×

Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 аз 26 ноябри соли 2016 № 503

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "26" ноябри соли 2016, № 503

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд-Барнома) ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба амалишавии сиёсати давлатии иқтисодии хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ таҳия гашта, ба афзун гардонидани ҳаҷми содирот, коҳиш додани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот равона гардидааст.

2. Барои ноил гардидан ба он дар доираи Барнома иҷрои вазифаҳои стратегии зерин, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 муайян гардидаанд, оғоз карда мешавад:

- ба таври назаррас кам кардани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотии асосии ниёзи мардум;

- таъмини болоравии истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда тавассути андешидани тадбирҳо дар самтҳои пешниҳоди механизми самараноки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молҳои ватанӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ дар бахшҳои воқеӣ;

- таъсис додани марказҳои муосири логистикӣ ва васеъ кардани долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ;

- ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани хизматрасонии хатсайрҳои роҳи оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари нақлиёт;

- таъмин намудани болоравии истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда тавассути андешидани тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба содиркунандагону сармоягузорони эҳтимолӣ, инкишофи ҳамкорӣ, занҷирҳои арзиши иловашуда ва гурӯҳбандӣ.

3. Зимни таҳияи Барнома таҷрибаи амалишавӣ ва сабақҳои аз татбиқи Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 гирифташуда, инчунин хусусиятҳои вазъи ҷории савдои байналмилалӣ ва тамоюлҳои нав дар соҳаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ба назар гирифта шуданд.

4. Дар асоси натиҷаҳои таҳлили гузаронидашудаи тақризии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар давраи аз соли 2000 то соли 2014 мушкилоти асосӣ ва омилҳои боздорандаи содирот ва воридотивазкунӣ ошкор гардида, омилу сабабҳои рақобатпазир набудани истеҳсолкунандагони ватанӣ муайян карда шуданд. Интихоби самтҳои стратегии содироти дорои афзалиятҳо барои рақобат бо дарназардошти таҳлили самтҳои ояндадор ва бозорҳои мақсаднок асоснок карда шудааст. Бо дарназардошти дурнамои воридотивазкунӣ ва имкониятҳое, ки дар бобати таъсис аз сифр, эҳё ва афзун намудани иқтидорҳо дар бозори дохилӣ мавҷуданд, афзалиятҳои бахшу соҳаҳо муайян карда шуда, мавқеъҳои молӣ дақиқ карда шуданд.

5. Мушкилоти рушди институтсионалии содирот ва воридотивазкунӣ дар Барнома мавқеи асосӣ дошта, роҳи ҳалли мантиқии худро дар чорабиниҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти сиёсати савдо ва соддагардонии расмиёти содироту воридот, мусоидат ба ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ва технологияҳои нав, бунёди сохторҳои дастгирии содирот, беҳтар намудани инфрасохтори содирот ва содироти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили шабакаи интиқол ва фурӯши мол дар хориҷа, тақвияти неруи инсонӣ ва тарбияи кадрҳо барои сохторҳои дастгирии содирот ва воридотивазкунӣ пайдо намуданд.

6. Дастгирии давлатии содирот ва воридотивазкунӣ дар доираи Барномаи мазкур тадбирҳои воридоти бе андозу бе боҷи технологияҳо ва таҷҳизоти нав, ҳавасмандгардонии содирот дар доираи созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, такмили батанзимдарории гумрукӣ ва асъорӣ, чораҳои зиддидемпингӣ ва муҳофизатӣ, омилҳои андозӣ ва механизмҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла беҳтар намудани дастрасӣ ба молияи содироткунандагон ва истеҳсолоти воридотивазкунанда, инчунин тадбирҳои махсуси соҳавиро пешбинӣ менамояд.

7. Баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун омили муҳимтарини рушди содирот ва воридотивазкунӣ дар тадбирҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани сифати маҳсулот мутобиқи меъёру стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва бозорҳои дигари эҳтимолии фурӯш, мукаммалсозии борбандӣ, тамға ва номи тиҷоратии мол, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, мукаммалсозии логистика, инфрасохтори нақлиёт ва инкишофи менеҷменти сифат инъикос меёбад.

8. Дар қисми хотимавии Барнома параметрҳои асосии дурнамои рушди фаъолияти савдои хориҷии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020, таносуби содирот ва воридот, инчунин дурнамои содирот, воридот ва воридотивазкунӣ аз рӯи 20 маҳсулоти асосӣ пешниҳод гардида, механизмҳои татбиқ, инчунин мониторинг ва назорати ҷараёни иҷрои Барнома муайян карда шудаанд. Барнома тибқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ", "Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ", "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор", "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи назорати содирот", "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ва дигар сарчашмаҳои танзимкунандаи соҳаҳои зикршуда таҳия гардидааст.

9. Дараҷаи ноилшавӣ ба вазифаҳои пешбинигардидаи стратегӣ ва мақсаднок бо индикаторҳое, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва параметрҳои асосии рушди содирот, воридот ва воридотивазкунии молу хизматрасониҳои асосии алоҳидаро дар бар мегиранд, назорат карда мешавад.

10. Дурнамои рушди фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 тағйироти ҳаҷм ва сохтори содирот ва воридотро дар доираи се сенария пешбинӣ менамояд: "маъюсона" (пессимистӣ), "воқеъбинона" ва "некбинона" (оптимистӣ), ки бо дараҷаи таъминот бо сармоягузорӣ ва дараҷаи бо дастгирии молиявӣ қонеъ намудани чорабиниҳои Барнома муайян мегарданд. Аз рӯӣ воқеъбинона амалӣ шудани Барнома имконият медиҳад, ки то соли 2020 содирот аз рӯи арзиш қариб 80 фоиз зиёд гардида, таносуби содирот нисбат ба воридот аз 25, фоиз то сатҳи 40 фоиз расонида шуда, савдо то 5,9 фоиз ихтисор карда шавад.

11. Татбиқи чорабиниҳои асосии Барнома дар Нақшаи чорабиниҳо инъикос ёфтааст, ки ба се самти ба ҳам алоқаманд асос меёбад: такмили асосҳои институтсионалии рушди содирот ва воридотивазкунӣ, тақвияти дастгирии давлатии истеҳсолоти ватании ба содирот ва воридотивазкунӣ нигаронидашуда, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ. Бешубҳа, дар доираи як барнома ҳал намудани ҳамаи мушкилоти марбут ба рушди содирот ва воридотивазкунӣ имконнопазир аст, бинобар ин тадбирҳои алоҳидаи мушаххас ва чорабиниҳои махсус дар доираи барномаҳои соҳавии таҳияшаванда оид ба рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ бо тамоюли дақиқ ба тақвияти имкониятҳои содиротӣ ва афзун гардонидани воридотивазкунии рақобатнок пешбинӣ карда хоҳанд шуд.

12. Татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳангоми таҳия ва татбиқи Барномаи мазкур ба самаранокӣ, гуногуншаклӣ (диверсификатсия) ва рақобатпазирии бахши воқеии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ, тақвияти институтсионалӣ ва гузаронидани ислоҳоту дигаргуниҳои ҷиддӣ афзалияти асосӣ дода мешавад. Вобаста ба ин дар назар аст, ки Барномаи рушди комплекси агросаноатӣ барои солҳои 2016-2020 то охири соли 2016 таҳия ва пешниҳод гардида, тадбирҳои муҳиму фарогирро оид ба самтҳои афзалиятноки номбурда дар сатҳи соҳаҳо ва минтақаҳо муфассал дар бар гирад.

2. ҲОЛАТ ВА МУШКИЛОТИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

§1. Таҳлили ҳолати фаъолияти иқтисодии хориҷии Тоҷикистон

13. Тоҷикистон дорои иқтисодиёти кушода буда, дар он воридоти молу хизматрасониҳо аз содироти онҳо бештар аст. Озодкунии савдои хориҷӣ дар нимаи солҳои 90-уми асри гузашта сурат гирифт. Соли 2012 дар рейтинги савдои глобалии моли Тоҷикистон аз рӯи содирот ва воридот мутаносибан дар мавқеи 143 ва 140-ум қарор дошт (Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, соли 2014).

14. Пас аз ба даст овардани истиқлолият сохтори ҷуғрофии содироти кишвар комилан тағйир ёфт. Агар соли 1992 содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 62 фоиз ва ба кишварҳои хориҷаи дур 38 фоизро ташкил карда бошад, пас соли 2014 ин таносуб қатъиян тағйир ёфт: ба ҳиссаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 фоиз ва ба хориҷаи дур, асосан кишварҳои Осиё 74 фоиз ҳаҷми умумии содирот рост меояд.

15. Бинобар маҳдуд будани номгӯи молҳои содиротӣ, ки дар он алюминийи аввалия ва нахи пахта бартарият доштанд, дар давраи мушоҳидашаванда бо ифодаи арзиш тағйироти ҷиддӣ мушоҳида карда намешавад. Коҳиш ё афзоиши содирот бештар бо тағйирёбии нархи ҷаҳонии молҳо дар шакли ашёи хоми аз Тоҷикистон содиротшаванда вобаста мебошад.

