мутобиқи талаботи барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда дар сурати аз тарафи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ё муассисаи ирсолкунанда пардохт шудани хароҷоти гузаронидани ҳимояи ошкорои диссертатсия ва ташхиси он амалӣ мегардад, агар созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

2. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШӯРОҲО

17. Шӯро бо қарори КОА дар заминаи муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (минбаъд - муассисаҳо), ки бо кадрҳои илмии дорои тахассуси олӣ таъмин буда, дорои дастовардҳои бузурги илмӣ мебошанд, дар самтҳои дахлдори илм таҳқиқоти илмиро фаъолона амалӣ менамоянд, инчунин, кормандони илмии тахассуси олиро дар доираи аспирантура (адъюнктура) ва докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва постдокторантура тайёр мекунанд, ташкил карда мешавад.

18. Барои ҳимояи диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос шӯроҳои алоҳида таъсис дода мешаванд, ки дар онҳо диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ҳимоя карда мешаванд. КОА як ё якчанд ихтисосҳои ба ҳам наздик (на зиёдтар аз панҷ ихтисос) аз рӯйи як ё ду соҳаҳои наздики илмро муайян мекунад, ки аз рӯйи онҳо Шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимояи диссертатсияҳоро дорад. Дар мавридҳои дар банди 22 Низомномаи мазкур пешбинишуда КОА метавонад ба Шӯро барои гузаронидани ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия аз рӯйи ихтисосҳо ва соҳаҳои илми ба тахассуси Шӯро наздикбуда иҷозат диҳад.

19. Барои дар назди муассиса таъсис додани Шӯро зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 3 доктори илм дар соҳаи илме, ки аз рӯйи он Шӯро таъсис дода мешавад, бошад ва 2 нафар аз онҳо корманди штативу доимии ин муассиса бошад (дар ҳолатҳои истисноӣ барои ихтисосҳои алоҳида КОА метавонад, ки ба 2 нафар доктори илм дар соҳаи илме, ки аз рӯии он Шӯро таъсис дода мешавад ва 1 нафари онҳо аз корманди шатативу доимии муассиса бошад, иҷозат диҳад). Мутобиқати ин аъзои Шӯро ба ихтисос ва самтҳои илм бо дипломи дараҷаи илмии онҳо ва (ё) бо мақолаҳои илмии ба табъ расидаи онҳо тасдиқ карда мешавад.

20. Шӯро ба муҳлати то 5 сол аз рӯйи як ё якчанд (маъмулан на зиёда аз панҷ ихтисос) ихтисосҳои ба ҳам наздики соҳаҳои илм таъсис дода мешавад. Дар мавриди хотима ёфтани муҳлати ваколати Шӯро КОА аз рӯйи дархостномаи роҳбари муассисае, ки дар назди он Шӯро ташкил шудааст, оид ба тамдиди муҳлати ваколатҳои он бо тағйири ҳайат ё бетағйир мондани ҳайати Шӯро қарор қабул менамояд.

21. Ба ҳайати Шӯро докторони илм ва докторони фаласафа (PhD), докторон аз рӯйи ихтисос (номзадҳои илм), ки аз рӯйи ихтисоси соҳаи илми дахлдор монография ё на кам аз се кори илмӣ доранд, ки дар муддати панҷ соли охир дар интишороти тақризшавандаи КОА чоп шудаанд, дохил мешаванд. Шумораи ҳайати Шӯро бояд на камтар аз 15 нафар бошад.

22. Дар ҳолати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани шумораи кофии мутахассисон барои ташкили Шӯро аз рӯйи самтҳое, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрам мебошанд, ба тариқи истисно ба ҳайати он метавонанд мутахассисони дигар кишварҳо дар мувофиқа бо КОА (на зиёдтар аз ду нафар аз рӯйи ҳар як ихтисос) шомил гарданд.

23. Шумораи аъзо ва ҳайати шахсии Шӯро, феҳристи ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки аз рӯйи онҳо ба Шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимояи диссертатсияҳо вогузор мегардад, инчунин, муҳлати ваколатҳои Шӯро дар асоси дархостномаи муассиса дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ (барои муассисаҳои илмии тобеи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз мувофиқа бо раёсати Академияи илмҳо) бо фармоиши раиси КОА тасдиқ карда мешавад. Дархостномаи таъсиси Шӯро, ки онро шӯрои илмии муассиса маъқул дониста, роҳбари муассиса тасдиқ намудааст, бояд иттилоотро дар бораи дастовардҳои илмии муассиса дар соҳаи дахлдори илм, шумораи докторҳои илм мутобиқ бо самтҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва дар муассиса, инчунин, дар муассисаи мазкур мавҷуд будани аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва постдокторантура, сохторҳои тобеъ, ки аз рӯйи онҳо Шӯро таъсис дода мешавад, фаро гирад. Агар аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо Шӯро таъсис дода мешавад, шиносномаҳои тасдиқнамудаи КОА мавҷуд набошанд, он гоҳ ба дархостнома мутобиқи замимаи 1 лоиҳаи шиносномаи ин ихтисосҳо илова карда мешаванд.

24. Ба ҳайати Шӯро докторони илм, номзадҳои илм, докторони фалсафа (PhD), докторон аз рӯйи ихтисос дохил карда мешаванд. Шӯро бояд ҳайати зеринро дар бар гирад:

- на кам аз панҷ мутахассис бо дараҷаи илмӣ, аз он ҷумла, на кам аз як доктори илм мутобиқи ҳар як аз ихтисоси соҳаи илми дахлдор, ки аз рӯйи онҳо ба Шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимояи диссертатсияҳо вогузор мегардад;

- на кам аз як мутахассис аз рӯйи ҳар як ихтисоси соҳаи илми дахлдор, ки дар муассисаи дар назди он Шӯро таъсисёфта кор мекунанд;

- ба ҳайати Шӯро метавонанд мутахассисон аз дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ дохил шаванд, ки маъмулан шумораи онҳо на камтар аз сеяки ҳайати Шӯро ва на зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро бошад.

25. Доктори илм ҳуқуқ дорад дар як Шӯро на зиёда аз ду ихтисос, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва номзади илм бошад, танҳо як ихтисосро намояндагӣ кунад. Як мутахассис бо дараҷаи илмии доктори илм метавонад ба ҳайати на зиёда аз се Шӯро, ё ин ки ба як шӯрои ҳимояи диссертатсияҳо (агар вай узви шӯрои ташхиси КОА бошад) шомил шавад. Мутахассиси дараҷаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва номзади илм метавонад ба ҳайати на зиёда аз ду Шӯро шомил шавад. Кормандони басти кории КОА наметавонанд аъзои Шӯро бошанд.

26. Раиси Шӯро бояд доктори илм дар соҳаи дахлдори таҳқиқоти илмӣ маъруф бо дастовардҳои илмии худ буда, докторҳои фалсафа (PhD), докторҳо аз рӯи ихтисос ва номзадҳои илм тайёр карда, корманди асосии муассисае бошад, ки дар назди он Шӯро таъсис дода мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ дар мувофиқа бо КОА корманди муассисаи дигар раиси Шӯро шуда метавонад. Дар чунин мавридҳо муовини раис бояд корманди доимии ҳамон муассисае бошад, ки дар назди он Шӯро таъсис мегардад.

27. Узви раёсати КОА, узви шӯрои ташхис аз рӯйи ихтисоси Шӯрои таъсисшаванда, инчунин, роҳбар ва муовини роҳбари мақоми давлатӣ раиси Шӯро, муовини ӯ ва котиби илмӣ буда наметавонанд. Котиби илмии Шӯро бояд корманди доимии муассисае бошад, ки дар назди он Шӯро таъсис дода мешавад.

28. Тағйири ҳайати Шӯро, иваз намудани раис, муовини он ва котиби илмии Шӯро бо қарори КОА дар асоси дархости пешниҳоднамудаи муассисае, ки дар заминаи он Шӯро таъсис дода шудааст, амалӣ мешавад. Тағйири ҳайати Шӯро, аз ҷумла, иваз намудани раис метавонад бо ташаббуси КОА амалӣ гардад.

29. Ҳангоми тағйири феҳристи ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки аз рӯйи он Шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимояи диссертатсияҳоро дорад, инчунин, дар мавриди тамдид намудани ваколатҳои Шӯро, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба ҳамон тартиби таъсис додани Шӯрои нав ба амал бароварда мешавад.

30. Шӯро метавонад аз рӯйи ихтисосҳое, ки ба тахассуси он қаробат доранд, ҳимояи якдафъаинаро гузаронад. Ҳимояи якдафъаина ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани Шӯро аз рӯйи ихтисос ва соҳаи илме, ки дар диссертатсия эълон шудааст, инчунин, дар мавриде, ки Шӯро аз рӯйи ихтисосҳо ва соҳаҳои илмии эълоншуда мавҷуд аст, аммо дар назди муассисае таъсис дода шудааст, ки тобеи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ мебошад, гузаронида мешавад. Барои гузаронидани ҳимояи якдафъаина иҷозати КОА лозим аст. Дар сурати набудани шиносномаи тасдиқшудаи ихтисос, ки аз рӯйи он ҳимояи якдафъаина гузаронида мешавад, Шӯро ба КОА лоиҳаи шиносномаи ихтисосро пешниҳод менамояд.

31. Барои гузаронидани ҳимояи якдафъаина ба ҳайати Шӯро бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда мутахассисон илова мегарданд - ду мутахассиси соҳиби дараҷаи илмӣ, ки ихтисоси илмии онҳо бо ихтисос ва соҳаи илме, ки диссертатсия аз рӯйи онҳо ба ҳимоя пешниҳод шудааст, мутобиқ аст ва яке аз онҳо доктори илм мебошад. Шумораи мутахассисони иловагии ба Шӯро шомилшуда бо дарназардошти дар ҳайати он будани докторҳо аз рӯйи ихтисос метавонад кам карда шавад, дар мавриде, ки дар асоси корҳои нашршудаи илмии пешниҳодшуда КОА онҳоро ҳамчун мутахассис аз рӯйи ихтисос ва соҳаи илме, ки аз рӯйи он диссертатсия ҳимоя мешавад, эътироф намояд. Роҳбари илмӣ (мушовир)-и шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ наметавонад ба ҳайати Шӯро барои гузаронидани ҳимояи якдафъаина шомил шавад. Дар ҳолати гузаронидани ҳимояи якдафъаина аз рӯйи ҳамон ихтисосе, ки Шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимояро дорад, аммо диссертатсияи ба ҳимоя пешниҳодшуда аз рӯйи соҳаи илмии наздик бошад, ба ҳайати Шӯро бояд ба таври иловагӣ на кам аз ду мутахассиси соҳиби дараҷаи илмӣ аз рӯйи тахассуси соҳаи илми наздик барои ҳимояи диссертатсия илова карда шаванд, ки яке аз онҳо бояд доктори илм бошад.

