Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 аз 26 ноябри соли 2016 № 504

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "26" ноябри соли 2016, № 504

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

1. МУҚАДДИМА

1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2016 таҳия гардидааст. Барномаи мазкур стратегия, самтҳои асосӣ, афзалият, вазифаҳо ва механизми амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 муайян менамояд.

2. Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд дар соҳаи маориф, ки беҳбуди системаи идоракунӣ дар маориф, баланд бардоштани самаранокии системаи истифодаи захираҳои мавҷуда, таъминоти методӣ ва кадрии системаи маориф, дастрасии маориф барои духтарону писарон, кӯдакони аз гурӯҳҳои аҳолии аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир ва беҳбуди заминаи моддию техникии маориф мебошад, дар амал татбиқ карда шавад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар марҳалаи дигаргунсозиҳои азими таърихӣ ва бунёдӣ қарор дорад. Фардои давлату миллат бевосита аз рушду такомули низоми маориф, тарбияи шахсиятҳои дорои сатҳи баланди ахлоқӣ, фаъол, созандаю эҷодкор ва масъулиятшиносу ватанпарвар вобаста аст. Аз ин рӯ, мо бояд барои гирифтани таҳсилоти босифат, ки ҷиҳати ташаккули шахсият равона шудааст, низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, педагогикаи миллии халқамон бо дарназардошти тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем.

4. Солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлатӣ муносибати сифатан нави идоракунии соҳаи маориф шакл гирифт. Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор намуд: "Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам". Ин навъи гузориши масъала арзишу моҳияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дошта, имкониятҳои васеъ медиҳад, ки соҳаи маориф дар ҳама ҷанбаҳо рушд намояд. Сатҳи маълумотнокӣ дар муассисаҳои таълимии ҳама зинаҳо баланд шуда, ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Сифати тайёр намудани мутахассисон барои муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ ба низоми муайян медарояд. Тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ мутобиқи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии вилоят сурат мегирад. Мушкилоти таҳия, нашр ва дастрас намудани адабиёти таълимӣ ва маводи методӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳаллу фасли худро меёбад. Дар муассисаҳои таълимӣ нақшаю барномаҳо, стандартҳои давлатии таҳсилот оид ба ҳамаи зинаҳо бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ҳамаҷониба пурқувват шуда, онҳо бо технологияҳои нави иттилоотии таълимӣ (компютерҳо, видеомагнитофонҳо, телевизорҳо, видеокассетаҳо бо сабти матнҳои ҳама намуди машғулиятҳо) таъмин мешаванд. Сохтани биноҳои таълимӣ, таъмири асосии ҳама намуд биноҳои таълимӣ ва иншооти ёрирасони онҳо зина ба зина анҷом дода мешаванд. Ҳадафҳои асосии Консепсияи миллии тарбия, ки дар он сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлат дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас инъикос гардидааст, амалӣ мегарданд. Дар амал татбиқ намудани Барнома ба воситаи маблағгузории ҷорӣ аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ташкилотҳои қарздеҳ, бонкҳои хориҷӣ, грантҳо ва маблағгузории аҳолӣ таъмин карда мешавад.

2. ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

5. Дар вилояти Хатлон 1326 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 97 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 173 мактаби таҳсилоти асосӣ, 990 муассисаи таҳсилоти миёна, 25 гимназия, 21 литсей, 20 мактаб-интернат ва 117 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 666249 нафар хонандагон, аз ҷумла дар литсею гимназияҳо 15595 нафар, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 4361, дар муассисаҳои таҳсилоти асосӣ 27720 дар муассисаҳои таҳсилоти миёна 618444, дар мактаб-интернати ёрирасон 129 нафар хонандагон ва дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ 15987 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

6. Ба раванди таълиму тарбияи хонандагон 38153 нафар омӯзгор машғул мебошанд, ки аз онҳо 23981 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 1988 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 9501 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 2683 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии вилоят 7287 нафар омӯзгорон бо тахассуси дараҷаи олӣ, 8539 нафар бо тахассуси дараҷаи якум ва 4207 нафар омӯзгорон бо тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамасола бештар аз 143 нафар омӯзгорон намерасанд.

7. Муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят бо 19942 адад компютерҳои ҳозиразамон таъмин карда шудаанд, ки 105,0 фоизи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, № 416 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2015" - ро ташкил медиҳад. Алҳол рафти иҷрои Барномаи давлатии компютеркунонӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ 91, Панҷ 88 ва Шаҳритуз 95 фоиз таъмин гардидааст.

8. Нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 шумораи муассисаҳои таълимӣ 324 адад ва шумораи хонандагони онҳо 271549 ҳазор зиёд шудааст. Гарчанде ки оид ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар вилоят баъзе корҳо ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, бо сабаби сол то сол зиёд шудани теъдоди хонандагон сохтмони мактабҳо аз афзоиши хонандагон қафо монда истодааст.

9. Дар муассисаҳои таълимии вилоят як қатор масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд, ки ҳалли саривақтии онҳо барои баланд рафтани сатҳи таълим ва сифати дониш мусоидат хоҳад намуд.

10. Дар айни замон, пояи моддию техникии муассисаҳои таълимии вилоят дар сатҳи паст қарор доранд. Дар қисми зиёди муассисаҳо 80 % таҷҳизоти мавҷудаи таълимӣ кӯҳна ё фарсуда буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Маводу воситаҳои таълимии замонавӣ - эпидиаскопҳо, харитаҳо, глобусҳо, химикатҳо, телевизорҳо, видеомагнитофонҳо дар мактабҳо, ба хусус дар мактабҳои деҳот вуҷуд надоранд ва инчунин кабинетҳои фаннӣ ҷиҳозонида нашудаанд. Дар муассисаҳои таълимии вилоят таҷҳизоти мактабӣ намерасанд.

11. Бо сабаби нарасидани синфхонаҳо аз 666249 хонанда 21136 нафар дар басти 1 (3,2 %), 601010 нафар дар басти 2 (90,2 %) ва 44103 нафар хонанда дар басти 3-юм (6,6 %) мехонанд. Танҳо дар соли таҳсили 2015-2016 бо сабаби нарасидани синфхонаҳо 44103 нафар дар басти сеюм таҳсил мекунанд, ки ин зарурати сохтани 70 муассисаи таълимии нав ва ё 1471 синфхонаи иловагиро барои 44130 ҷойи нишаст талаб мекунад. Ҳарчанд муассисаҳои таълимии вилоят барои 416013 ҷойи нишаст сохта шуда бошад ҳам, ҳоло дар онҳо 666249 нафар хонанда дар се баст таҳсил карда истодаанд.

12. Дар вилоят 18 мактаб- интернат, 1 мактаб - интернати ёрирасон, 2 хонаи кӯдакон ва 8 интернати наздимактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 3190 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва инчунин аз оилаҳои камбизоат таҳсил мекунанд. Ба мактаб-интернатҳо диққати ҳамарӯза дода шавад ҳам, масъалаҳои ҳалталаби зиёд боқӣ мемонанд. Барои харидани маводи хӯрокворӣ ва либосворӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағҳои кам ҷудо карда мешавад, ки он ба пешравии соҳа имконият намедиҳад.

13. Дар 128 муассисаи томактабии вилоят 15987 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо кор бо низом пеш равад ҳам, масъалаҳои ҳалталаб низ ҷой доранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъмири пурраи биноҳо, муҳайё намудани шароити беҳтари раванди таълиму тарбия, харидани зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва маводи санитарӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намекунанд.

14. Аз сабаби норасоии маблағ ва заиф будани заминаҳои моддиву техникӣ дар вилоят то имрӯз вобаста ба талаботи рушд ва ислоҳоти соҳа ташкили марказҳои таълимӣ-методӣ, академияи хурди мактаббачагон, мактаби тобистонаи физикону математикони ҷавон, мағозаи марказонидашудаи фурӯши маводу таҷҳизот ва айёниятҳои таълимӣ, рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, кор бо бачагони лаёқатманд ва сайёҳони ҷавон тӯл кашида истодааст. Гузашта аз ин, таъмири саривақтии компютерҳо таъмин карда намешаванд.

15. Тағйиротҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дар назди муассисаҳои таълимии вилоят дар раванди таълиму тарбияи насли наврас вазифаҳои масъулиятнокро гузошта бошад ҳам, корҳои дар ин самт ба анҷомрасонида ҳанӯз ҷавобгӯи талаботи муосир нестанд.

3. ҲАДАФҲО, ВАЗИФАҲО ВА САМТҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА

16. Ҳадафҳои асосии Барнома фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои рушди соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла гирифтани таҳсилоти босифат дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва ба сатҳи маорифи давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон наздик намудани низоми маорифи вилоят мебошад.

17. Барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ зарур аст, ки масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:

- кафолати маблағгузории давлатии соҳа бо назардошти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он;

- муҳайё сохтани шароитҳо барои гирифтани таҳсилоти сифатнок ва ташаккули шаҳрвандӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

- компютеркунонии ҷараёни таълим;

- такмил додани системаи тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз рӯи ҳамаи равияҳо ва ихтисосҳо;

- таъмини муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони фаннӣ;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таълимӣ;

- такмили низоми аттестатсияи ҳайати педагогӣ;

- ба низом даровардани такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа;

- баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа;

- ба шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ мутобиқ сохтани идоракунии муассисаҳои соҳаи маориф;

- созмон додани механизми бо таври мақсаднок тайёр намудани омӯзгорон;

- такмили механизми ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон;

- ташаккул ва инкишофи механизмҳои фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ;

- рушд, такмил ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ;

- такмили идоракунии соҳа;

- бунёди заминаи моддию техникии соҳа;

- фароҳам овардани шароитҳои зарурии меъёрию ҳуқуқии фаъолият барои муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ;

- таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ.

18. Самтҳои амалигардонии Барнома ва рушди соҳаи маориф:

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста аз миллат, нажод, мазҳаб, майлу рағбат, қобилият ва зарфияти шахсӣ оид ба дарёфти таҳсилоти дараҷаю зинаҳои гуногун;

- коркард ва амалӣ намудани механизми иқтисодии рушди соҳаи маориф;

- компютеркунонии ҷараёни таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, батартибдарорӣ ва татбиқи технологияҳои иттилоотии таҳсилот;

- ба низоми муайян даровардани таъминоти соҳа бо асбобу ашёи хониш, воситаҳои техникӣ ва ёрирасони таълим;

- такмили мазмуни таҳсилот, ки тавонад ҷавобгӯи талаботи ҷамъият ва ҷаҳони имрӯза бошад;

- такмил додани тартиби иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, истифода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва нишондодҳои иҷозатнома, пурзӯр намудани назорат аз рӯи нишондодҳои варақаи иҷозатномадиҳӣ, ба роҳ мондани аккредитатсияи муасиссаҳои таълимӣ;

- мунтазам гузаронидани мониторингҳо оид ба назорати сифати таълим, таъмин намудани сифати баланди таълим дар ҳама зинаҳои соҳа;

- таҷдиди назар намудани мазмуни тарбияи таълимгирандагон дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти вазифаҳои имрӯза ва ояндаи ҷомеа ва давлат;

- инкишофу такмил додани системаи тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ;

- такмили системаи давлатии аттестатсияи кадрҳои педагогӣ;

- таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ;

- беҳтар намудани сатҳи таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот;

- ба низом даровардани гирифтани таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- бо нақшаю барномаҳои таълимӣ таъмин намудани мутахассисон, тайёр намудани мутахассисон дар мактабҳои олӣ ва баланд бардоштани маҳорати онҳо дар донишкадаҳои такмили ихтисос;

- такмил додани системаи идоракунии маориф ва ба талаботи муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ мутобиқ сохтани он.