16. Дар мавриди воридот ҳолат дигаргун аст. Соли 2014 ҳаҷми воридот бо ифодаи арзишӣ дар муқоиса бо соли 2000-ум 6,4 баробар, зимнан аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3,9 баробар, аз он ҷумла аз Россия 11,3 баробар ва аз кишварҳои хориҷаи дур 19 баробар, аз ҷумла аз кишварҳои Осиё 45,3 баробар зиёд гардид. Афзоиши назарраси ҳаҷми воридот пеш аз ҳама бо зиёдшавии ҳаҷми воридоти интиқоли пулии муҳоҷирон, талаботи истеъмолии аҳолӣ ва истеҳсолии корхонаву иншоотҳои инфрасохторӣ, нокифоягии ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ барои қонеъгардонии талаботи дохила, маҳдуд ва кӯҳна будани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ алоқаманд аст.

17. Тағйирёбии сохтори ҷуғрофии воридот бештар аз ҳисоби рақобатпазир набудани молҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи меъёри нарху сифат ва дараҷаи баландтари диверсификатсияи мол, технология ва хизматҳои аз ҷониби кишварҳои хориҷаи дур, аз ҷумла аз тарафи Хитой ва Туркия пешниҳодшаванда ба амал омад.

18. Соли 2015 шарикҳои асосии тиҷоратии Тоҷикистон аз рӯи содирот Туркия (28,7 фоиз), Швейтсария (23,1 фоиз), Қазоқистон (16,4 фоиз), Эрон (6,7 фоиз), Афғонистон (6,3 фоиз) ва аз рӯи воридот Россия (30,5 фоиз), Хитой (22,2 фоиз), Қазоқистон (16,2 фоиз), Швейтсария (3,1 фоиз) ва Литва (2,4 фоиз) буданд.

19. Молҳои асосии содиротӣ дар соли 2015 алюминийи аввалия (24,8 фоиз), маъдани тозакардашуда (17,1 фоиз), нахи пахта (17,5 фоиз), неруи барқ (5,5 фоиз), молҳои асосии воридотӣ бошанд, маҳсулоти нафтӣ (11,7 фоиз), гандум (7,1 фоиз), гази моеъ (4,3 фоиз), гилхок (3,9 фоиз) ва орд (1,8 фоиз) буданд.

20. Бо таваҷҷуҳ ба принсипи давомоти таҳияи санадҳои стратегӣ, таҳлили татбиқи Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 гузаронида шуд. Арзёбии татбиқи Барномаи пешина имконият дод, ки сабақҳои зерини асосӣ гирифта шаванд, ки зимни таҳияи Барномаи мазкур ба назар гирифта шуданд:

- Барнома пеш аз Стратегияи миллии рушд қабул гардида, дар он афзалиятҳо ва индикаторҳои мақсадноки ба таври пурра ба инобат гирифта нашудаанд;

- ҳалли мушкилоти институтсионалии рушди содирот ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян нагардидааст;

- баҳисобгирии нокифояи тағйироти суратгирандаи сохторӣ ва такя ба содироти ашёи хом;

- таваҷҷуҳи нокифоя ба тарбияи кадрҳо, низоми маркетинг ва менеҷмент;

- дараҷаи пасти ҷалби бахши хусусӣ, пешгӯии аз ҳад некбинонаи умедворӣ аз сармоягузорони хориҷӣ;

- ҳамоҳангсозии сусти амалҳои байни вазорату идораҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ, набудани мақоми мушаххаси ваколатдор оид ба татбиқи Барнома бо ваколатҳои кофӣ;

- пешбинӣ нашудани механизми таҷдиди назар ва дақиқсозии нишондиҳандаҳои дурнамо бо дарназардошти вазъи воқеии тағйирёбанда.

21. Тоҷикистон иштирокчии созишномаҳои бисёрҷониба дар бораи савдои озод дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад. Ғайр аз ин, мамлакат бо аксарияти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои дуҷониба дорад. Ба шарофати иштироки кишвар дар иттиҳодияҳои минтақавии ҳамгироӣ, инчунин мавҷуд будани созишномаҳои дуҷониба дар бораи минтақаи савдои озод, соли 2012 вазъи қиёсии молҳои воридотӣ бе пардохти боҷи гумрукӣ 80 фоиз ҳаҷми умумии воридот (БОР, кишварҳои Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, 2012) ва тибқи маълумоти омории мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳанда дар соли 2015 зиёда аз 70 фоизро ташкил дод.

22. Аз 2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Дар робита бо ин кишвар як қатор уҳдадориҳои муҳимро, ки дар озодкунии минбаъдаи реҷаи савдо ва суръат бахшидани ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ифода меёбад, ба зимма гирифт.

23. Дар оғози соли 2015 Барномаи мутобиқсозии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои дастгирии молиявӣ ва ғайримолиявии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва пешбурди содирот, таъмини сармоягузорӣ дар бозори дохилӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ, фароҳам овардани шароит барои савдои озод, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, воридшавӣ ба низоми танзими баҳсҳои марбут ба савдо дар сатҳи байналмилалӣ ва ғайра матраҳ шудаанд.

24. Тоҷикистон яке аз кишварҳои аввалинест (баъд аз ҶХХ, Сингапур, Мавритания ва ИМА), ки созишномаи соддагардонии расмиёти савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро ба тасвиб расонд. Ин имконият медиҳад, ки хароҷоти умумии савдо аз ҳисоби кам кардани миқдори ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои содирот ва воридот, инчунин хеле ихтисор шудани вақти убури сарҳад коҳиш дода шавад.

25. Тарифҳои миёна пас аз ҳамроҳшавии кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тағйир наёфта, 8 фоиз (дар давраи солҳои 2005-2012 7,8 фоиз), аз он ҷумла барои маҳсулоти кишоварзӣ 10,4 фоиз (дар давраи солҳои 2005-2012 11,4 фоиз) ва барои молҳои саноатӣ 7,6 фоизро (дар давраи солҳои 2005-2012 7,4 фоиз) ташкил доданд.

26. Тибқи баҳодиҳии Бонки умумиҷаҳонӣ, 2014 дар натиҷаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо афзоиши сармоягузории мустақими хориҷӣ, хусусан дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, саноати кӯҳӣ ва телекоммуникатсия дар соли 2018 2,4 фоиз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро (дар муқоиса бо 1,2 фоиз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013) ташкил хоҳад дод. Ин метавонад технологияҳои навро ҷалб намояд, ки дар навбати худ онҳо маҳсулнокии меҳнатро баланд бардошта, боиси афзоиши ҳаҷми содирот мегарданд.

27. Таносуби ҳаҷми умумии савдо (содирот ва воридот) нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ки бештар онро "индекси кушод будани иқтисодиёт" меноманд, дар давраи солҳои 1991-2012 ба ҳисоби миёна 100 фоизро ташкил дод, ки аз сатҳи баланди кушода будани он шаҳодат медиҳад.

28. Индикатори дигаре, ки аз ҷалб гардидани кишвар ба савдои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, индикатори "шароити савдо" мебошад. Ин таносуби содирот ва воридот дар ифодаи мутлақ мебошад. Зиёд будани содирот нисбат ба воридот аз беҳтар гардидани шароити савдо гувоҳӣ медиҳад ва баръакс. Дар тамоми давраи мушоҳидашаванда танҳо соли 1992 содирот нисбат ба воридот зиёдтар буд. Дар солҳои 1999 ва 2000 содирот ва воридот дар ифодаи арзиш баробар буданд. Аз соли 2005 сар карда, талаботи аҳолӣ ва корхонаҳову лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба маҷмӯи молу хизматҳо ба таври назаррас афзоиш ёфт, ки дар навбати худ боиси афзоиши яку якбораи воридот гардид. Аз тарафи дигар, маҳдуд будани сабади содирот ба афзоиши содирот мусоидат накард. Дар натиҷа соли 2015 таносуби воридот нисбат ба содирот 3,9 маротибаро ташкил дод.

29. Ҳамин тариқ, тамоюли асосии савдои хориҷӣ дар ду даҳсолаи охир афзоиши мунтазами ҳаҷми хариди молҳои воридотӣ мебошад. Дар натиҷа на танҳо тавозуни манфии савдо, балки номутаносибии баръалои байни содирот ва воридот ба миён омад, дар баробари ин динамикаи ин ҷараён хеле тақвият ёфт. Бинобар ҳолатҳои дар боло зикргардида андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати тағйир додани ҳолати бамиёномада мувофиқи мақсад дониста мешавад. Таҳия ва татбиқи Барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ дар ин самт мебошад.

§2. Мушкилот ва монеаҳои боздорандаи содирот, сабабҳои рақобатпазир набудани истеҳсолкунандагони дохилӣ

30. Як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки рушди иқтидори содиротии Тоҷикистонро бозмедоранд. Барои ба низом даровардани онҳо омилҳои асосӣ ва сабабҳои объективӣ муайян карда шудаанд.