32. Барои гирифтани иҷозати ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия раиси Шӯро ба КОА барои зиёд намудани шумораи ихтисосҳои аъзои Шӯро ва (ё) дар бораи ба ҳайати он шомил намудани аъзои иловагӣ дархостнома ирсол менамояд. Номзадии аъзои Шӯро, ки ихтисосҳои илмии онҳо зиёд карда мешавад ва (ё) аъзоёни иловагии Шӯро, ки ба ҳайати он барои гузаронидани як ҷаласаи ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия илова гаштаанд, аз тарафи Шӯро ҳангоми қабул намудани диссертатсия барои ҳимоя тавсия карда мешаванд.

33. Ба дархостнома оид ба тамдиди муҳлати ваколатҳои Шӯро доир ба иваз намудани ҳайати он ё дар бораи ба таври иловагӣ ба ҳайати он дохил намудани мутахассисон барои гузаронидани ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия, маълумотнома дар бораи ҳайати Шӯро тибқи замимаи 2 ва маълумотнома доир ба корҳои нашршудаи илмии асосии аъзои Шӯро мутобиқи замимаи 3 илова мегарданд. Ба дархостнома оид ба гузаронидани ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия, ҳамроҳ бо зиёд намудани шумораи ихтисосҳо ба аъзои Шӯро, маълумотнома дар бораи интишороти асосии ин аъзои Шӯро аз рӯйи ихтисосе, ки ҳимояи якдафъаина гузаронида мешавад, илова карда мешавад.

3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ҶАЛАСАҲОИ ШӯРО

34. Дар муддати як рӯзи корӣ на зиёда аз се ҷаласаи Шӯроро гузаронидан мумкин аст. Дар як ҷаласа ҳимояи як диссертатсия, ё баррасии як диссертатсияе, ки аз тарафи КОА барои гузаронидани ташхис вобаста ба аттестатсияи такрории дараҷаи илмӣ, ё як масъала оид ба маҳрум кардан (барқарор кардан)-и дараҷаи илмӣ барои пешниҳоди мавод ба раёсати КОА гузаронида мешавад. Ба таври илова дар чунин ҷаласа Шӯро ҳуқуқ дорад, ки масъалаи қабул намудани диссертатсияро барои ҳимоя, инчунин, масъалаҳои ташкилиро баррасӣ намояд.

35. Ҷаласаи Шӯро ҳамон вақт салоҳият пайдо мекунад, ки агар дар кори он на камтар аз 2/3 ҳиссаи шумораи умумии аъзои он, бо шумули мутахассисоне, ки ба таври иловагӣ ба ҳайати Шӯро барои ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия (на кам аз ду мутахассиси соҳиби дараҷаи илмӣ аз рӯйи ихтисоси мутобиқ ба соҳаи илме, ки диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос баррасӣ карда мешавад ва яке аз онҳо ҳатман доктори илм бошад), шомил гардидаанд, ширкат намоянд. Ҳамон аъзои Шӯро дар ҷаласа ширкатнамуда ҳисобида мешаванд, ки агар дар муддати тамоми вақти ҷаласа ҳозир бошанд ва дар овоздиҳии пинҳонӣ ширкат намояд.

36. Ҷаласаи Шӯро бо роҳбарии раиси Шӯро гузаронида мешавад. Ҳангоми бо сабабҳои узрнок ҳозир набудани ӯ вазифаи раис ба уҳдаи муовини ӯ вогузор мешавад. Раиси (муовини раиси) Шӯро ҳуқуқи роҳбарии ҷаласаро надорад, агар ӯ роҳбари илмии (мушовири) шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, ё бо ӯ хешу табори наздик бошад (падару модар, ҳамсар, бародар, хоҳар, писар, духтар, инчунин, бародар, хоҳар, падару модар ва фарзанди ҳамсар бошад). Дар мавриди аз тарафи раиси Шӯро ва муовини ӯ имконнопазир будани иҷрои вазифаҳояшон мутобиқи талаботи пешбинишуда дар Низомномаи мазкур ҷаласаи Шӯро ба рӯзи дигар гузаронида мешавад (ба муҳлати на кам аз 10 рӯз).

37. Дар мавриди дар ҷаласа ҳозир набудани котиби илмии Шӯро, инчунин, дар ҳолатҳое, ки ӯ роҳбари илмӣ (мушовир)-и шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бошад, ё бо ӯ робитаи хешу таборӣ дошта бошад, вазифаҳои ӯро бояд дигар аъзои Шӯро иҷро намояд. Иҷрокунандаи вазифаи котиби илмии Шӯро, чун қоида бояд корманди муассисае бошад, ки дар назди он Шӯро таъсис дода шудааст. Таъин намудани иҷрокунандаи вазифаи котиби илмӣ бо овоздиҳии ошкоро дар давраи баррасии диссертатсия сурат мегирад. Агар ҳамзамон раис, муовини раис ва котиби илмӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонанд, ҷаласаи Шӯро гузаронида намешавад.

38. Ҷаласаи Шӯро бо протокол аз рӯйи пайнавис (стенограмма) ё сабти видеоӣ мураттаб ва ба расмият дароварда шуда, аз тарафи раис ва котиби илмӣ ё иҷрокунандагони вазифаи онҳо имзо карда мешавад. Дар протокол вақти оғоз ва анҷоми ҷаласа, ҳозир будани аъзои Шӯро, аз ҷумла, мутахассисони ба таври иловагӣ ба узвияти Шӯро дохилшуда бо зикри рақам ва санаи фармоиши КОА оид ба иҷозати ба ҳайати Шӯро дохил намудани онҳо, дараҷаҳои илмии онҳо ва рамзи ихтисосҳояшон, насаб, ном, номи падари докторони фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз ҳайати шӯро оварда мешаванд, инчунин, мутахассисони соҳаи диссертатсияи баррасишаванда аз ҳайати Шӯро қайд карда мешаванд.

39. Протоколи ҷаласаи Шӯро бояд ҷараёни кори он, баҳсу мунозираҳо ва натиҷаи овоздиҳиро инъикос намояд. Мулоҳизаҳо доир ба диссертатсия, саволҳои ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ додашуда ва ҷавобҳои онҳо, суханронии муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ, инчунин, раванди тасдиқ намудани протоколи овоздиҳии пинҳонӣ ва гузаронидани овоздиҳии такрорӣ (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад) бояд пурра инъикос шаванд.

40. Аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ Шӯро қарор қабул менамояд, ки он дар протоколи ҷаласаи Шӯро инъикос карда мешавад.

41. Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарори Шӯро бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё ошкоро қабул карда мешавад. Аз рӯйи масъалаи додан ва маҳрум (барқарор) кардани дараҷаи илмӣ овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад. Барои қабул шудани қарор аз рӯйи ин масъалаҳо зарур аст, ки ба тарафдории он на камтар аз 2/3 аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа иштирок намудаанд, овоз диҳанд. Ҳангоми овоздиҳӣ аз рӯйи дигар масъалаҳо барои қабул намудани қарор аксарияти оддии овозҳои аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа иштирок доранд, кифоя аст.

42. Протоколи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби Шӯро ба тариқи овоздиҳии ошкоро, бо аксарияти оддии овозҳо, қабул карда мешавад. Протоколи овоздиҳии пинҳонӣ метавонад тасдиқ карда нашавад, агар ҳангоми овоздиҳӣ вайронкунии қоидаҳо ҷой дошта бошад, ки то овоздиҳӣ аз рӯйи масъалаи оид ба тасдиқи қарор ошкор карда шуда бошанд ва дар суханронии аъзои Шӯро пешниҳод шуда бошанд. Дар ҳолате, ки далели вайронкунии қоидаҳо муқаррар гардида, протоколи овоздиҳӣ тасдиқ нашудааст, овоздиҳии такрории пинҳонӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, иҷозат дода мешавад, ки бо қарори Шӯро ҳайати комиссияи ҳисоб иваз карда шавад.

43. Пайнавис (стенограмма), ё навори видеоии ҷаласаи Шӯро ба протоколи ҷаласаи Шӯро замима гардида, ба муддати як сол пас аз қабули қарори ниҳоӣ аз тарафи Раёсати КОА дар ҳамин Шӯро нигоҳ дошта мешавад.

4. ТАШХИСИ АВВАЛИЯ ВА ҚАБУЛИ ДИССЕРТАТСИЯ БАРОИ ҲИМОЯ

44. Шӯро барои баррасӣ диссертатсияҳоеро қабул мекунад, ки аз рӯйи онҳо дар раванди ташхиси пешакӣ дар муассисаи диссертатсияро барои ҳимоя пешниҳоднамуда, хулосаи мусбат бароварда шудааст. Диссертатсияҳо бояд ба ихтисосҳо ва соҳаҳои илм, ки аз рӯйи онҳо ба Шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимоя дода шудааст, ё ки ихтисосҳо ва соҳаҳои илми наздик ба тахассуси Шӯро, ки аз рӯйи онҳо бо тартиби муқарраршуда ҳимояи якдафъаинаро гузаронидан мумкин аст, мутобиқ бошанд. Агар диссертатсия аз рӯйи ду ихтисос омода гардида бошад, Шӯро вазифадор аст, ки онро барои баррасӣ аз рӯйи ихтисоси якум қабул ва баррасӣ намояд, агар ба вай ҳуқуқи гузаронидани ҳимояи диссертатсияҳо аз рӯйи ин ихтисос вогузор шуда бошад.

45. Шахси довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ, ки диссертатсияи вай аз тарафи муассиса барои ҳимоя тавсия шудааст, ба Шӯро аризаи хаттӣ, инчунин, ҳуҷҷатҳо ва маводи заруриро аз рӯйи замимаи 4 пешниҳод менамояд.

46. Ислоҳҳо дар матни диссертатсия ва автореферат пас аз пешниҳод намудани онҳо ба Шӯро иҷозат дода намешавад, ба истиснои номи диссертатсия, ки мумкин аст бо ризоияти шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ тасҳеҳ карда шавад. Дар мавриди ошкор шудани ғалатҳо дар диссертатсия пас аз қабул карда шудани он, ё дар автореферат пас аз ирсол намудани он, ба диссертатсия ва автореферат замима кардани ғалатнома мумкин аст.

47. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ба ҳимоя дар шакли дастнависи махсус омодагардида пешниҳод мешавад, ки мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи КОА мураттаб гардидааст.

48. Агар имтиҳонҳо аз рӯйи ихтисосро шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ дар хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ҳафт сол пештар супорида бошанд, Шӯро метавонад диссертатсияро барои ҳимоя танҳо пас аз такроран супоридани имтиҳонҳои маҷмӯӣ (ё имтиҳонҳо ва санҷишҳо аз рӯйи фанҳои зарурӣ) аз тарафи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, қабул намояд.

49. Котиби илмии Шӯро пас аз пешниҳод шудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ онҳоро мувофиқи талаботи муқарраршуда аз санҷиш мегузаронад ва ҳуҷҷатҳои дохилшударо дар дафтари сабти парвандаҳои аттетстатсионӣ сабт мекунад. Инчунин, дар он бояд ҳамаи марҳилаҳои баррасии диссертатсия дар Шӯро сабт карда шаванд.

50. Дар мавриди мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба талаботи муқарраршуда раиси Шӯро дар бораи қабул намудани диссертатсия барои ташхиси аввалия ва таъини ташхисгарон (экспертҳо) қарор қабул мекунад.

51. Котиби илмӣ парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмиро, ки дар он ҳуҷҷатҳо аз рӯйи феҳристи мутобиқ ба замимаи 5 илова гардидаанд, ба расмият медарорад.

52. Асосҳои барои рад намудани баррасии диссертатсия метавонанд инҳо бошанд:

- хулосаи манфӣ аз рӯйи натиҷаҳои ташхиси муқаддамотии диссертатсия;

- мутобиқат накардани диссертатсия ба ихтисосҳо ва (ё) соҳаҳои илме, ки аз рӯйи он ба Шӯро ҳуқуқи баргузории ҳимояи диссертатсияҳо вогузор шудааст;

- имконнопазир будани ташкили ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия;

- вайрон кардани талаботи матраҳшуда ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ва (ё) тартиби танзими диссертатсия, инчунин, тартиби баргузории ташхиси муқаддамотии диссертатсия, ки дар санади Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.

53. То қабули диссертатсия барои ҳимоя Шӯро ташхиси аввалияи онро мегузаронад, ки он баҳодиҳии мукаммалӣ ва воқеӣ будани ташхиси муқаддамотӣ, муайян намудани мувофиқати хулосаҳои диссертатсияи барои ҳимоя пешниҳодшуда ба шиносномаи ихтисосҳо ва соҳаҳои илми эълоншуда, инчунин, иҷрои талаботи КОА оид ба интишор ёфтани натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсия, низоми тартибу танзими диссертатсия ва автореферат, мутобиқати автореферат ба муҳтавои диссертатсияро дар бар мегирад.

54. Дар раванди ташхиси аввалия, инчунин, имконпазир будани баргузории ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияи барои ҳимоя пешниҳодшуда муқаррар карда мешавад. Барои баргузории ташхиси аввалия раиси Шӯро ё муовини ӯ комиссияи ташхисро дар ҳайати на кам аз се нафар аз ҳисоби аъзои Шӯро таъин мекунад, ки ихтисоси онҳо бояд ба ихтисоси диссертатсияи пешниҳодшуда мутобиқ бошад.

55. Комиссияи ташхис дар асоси таҳлили маводи пешниҳодшуда доир ба имконпазир будани қабули диссертатсия барои ҳимоя хулосаи хаттӣ тайёр мекунад ва дар ҳолати зарурӣ, оид ба баргузории ҳимояи якдафъаина бо пешниҳоди номзадии мутахассисон, ки бо ҳамин мақсад ба Шӯро ворид гардидаанд, хулосаи хаттӣ омода мекунад. Ҳамзамон, комиссияи ташхис оид ба таъини муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар аз рӯйи диссертатсияи мазкур дархост пешниҳод менамояд, рӯйхати аъзои Шӯроро, ки мумкин аст мутахассисони диссертатсия аз рӯйи тахассуси баррасишаванда эътироф шаванд, пешниҳод мекунад.

56. Агар диссертатсия на дар он муассисае, ки дар назди он Шӯро амал мекунад, иҷро шуда бошад, дар ин сурат баргузории ташхиси аввалия ба ихтиёри Шӯро вогузор мешавад.

57. Ташхисгари диссертатсия шуда наметавонанд:

- раиси Шӯро;

- роҳбари муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;

- аъзои комиссия (ташхисгар) -и ташхиси аввалияи диссертатсия;

- роҳбари илмӣ (мушовир);

- ҳаммуаллифони корҳои чопшудаи унвонҷӯ;

- шахсе, ки хешу табори наздики роҳбар (мушовир) ё шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ аст;

- шахси зертобеи унвонҷӯ.

58. Шӯро ҳуқуқ дорад ба муассисае, ки дар он диссертатсия таҳия шудааст ва (ё) натиҷаҳои таҳқиқи диссертатсияро истифода мекунад, барои дарёфти маводи иловагии барои ташхиси диссертатсия зарурбуда муроҷиат намояд.

59. Масъала оид ба қабули диссертатсия барои ҳимоя аз тарафи Шӯро дар асоси тавсияномаи комиссияи ташхис бо овоздиҳии ошкоро на дертар аз ду моҳ аз рӯзи супоридани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шӯро, баррасӣ карда мешавад. Раиси Шӯро ба таври хаттӣ шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмиро дар бораи қарори қабулшуда огоҳ мекунад.

60. Дар мавриди рад намудани қабули диссертатсия барои ҳимоя ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ нусхаи протоколи ҷаласаи Шӯро бо нишондоди сабаби рад намудани қабули диссертатсия барои ҳимоя дода мешавад. Дар ин маврид автореферат ва аризаи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ дар Шӯро нигоҳ дошта мешавад. Ҳуҷҷатҳои боқимонда ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ баргардонида мешавад. Пас аз бартараф намудани камбудиҳои ҳангоми ташхиси аввалияи диссертатсия ошкоршуда имкон дорад, ки он барои ҳимоя такроран аз рӯйи асосҳои умумӣ пешниҳод гардад.

61. Ҳангоми қабули диссертатсия барои ҳимоя Шӯро муқарризони расмӣ ва муассисаи тақриздиҳандаро бо ризоияти онҳо, инчунин, рӯйхати аъзои Шӯроро, ки ҳамчун мутахассисон аз рӯйи тахассуси диссертатсияи баррасишаванда эътироф шудаанд, тасдиқ мекунад.

62. Дар ҳолати муқаррар гардидани зарурати баргузории ҳимояи якдафъаина Шӯро бо роҳи овоздиҳии ошкоро қарорро дар бораи ба КОА ирсол кардани дархостнома оид ба баргузории ҳимояи якдафъаина бо нишон додани номзадҳое, ки ба узвияти Шӯро дохил карда мешаванд ва бо онҳо шумораи ихтисосҳо зиёд мегардад ва (ё) аъзои иловагии Шӯро, ки ба ҳайати он дар як ҷаласа барои гузаронидани ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия шомил гардидаанд, қарор қабул мекунад.

63. Барои ҳимояи диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ду муқарризи расмӣ таъин карда мешаванд, ки яке аз онҳо бояд доктори илм, дигаре метавонад доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм бошад.

64. Муқарризони расмии диссертатсия метавонанд олимоне бошанд, ки бо дастовардҳои худ дар соҳаи илм ва ихтисоси диссертатсияи ҳимояшаванда маъруф бошанд. Онҳо бояд кормандони муассисаҳои гуногун бошанд. Дар мавридҳои истисноӣ дар мувофиқа бо КОА муқарризи расмӣ таъин намудани кормандони сохторҳои гуногуни тобеи як муассиса иҷозат дода мешавад. Танҳо яке аз муқарризон метавонад узви ҳамин Шӯро, бо шумули он аъзое, ки иловатан ба ҳайати Шӯро барои ҳимояи якдафъаина дохил карда шудаанд, бошад.

65. Муқарриз бояд интишороти мутобиқи наздик ба ихтисоси диссертатсияи ҳимояшавандаро дошта бошад. Яке аз муқарризони расмиро дар мувофиқа бо КОА дар сурати мавҷуд будани асосномаи аз ҷониби раиси Шӯро имзошуда, аз хориҷи кишвар даъват кардан мумкин аст. Ҳангоми муқарризи расмӣ таъин шудани мутахассиси хориҷӣ тахассуси илмии ӯ бояд бо нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ тасдиқ карда шуда бошад. Маълумотнома оид ба муқарризони расмӣ, ки мутобиқи замимаи 6 мураттаб гардидааст, ба парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ илова карда мешавад.

66. Муқарризони расмӣ шуда наметавонанд:

- аъзои Раёсати КОА;

- кормандони асосии КОА;

- аъзои шӯрои ташхиси КОА аз рӯйи мавзӯи диссертатсия;

- раиси Шӯро, ки дар он ҳимояи диссертатсия баргузор мегардад;

- роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ);

- ҳаммуаллифони таълифоти чопшудаи шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ;

- роҳбар, муовини роҳбар, инчунин, кормандони басти кории сохтори тобеи муассисае, ки дар он ҷо диссертатсия таълиф шудааст ва (ё) шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ё роҳбари (мушовири) илмии ӯ кор мекунад;

- кормандони доимии муассисаи тақриздиҳанда;

- шахсоне, ки бо роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ) ё худи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ хешу табори наздик мебошанд.

67. Муассисаи тақриздиҳанда аз ҳисоби муассисаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷи кишвар (дар мавридҳои истисноӣ) бо дастовардҳои илмии худ дар соҳаи дахлдори илм маъруф, ки дар онҳо мутахассисони соҳа, дорандагони дараҷаҳои зарурии илмӣ (доктори илм, номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос) кор мекунанд, таъин карда мешавад. Муассисае, ки дар он ҷо диссертатсия таълиф шудааст, инчунин, муассисае, ки дар он роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ)-и шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, ё худи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ кор мекунанд, муассисаи тақриздиҳанда шуда наметавонад.