19. Рушди муассисаҳои таълиму тарбияи томактабӣ:

- татбиқи амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи саломатии кӯдак;

- фароҳам овардани шароити зарурии меъёрию ҳуқуқии фаъолият барои муассисаҳои таълимии томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо назардошти эҳтиёҷоти мардум ва талаботи давлат;

- такмил додани тартиби иҷозатномадиҳию аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии томактабӣ, мукаммал намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва нишондодҳои иҷозатнома, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои томактабӣ;

- муҳайё сохтани шароит барои инкишофи қобилияти равонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонӣ;

- гузаронидани семинарҳои машваратӣ бо кормандони муассисаҳои томактабӣ;

- беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ;

- таъмини вариантнокии мазмун, шакл ва усулҳои таҳсилоти томактабӣ;

- ташхиси инкишофи кӯдак дар ҷараёни таълим ва беҳтар намудани муҳити ташаккулёбии он;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави таълимӣ;

- ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимии томактабӣ бо технологияи нави таълимӣ, сабти бозиҳои шавқовар ва дигар маводи таълимӣ дар видеокассетаҳо, дискҳо ва дивидиҳо;

- фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди инкишоф;

- таъмини омодагии пешазмактабии кӯдакон дар заминаи таҳсилоти томактабӣ;

- таъмини адабиёти методӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ ва падару модарон.

20. Рушди муасисаҳои таҳсилоти умумӣ:

- бо ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

- таҷдиди назар намудани Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ;

- зиёд намудани миқдори литсей ва гимназияҳо, фароҳам овардани асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти онҳо;

- таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ, истифодаи нақшаю барномаҳои алтернативии таълимӣ аз рӯи равияҳо бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ;

- ба низом даровардани фаъолияти мактабҳои деҳот дар шароити нави иҷтимоӣ - иқтисодии ҷумҳурӣ ва иқтисоди бозоргонӣ;

- таъсиси мактабҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти пурсамари онҳо;

- такмил додани тартиби иҷозатномадиҳию аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, мукаммал намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва нишондодҳои иҷозатнома, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба нишондодҳои варақаи иҷозатномадиҳӣ;

- коркарди мазмун ва сохтори фанҳои таълимии равияи ҷомеашиносӣ ва иҷтимоӣ - гуманитарӣ, ворид намудани принсипҳои инсонгароӣ дар таълиму тарбияи насли наврас;

- такмили омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дар сатҳи зарурӣ аз худ намудани онҳо;

- таҷдиди назар намудани мазмуни тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи давлат ва ҷомеа;

- такмил додани усулҳои омӯзиш ва ворид намудани методҳои нави таълимӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ;

- таҷдиди назар намудани сатҳи тайёркунии кадрҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои олӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ;

- дар сатҳи баланд ба роҳ мондани системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, дигаргун намудани менталитети кадрҳои педагогӣ бо назардошти талаботи иқтисоди бозоргонӣ;

- таъмин намудани сатҳи баланди донишҳои маърифатию ҳуқуқии хонандагон;

- баланд бардоштани масъулияти макомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хонандагони лаёқатманд ва дорои имкониятҳои маҳдуди саломатӣ;

- додани мустақилияти молиявӣ ба муассисаҳои таълимӣ.

21. Рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ:

- мустаҳкам намудани иқтидори муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;

- такмил додани сохтори таҳсилоти иловагӣ барои кӯдакон ва наврасон;

- ворид намудани усулҳои нави таълим бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ;

- созмон додани марказҳои нави таҳсилоти иловагӣ бо назардошти таҷриба ва имкониятҳои мавҷуда;

- ҷиҳозонидани муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо технологияи нави таълимӣ;

- таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ бо назардошти синну сол ва лаёқатнокии хонандагон, истифодаи усулҳо ва воситаҳои нави таълимӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби қисми асосии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба таҳсилоти иловагӣ;

- созмон додани муассисаҳои таҳсилоти иловагии ғайридавлатӣ, фароҳам овардани шароитҳои зарурии меъёрию ҳуқуқии фаъолияти онҳо;

- иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккередитасияи муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ;

- давра ба давра созмон додани марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккул додани қобилияти эҷодӣ ва омодагии тамоюли касбии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон;

- такмил додани сохтори муассисаҳои беруназмактабӣ.