31. Ба қатори мушкилоти асосии боздорандаи имкониятҳои содиротии иқтисодиёти кишвар мушкилоти зеринро шомил кардан мумкин аст:

- сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот бинобар сатҳи пасти сифати технология, таҷрибаи истеҳсолкунандагон ва паҳлуҳои институтсионалии соҳаҳои дахлдор;

- мавҷудияти монеаҳои маъмурӣ барои содироти маҳсулот ҳам дар кишвар ва ҳам дар давлатҳои ҳамсоя;

- дараҷаи нокифояи озодии соҳибкорӣ, муҳити ғайри қобили пешгӯии соҳибкорӣ ва манфиатдории маҳдуд барои ҷорӣ намудани инноватсия;

- мавҷуд набудани низоми мақсадноки маркетинг ва начандон самаранок будани менеҷмент, аз ҷумла менеҷменти сифат.

32. Ба сифати сабабҳои асосии объективии боздорандаи афзоиши содирот инҳоро номбар кардан мумкин аст:

- дурӣ аз ҷараёни магистрали нақлиётӣ ва бозорҳои асосии хориҷӣ;

- ҳиссаи баланди хароҷоти нақлиётию экспедиторӣ дар арзиши маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла хироҷҳои ғайрирасмӣ;

- набудани сохторҳои мусоидат ва пешбурди маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ;

- сатҳи пасти дастгирии давлатии мусоидат ба рушди содирот;

- набудани воситаҳои воқеии ҳавасмандгардонии содирот барои истеҳсолкунандагон.

33. Дар Барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ошкор намудани монеаҳои рушди содирот ва рақобатнокӣ роҳу механизмҳои бартараф ва кам кардани онҳо пешниҳод карда мешаванд. Чораҳои зерини асосӣ пешниҳод карда мешаванд: институтсионалӣ, дастгирии давлатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ, ки мутаносибан дар бобҳои 5, 6 ва 7 пешниҳод гардида, муфассал дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома инъикос ёфтаанд.

3. ҲАДАФУ ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

34. Ҳадафҳои Барнома:

- ҳадафи дарозмуддати Барнома мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии иқтисодии хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулоти тайёр (коркардшуда ё ниҳоӣ) ва кам кардани молҳои истеъмолӣ ва хизматҳо дар ҳаҷми умумии воридот мебошад;

- ҳадафи миёнамуҳлати Барнома таъсис додани низоми самараноки миллии мусоидат ба содирот ва воридотивазкуние мебошад, ки барои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, инчунин заминаи объективӣ барои рушди устувори содироти молу маҳсулоти тайёр (коркардшуда ё ниҳоӣ) ва воридотивазкунии рақобатпазир мебошад.

35. Вазифаҳои Барнома:

1) Вазифаҳои стратегии Барнома инҳоянд:

- ба таври назаррас кам кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти асосии ниёзи мардум;

- таъмин намудани гузариш ба сатҳи нави технологӣ бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулот;

- беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва бунёди фазои шарикӣ ва ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ;

- тақвият бахшидани иқтидори транзитии телекоммуникатсионии кишвар ва имконияти гузарониши трафики интернет.

2) Вазифаҳои мақсадноки Барнома инҳоянд:

- муайян намудани самтҳои стратегии афзалиятноки рушди содирот бо дарназардошти имкониятҳои кишвар ва вазъият дар бозорҳои ҷаҳонӣ;

- интихоби самтҳои мушаххаси ояндадор ва бозорҳои мақсаднок бо дарназардошти иқтидори мавҷудаи содиротӣ ва бартариятҳо дар рақобат;

- фароҳам овардани шароити хуби ташкилӣ, институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди содирот ва воридотивазкунӣ;

- дастгирии болоравии қобилияти рақобатноки маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ;

- ташкил намудани инфрасохтори муносибтарини содиротӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, баланд бардоштани самаранокии воситаҳои ғайримолиявии дастгирии содирот;

- дастгирии молиявии ташкилотҳои содиркунанда, бо дар назардошти талаботи узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инчунин сохторҳои дастгирии содирот, аз ҷумла дар давлатҳои хориҷӣ;

- ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи содирот ва воридотивазкунии қобили рақобат;

- ташкил намудани хизматрасониҳои муосири дастраси умум ва ҷорӣ намудани принсипи равзанаи ягона дар асоси технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ зимни хизматрасонии давлатӣ дар фаъолияти савдои хориҷӣ;

- ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди содирот ва воридотивазкунӣ аз рӯи индикаторҳои мақсадноки Барнома, аз ҷумла параметрҳои маҳсулот;

- ташкили механизми муассири татбиқи Барнома ва низоми самараноки мониторинг ва назорат;

- баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалии савдо;

- баланд бардоштани сатҳи боварии содиркунандагон, сармоягузорон ва воридкунандагон ба сиёсати иқтисодии хориҷии амалишаванда.

36. Дар Барномаи мазкур индикатору нишондиҳандаҳои мақсадноки зерин истифода хоҳанд шуд:

1) Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ:

- Гардиши савдои хориҷӣ, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

- Содирот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

- Воридот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

- Воридотивазкунӣ, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

- Савдои тавозуни савдо, млн.доллари ИМА.

2) Индексҳои:

- Қобилияти рақобати глобалӣ;

- Тамаркуз ва диверсификатсияи содирот;

- Тахассуси савдо;

- Шароити савдо;

- Соҳибкорӣ дар бахши савдои хориҷӣ.

3) Нишондиҳандаҳои маҳсулот:

- Воридотивазкунӣ, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз.

4) Индикаторҳои байнисоҳавӣ:

- афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи содирот ва воридотивазкунӣ;

- болоравии музди меҳнати миёна дар ташкилотҳои содиркунанда ва воридотивазкунанда;

- индикаторҳои мақсадноки Барномаи мазкур ҳамчунин ба ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳадафҳои асосии Рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид равона карда мешаванд. Индикатору нишондиҳандаҳои мақсадноки инкишофи фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020, дар нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 оварда шудаанд.

4. САМТҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНӢ

§3. Таҳлили стратегӣ

37. SWOT - анализи иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- яке аз воситаҳои беҳтарин ва дар амал худро хуб нишондодаи таҳлили стратегӣ дар сатҳи миллӣ SWOT - анализ мебошад. Дар Ҷадвали 3.2 натиҷаҳои SWOT - анализи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Дар он ҷонибҳои қавӣ ва заифи иқтидори содиротӣ ба сифати омилҳои дохилӣ ва имконияту хавфҳо ҳамчун омилҳои беруна нишон дода шудаанд;

- таҳлили гузаронидашуда нишон медиҳад, ки ҷонибҳои қавии Тоҷикистон афзалиятҳои рақобтпазирии он дар савдои байналмилалӣ буда, барои рушди содирот кам истифода мегардад. Ҷонибҳои сершумори заиф ҳанӯз нисбат ба ҷонибҳои қавӣ зиёдтар буда, сабаби он сохти диверсификатсиянашудаи ашёи хом доштани содирот ва маҳдуд будани миқдори маҳсулоти қобили рақобати худӣ мебошад. Вале барои рушди содирот имкониятҳо низ мавҷуданд, ки дар сурати қабул гардидани модели нави инкишоф ва пай дар ҳам амалӣ намудани сиёсати давлатии иқтисодӣ натиҷаҳои воқеӣ дода метавонанд;

- тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба самаранокӣ, гуногуншаклӣ ва рақобатпазирии бахши воқеии иқтисодиёт афзалияти махсус дода шуда, оид ба он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

38. Таҳлили сохтори содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он:

- содироти мол аз ҷумҳурӣ хусусияти устувори ашёи хомро дорад. Бинобар ин, дар давоми панҷ соли татбиқи Барнома тағйир додани сохтори бамиёномадаи содиротро, ки дар он содироти ашёи хом бартарият дорад, мушкил хоҳад буд. Вале тамоюли асосӣ - тадриҷан зиёд намудани содироти молу маҳсулоти ниҳоӣ, ҳиссаи маводи ҳомили энергия ва молҳо бо арзиши иловашудаи нисбатан баландтар, инчунин афзун намудани содироти хизматрасониҳо, аз ҷумла сайёҳӣ байналмилалӣ дар солҳои татбиқи Барнома ба мушоҳида хоҳад расид. Динамикаи тағйирёбии сохтори содироти мол аз Тоҷикистон дар давраи аз соли 2000 то соли 2020 дар Ҷадвали 1 нишон дода шудааст;

Ҷадвали 1. Динамикаи тағйирёбии сохтори содирот (бо фоиз нисбат ба натиҷа)

*ниг.ба ҷадвал

Ҷадвали 2. SWOT-анализи иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон

*ниг.ба ҷадвал

- номгӯи дар давоми солҳои охир ташаккулёфтаи даҳ моли асосии аз Тоҷикистон содиротшаванда ("Тоҷикистон Топ-10: Содирот") шояд тағйир меёбад. Зеро дар баробари молҳои содиротии анъанавие, ки маъмулан аз Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ пешкаш мегарданд, молҳои нави ояндадор, аз ҷумла молу маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, маъданҳо ва хизматҳои алоҳида, масалан, сайёҳии байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Тағйироти имконпазир дар номгӯи молҳои содиротии "Тоҷикистон Топ-20: Содирот" тибқи пешгӯи чунин буда метавонад (Ҷадвали 3);

Ҷадвали 3. Динамикаи тағйирёбии содирот

*ниг.ба ҷадвал

Эзоҳ: Номгӯи молҳои овардашудаи соли 2014 68 фоиз тамоми содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.