68. Пас аз қабули диссертатсия барои ҳимоя ва дар ҳолати муқаррар гардидани зарурати гузаронидани ҳимояи якдафъаина ва гирифтани иҷозати КОА барои баргузории он раиси Шӯро барои тақсим намудани автореферат иҷозат медиҳад ва санаи баргузории ҳимояро муайян мекунад. Муҳлати баррасии диссертатсия дар Шӯро аз вақти қабул карда шудани он барои ҳимоя то баргузории ҳимоя барои диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос бояд на кам аз ду моҳ бошад. Дар мавриди гузаронидани ҳимоя дар муҳлатҳои дертар, таъин намудани санаи ҳимоя бо КОА мувофиқа карда мешавад.

69. На дертар аз як моҳ пеш аз ҳимояи диссертатсия шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ автореферати диссертатсияро аз рӯйи феҳристи пешниҳодшуда тақсим менамоянд, инчунин, ба КОА барои дар сомона ҷой додани эълон оид ба ҳимоя дар шакли хаттӣ ва электронӣ мутобиқи замимаи 7 ирсол мекунанд.

70. Нусхаи эълонро шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ ба Шӯро барои шомил намудан ба парвандаи аттестатсионӣ медиҳанд.

71. Автореферати диссертатсия бояд аз тарафи шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ва котиби илмии Шӯро имзо карда шуда бошад, дар он бояд суроға, сана ва соати баргузории ҷаласаи Шӯро, ки дар он ҳимояи диссертатсия баргузор мегардад, нишон дода шавад. Автореферат аз рӯйи феҳристи ирсоли ҳатмӣ мутобиқ бо замимаи 8, инчунин, ба аъзои Шӯро ва муассисаҳою мутахассисони ҳавасманд мутобиқи тавсияҳои Шӯро тақсим мегардад.

72. Ба рӯйхати ҳатмии тақсими автореферати диссертатсия, инчунин, мақомоти идоракунии давлатӣ, ки дар муассисаҳои тобеи онҳо натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсия метавонанд истифода гарданд, шомил мешаванд. Ҳамзамон бо ирсоли автореферат нусхаи электронии он ба КОА пешниҳод мешавад. Як нусхаи диссертатсия ва ду нусхаи автореферат ба китобхонаи муассисае, ки дар назди он Шӯро таъсис дода шудааст, супорида (таҳвил) мешавад.

73. На дертар аз панҷ рӯз пеш аз ҳимояи диссертатсия дар муассисае, ки дар назди он Шӯро таъсис дода шудааст, эълон оид ба ҳимоя бо нишон додани сана, маҳал ва вақти гузаронидани он насб карда мешавад. Ҳангоми ба вақти дигар гузаронидани санаи ҳимоя Шӯро вазифадор аст, ки дар ин хусус ба таври хаттӣ КОА-ро бо нишон додани сабабҳои ба вақти дигар гузаронидани санаи ҳимоя ва санаи нави баргузории он огоҳ намояд ва дар сомонаи КОА эълони навро ҷой намуда, аз тағйирот ба ҳамаи суроғаҳои тақсимшудаи автореферат хабар диҳад. Дар ин ҳолат ҳимояи диссертатсия метавонад на пештар аз 10 рӯзи нашр шудани эълони марбутаи такрорӣ дар сомонаи КОА баргузор гардад.

74. Муқарризи расмӣ дар асоси омӯхтани диссертатсия, автореферат ва интишорот (таълифот) дар мавзӯи диссертатсия тақриз омода намуда, онро ба Шӯро пешниҳод мекунад, ки он бояд инҳоро инъикос намояд:

- мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва самтҳои илм, ки аз рӯйи онҳо диссертатсия ба ҳимоя пешниҳод шудааст;

- мубрам будани мавзӯи диссертатсия;

- дараҷаи навгонии натиҷаҳои дар диссертатсия бадастомада ва нуктаҳои илмие, ки барои ҳимоя пешниҳод мешаванд;

- асоснокӣ ва муътамад будани хулосаҳо ва тавсияҳое, ки дар диссертатсия зикр гардидаанд;

- аҳамияти илмӣ, амалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳои диссертатсия бо нишон додани тавсияҳо оид ба истифодаи онҳо;

- чоп намудани таълифоти натиҷаҳои диссертатсия дар матбуоти илмӣ;

- ба талаботи КОА мутобиқ будани тартиб ва танзими диссертатсия;

- мутобиқати тахассуси илмии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ба ихтисосе, ки онҳо ба он довталабанд.

75. Дар қисмати хотимавии тақриз оид ба мутобиқати диссертатсия ба талаботи муқарраршуда хулоса бароварда шуда, тавсия дода мешавад, ки барои кадом натиҷаҳои илмӣ ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ додани дараҷаи илмии зарурӣ мумкин аст ва ё бо кадом сабабҳо ин кор ғайриимкон аст.

76. Барои тайёр намудани тақризи муассисаи тақриздиҳанда роҳбари муассиса бо фармоиши худ ташхисгарро аз ҷумлаи докторони илм, докторони фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ба диссертатсияи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ( барои диссертатсияи доктори илм танҳо докторони илм) таъин мекунад ва санаи баргузории маҷлиси илмии муассисаро муайян мекунад, ки дар он муҳокимаи диссертатсия ва тақризи тайёрнамудаи ташхисгар баррасӣ мегардад. Аз ҷониби муассисаи тақриздиҳанда таъин намудани мутахассиси дараҷаи илмияш ба соҳаи илми диссертатсия мутобиқнабуда, дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар дараҷаи илмии муқарризони расмӣ ба соҳаи илми диссертатсияи пешниҳодшуда мутобиқат кунад. Агар ҳеҷ як аз муқарризони расмӣ узви Шӯро набошад, пас, ташхисгари муассисаи тақриздиҳанда метавонад узви Шӯро бошад.

77. Ташхисгари муассисаи тақризкунанда инҳо шуда наметавонанд:

- аъзои Раёсати КОА;

- аъзои шӯрои ташхиси КОА аз рӯйи тахассуси диссертатсия;

- шахсоне, ки бо роҳбари (мушовири) илмӣ ё шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ робитаи хешу таборӣ доранд.

78. Ташхисгари муассисаи тақриздиҳанда дар асоси ташхиси диссертатсия лоиҳаи тақризро тартиб медиҳад, ки дар он бояд инҳо инъикос шаванд:

- мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба ихтисос ё соҳаи илми эълоншуда;

- саҳми илмии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ дар ҳаллу фасли масъалаи илмӣ ё коркарди проблемаи илмӣ бо баҳодиҳии аҳамияти он;

- натиҷаҳои мушаххаси илмӣ (бо нишон додани навгонӣ ва аҳамияти амалии онҳо), ки барои он ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ додани дараҷаи илмии зарурӣ мумкин аст;

- мутобиқати тахассуси илмии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ ба дараҷаи илмие, ки ба он довталаб ҳастанд.

79. Дар мавриде, ки диссертатсия дорои натиҷаҳое бошад, ки метавонанд татбиқи амалӣ пайдо намоянд, дар тақриз ба таври илова тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи онҳо бояд дода шаванд.

80. Лоиҳаи тақризи муассисаи тақриздиҳанда, ки ташхисгар омода намудааст, дар маҷлиси илмии муассиса, ки шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бояд бо маърӯза дар он суханронӣ кунанд, муҳокима мешавад.

81. Тақриз бо роҳи овоздиҳии ошкоро ё пинҳонии аксарияти оддии овозҳои аъзои маҷлиси илмӣ, ки дорандаи дараҷаҳои илмӣ мебошанд, қабул карда мешавад ва аз ҷониби раис ва котиби ҷаласа бо нишон додани дараҷаҳои илмии онҳо, инчунин, ташхисгаре, ки лоиҳаи тақризро омода кардааст, имзо мешаванд.

82. Агар лоиҳаи тақризи аз ҷониби ташхисгар пешниҳодшуда, аз ҷониби маҷлиси илмӣ дастгирӣ наёбад, раиси ҷаласа ба дигар ташхисгар ё гурӯҳи ташхисгарони аъзои маҷлиси илмӣ супориш медиҳад, ки натиҷаҳои мунозираро ҷамъбаст ва лоиҳаи нави тақризро омода намоянд, ки бо овоздиҳии такрорӣ қабул карда мешавад. Дар ин ҳолат лоиҳаи тақризе, ки бо аксарияти овозҳо дастгирӣ наёфтааст, ба тақризи нави қабулшуда замима карда мешавад.

83. Тақриз аз тарафи раиси маҷлис ва ташхисгар имзо шуда, аз ҷониби роҳбари муассиса тасдиқ карда мешавад.

84. Муқарризони расмӣ ва роҳбари муассисаи тақризшаванда барои воқеият ва сифати тақризҳои омодашуда, инчунин, барои риояи муҳлати пешниҳод, ки аз ҷониби Шӯро муқаррар карда шудааст, масъуланд. Агар тақризи муқарризи расмӣ, муассисаи тақриздиҳанда ба талаботи муқаррарнамудаи Шӯро ҷавобгӯ набошад, Шӯро ҳуқуқ дорад, ки онро барои коркарди такмилӣ баргардонад ё муқарризи расмӣ ва муассисаи тақриздиҳандаро иваз кунад. Дар ин ҳолат санаи нави ҳимояи диссертатсия бо риояи талаботи Низомномаи мазкур муқаррар карда мешавад.

85. Ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бояд имкон дода шавад, ки бо тақризҳои муқарризони расмӣ ва муассисаи тақриздиҳанда на дертар аз 10 рӯз пеш аз ҳимояи диссертатсия шинос шаванд. Ҳимояи диссертатсия имкон дорад дар сурати манфӣ будани тақризҳо низ баргузор карда шавад.

86. Ташхисгари Шӯро, ки ташхиси аввалияи диссертатсияро гузаронидааст, дар асоси таҳлили тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи тақриздиҳанда ва дигар тақризҳое, ки ба Шӯро ворид шудаанд, лоиҳаи хулосаи ниҳоии Шӯроро доир ба диссертатсия тайёр мекунад, ки дар он бояд инҳо инъикос ёбанд:

- ихтисос ва соҳаҳои илме, ки аз рӯйи он дараҷаи илмии дарёфтшаванда дода мешавад. Агар диссертатсия аз рӯйи ду ихтисос пешниҳод шуда бошад, дар лоиҳаи хулоса қайд карда мешавад, ки шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ба ҳар ду ё як ихтисоси он сазовор дониста шудаанд;

- саҳми илмии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ дар ҳаллу фасли масъалаи илмӣ ё коркарди проблемаи илмӣ бо баҳо додани аҳамияти он;

- тартиб додани (тасвиди) натиҷаҳои мушаххаси илмӣ (бо нишон додани навгонӣ ва аҳамияти амалии онҳо), ки барои онҳо ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ мумкин аст дараҷаи илмӣ дода шавад ва дар кадом асос ин кор ғайриимкон аст;

- тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқот.