22. Рушди таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ:

- такмили нақша ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

- мустаҳкам намудани робитаи мактабҳои таҳсилоти миёна ва муассисаҳои олии касбии омӯзгорӣ бо мактабҳои таҳсилоти умумӣ оид ба хоста гирифтани довталабон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, ба кор таъмин намудани онҳо баъди хатми таълимгоҳ;

- ташкили роҳҳои самарабахши кор оид ба интихоби касби омӯзгорӣ;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбии вилоят;

- таъмин кардани талаботҳои муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ;

- такмил додани механизми хизматрасонии пулакии таълим дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои такмили ихтисоси кормандони таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

- муҳайё намудани шароитҳои зарурии иқтисодӣ барои инкишоф ва беҳтар сохтани заминаи моддию техникӣ;

- ба дараҷаи инкишофи илм, техника ва истеҳсолот мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

- гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ оид ба ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави таълим;

- ҷорӣ кардани муҳити рақобат дар тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ;

- таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо компютерҳо, воситаи таълимӣ ва маводҳои дидактикӣ.

23. Тайёркунии кадрҳо, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа:

- муайян намудани сиёсати кадрӣ дар соҳаи маориф бо назардошти дурнамои демографии аҳолӣ;

- ба имзо расонидани созишномаҳои сеҷониба бо муассисаҳои тайёркунии кадрҳои омӯзгорӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа;

- ташкили механизми ояндабинии талабот ба кадрҳои омӯзгорӣ, дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ;

- тайёр намудани омӯзгороне, ки аз 2-3 фан дарс медиҳанд;

- ташкили курсҳои такмили ихтисос бо кормандони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони дарсдиҳанда тибқи дастовардҳои илми ҷаҳонӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон;

- танзими сохторҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ;

- таъмин намудани омӯзгорон бо адабиёти методӣ;

- коркарди механизми мақсадноки тайёркунонии кадрҳои педагогӣ барои муассисаҳои таълимие, ки дар деҳот ва махсусан маҳалҳои дурдаст ҷойгиранд;

- амалӣ намудани тадбирҳои мақсадноки молиявию иқтисодӣ барои ҳимояи кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар кормандони соҳа дар деҳот;

- гузаронидани аттестатсияи кормандони педагогӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои идора;

- истифодаи ҳуҷҷатҳои меъёрии фаъолияти муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки онҳо;

- таъмин намудани шароити зарурӣ барои ҳар 5 сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон;

- инкишофи системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони идораю шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ташкил кардани механизми ояндабинӣ ва ба танзим даровардани бозомӯзӣ, болоравии такмили ихтисос дар соҳа;

- таҷдиди назар ва муайян намудани ваколатҳои худмухтории муассисаҳои таълимии такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ;

- истифодаи маблағгузории бисёршабакагии муассисаҳои таълимии такмили ихтисос;

- ҷустуҷӯ ва дарёфти шаклу усулҳои нави маълумотдиҳӣ дар муассисаҳои таълимии такмили ихтисос;

- такмил додани заминаи илмию методии муассисаҳои таълимӣ;

- ворид намудани тағйирот дар сохтори муассисаҳои таълимии тамили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ тибқи дастовардҳои муосири илми ҷаҳонӣ, фарҳанг ва истеҳсолот;

- ворид намудани асосҳои гуманизатсияи таҳсилот дар нақшаю барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа;

- ташкили курсҳои алоҳида оид ба гуманизатсияи таҳсилот ва принсипҳои инсонгароӣ дар таълиму тарбияи насли наврас;

- ташкили шаклҳои нави курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии фанҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо назардошти навовариҳои илмию педагогии муосир ва суннатҳои ниёгон дар муассисаҳои таълимӣ;

- танзими сохторҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогии соҳа бо назардошти талаботи имрӯза ва дурнамои соҳа;

- такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон ва кадрҳои омӯзгории соҳаи маориф дар кишварҳои хориҷа дар асоси бурсияҳои ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида;

- ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, дастрас намудани адабиёти таълимӣ, таҳияи нақшаю барномомаҳои таълимӣ барои ин курсҳо бо назардошти иқтисоди бозорӣ, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти самаранокии курсҳо;

- омӯхтан ва паҳн кардани таҷрибаи амалии ғолибони озмунҳои вилоятии "Муаллими сол", "Муаллими эҷодкор" ва "Мураббии сол".