- гарчанд ба назари аввал рӯйхати номгӯи маҳсулоти "Тоҷикистон Топ-20: Содирот" дар давоми 5 сол амалан мавқеи худро нигоҳ дошта, ҷойивазкунӣ дар рейтинг бисёр тағйир наёфта бошад ҳам, вале тағйирёбии ҳиссаи ин молҳо дар сохтори умумии содирот хеле аён аст;

- бозорҳои мақсаднок бо гурӯҳҳои маҳсулоти содиротӣ, махсусан бо дарназардошти бартариятҳои дар рақобат доштаи Тоҷикистон, ки тавсифи онҳо дар ҷадвалҳои 3, 4 оварда шудааст, хеле ояндадор буда метавонанд.

39. Таҳлили сохтори воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он:

- сохтори воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳлили мазкур аз рӯи гурӯҳи сармоягузорӣ (маводи ҳомили энергия, ашёи хом ва мавод, мошинҳо ва таҷҳизот) ва гурӯҳи истеъмолии молҳо баррасӣ мешавад. Дар сохтори воридот аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 мавқеи бартариятнокро бешубҳа, гурӯҳи "ашёи хом ва мавод" ишғол намуда, молҳои воридшавандаи ин гурӯҳ зиёда аз сеяки ҳаҷми умумӣ (35,0 фоиз), инчунин мошинҳо ва таҷҳизот (21,3 фоиз) ва маводи ҳомили энергия (17,9 фоиз) ишғол менамоянд;

- дар гурӯҳи истеъмолӣ дар ҷои аввал молҳои озуқаворӣ қарор дошта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии воридот дар соли 2014 устувор боқӣ монда, 19,1 фоизро ташкил медиҳад. Мавқеи се кишвари пешсафи воридот дар соли 2014 - Россия (27,6 фоиз), Хитой (16,9 фоиз) ва Қазоқистон (15,8 фоиз) ҳамчунин устувор боқӣ мемонад;

- тамоюли тағйирёбии сохтори мавҷудаи воридот нишон медиҳад, ки вазни қиёсии воридоти захираҳои энергетикӣ коҳиш ёфта, воридоти мошину таҷҳизот ва молҳои озуқаворӣ зиёд мегардад, ашёи хому мавод ва молҳои ғайриозуқаворӣ амалан тағйир намеёбад. Зимнан таҳлили амиқтари сохтори молии воридот нишон медиҳад, ки коҳишёбии вазни қиёсии маводи ҳомили энергия асосан аз ҳисоби камшавии воридоти неруи барқ сурат гирифтааст. Динамикаи тағйирёбии сохтори воридот дар солҳои 2000-2020 дар Ҷадвали 4 оварда шудааст;

Ҷадвали 4. Динамикаи тағйирёбии сохтори воридот (бо фоиз нисбат ба натиҷа)

*ниг.ба ҷадвал

- тамоюли тағйирёбии минбаъдаи сохтори воридот нишонаи мақсадноки рушди воридотро инъикос менамояд, ки бо тағйироти мусбати сохторӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян карда мешавад. Ин дар коҳишёбии ҳаҷм ва хусусан вазни қиёсии воридоти озуқаворӣ ифода ёфта, ҷуброни касри онҳо аз ҳисоби воридотивазкунӣ таъмин карда хоҳад шуд. Зимнан ҳам ҳаҷм ва ҳам вазни қиёсии воридоти молҳои сармоягузорӣ дар шакли технология ва таҷҳизот хеле афзоиш хоҳад ёфт. Воридоти маводи ҳомили энергия ва молҳои ғайриозуқаворӣ дар маҷмӯъ бе тағйироти назаррас боқӣ монда, ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии воридот андак зиёдтар хоҳад шуд;

- дар сохтори молии воридот ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, гилхок, гандум, орд, шакар, доруворӣ, воситаҳои нақлиёт ва ғайраҳо бартарият дорад. Тағйироти минбаъда дар номгӯи молҳои "Тоҷикистон Топ-20: Воридот" мувофиқи пешгӯӣ ба тариқи зайл хоҳад буд (Ҷадвали 5);

Ҷадвали 5. Динамикаи тағйирёбии "Тоҷикистон Топ-20: Воридот"

*ниг.ба ҷадвал

Эзоҳ: Номгӯи молҳои овардашудаи соли 2014 36,1 фоиз тамоми воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.

- динамикаи тағйирёбии бист номгӯи аввали молҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ("Тоҷикистон Топ-20: Воридот"), ки дар асоси маълумот барои солҳои охир ва нишондиҳандаҳои дурнамои воридоти молҳои алоҳида барои соли 2020 таҳия гардидааст, дар ҷадвали болоии 5 оварда шудааст. Тавре аз ҷадвал бармеояд, тағйирёбии ҳам таркиби "иштирокчиёни" рейтинг ва ҳам дигаргуншавии назарраси молҳои воридотӣ ба сӯи афзун гардидани молҳои сармоягузории ба технологияҳои нав асосёфта ва коҳишёбии маҳсулоти озуқаворӣ ва маводи ашёи хом аз ҳисоби сиёсати мутавозину суроғавии воридотивазкунӣ пешгӯӣ карда мешавад.

40. Дурнамои рушди содирот ва воридотивазкунӣ:

- яке аз омилҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикргардида вобастагии Тоҷикистон аз воридоти баъзе намудҳои озуқаворӣ мебошад, ки хавфу хатари муайянеро барои амнияти озуқавории кишвар ба миён меорад. Ин зарурати воридотивазкуниро маҳз дар соҳаи кишоварзӣ ба мавқеи аввал мебарорад. Дар бобати воридотивазкунӣ дар доираи қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо афзалият дар рушди истеҳсоли дохилии Тоҷикистон бояд маҳз ба истеҳсоли озуқаворӣ дода шавад: гӯшт (гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ), тухм, маҳсулоти ширӣ (твороги беравған, кефир, био-йогуртҳо), маҳсулоти ордӣ (анвои нон), маҳсулоти қаннодии шакардор, конфетҳои шоколадӣ, макарон. Аз рӯи гурӯҳи "чарбу, равғани растанӣ ва ҳайвонот" бояд имконияти ташкил ва афзун намудани истеҳсоли равғани пахта, офтобпараст, зағир, маъсар ва намудҳои дигари равғани растанӣ баррасӣ карда шавад;

- Тоҷикистон ба таври анъанавӣ воридкунандаи ғалла ва маҳсулоти коркарди ғаллагӣ мебошад. Ба даст овардани худтаъминкунӣ дар истеҳсоли гандум мувофиқи мақсад нест, зеро шароити аграрию иқлимии кишвар барои истеҳсоли он мутобиқ нест. Илова бар ин, барои ин мақсадҳо заминҳои обёришаванда истифода карда хоҳанд шуд, ки ин арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшударо нисбат ба чунин маҳсулоти аз Қазоқистон воридгардидаи дорои сифати баланд, арзиши паст, миқдори баланди ширекшаки ғаллаи мансуб ба навъҳои сахт баландтар хоҳад кард;

- ба истеҳсоли ҷуворимакка, юнучқа, картошка, шолӣ, соя, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ ва мағзу донагиҳо аз ҷумла, чормағз, бодом ва писта таваҷҷуҳ зоҳир намудан лозим аст;

- аз молҳои ғайриозуқаворӣ имконияти истеҳсоли силсилаи пурраи маҳсулоти бофандагӣ то дӯхтани маҳсулот аз матоъҳои 100 фоиз пахтагин барои бозори дохилӣ ва содирот ба Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Россия, дар мисоли корхонаҳои муштараки мавҷуда бо Италия ва ИМА. Истеҳсоли маҳсулоти чармин (пойафзол, сумкаю қабчуқ, либос) ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот (ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Россия) ояндадор аст;

- истеҳсоли маҳсулоти фулузӣ аз алюминий (таъиноти сохтмонӣ ва электротехникӣ, инчунин ба эҳтиёҷоти маишӣ), конструксияҳои фулузӣ аз метали сиёҳ (барои сохтмон), маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва маҳсулот аз он (омехтаҳо, пенобетон, андова), маҳсулот аз чӯб (тахта, дару тиреза, масолеҳи ороишӣ, мебел), зардевор, рангҳои сохтмонӣ, шиша, гармкунак, молҳо барои хона ва биноҳои ҷамъиятӣ (зарфи шишагӣ ва сафолӣ, мебел - аз чӯб, алюминий, пластмасса), масолеҳи бомпӯшӣ (бомпӯши фулузӣ, сафоли бомпӯшӣ), маҳсулот барои хоҷагии манзилию коммуналӣ (қубурҳои пластикӣ барои қубурҳои обгузаронӣ, гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ ва корез), сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва охирон аз рӯи рӯйхат, вале на аз рӯи аҳамият ҷустуҷӯи конҳои боксит ва аз он истеҳсол намудани оксиди алюминий (гилхок) - ашёи хом барои алюминийи аввалия - моли стратегии содиротии Тоҷикистон ояндаи хуб дорад. Бозори муносибтарин барои содироти масолеҳи сохтмонӣ, молҳо барои хона, маснуоти электротехникӣ, мебел ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ Афғонистон мебошад;