87. Лоиҳаи хулоса бояд дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад.

5. ҲИМОЯИ ОШКОРОИ ДИССЕРТАТСИЯ

88. Ҳимояи ошкорои диссертатсия бояд моҳияти мубоҳисаи илмиро дошта бошад ва бо риоя гардидани меъёрҳои ахлоқӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ ва масъулиятшиносӣ баргузор гардад. Дар ҷараёни ҳимояи ошкоро мавзӯи муҳокима бояд инҳо бошанд:

- мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва соҳаи илме, ки аз рӯйи онҳо ба ҳимоя пешниҳод карда шудааст;

- мубрам будани мавзӯи диссертатсия;

- дараҷаи навгониҳои натиҷаҳои илмии дар диссертатсия бадастомада ва нуктаҳои илмие, ки ба ҳимоя пешниҳод карда мешаванд;

- муътамад ва асоснок будани натиҷаҳо, хулоса ва тавсияҳое, ки дар диссертатсия матраҳ шудаанд;

- саҳми шахсии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ дар натиҷаҳои дар диссертатсия пешниҳодшуда;

- аҳамияти илмӣ, амалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳои дар диссертатсия дарҷёфта бо нишон додани тавсияҳо оид ба истифодаи онҳо;

- иҷрои талабот оид ба таълифот (интишорот)-и натиҷаҳои диссертатсия дар матбуоти илмӣ, ки аз тарафи КОА муқаррар карда шудааст;

- мутобиқати тартибу танзими диссертатсия ба талаботе, ки аз ҷониби КОА муқаррар шудааст бо шумули мантиқнокии танзим ва босаводона будани тарзи баён;

- мутобиқати тахассуси илмии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ба дараҷаи илмие, ки онҳо ба он довталаб мебошанд.

89. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад пеш аз ҳимоя ё дар раванди ҳимояи диссертатсия ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ андешаи худро дар бораи диссертатсия, оид ба моҳияти диссертатсия ва хулосаи воқеъбинона оид ба натиҷаҳои ташхиси муқаддамотии диссертатсия мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба Шӯро маводи тавсифкунандаи сатҳи илмии он, дурустии тартиби баррасии муқаддамотӣ, инчунин, дар сурати асоснок будан ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ аз иҷрои диссертатсия эродҳо иброз намояд. Тақризҳо, аризаҳо ва дигар маводи марбут ба диссертатсияи ҳимояшуда пас аз қабул шудани қарори Шӯро ба эътибор гирифта намешаванд.

90. Дар оғози ҷаласа раисикунанда аъзои Шӯроро дар бораи босалоҳият будани ҷаласа огоҳ карда, рӯзномаи онро эълон мекунад. Варақаи сабти номи ҳозирин бо имзои аъзои Шӯро мутобиқи замимаи 9 тартиб дода шуда, ба протокол ҳамроҳ карда мешавад.

91. Муқарризони расмӣ дар ҳимояи диссертатсия ҳатман бояд иштирок кунанд. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани яке аз муқарризони расмӣ гузаронидани ҳимоя дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ ба диссертатсия тақризи мусбат пешниҳод намуда бошад.

92. Раисикунанда дар ҷаласа насаб, ном, номи падари шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ, мавзӯи диссертатсия, ихтисос ва соҳаи илмро, ки аз рӯйи он диссертатсия ба ҳимоя пешниҳод карда шудааст, муассисаи тақриздиҳанда, насаб,ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ҷойи кори муқарризони расмӣ, аъзои Шӯроро, ки мутахассисон оид ба тахассуси диссертатсия мебошанд, инчунин, мутахассисонеро, ки ба таври иловагӣ ба ҳайати Шӯро дар мавриди ҳимояи якдафъаина дохил карда шудаанд, эълон мекунад. Сипас котиби илмӣ ҳозиринро бо мундариҷаи асосии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ шинос карда, оид ба мутобиқати онҳо ба талаботи муқарраршуда, бо ҷалби таваҷҷуҳ ба тартиби таъини роҳбар(он)-и илмӣ ё мушовири илмӣ иттилоъ медиҳад.

93. Агар унвоҷӯ диссертатсияро такроран ҳимоя кунад, котиби илмӣ оид ба ҳимояи аввалаи диссертатсия (номи он, ихтисос, рамзи Шӯро ва номи муассисае, ки дар он ҳимоя баргузор гардида буд ва маълумоти дигар) иттилоъ медиҳад.

94. Ба аъзои Шӯро пеш аз оғози ҷаласа барои шиносоӣ лоиҳаи хулосаи Шӯро аз рӯйи диссертатсияи баррасишаванда, ки мувофиқи банди 86-и Низомномаи мазкур мураттаб гардидааст, пешниҳод карда мешавад.

95. Ба унвонҷӯ барои маърӯза то 20 дақиқа (барои довталаби дараҷаи доктори илм то 40 дақиқа) вақт дода мешавад. Пас аз он аъзои Шӯро ва дигар иштирокчиёни муҳокимаи диссертатсия ба ӯ шифоҳӣ ё хаттӣ саволҳо медиҳанд.

96. Баъд аз ҷавоб додани унвонҷӯ ба саволҳои аъзои Шӯро ва дигар иштирокчиён сухан ба роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ) дода мешавад. Дар тақризи роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ) баҳои илмии диссертатсия, тавсифномаи фаъолияти илмӣ, илмӣ-омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ доир ба кори шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ додашуда, қайд мегардад, ки барои чӣ ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ дараҷаи илмии дарёфтшаванда дода мешавад. Бо ризояти роҳбар (мушовир)-и илмӣ тақризи ӯро котиби илмии Шӯро метавонад қироат намояд.

97. Котиби илмии Шӯро ҳозиринро бо хулоса оид ба натиҷаҳои муқаддамотии ташхиси диссертатсия, тақризи муассисаи тақриздиҳанда, дигар тақризҳо оид ба диссертатсия ва автореферат, ки ба Шӯро ворид шудаанд, шинос мекунад. Бо ризоияти Шӯро котиби илмӣ метавонад шарҳи тақризҳоро оид ба диссертатсия ва автореферат, бо қироати ҳатмии эродҳои ба он навишташуда, ироа кунад. Тақризҳои манфӣ пурра қироат мешаванд.

98. Пас аз шинос намудани ҳозирин бо тақризҳо ба унвонҷӯ барои ҷавоб додан ба эродҳои дар тақризҳо ҷойдошта сухан дода мешавад.

99. Сипас муқарризони расмӣ сухан мекунанд. Муқарризон бояд эродҳои ҷойдошта ва баҳои ниҳоиро ба диссертатсия, ки дар тақризҳо ҷой доранд, пурра қироат кунанд. Дар мавриди ҳозир набудани яке аз муқарризон тақризи ӯ аз тарафи котиби илмии Шӯро қироат мешавад.

100. Баъд аз суханронии ҳар як муқарриз ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ барои ҷавоб додан ба эродҳо сухан дода мешавад.

101. Сипас сухан ба аъзои Шӯро дода мешавад. Ҳар як узви Шӯро, ки аз ҷониби Шӯро ҳамчун мутахассис оид ба тахассуси диссертатсияи баррасишаванда эътироф шудааст, вазифадор аст, ки дар мубоҳиса иштирок кунад ва ба диссертатсия баҳои асоснок диҳад.

102. Минбаъд ҳамаи иштироккунандагон ҳуқуқ доранд, ки сухан бигӯянд. Дар ҷараёни мубоҳиса ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ имкон дода мешавад, ки ба эродҳои гирифтаи баромадкунандагон ҷавоб диҳанд.

103. Баъди ба итмом расидани мубоҳиса Шӯро бо тартиби муқарраршуда аз рӯйи масъалаи додани дараҷаи илмӣ ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ овоздиҳии пинҳонӣ баргузор менамояд.

104. Баъди бо овоздиҳии ошкоро тасдиқ намудани протоколи ҷаласаи комиссияи ҳисоб оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ доир ба масъалаи додани дараҷаи илмии дарёфтшаванда ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ва бо шарти қабул гардидани қарори мусбат лоиҳаи хулосаи Шӯро аз рӯйи ҳимояи диссертатсия муҳокима карда шуда, матни хулоса бо овоздиҳии ошкоро қабул карда мешавад.

105. Дар мавриди натиҷаи манфии овоздиҳии пинҳонӣ оид ба масъалаи ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ додани дараҷаи илмии дарёфтшаванда хулоса доир ба диссертатсия аз ҷониби Шӯро қабул карда намешавад.

106. Шахси довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ҳуқуқ дорад, ки бо аризаи хаттӣ диссертатсияро аз баррасӣ дар Шӯро то оғози овоздиҳии пинҳонӣ бозпас гирад (агар ҳангоми ташхиси он вайрон карда шудани талаботи Тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ ошкор шуда бошад). Дар ин маврид Шӯро ба КОА иттилоотро дар бораи аз баррасӣ бозпас гирифтани диссертатсия бо замима намудани хулосаҳо доир ба натиҷаҳои муқаддамотӣ ва аввалияи ташхис ирсол мекунад.

107. Ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани имтиҳонҳо ва санҷишҳо, нусхаҳои диссертатсия, ғайр аз як нусха, ки якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ дар Шӯро ба тартиби муқаррарӣ маҳфуз дошта мешавад, баргардонида мешаванд. Пас аз коркарди иловагӣ диссертатсия, метавонад такроран дар асосҳои умумӣ ба ҳимоя пешниҳод карда шавад.

108. Агар ба Шӯро маълумот дар хусуси аз тарафи шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ истифода гардидани маводи бегона, бидуни ишора ба муаллиф ва сарчашмаи истифодашуда ё ҷой доштани сохтакорӣ ва таҳрифи маводи муҳтавои он ворид шавад, баррасии минбаъдаи диссертатсия то дақиқсозии маълумоти воридшуда манъ карда мешавад. Бо ин мақсад аз ҳисоби аъзои Шӯро комиссия барои тайёр намудани хулоса аз рӯйи ин масъала таъсис дода мешавад.