24. Рушди забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ:

- рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва забони англисӣ ҳамчун забони дар ҷаҳон васеъ паҳншуда;

- ҷорӣ кардани омӯзиши пайвастаи забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, дар ҳама зинаҳои таҳсилот;

- фароҳам сохтани заминаҳои моддию техникӣ барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

- такмили сохтору мазмуни таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

- азнавсозии мазмуну мундариҷаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ мутобиқи Консепсияи миллии таҳсилот ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020;

- фароҳам овардани шароит барои кӯдакони соҳибистеъдод оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

- ташкили марказҳо ва курсҳо барои хоҳишмандони омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

- гузаронидани машваратҳо, конфронсҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои такмили таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

25. Таъмини соҳа бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимию методӣ:

- ба низом даровардани фаъолияти китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ;

- ба вуҷуд овардани фонди доимии китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ;

- саҳм гирифтани мутахассисони раёсат, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва инчунин омӯзгорони вилоят дар таҳияи китобҳои дарсӣ;

- бо мақсади беҳтар намудани мазмун ва мундариҷаи барнома ва китобҳои дарсӣ гузаронидани машваратҳо ба омӯзгорони фаннӣ;

- пардохти саривақтии маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ дар муҳлати муайяншуда ва фонди гардиши китобҳои дарсӣ;

- такмили низомномаи иҷора ва фонди гардиши китобҳои дарсӣ ва таъмини мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ;

- дарёфти маблағҳо барои таъмини бепули хонандагони бепарастор ва оилаҳои камбизоат бо китобҳои дарсӣ.

26. Таъмини заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз шартҳои асосии амалӣ гаштани раванди таълиму тарбия буда, имконият медиҳад, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба низом дароварда шавад. Самтҳои асосии рушди он аз инҳо иборат аст:

- нигоҳдорӣ, мустаҳкам намудан ва инкишоф додани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ;

- сохтмони мактабҳо, синфхонаҳои иловагӣ, иншооти ёрирасон, барқарор намудани биноҳои таълимӣ ва таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ (мутобиқи замимаҳои 1, 2 ва 3);

- таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мебелҳо, мизу курсиҳо, тахтаи синфӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ ва ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо, телевизорҳо, видеомагнитофонҳо ва дигар воситаҳои техникии таълим.

27. Маблағгузории Барнома:

- бо назардошти талаботи Барнома ҷудо намудани маблағҳо барои рушди соҳа;

- ҳамасола равона намудани фоизи муайяни даромади миллии ҷумҳурӣ ва вилоят бо назардошти талаботи соҳаи маориф;

- истифодаи шаклҳои нави хоҷагидорӣ, таълими пулакӣ, маблағгузории падару модарон, сармоягузорони дохилию хориҷӣ;

- дарёфти қарзҳои дарозмуддат аз бонкҳо ва ташкилоту созмонҳои дохилию хориҷӣ барои таъмини рушди соҳаи маориф;

- таҷдиди назар намудани роҳҳои маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо назардошти рушди соҳа ва иҷро шудани кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон оид ба таври ройгон гирифтани таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ;

- таҳияи буҷаи ҳамасолаи соҳаи маориф бо назардошти ҷудо намудани маблағгузории инфиродии махсус аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ барои таълиму тарбияи ҳар як хонанда мувофиқи стандартҳои давлатии таҳсилот ва меъёрҳои байналмилалӣ;

- ба низом даровардани хизматҳои пулакии гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

- ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои таъмини мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо мебели мактабӣ ва технологияи нави таълимӣ (компютерҳо, проекторҳо, телевизорҳо);

- истифодаи ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ барои рушди соҳа;

- дастгирии ҳамаҷонибаи сохторҳои хусусӣ ҳамчун манбаи иловагии маблағгузории рушди соҳа.

Замимаҳои 1-3