- самти аз ҷиҳати стратегӣ барои иқтисодиёти миллӣ фоиданоктарин рушди истеҳсоли маҳсулот аз ашёи хоми маҳаллӣзахираи асосии воридотивазкунӣ ва зиёд намудани ҳаҷми коркарди ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Вале дар ин самт натанҳо имконияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин хароҷоти иқтисодӣ барои ташкили истеҳсоли онҳо ва дурнамои инкишофи технологияҳои нави истеҳсоли ба назар гирифта шавад. Варианти бадтарин - ин агар истеҳсолоти воридотивазкунандаи нисбат ба стандартҳои ҷаҳонӣ пасттар ташкил карда шаванд;

- дар давраи татбиқи Барнома воридотивазкунии самаранокро таъмин намуда, тавассути ворид намудани маҳдудиятҳои тарифию ғайритарифии гумрукӣ ба баъзе молҳои воридотӣ бо назардошти риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ба содироти намудҳои алоҳидаи он оғоз намудан мумкин аст. Масалан, истеҳсоли семент дар корхонаҳои ватанӣ имконият медиҳад, ки тавассути ба истифода додани корхонаҳои нав дар ноҳияҳои Ёвон, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Ваҳдат бо иқтидори умумии 3 млн. тонна Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунандаи семент мубаддал гардонида шавад. Бинобар ин, дар доираи имкониятҳои мавҷудаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо маҳдуд сохтани воридоти маҳсулот аз санг, гаҷ ва семент, ки 119,9 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд;

- дар мавриди истихроҷи ангишт низ ҳолат монанд аст: бо дар назардошти афзун намудани истеҳсоли худӣ, аз воридоти он, ба ғайр аз ноҳияҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ворид намудани ангишт аз Қирғизистон аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданоктар мебошад, даст кашидан мумкин аст;

- дар мавриди гурӯҳи "металлҳои ғайриқиматнок" имконияти воридотивазкунии марбут ба рушди металлургияи сиёҳи ватаниро дар заминаи сохтмони комбинатҳои нави металлургӣ баррасӣ намудан лозим аст. Истеҳсоли кабели алюминӣ барои муҷтамаи сохтмони ватанӣ ҳамчунин самти ояндадорест, ки қариб нисфи эҳтиёҷоти дохилиро таъмин намояд;

- захираҳои калон бо воридотивазкунии маҳсулоти саноати кимиёӣ барои истеҳсоли алюминий алоқаманданд. Аз ҷумла кислотаи сулфат, шпати плавик, криолит ва дар оянда гилхок низ объектҳои воридотивазкунӣ шуда метавонанд. Бо ба истифода супурдани корхонаи истеҳсоли "Криолит" дар ноҳияи Ёвон воридоти криолит соли 2016 тадриҷан ихтисор ва сипас тамоман қатъ карда мешавад. Дар ноҳияи Рашт кони сиенити нефелин кашф шудааст, ки метавонад дар истеҳсоли алюминий истифода шавад. Ҳамчунин кони гилхоки Турпӣ маълум аст. Ин имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик аз воридоти гилхок даст кашем (танҳо хароҷоти нақлиёт барои интиқоли он зиёда аз 200 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад);

- мавҷудияти захираҳои калонтарини намак, оҳаксанг ва доломит дар тавъам бо неруи барқи аз лиҳози арзиши аслӣ арзон, барзиёдии қувваи корӣ ва захираҳои калони об самаранокии баланди воридотивазкунӣ ва рушди истеҳсолоти кимиёи худиро пешбинӣ менамояд;

- бунёди танҳо як корхонаи оид ба истеҳсоли нахи кимиёӣ, масалан дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар ҳайати Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Чунтай-Данғара-Текстил" истеҳсоли матоъҳои рақобатнок ва маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ (либоси мактабӣ, костюмҳо, куртаҳои занонаю мардона, галстук, либоси таг, маҳсулоти ҷӯроббофӣ ва ғ.) воридотивазкунии анвои васеи маҳсулоти бофандагиро таъмин намуда, барои содироти минбаъдаи онҳо шароит муҳайё месозад. Ба роҳ мондани истеҳсоли пойафзоли кӯдакона дар корхонаҳои ватанӣ имконият медиҳад, ки воридот тақрибан ба андозаи 30 млн.доллари ИМА коҳиш дода шавад;

- самтҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои ташкили истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот ва рушди содирот тамоми имконияту захираҳои лозимиро дорад.

Ҷадвали 6. Дурнамои ташаккули "Тоҷикистон: Воридотивазкунӣ"

*ниг.ба ҷадвал

41. Муайян намудани бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт

- барои муайян намудани бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва интихоби истеҳсолоти ояндадори дорои афзалиятҳои рақобат барои содирот ва иқтидор барои воридотивазкунӣ таҳлили рушди бахши воқеии иқтисодиёт бо истифодаи индекси тахассуси савдо дар давраи солҳои 1995-2012 гузаронида шуд. Истифодаи индекси тахассуси савдо имкон дод, ки тағйирот дар сатҳи рушди истеҳсолот ва савдои маҳсулоти асосии содиротию воридотии Тоҷикистон ба таври маҷмӯӣ арзёбӣ карда шавад;

- маҳсулоти асосии содиротии соҳаи кишоварзӣ нахи пахта, меваи хушк, пиёзи барвақтӣ, ангур, шарбати меваю сабзавот, консерва ва хамираи томат мебошанд. Танҳо 10 фоиз нахи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард мешавад. Бинобар ин афзоиш ё камшавии ҳаҷми содироти нахи пахта дар давраи солҳои 2000-2014 истеҳсоли пахта вобаста ба тағйирёбии нархи ҷаҳонӣ сурат мегирифт. Маълумот дар бораи воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва дӯзандагӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки бинобар мавҷуд будани монеаҳо, набудани дастгирӣ ва омилҳои дигар, истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ дар вазъияти пасттари рақобат қарор дошта, имкониятҳои мавҷуда ва бартариятҳои қиёсӣ татбиқнашуда боқӣ мемонанд;

- дар маҷмӯъ, таҳлили маълумот оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нишон медиҳад, ки пешрафт дар ҳамаи бахшҳои он ҷой дошта, махсусан дар соҳаи коркард бо суръат будааст. Соли 2013 дар саноати коркард дар муқоиса бо соли 2001 истихроҷи маводи энергетикӣ 145 баробар ва маводи ғайриэнергетикӣ бошад, 19 баробар афзудааст, мутаносибан ба 26,0 фоиз ва 27,5 фоиз суръати воқеии ҳар солаи афзоиш баробар аст. Суръати афзоиши миёнаи солонаи воқеии истихроҷи ангишт ва нафт дар сохтори истихроҷи маводи энергетикӣ мутаносибан 35 ва 28 фоизро ташкил дод. Суръати афзоиши миёнаи солонаи воқеии истихроҷи маъданҳои фулузӣ ва канданиҳои дигари фоиданок дар сохтори истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ мутаносибан 21 ва 34 фоизро ташкил доданд. Зимнан вазни қиёсии маводи ғайриэнергетикӣ 72 фоиз, маводи энергетикӣ бошад, танҳо 28 фоизро ташкил дод;

- дар сохтори истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об ҳиссаи неруи барқ, ки асосан дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, зиёд аст. Истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои гармидиҳӣ дар соли 2013 нисбат ба соли 2001-ум 1,2 баробар афзуд. Суръати воқеии афзоиши бахш дар давраи солҳои 20012013 ба ҳисоби миёна 5,7 фоизро ташкил дод;

- истеъмолкунандагони асосии неруи барқ дар дохили кишвар саноат (42 фоиз), кишоварзӣ (23,4 фоиз) ва аҳолӣ (16,4 фоиз) мебошанд, ки дар маҷмӯъ 82 фоиз неруи барқро истеъмол менамоянд; талафоти нерӯи барқ 15 фоизро ташкил медиҳад. Қисми боқимондаи неруи барқи истеҳсолкунанда ба соҳаҳои нақлиёт, сохтмон ва бахшҳои дигари иқтисодиёт рост меояд;

- бахши коркарди саноат сохтори таркибии калонтарини он буда, дар соли 2014 ҳиссаи он 69,5 фоизро ташкил дод. Тамоюли афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва арзиши иловашуда дар саноати коркард тавассути барқарорсозӣ ва навсозии иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани иқтидорҳои нав ба даст оварда шудааст.