109. Дар мавриди аз ҷониби комиссия муқаррар карда шудани далели истифодаи маводи бегона, бидуни ишора намудан ба муаллиф ва сарчашмаи истифодашуда дар маводи он, мавҷуд будани қаллобӣ ё сохтакорӣ диссертатсия бо қарори Шӯро аз баррасӣ бозпас гирифта мешавад. Нусхаи хулосаи комиссия, протоколи ҷаласаи Шӯро бо қарор дар бораи аз баррасӣ бозпас гирифтани диссертатсия, инчунин, автореферати диссертатсия ба КОА ирсол карда шуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани имтиҳонҳо ва санҷишҳо ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ баргардонида мешаванд, диссертатсия, автореферат ва дигар ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ бошад, дар Шӯро бо тартиби муқарраршуда маҳфуз дошта мешаванд.

110. Ҳангоми аз ҷониби Шӯро қабул карда шудани қарори мусбат оид ба диссертатсия нусхаи электронии он дар муддати 20 рӯз ба муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ва дигар муассисаҳои дахлдор ирсол карда мешавад.

111. Дар мавриди қабул шудани қарори мусбат оид ба диссертатсия Шӯро дар муддати 30 рӯз ба КОА маҷмӯи зерини ҳуҷҷатҳоро ирсол менамояд:

- нусхаи аввали диссертатсия;

- нусхаи диссертатсияи мавҷудбуда дар китобхонаи муассисае, ки дар назди он Шӯро фаъолият дорад (дар мавриди ҳимояи диссертатсия аз рӯйи ду ихтисос, ихтисоси якуми он баррасишаванда дониста мешавад);

- монографияҳои шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ аз рӯйи мавзӯи диссертатсия (агар онҳо мавҷуд бошанд);

- парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ.

112. Дар парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ нишондиҳандаҳои зерин дарҷ карда мешаванд:

- мактуби ҳамроҳ бо имзои раиси Шӯро дар бланкаи муассисае, ки дар заминаи он Шӯро таъсис дода шудааст;

- насаб, ном, номи падари шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ;

- дараҷаи илмие, ки ба он талабгор аст;

- соҳаи илм;

- рамз ва номи ихтисос;

- номи мавзӯи диссертатсия;

- рамзи Шӯро аз рӯи ҳимояи диссертатсия;

- ҳангоми ҳимояи такрорӣ ҳамчунин маълумоти монанд аз рӯйи ҳимояи қаблӣ оварда мешавад;

- маълумотнома ба парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ дар 2 нусха аз рӯйи шакли қабулшудаи замимаи 10;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо акс, ки ҷойи кор тасдиқ намудааст;

- автореферати диссертатсия (5 нусха);

- нусхаи эълони ҳимояи диссертатсия, ки дар сомонаи КОА ва сомонаи ташкилот дарҷ шудааст;

- протоколи ҷаласаи Шӯро, ки бо матни маърӯзаи шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ, тақризҳои муқарризони расмӣ (нусхаи асл), тақризи муассисаи тақриздиҳанда (нусхаи асл), хулосаи Шӯро (дар 2 нусхаи хаттӣ ва нусхаи электронӣ) ва нусхаи хулосаи натиҷаҳои ташхиси муқаддамотии диссертатсия дар муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;

- маълумот доир ба муқарризони расмӣ;

- номгӯйи ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ аз рӯйи шакл мутобиқи замимаи 11;

- маълумотномаи корманди илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи варақаи қабулшудаи замимаи 12;

- нусхаи саҳифаҳои шиносномаи шаҳрванд, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), ки маълумот оид ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмиро дар бар мегиранд (барои шаҳрвандони хориҷӣтарҷумаи маълумоти шиноснома ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст);

- ду лифофа бо маркаҳои почта: яке - бо нишонии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ, дигаре - бо нишонии Шӯро, ки дар он диссертатсия ҳимоя карда шудааст.

113. Дар пушти лифофа бо нишонии Шӯро, дар кунҷи болои тарафи чап насаб, ном, номи падари шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ва дараҷаи илмие, ки онҳо ба он довталаб ҳастанд, навишта мешавад. Ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 112 нишон дода шудаанд, дар ҷузвгир, дар як нусха тибқи пайиҳамии рӯйхати дар боло зикршуда дӯхта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои боқимонда дар лифофае гузошта мешаванд, ки дар дохили муқоваи ҷузвгири парванда ширеш карда мешавад. Сарсаҳифаи парвандаи аттестатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ мутобиқи шакли қабулшудаи замимаи 13 мураттаб карда мешавад.

114. Ҳуҷҷатҳои парвандаи аттетстатсионӣ, ки дар муддати баррасии диссертатсия фароҳам шудаанд, бо ҳамон забоне (тоҷикӣ ё русӣ) пешниҳод карда мешаванд, ки диссертатсия пешниҳод шудааст.

115. Дар мавриди саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ба КОА раиси Шӯро дар мактуби ҳамроҳ сабабҳои таъхири онро тавзеҳ медиҳад.

116. Пас аз хатми баррасӣ дар КОА, диссертатсия дар ҳолате, ки он аз рӯйи ду ихтисос ҳимоя шуда бошад (ихтисоси якуми он баррасишаванда ҳисобида мешавад), нусхаи дуюми он ба китобхонаи муассисае, ки дар заминаи он Шӯро амал мекунад, баргардонида мешавад. Як нусхаи диссертатсия ва ду нусхаи автореферати он дар китобхонаи ин муассиса маҳфуз дошта мешавад ё ба мақомоти идоракунандаи болоӣ дода мешавад. Парвандаи аттестатсионие, ки мутобиқи замимаи 6 мураттаб шудааст, дар Шӯро бо тартиби муқарраршуда маҳфуз дошта мешавад.

117. Ҳангоми қабули қарори манфӣ Шӯро ба КОА нусхаи хулосаҳоро оид ба натиҷаҳои ташхиси муқаддамотӣ ва аввалияи диссертатсия, автореферати диссертатсия, нусхаи тақризҳои ба он воридшуда, тақризҳои муқарризони расмӣ ва муассисаи тақриздиҳанда, корти баҳисобгирии диссертатсияи баргардондашуда мувофиқи замимаи 14 ва протоколи ҷаласаи Шӯроро ирсол менамояд. Ба протоколи ҷаласа маълумотномаи мураттабнамудаи котиби илмии Шӯро, ки он эродҳои дар тақризҳои расмӣ оид ба диссертатсия ва автореферат ҷойдошта, инчунин ҳангоми ҳимоя баёншударо дарбар мегирад, бо асосноккунии қабули қарори манфӣ замима мегарданд.

118. Маълумотнома аз ҷониби раис ва котиби илмии Шӯро имзо карда мешавад. Як нусхаи диссертатсия, автореферат, нусхаи тақризҳо, протоколи ҷаласаи Шӯро ва протоколи комиссияи ҳисоб дар Шӯро нигоҳ дошта мешавад ва мумкин аст дар асоси дархост ба мақоми ҳимояи такрории диссертатсия ирсол карда шавад. Ҳуҷҷатҳои дигар ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаҳои илмӣ баргардонида мешаванд.

119. Диссертатсияе, ки аз рӯйи он Шӯро қарори манфӣ баровардааст, мумкин аст ба ҳимояи такрорӣ дар шакли азнавкоркардшуда на барвақттар аз як сол пас аз қабули қарор оид ба диссертатсияи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос пешниҳод карда шавад.

120. Дар хулосаи муассисае, ки ташхиси муқаддамотии диссертатсияи азнавкоркардашуда гузаронда шудааст, инчунин, дар аризаи шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бояд қайд карда шавад, ки диссертатсия такроран ҳимоя мешавад ва кадом тағйироти муҳим ба он ворид карда шудааст. Ҳимояи такрории диссертатсия бо иваз намудани муқарризони расмӣ ва муассисаи тақриздиҳанда баргузор мегардад.

121. Дар мавриди набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаи аттестатсионие, ки ба КОА ворид гаштааст, инчунин, дар мавриди ошкор гаштани дигар қоидавайронкуниҳо дар тартибу танзими диссертатсия Шӯро вазифадор аст, ки онҳоро бартараф намояд. Муҳлати баррасии диссертатсия дар КОА аз лаҳзаи қабули маводи мутобиқи талаботи муқарраргардида таҳия ва мураттабшуда ҳисобида мешавад.

122. Дар мавриде, ки шӯрои ташхиси КОА хулосаро оид ба диссертатсия барои коркард бармегардонад, Шӯро бояд дар муддати 20 рӯз дар ҷаласаи худ хулосаи навро қабул намояд.

123. Ҳангоми мавҷуд будани эродҳои шӯрои ташхис аз рӯйи тартибу танзими техникии хулоса оид ба диссертатсия Шӯро вазифадор аст, ки онҳоро дар муддати даҳ рӯз ислоҳ кунад. Ин вақт ба муҳлати муқарраршудаи баррасии диссертатсия дар КОА дохил намешавад.

124. Агар ҳимояи диссертатсия дар Шӯро пас аз гузаштани муҳлати ваколати он гузаронида шуда бошад, чунин ҳимоя беэътибор дониста шуда, натиҷаи он бекор карда мешавад.

125. Аз болои қарори Шӯро шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ҳуқуқ доранд, ки дар муддати ду моҳ пас аз гузаштани ҳимоя ба КОА шикоятнома (апеллятсия) диҳанд. Тартиби баррасии шикоятномаҳо (апеллятсияҳо) - ро Тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ муайян мекунад. Қарори КОА оид ба шикоятнома (апеллятсия) дар муҳлати ду моҳ пас аз воридшавии он қабул карда мешавад.

6. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОВОЗДИҲИИ ПИНҲОНӢ

126. Барои баргузор намудани овоздиҳии пинҳонӣ комиссияи ҳисоб дар ҳайати се нафар аъзои Шӯро интихоб карда мешавад.

127. Дар овоздиҳии пинҳонӣ танҳо он аъзои Шӯро иштирок мекунанд, ки дар ҷараёни баргузории ҷаласа оид ба баррасии масъалае, ки аз рӯйи он овоздиҳии пинҳонӣ мегузарад, аз аввал то охир иштирок карда бошанд (ба муддати на зиёда аз 15 дақиқа дар ҷаласа иштирок накардан иҷозат дода мешавад).

128. Дар мавриди зарурати тарк кардани ҷаласа аъзои Шӯро вазифадор аст, ки дар ин хусус котиби илмиро огоҳ намояд ва ӯ дар варақаи сабти ҳузур қайд намояд.

