Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 № 503 "Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатии иқтисодии хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, вусъати имкониятҳои содирот ва воридотивазкунӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барнома тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шаклп моликияташон, ҷиҳати татбиқи пурра ва самараноки Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои мушаххас андешанд.

3. Ҳамоҳангсозии корҳо оид ба мониторинг ва татбиқи Барноман давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурпн Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои татбиқи Барнома дар нимсолаи аввал ва соли ҳисоботи маълумот пешниҳод намоянд.

5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурни Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома ҳисобот пешниҳод намояд;

- ҳангоми тағйирёбии вазъи иқтисодӣ ва дигаргуншавии сохтори молӣ ва молиявии Барнома таҳти таъсири омилҳои беруниву дохилӣ дар давраи татбиқи он тибқи тартиби муқарраршуда тағйиру иловаҳо пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 26 ноябри соли 2016 № 503

ш.Душанбе