§4. Самтҳои стратегии рушди содироти Тоҷикистон

42. Самтҳои соҳавии рушди содирот:

1) Энергетика. Неруи барқ сарчашмаи муҳими даромади Тоҷикистон мебошад ва дар оянда метавонад яке аз манбаи асосии даромад аз содирот гардад. Тибқи маълумоти соли 2014 истеъмолкунандагони асосӣ Афғонистон (43,7 млн.доллари ИМА) ва Қирғизистон (4,4 млн.доллари ИМА) мебошанд. Савдои неруи барқ дар ҷаҳон дар доираи бозорҳои алоҳидаи минтақавӣ ва маҳаллие, ки 2-3 кишварро муттаҳид месозанд, инкишоф меёбад. Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имконияти роҳ ёфтан ҳам ба бозорҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳам ба самти ҷануб, яъне Афғонистон дорад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати амалӣ намудани лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000, содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон дар солҳои 2019-2020 метавонад то 133-136 млн.доллари ИМА афзоиш ёбад. Тибқи арзёбии коршиносон талабот ба неруи барқ аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ба андозаи 0,1 млрд.доллари ИМА ва аз ҷониби Хитой ба андозаи 0,25-0,4 млрд.доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Тоҷикистон метавонад Қирғизистон ва вилоятҳои ғарбии Хитойро дар мадди назар қарор диҳад;

2) Комплекси металлургӣ. Савдои ҷаҳонии алюминий дар солҳои 2006-2013 бо суръати баланд ба ҳисоби миёна 5,5 фоиз дар як сол афзоиш ёфт, вале тайи чанд соли охир талабот ба он камшуда, нархи алюминийи аввалия поён меравад. Соли 2015 нархи як тонна алюминийи аввалия дар Биржаи металлҳои Лондон 1500 доллари ИМА-ро ташкил дода, ба нишондиҳандаи ҳадди ақали худ расид. Ширкатҳои пешбари байналмилалӣ болоравии нархи алюминийро дар солҳои 2016-2020 бо тариқи зайл пешгӯӣ менамоянд: соли 2016 - 1425, соли 2017 - 1500, соли 2018 - 1550 ва солҳои 2019-2020 - 1650 доллари ИМА барои як тонна. Афзоиши имконпазири содироти алюминий дар ҷаҳон дар соли 2020 ба андозаи 2,3 млрд.доллари ИМА арзёбӣ гардида, аз онҳо ба Хитой, сарфи назар аз сустшавии суръати тараққиёти иқтисодӣ, 0,5 млрд.доллари ИМА рост меояд. Рақобатпазирии истеҳсоли алюминийи аввалияи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи Тоҷик", бо дарназардошти субсидия ба нархи неруи барқ, нисбатан баланд аст, вале дурӣ аз бандарҳо ва арзиши интиқол онро каме коҳиш медиҳанд. Дурнамои Тоҷикистон бештар бо нархи ҷаҳонии ашёи хом (гилхок), маҳсулоти асосӣ (алюминийи аввалия), инчунин бо он алоқаманд аст, ки ба роҳ мондани истеҳсол ва таҳвили маҳсулоти дорои арзиши баландтар (иловашуда) - прокат, инчунин маснуот аз он, масалан, маснуоти таъиноти сохтмонӣ ва электротехникӣ, инчунин барои эҳтиёҷоти маишӣ муяссар мегардад ё не;

3) Металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо. Савдои ҷаҳонии металҳо ва сангҳои қиматбаҳо тамоюли устувори болоравӣ дорад, гарчанд нархи онҳо таҳти таъсири вазъият солҳои алоҳида паст мешавад. Омили асосии болоравӣ мақоми металҳои қиматбаҳо ҳамчун объект барои сармоягузории молиявӣ мебошад. Мавқеи Тоҷикистон дар бозор аз манбаи ашёи хом ва имкониятҳои истифодабарии он вобаста мебошад. Имконияти афзоиши содирот ба ғайр аз зиёд намудани ҳаҷми ҷисмонии таҳвил дар баланд бардоштани дараҷаи коркард гузошта шудааст;

4) Комплекси агросаноатӣ. Мувофиқи арзёбии коршиносон дар ҷаҳон иқтидори калонтаринро моҳӣ ва маҳсулоту равғану чарбу (равғани растанӣ), инчунин маҳсулоти тайёри озуқаворӣ (маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, маҳсулоти меваю сабзавот, шакар, орд ва ғ.) доранд. Дар аксарияти ҳолатҳо бозори фурӯш танҳо кишварҳои ҳамсоя ва наздиктарин мебошанд (барои Тоҷикистон ин бозорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Хитой ва Эрон);

5) Ангури тару тоза ва хушк. Бозорҳои асосии ҷаҳонии фурӯши ангури хушк Ҳиндустон (60 фоиз), Россия (16 фоиз), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (6 фоиз) мебошанд. Тоҷикистон ангури хушкро асосан ба Қазоқистон (90 фоиз) ва Хитой (5,68 фоиз) содир менамояд. Ангури тару тоза аз Тоҷикистон ба Қазоқистон (82 фоиз) ва Россия (18 фоиз) фиристода мешавад. Бозори Шарқи Наздик ояндадор аст (дар Амороти Муттаҳидаи Араб нархи ангур то 5 доллари ИМА барои 1 кг мерасад). Баъзе соҳибкорон ангури тару тозаро бо фураҳо аз Тоҷикистон тавассути Афғонистон ба Покистон (бандар дар Покистон ва аз он ҷо тавассути баҳр ба Япония, ки нархи мева дар он хеле баланд аст, мебаранд. Бозорҳои калонтарини ҷаҳон ИМА (946 млн.доллари ИМА, 12 фоиз), Германия (737 млн.доллари ИМА, 9,5 фоиз), Нидерланд (695 млн.доллари ИМА, 9 фоиз), Россия (337 млн.доллари ИМА, 4,37 фоиз) мебошанд;

6) Зардолу. Истеҳсоли зардолу дар Тоҷикистон соли 2013-ум 31 400 тоннаро ташкил дод (дар Қирғизистон ба андозаи сеяк камтар 23 000 тонна, дар Афғонистон се баробар зиёдтар - 99 000 тонна). Бозори асосии содирот барои Тоҷикистон Қазоқистон мебошад (99 фоиз), аз он ҷо қисми зиёди зардолу ба Россия, ки дуюмин бозори калонтарин дар ҷаҳон (38 млн.доллари ИМА, 8,9 фоиз) содироти такрорӣ мешавад. Воридкунандаи калонтарини зардолу дар ҷаҳон Германия (121 млн.доллари ИМА, 28 фоиз) мебошад, ҷойҳои минбаъдаро кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо ишғол менамоянд: Италия, Франсия, Британияи Кабир ва ғайра. Пешсафони содироти ҷаҳонӣ ва рақибони Тоҷикистон Испания (145 млн.доллари ИМА, 29 фоиз), Туркия, ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд. Ҳоло ҳиссаи Тоҷикистон дар савдои ҷаҳонии зардолу назаррас нест (0,87 млн.доллари ИМА, 0,18 фоиз), ин ҷои 14-ум дар рейтинг мебошад.

7) Гелос. Ба ақидаи коршиносони донандаи Хитой, дар Хитой гелос парвариш намеёбад. Содиркунандаи калонтарини гелос ба Хитой Чили буда, аз он ҷо гелос тавассути баҳр расонида шуда, дар вилоятҳои шарқӣ ва марказии Хитой паҳн карда мешавад. Бо дарназардошти "умри кӯтоҳ" доштани гелос (1 моҳ) ва сарҳади умумӣ, молрасонӣ аз Тоҷикистон ба вилоятҳои ғарбии Хитой имконпазир аст, вале ба шарти муттаҳидсозиии он дар ҳаҷмҳои калон, банду баст ва таъмини интиқол тавассути якчанд нақлиёт дар асоси як қарордод. Логистика мураккаб аст, монеаҳо аз имкон дуранд. Музди меҳнат дар Хитой меафзояд, талабот меафзояд, яъне меваҷот (дар омор гелос бо зардолу, олуча ва шафтолу дар як сатҳ қарор дорад) имкониятҳои хуби фурӯш дорад;

8) Лимӯ. Соли 2013 дар Тоҷикистон 1 900 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид. Аз соли 1998 нишондиҳандаҳои истеҳсол ва содироти лимӯ хеле поён рафтанд. Тибқи арзёбии истеҳсолкунандагон лимӯи Тоҷикистон бо пӯсти тунук ва нармии калон фарқ карда, дар рақобат афзалият дорад. Бозори асосӣ ва қариб ягона барои Тоҷикистон ҳоло Қазоқистон (99 фоиз) мебошад. Федератсияи Россия бозори наздиктарин ва ояндадор мебошад. Бозорҳои эҳтимолӣ ИМА (363 млн.доллари ИМА,13 фоиз), Германия (305 млн.доллари ИМА, 11 фоиз), Франсия (198 млн.доллари ИМА, 7 фоиз), Нидерланд (176 млн.доллари ИМА, 6,3 фоиз) ва Федератсияи Россия (167 млн.доллари ИМА,6 фоиз) мебошанд;

9) Маҳсулоти органикӣ. Яке аз манбаъҳои мақсаднок барои содироти меваю сабзавот метавонад маҳсулоти органикии (бе истифодаи пеститсидҳо) аълосифат бошад. Синфи миёна, ки шуморааш дар кишвар ва минтақа меафзояд, ба чунин молҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Чунин истеъмолкунандагонро ҳам дар бозорҳои содиротии анъанавии Тоҷикистон (Урал ва Сибир), ҳам дар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, инчунин дар Аврупо пайдо намудан мумкин аст. Баррасӣ намудани бунёди номи тиҷоратӣ (бренд) барои маҳсулоти органикӣ, масалан, "Тоҷикӣ - яъне органикӣ" ("Таджикское - значит, органическое", "Tajik - it’s organic" ба мақсад мувофиқ аст;