129. Комиссияи ҳисоб бюллетенҳоро, ки мутобиқи замимаи 15 омода карда шудаанд, ба аъзои Шӯро бо гирифтани имзои онҳо тақсим менамояд. Бюллетенҳои тақсимнашуда бо қайди дахлдор то оғози овоздиҳии пинҳонӣ дар комиссияи ҳисоб боқӣ мемонанд.

130. Аъзои Шӯро дар бюллетен яке аз гунаҳои қайдро ("Тарафдор" ё "Муқобил") дар қисмати "Натиҷаҳои овоздиҳӣ" хат мезананд. Қарори қабулнамудаи узви Шӯро ҳангоми овоздиҳии пинҳонӣ махфӣ аст.

131. Дар мавриди аз тарафи узви Шӯро вайрон карда шудани талаботи махфӣ будан ва натиҷаи овоздиҳии худро ба аъзои дигари ҳамин Шӯро ва ё шахсони ғайр дар раванди овоздиҳӣ иттилоъ додан, натиҷаи овоздиҳӣ бо қарори Шӯро беэътибор дониста мешавад. Дар ин ҳолат овоздиҳии такрорӣ баргузор мешавад. Он узви Шӯро, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ додааст, метавонад бо қарори КОА аз ҳайати Шӯро хориҷ карда шавад.

132. Аъзои комиссияи ҳисоб қуттии бюллетенҳоро боз карда, бюллетенҳоро ҳисоб мекунанд ва натиҷаи овоздиҳиро муайян менамоянд. Бюллетенҳое, ки аз рӯйи онҳо натиҷаи овоздиҳиро муайян кардан имконнопазир аст, беэътибор дониста мешаванд.

133. Комиссияи ҳисоб протоколи ҷаласаи комиссияи ҳисобро мутобиқи замимаи 16, ки дар он натиҷаҳои овоздиҳӣ дарҷ гардидаанд, мураттаб месозад. Протоколи комиссия, инчунин, бюллетенҳои истифодашуда ва боқимондаи тақсимнашуда ба котиби илмии Шӯро супорида мешаванд.

134. Протоколи ҷаласаи комиссияи ҳисоб ва варақаи сабти ҳузур бо имзои аъзои Шӯро дар бораи гирифтани бюллетенҳо ба протоколи ҷаласаи Шӯро замима карда мешаванд. Ҳамаи бюллетенҳои истифодашуда ва тақсимнашуда дар лифофа ҷойгир ва ширеш карда шуда, ба он муҳр гузошта мешавад ва ҳамроҳ бо парвандаи аттетстатсионии шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ то муддати 6 моҳ баъд аз қабул гардидани қарори ниҳоии раёсати КОА аз рӯйи масъалаи додани дараҷаи илмӣ ба шахсони довталаби дарёфти дараҷаи илмии мазкур дар Шӯро маҳфуз дошта мешаванд.

135. Агар дар раванди ҳимояи диссертатсия ба вайронкунии тартиби муқарраршуда роҳ дода шуда бошад, КОА ҳуқуқ дорад, ки қарори қабулнамудаи Шӯроро бекор намояд ва диссертатсияро ба Шӯро барои баррасии такрорӣ баргардонад.

7. АТТЕСТАТСИЯИ ТАКРОРИИ ДОРАНДАГОНИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАХАССУСИИ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ ДАР ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДОДАШУДА

136. Баррасии диссертатсияҳои ба КОА барои ташхис бо мақсади аз аттестатсияи такрорӣ гузаронидани дараҷаи илмӣ ирсолшуда аз тарафи Шӯро дар муддати як моҳ аз лаҳзаи воридшавии он амалӣ мегардад.

137. Барои гузаронидани ташхис раиси Шӯро санаи баргузории ҷаласаи Шӯроро муайян намуда, ташхисгаронро таъин мекунад. Барои баррасии диссертатсияи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ду нафар доктори илм (ё як нафар доктори илм ва як нафар номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) аз ҳисоби мутахассисони аз рӯйи тахассус, ба талаботи муқарраршуда оид ба муқарризони расмӣ, ки дар банди 61 Низомномаи мазкур тавсия шудааст, ҷавобгӯ бошанд, таъин мешаванд. Агар барои баррасии диссертатсияи ба Шӯро ирсолшуда вобаста ба аттестатсияи такрорӣ дар ҳайати Шӯро бо фармоиши КОА мутахассисони иловагӣ аз рӯйи ихтисоси диссертатсия ҳамроҳ карда шуда бошанд, ташхисгарон метавонанд аз ҷумлаи онҳо таъин карда шаванд.

138. Ҳар як ташхисгари барои диссертатсия таъиншуда вазифадор аст, ки тақризи хаттӣ омода намояд, ки инҳоро инъикос менамояд:

- мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки аз рӯйи он пешниҳод карда шудааст;

- мубрам будани мавзӯи диссертатсия;

- дараҷаи навгонии натиҷаҳои дар диссертатсия пешниҳодшуда;

- асоснок ва муътамад будани хулосаҳо ва тавсияҳое, ки дар диссертатсия тавсия шудаанд;

- мутобиқати тахассуси илмии муаллифи диссертатсияи пешниҳодшуда ба талаботи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ, ки ба он довталабӣ дорад, муқарраргардида.

139. Ташхисгар дар тақриз хулоса мебарорад, ки оё ба муаллифи диссертатсия додани дараҷаи илмии дарёфтшаванда аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсияи такрорӣ мумкин аст, инчунин, тавсия медиҳад, ки мушаххасан барои кадом натиҷаҳои илмӣ (бо нишон додани навгонии илмӣ ва аҳамияти амалии онҳо) дараҷаи илмиро додан мумкин аст ва бо кадом сабабҳо номумкин аст. Мубрам будан, навгонии илмӣ ва аҳамияти амалии натиҷаҳои дар диссертатсия пешниҳодшуда дар лаҳзаи чопшавии он баҳо дода мешаванд.

140. Агар диссертатсия аз рӯйи ду ихтисос пешниҳод шуда бошад (ба он дараҷаи илмӣ аз рӯйи ихтисоси якум дода мешавад), дар тақриз низ бояд нишон дода шавад, ки муаллифи диссертатсия аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсияи такрорӣ, барои гирифтани дараҷаи илмӣ аз рӯйи ихтисоси якуми он сазовор аст. Агар диссертатсия ба ақидаи ташхисгарон ба ҳамон ихтисосе, ки аз рӯйи он пешниҳод карда шудааст, мутобиқат накунад ва ба ихтисоси дигар мутобиқат намояд, дар тақриз асоснок будани мансубияти диссертатсия ба он ихтисос нишон дода мешавад.

141. Ташхисгарон тақризҳои омоданамудаи худро ба котиби илмии ин Шӯро на дертар аз 10 рӯз то санаи таъиншудаи ҷаласа барои шиносонидани шахсони аз аттетстатсияи такрорӣ гузаранда пешниҳод менамоянд.

142. Ба ҷаласаи Шӯро муаллифи диссертатсия ва ташхисгарони барои он таъиншуда даъват карда мешаванд. Дар ҷаласа, инчунин, метавонанд дигар шахсони барои муҳокимаи диссертатсия ҳавасманд иштирок кунанд.

143. Дар оғози ҷаласаи Шӯро раисикунанда баррасии масъалаи аз аттестатсияи такрорӣ гузаронидани дараҷаи илмиро эълон мекунад, насаб, ном, номи падари муаллиф ва мавзӯи диссертатсия, Шӯро (муассиса)-еро, ки дар он диссертатсия ҳимоя шудааст, муқарризони расмӣ ва муассисаи тақриздиҳанда (агар он мавҷуд бошад), инчунин, ташхисгаронеро, ки барои ташхиси диссертатсия дар ин Шӯро таъин шудаанд, зикр менамояд.

144. Ба муаллифи диссертатсия барои маърӯза то 20 дақиқа сухан дода шуда, пас аз он ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа ҷавоб медиҳад. Муҳокима бо суханронии ташхисгарон оғоз меёбад. Сипас метавонанд аъзои Шӯро ва дигар иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намоянд.

145. Шӯро ба таври овоздиҳии пинҳонӣ доир ба масъалаи аттестатсияи такрорӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои диссертатсия ба муаллиф додани дараҷаи илмӣ қарор қабул мекунад. Овоздиҳӣ мутобиқи қоидаҳои муқарраркардаи боби 6 Низомномаи мазкур баргузор мешавад. Пас аз ҷамъбаст намудани овоздиҳии пинҳонӣ Шӯро аз рӯйи натиҷаҳои муҳокимаи тавсияҳои пешниҳоднамудаи ташхисгарон бо овоздиҳии ошкоро хулоса мебарорад, ки мушаххассан барои кадом натиҷаҳои илмӣ (бо нишон додани навгонии илмӣ ва аҳамияти амалии онҳо) ба муаллифи диссертатсия аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсияи такрорӣ дараҷаи илмии дарёфтшаванда дода мешавад ё бо кадом сабабҳо ин амал ғайриимкон аст.

146. Агар Шӯро аз рӯйи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ хулосаҳои ташхисгаронро, ки дар тақризҳои онҳо дарҷ гардидаанд, дастгирӣ накунад, он гоҳ Шӯро хулосаи навро омода месозад, ки бо овоздиҳии ошкорои аксарияти оддии овозҳо қабул карда мешавад.

147. Аз рӯйи натиҷаҳои баррасӣ котиби Шӯро хулосаи Шӯроро мураттаб месозад, ки инҳоро инъикос мекунад:

- ихтисос ва соҳаи илме, ки аз рӯйи он Шӯро додани дараҷаҳои илмиро мутобиқи натиҷаҳои аттестатсияи такрорӣ тавсия медиҳад;

- тавсияи натиҷаҳои мушаххаси илмӣ (бо нишон додани навгонӣ ва аҳамияти амалии онҳо), ки ба муаллифи диссертатсия додани дараҷаи илмии дарёфтшаванда аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсияи такрорӣ мумкин аст ва ё бо кадом сабабҳо ин ғайриимкон аст.

148. Хулосаи Шӯро бояд дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад. Протоколи ҷаласа ва хулосаи Шӯро якҷоя бо диссертатсия ва автореферат (агар он мавҷуд бошад) дар муҳлати 20 рӯз баъд аз ҷаласа ба КОА ирсол мегардад.

8. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ВОБАСТА БА МАҲРУМ КАРДАНИ (БАРҚАРОР КАРДАНИ) ДАРАҷАҳОИ ИЛМӢ

149. Шӯро масъалаҳои вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаҳои илмиро баррасӣ менамояд ва пешниҳоди фарогири тавсияҳоро барои раёсати КОА аз рӯйи ин масъалаҳо омода мекунад. Масъалаҳои вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаҳои илмӣ аз рӯйи аризаҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон ба Шӯро, ки ҳимояи диссертатсия дар он баргузор шуда аст, баррасӣ мешаванд. Агар дар лаҳзаи додани ариза, фаъолияти Шӯро хотима ёфта бошад, ариза ба КОА дода мешавад, ки барои баррасии масъалаи мазкур Шӯроро муайян мекунад.

150. Муҳлати баррасии масъалаи вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаҳои илмӣ, аз додани ариза, дар Шӯро набояд зиёда аз ду моҳ бошад.

151. Дар асоси аризаи воридшуда раиси Шӯро ҳайати комиссияро иборат аз се нафар аъзои ҳамин Шӯро таъсис медиҳад, ки он барои санҷидани асоснокии масъалагузорӣ оид ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаҳои илмии шаҳрванд ва дар муҳлати як моҳ омода намудани лоиҳаи пешниҳодро вазифадор карда мешавад. Ҳангоми зарурат Шӯро дар мувофиқа бо КОА метавонад ба ҳайати худ барои баррасии масъалаҳои вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ, мутахассисони иловагиро бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда шомил намояд.

152. Лоиҳаи омоданамудаи комиссия оид ба асоснок будани маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ карда мешавад. Ҷаласа чун қоида бо иштироки шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ матраҳ мешавад, баргузор мегардад. Оид ба санаи баргузории ҷаласа, Шӯро шахси мазкурро на дертар аз 10 рӯз пеш аз ҷаласаи Шӯро огоҳ менамояд. Дар мавриди рад намудан ё имконнопазир будани иштироки шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ баррасӣ мешавад, Шӯро ҳуқуқ дорад, ки бе иштироки ӯ қарор қабул намояд.

153. Ҳангоми ифтитоҳ намудани ҷаласаи Шӯро раис аъзои Шӯроро оид ба салоҳиятнок будани ҷаласа мутобиқи банди 21 Низомномаи мазкур огоҳ карда, баррасии масъалаи оид ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмиро эълон мекунад. Сипас, узви комиссияе, ки барои баррасии масъалаи мазкур таъсис дода шуда буд, маърӯза мекунад. Баъд аз хатми суханронии ӯ сухан ба шахсе дода мешавад, ки нисбат ба ӯ оид ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ масъалагузорӣ шудааст (агар ӯ ҳузур дошта бошад), пас аз он ҳамаи аъзои дар ҷаласаи Шӯро ҳозирбуда ҳуқуқи баромад карданро доранд.

154. Баъд аз итмоми муҳокима Шӯро оид ба масъалаи маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ, овоздиҳии пинҳонӣ баргузор менамояд. Пас аз тасдиқи протоколи ҷаласаи комиссияи ҳисоб, Шӯро бо овоздиҳии ошкоро пешниҳодро қабул мекунад. Дар пешниҳод бояд далелҳое оварда шуда бошанд, ки барои дархостномаи маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ ҳамчун асос хизмат кунанд ва тавсияро барои раёсати КОА аз рӯйи масъалаи вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ дар бар гиранд. Оид ба қарори қабулнамудаи Шӯро ба шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ матраҳ шудааст, иттилоъ дода мешавад.

155. Пас аз қабули қарор оид ба масъалаи вобаста ба маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаи илмӣ Шӯро дар муддати ду моҳ ба КОА протоколи ҷаласаи Шӯроро бо нишон додани натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаро бо имзои раис ва котиби илмии Шӯро, ки бо муҳр тасдиқ шудааст, ирсол менамояд.

9. ТАЪМИНОТИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ ШӯРО ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

156. Таъминоти моддӣ-техникӣ, инчунин, фароҳам намудани шароити мусоидро барои фаъолияти шӯроҳо муассисае, ки дар назди он таъсис шудаанд, амалӣ месозад. Шӯроҳо ҳуқуқ доранд муҳри муассисаеро, ки дар назди он таъсис дода шудаанд, истифода баранд. Оид ба масъалаҳои хароҷоти маблағҳои пулӣ шӯроҳо ба муассиса ва КОА ҳисобот медиҳанд.

157. Дар мавриди набудани шароит барои кори Шӯро КОА ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти ин шӯроро боздорад ё қатъ созад.

158. Тибқи талаботи қисми дувуми банди 12 Низомномаи муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти шӯроҳои диссертатсионӣ ва фаъолияти аъзоёни он, сафарҳои хизматии муқарризоне, ки аз хориҷа даъват мешаванд ва аъзои Шӯро, ки шаҳрванди дигар давлатҳо мебошанд, аз тарафи КОА дар доираи маблағҳои пешбинишуда пардохт карда мешавад.

159. Ҳамасола (дар муҳлати 15 рӯз баъди ба охир расидани соли тақвимӣ ё санаи хотима ёфтани ваколат) Шӯро ба КОА ҳисоботи солонаро аз рӯйи шакли бо фармоиши КОА тасдиқшуда пешниҳод мекунад. Дар ҳолати сари вақт ба КОА пешниҳод накардани ҳисобот фаъолияти Шӯро мумкин аст муваққатан мавқуф гузошта шавад.

160. Мавқуф гузоштани фаъолияти Шӯро дар ҳолатҳои дар бандҳои 7, 135, 157 ва 159 Низомномаи мазкур пешбинишуда дар асоси фармоиши КОА бо огоҳ кардани роҳбари муассисае, ки дар назди он Шӯро таъсис дода шудааст ва мақоми болоии идоракунанда амалӣ карда мешавад. Аз лаҳзаи мавқуф гузоштани фаъолият Шӯро ҳуқуқ надорад, ки диссертатсияро қабул ва ҳимояи онро баргузор намояд. Масъалаи ҳимояи диссертатсияҳоеро, ки аз ҷониби Шӯро то эълони мавқуф гузоштани фаъолияти он қабул карда шудааст, КОА ҳаллу фасл менамояд.

161. Барои баррасии масъалаи таҷдиди фаъолияти Шӯро роҳбари муассисае, ки дар назди он Шӯро таъсис дода шудааст, дархостномаи бо мақомоти болоӣ мувофиқашударо оид ба таҷдиди фаъолияти Шӯро бо замимаҳои зерин ирсол менамояд:

- нусха аз протоколи ҷаласаи шӯрои илмӣ (илмӣ-техникӣ), ки дар он бо иштироки раис, муовини раис, котиби илмии Шӯрои фаъолияташ мавқуф гузошташуда, ки сабабҳои мавқуф гузошта шудани фаъолияти Шӯро баррасӣ шудааст;

- маълумотнома оид ба чораҳои андешидашуда барои бартараф намудани камбудиҳо ва қоидавайронкуниҳое, ки сабаби мавқуф гузоштани фаъолияти Шӯро гаштаанд;

- пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба ҳайати Шӯро.

162. Қарор аз рӯйи масъалаи таҷдиди фаъолияти Шӯро бо дарназардошти хулосаи тахассусии шӯрои ташхиси мушовараи КОА дар ҳузури роҳбари муассиса ва раиси (муовини раиси) Шӯро, ки фаъолияти он мавқуф гузошта шудааст, қабул карда мешавад.

10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ НОМЗАДИ ИЛМ ВА ДОКТОРИ ИЛМ ДАР ШӯРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

163. Ба хатмкардагони аспирантура ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки диссертатсияҳои худро оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ба анҷом расонидаанд, иҷозат дода мешавад, ки онҳоро дар шӯроҳои амалкунанда оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур ва Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ҳимоя намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба КОА барои гирифтани дараҷаи илмии номзади илм тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намоянд.

164. Ба хатмкардагони докторантура ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки диссертатсияҳои худро оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ба анҷом расонидаанд, соҳиби дараҷаи илмии номзади илм мебошанд ва аз тарафи муассиса тақризи мусбат гирифтаанд, иҷозат дода мешавад, ки диссертатсияи докториашонро дар шӯроҳои амалкунанда оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ҳимоя намоянд, дар ҳолате, ки дар ҳайати Шӯро аз рӯйи ихтисоси диссертатсияи ҳимояшаванда на камтар аз 5 доктори илм мавҷуд бошад ва 2/3 ҳайати умумии Шӯро аз докторони илм иборат бошад. Номзадҳои илм, ки узви ҳайати Шӯро ҳастанд, ҳангоми ҳимояи диссертатсияи докторӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд ва иштироки онҳо дар вақти ҳимоя ба инобат гирифта намешавад.

165. Дар ҳолати кофӣ набудани ҳайати Шӯро барои ҳимояи диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи доктори илм Шӯро дар мувофиқа бо КОА метавонад ҳимояи якдафъаинаро бо ҷалби мутахассисони дорои дараҷаи илмии доктори илм аз берун ташкил намояд. Қоидаҳои ташкили ҳимояи якдафъаина тибқи муқаррароти пешбинишуда оид ба ташкили ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ба роҳ монда мешавад.

166. Намунаи давлатии дипломи номзади илм ва доктори илм бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуда, талаботи техникӣ нисбат ба чунин ҳуҷҷат, тартиби танзим ва додани он аз ҷониби КОА муқаррар карда мешавад. Дипломи номзади илм ва доктори илм бо дархости Шӯрои диссертатсионӣ аз ҷониби КОА дар асоси феҳристи ихтисосҳои илмие дода мешавад, ки бо созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

11. МУҚАРРАРОТИ НИҲОӢ

167. Ба муҳлатҳои барои баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳимояи диссертатсияҳо, аттестатсияи такрории дорандагони ҳуҷҷатҳои тахассусӣ оид ба додани дараҷаҳои илмӣ, ки давлатҳои хориҷӣ додаанд, маҳрум кардани (барқарор кардани) дараҷаҳои илмӣ ду моҳи соли тақвимӣ (июл ва август) шомил намешаванд.

168. Баррасии диссертатсияҳои дорои маълумоти интишори маҳдуд дар Шӯро мутобиқи Низомномаи мазкур ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сирри давлатӣ амалӣ мегардад.

169. Масъалаҳои дигари фаъолияти Шӯро, ки дар Низомномаи мазкур танзим нагардидааст, аз тарафи КОА мутобиқ бо салоҳияти он ва дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мегарданд.

Замимаҳои 1-16