10) Маҳсулоти ширӣ. Содироти маҳсулоти ширӣ (твороги бе равған, кефир, биойогурт) ба Хитой, ки бинобар даст кашидан аз сиёсати "1 оила - 1 кӯдак" ва нобоварӣ ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ (ҷанҷолҳои марбут ба истеҳсолоти хатарнок) афзоиши талабот ба маҳсулоти воридотӣ пешбинӣ мегардад;

11) Сайёҳӣ. Афзалиятҳои рақобатии Тоҷикистон дар ин соҳа ба хусусиятҳои табиӣ ва иқлимии он асос меёбанд. Иқтидори содиротии сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистон асосан ҳам бо сайёҳии инфиродӣ ва ҳам гурӯҳӣ (сайёҳӣ кӯҳӣ, экологӣ, солимгардонӣ), инчунин сафарҳои корӣ марбут ба ҷойгиршавии идораҳои сершумори созмонҳои байналмилалии молиявӣ, агентиҳои рушд ва лоиҳаҳои мусоидати техникӣ (ҳамагӣ қариб 80) дар Тоҷикистон, инчунин майлу рағбати рӯзафзуни давлатҳои ҳамсоя - шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ алоқаманд мебошад. Бозорҳои асосӣ: Осиёи Шарқӣ (Хитой), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон, Шарқи Наздик, Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, ИМА, Канада, Япония. Афзоиши талабот ба хизматрасонии сайёҳон аз сармоягузорӣ ба инфрасохтор, ривоҷ додани симои мусбати кишвар ва тарғиби фаъолонаи маҳсулоти сайёҳии дар хориҷа вобаста аст. Мутобиқи арзёбии Ташкилоти Умумиҷаҳонии сайёҳии ҳаҷми имконпазири содироти хизматҳои сайёҳии Тоҷикистон аз 3,2 млн.доллари ИМА дар соли 2016 то 4,0-4,3 млн.доллари ИМА дар солҳои 2019-2020 ташкил хоҳад дод;

12) Хизматрасонии нақлиётии транзитӣ. Тоҷикистон ба монанди Қазоқистон бояд мавқеи муносиби ҷуғрофии худро дар "қалби Осиё" истифода намуда, хизматрасонии нақлиётии транзитиро вусъат бахшад, яъне ба шабакаи нақлиётӣ "аз шимол ба ҷануб" барои содироти такрории мол аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Афғонистону Эрон ва сипас ба кишварҳои халиҷи Форс мубаддал гардад;

13) Хизматрасонии телекоммуникатсионӣ. Ширкатҳои хусусии ватанӣ "ExpressPay и Payvand" тайи чанд соли охир дар Афғонистон, Хитой ва Қирғизистон хизматрасонии худро аз рӯи низоми пардохтҳои фаврӣ пешкаш менамоянд. Аз соли 2008 инҷониб хатти алоқаи нурию нахӣ арзи вуҷуд дорад, ки Душанберо бо Шерхон бандар мепайвандад. Онро, инчунин инфрасохтори ба он монанди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"-ро, ки ҳанӯз дастраси опреаторони алоқа нестанд, мавриди истифода қарор додан лозим аст. Лоиҳаи бунёди шабакаи нурию нахӣ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон ҳамчунин ояндадор мебошад.

43. Дурнамои ҷуғрофии рушди содирот:

1) Аврупои Ғарбӣ. Шарикони асосии Тоҷикистон дар соли 2014 Швейтсария, Нидерланд ва Италия буданд. Талаботи кишварҳои минтақа ба алюминий, пахта, объектҳои фарҳанг, инчунин баъзе намудҳои камёфти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ зиёд аст. Бо дарназардошти он, ки дар Аврупои Ғарбӣ (Германия, Швейтсария, Британияи Кабир) меваю хушкмеваи органикӣ (бе пестетсид парваришёфта) харидори зиёд доранд, ин бозори хеле калони эҳтимолӣ мебошад. Бояд маҳсулот ба талаботи стандартҳои сифат мутобиқ гардонида шуда, сертификатсияи он дар озмоишгоҳҳои хориҷӣ таъмин карда шавад ва дар доираи узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва системаи GSP+ механизмҳои дастрасӣ ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо, ки барои молҳо аз Тоҷикистон меъёрҳои сифрӣ татбиқ мегарданд, истифода карда шаванд. Дастрасӣ ба бозори Аврупо барои молҳо аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо маҳдудиятҳои сершумори тарифӣ ва ғайритарифӣ, аз ҷумла талаботи ҷиддӣ ба сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва мавҷудияти сертификатҳои аврупоии фитосанитарӣ алоқаманд аст. Металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, хизматҳои туристӣ, алюминий, мис, хушкмеваи ба тариқи органикӣ парваришёфта дорои иқтидори назарраси содиротӣ мебошанд. Таъсиси корхонаҳои муштарак бо истеҳсолкунандагони аврупоӣ дар ҳудуди кишвар ба содироти ин маҳсулот мусоидат хоҳад кард.

2) Кишварҳои Осиё. Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ - Хитой, сарфи назар аз поёнравии суръати рушди иқтисодӣ, яке аз калонтарин дар ҷаҳон харидорони маҳсулоти саноати кӯҳӣ ва кимиёӣ, пахта, металлҳои сиёҳ ва ранга, ашёи хоми пӯст мебошад. Хитоиҳо меваи тару тоза ва хушки Тоҷикистонро мехаранд, ки аз рӯи нарху сифат дар Хитой қобили рақобат мебошанд. Дурнамои рушди содирот бо имкониятҳои қонеъ гардонидани он, инчунин наздикии ҷуғрофӣ ва мавҷудияти инфрасохтор алоқаманд аст. Хавфҳои ҷойдоштаи марбут ба нооромии вазъият дар Афғонистон ба бехатарии савдои наздисарҳадӣ таъсири калон мерасонад. Сарфи назар аз ин, соҳибкорони ватанӣ намунаҳои молрасонии бомуваффақиятро ҳам ба Афғонистон ва ҳам тариқи транзит ба Покистон (бандари Карочӣ) ва сипас тавассути баҳр ба кишварҳои дигар намоиш медиҳанд.

3) Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ. Шарикони асосии қарордодӣ дар минтақа Туркия ва Эрон мебошанд. Амороти Муттаҳидаи Араб (37 млн.доллари ИМА дар соли 2014), Изроил, Миср, Алҷазоирро бозорҳои ояндадор ҳисобидан мумкин аст. Кишварҳои минтақа ба алюминий, нахи пахта, озуқаворӣ ва чӯбу тахта мароқ зоҳир менамоянд. Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳа солҳои наздик нархи пахта муътадил мегардад ва ҳатто каме боло меравад: соли 2016 - 65 сент барои 1 фунт, соли 2017 - 75 сент барои 1 фунт, соли 2018 - 80 сент барои 1 фунт, соли 2019-2020 - 100110 сент барои 1 фунт. Афзоиши содирот бо иқтидори назарраси рушди иқтисодии кишварҳои минтақа (вале бо хавфҳои ҷиддии геополитикӣ дар кишварҳои араб) ва нигоҳ дошта шудани норасоии гурӯҳҳои алоҳидаи маҳсулот (озуқаворӣ, маҳсулот аз чӯбу коғаз, металлҳо) бо сабабҳои табииву иқлимӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, муайян карда мешавад. Фарқияти нархи ангур дар Тоҷикистон (тахминан 0,30-0,50 доллари ИМА барои 1 кг) ва дар Амороти Муттаҳиддаи Араб (5,0 доллари ИМА барои 1 кг) барои савдои он имкониятҳои ҷолиб фароҳам меорад. Вусъати ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон, ки аз бори гарони муҷозоти байналмилалӣ халос шуда, дорои захираҳои зиёди молиявӣ аз ҳисоби фурӯши нафту газ мебошад, ояндаи хуб дорад. Эрон ба маҳсулоти озуқаворӣ: меваю тару тоза ва хушкмева, чормағз, консерваҳо, инчунин риштаю калобаи пахтагин, сими алюминий талаботи устувор дошта, дар оянда ба оби нӯшокӣ низ талабот меафзояд. Ҳамчунин дар минтақа металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ғалла, чӯбу тахта, плитаву фанера аз чӯб, хизматрасонии саёҳии дурнамои хуб доранд.

4) Иттиҳоди иқтисодии Евразия. Россия ва Қазоқистон ҳам аз рӯи содирот ва ҳам аз рӯи воридот шарикони калонтарини Тоҷикистон мебошанд. Буҳроне, ки дар Россия соли 2014 оғоз гардида, боиси паст шудани суръати рушди иқтисодӣ гардид, ба музди меҳнат ва интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Вале ба ҳар ҳол, Россия яке аз кишварҳои калонтарини воридкунандаи меваю сабзавот, хушкмева, захираҳои минералӣ ва намудҳои сершумори молҳои дигар аз Тоҷикистон (ба андозаи 703,5 млн.доллари ИМА дар соли 2014) ва яке аз пешсафони воридот ба Тоҷикистон (34 млн.доллари ИМА дар соли 2014) боқӣ мемонад. Эмбаргое, ки Россия нисбати молҳои озуқаворӣ аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва баъзе кишварҳои дигар дар соли 2014 ҷорӣ намуда, сипас онро тамдид кард, ба Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки аз рӯи баъзе мавқеъҳо, дар навбати аввал маҳсулоти меваю сабзавот, маҳсулоти озуқавории коркардшуда (шарбату консерваҳо) ҷои онҳоро ишғол намояд. Вале дар ин ҷода монеаҳои муайяни ғайритарифӣ ҷой доранд, масалан, дар Россия сертификатҳои фитосанитарии дар Тоҷикистон додашуда эътироф карда намешаванд ва ба содиркунандагон лозим аст, ки онҳоро дар ҳудуди Федератсияи Россия аз нав гиранд. Шабакаи савдои чаканаи Россия таҳти таваҷҷӯҳи доимии мақомоти федералии масъули амнияти озуқаворӣ ва сифати он қарор дорад ва онҳо талаб менамоянд, ки содиркунандагони мол стандартҳои озуқавориро қатъиян риоя намоянд. Қазоқистон ба яке аз се кишвари калонтарини шарики тиҷоратии Тоҷикистон дохил мешавад (дар соли 2014 содирот518 млн.доллари ИМА, воридот - 181,5 млн.доллари ИМА) ва ҳиссаи он афзуда истодааст. Қазоқистон маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин маъдану консентратҳо (мис, сурб ва руҳ) ва нахи пахтаро фаъолона мехарад. Вале тибқи маълумоти ҷойдошта Қазоқистон бо истифода аз имтиёзҳои гумрукии барои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ муқарраршуда ба содироти такрории қисми молҳои аз Осиёи Марказӣ воридшуда ба Федератсияи Россия машғул аст. Дар Ҷадвали 7 дар поён овардашуда бозорҳои асосии мақсадноки мавҷуда (ҳарфи М) ва ояндадор (ҳарфи О) барои молу хизматҳои Тоҷикистон, ки имконияти бештар барои содирот доранд, пешниҳод гардидааст. Барои гирифтани маълумот дар бораи нарху сифат гузаронидани таҳқиқоти амиқтари маркетингие, ки пурсиши содиркунандагон ва воридкунандагони ватании маҳсулот ва хизматрасонии мавриди таваҷҷуҳро аз кишварҳо-шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар бар мегирад, зарур аст.

Ҷадвали 7. Маҳсулоти ояндадори содиротӣ дар бозорҳои мақсаднок

*ниг.ба ҷадвал

5. АСОСҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ РУШДИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНӢ

§1. Такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии рушди содирот ва воридотивазкунӣ тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва тақвияти институтсионалӣ

44. Тайи 5 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии дигар дар соҳаи танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ қабул шудааст. Дар навбати аввал, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №906 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қайд намудан ҷоиз аст. Ҳамин тариқ, ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рӯйхати молҳое, ки воридоти онҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2013 аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, тағйирот ворид карда шуд.

45. Дар робита бо шомилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 "Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо" тасдиқ карда шуд.

46. Ҷиҳати рушди содирот ва воридотивазкунӣ Комиссияи давлатӣ оид ба воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ мекунад.

47. Дар баробари ин дар рушди институтсионалии содирот ва воридотивазкунӣ норасоиҳои марбут ба номукаммал будани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ҷой доранд.

48. Чорабиниҳои асосии зеринро оид ба такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии рушди содирот ва воридотивазкунии Тоҷикистон муайян намудан мумкин аст:

- ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №93 "Дар бораи аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ воридшаванда";

- гузаронидани таҳқиқоти заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷойдошта ҷиҳати фароҳам овардани иқлими муносиби андозбандӣ барои содирот ва воридотивазкунандагон ва дар асоси он ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба кодексҳои андоз ва гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат";

- таҳияи барномаи ташаккули гурӯҳҳои (кластерҳои) асосии молҳои содиротӣ, аз ҷумла марказҳои рушди кластерӣ ва механизми татбиқ;

- тақвияти низоми мониторинг ва арзёбии Барнома, инчунин ташаккули механизми тасҳеҳи индикаторҳои мақсаднок дар асоси моделҳои пешгӯишуда;

- таҳия низоми меъёрҳои афзалиятнокии лоиҳаҳои содиротӣ барои гирифтани дастгирии давлатии молиявӣ;

- ташаккули асосҳои ҳуқуқии субсидиякунонии меъёрҳои фоизии қарзҳо барои содирот ва воридотивазкунӣ;

- таҳияи асосҳои ҳуқуқӣ ва механизми истифодаи низоми фармоиши давлатӣ барои рушди истеҳсолоти ватании қобили рақобат;

- ҷорӣ намудани механизми самараноки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молҳои ватанӣ.

49. Амалӣ намудани тадбирҳои мазкур дар сурати беҳтарсозии назарраси муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, баланд бардоштани нақш ва масъулияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, таъсиси Шӯрои миллӣ оид ба соддагардонии расмиёти савдо, инчунин мониторинги ҳарсолаи пешрафт ва назорати натиҷаҳои иҷрои Барнома хеле самаранок хоҳад буд.

§2. Ислоҳоти сиёсати савдо ва соддагардонии расмиёти содироту воридот

50. Ислоҳоти сиёсати савдо, дар навбати аввал, содда гардонидани расмиёти марбут ба андешидани тадбирҳои зеринро дар назар дорад:

- таҳия ва ҷорӣ намудани консепсияи "иштирокчии боэътимоди бозор" барои содда гардонидани расмиёт дар доираи фаъолияти содиротӣ ва воридотивазкунӣ;

- истиснои такроршавии вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти сохторҳои назораткунанда ва таъминкунандаи фаъолияти содиротӣ;

- ислоҳоти низоми сертификатсиякунонӣ барои соддагардонии расмиёти содироту воридот;

- содда гардонидани барасмиятдарории гумрукӣ ва то ҳадди ақал кам кардани миқдори ҳуҷҷатҳо, вақт ва хароҷоти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ марбут ба иҷрои расмиёт;

- такмили низоми ҷоригардидаи ҳуҷҷатгузории электронӣ ҳангоми содирот ва воридот ("Равзанаи ягона").

51. Зимнан барои пешкаш намудни молҳои ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, таъмини мунтазам гузаронидани мониторинги монеаҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ ҳангоми содирот, баланд бардоштани обрӯю эътибори байналмилалии тиҷоратӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар рейтингҳо аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва имкониятҳое, ки Созишномаҳои генералии имтиёзҳо пешниҳод менамояд, фаъолона истифода бурда шавад.

52. Истифодаи ташаббуси бахшҳо дар доираи уҳдадориҳои ба зимма гирифташудаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои истеҳсоли мақсадноки маҳсулоти ватанӣ. Истифодаи васеи низоми имтиёзноки "GSP+" барои дастгирии маҳсулоти ватанӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва низоми мусоидати бештар (MFN) бо ИМА омилҳои иловагии рақобатнокӣ буда метавонанд.

53. Барои ҳифзи маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ захираҳои мавҷударо фаъолона истифода намудан лозим аст. Барои ин ҷалб намудани намояндагиҳои тиҷоратӣ дар хориҷа ва узвият дар созмонҳои байналмилалӣ, масалан, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зарур мебошад.

§3. Ташкили сохторҳои мусоидат ба содирот

54. Самтҳои асосии ташаккули низоми миллии сохторҳои мусоидат ба содирот бояд инҳо бошанд:

- таъсиси Бонки содиротӣ бо ваколати додани имтиёзҳо ва қарзҳои дарозмуҳлат ба содиркунандагон;

- ташкили ниҳодҳои (институтҳо)-и рушди содирот, аз ҷумла Агентии мусоидат ба содирот, Агентии суғуртаи амалиётҳои содиротӣ, аз ҷумал қарз, сармоягузорӣ ва фӯруш;

- ташкили Феҳристи ҷамъбастии содиркунандагон ва воридкунандагони Тоҷикистон бо ҷудо кардани гурӯҳи "иштирокчиёни боэътимоди бозор";

- таъсиси институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи сармоягузорон ва содиркунандагон (соҳибкорон) дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани озмунҳои "Содиркунандаи беҳтарини Тоҷикистон";

- инкишофи шаклу усулҳои савдои наздисарҳадӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои миллии мусоидат ба содирот, мониторинги пешрафт дар асоси нишондиҳандаҳои миқдорӣ низоми ҳавасмандгардонӣ ва назорати самаранокӣ бояд вазифаи асосӣ дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои мусоидат ба содирот гардад.

§4. Мусоидат ба ташкили шабакаи пешбурди мол дар хориҷа

55. Самтҳои асосии фаъолият оид ба инкишофи шабакаи пешбурди мол дар хориҷа ва азхудкунии бозорҳои нави хориҷӣ инҳоянд:

- рушди инфрасохтори хориҷии дастгирии содирот, хусусан дар бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Афғонистон, Эрон, Хитой, Туркия, Покистон, Ҳиндустон;

- такмили Низомнома дар бораи намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои баланд бардоштани нақши онҳо дар пешбурди молҳои Тоҷикистон;

- истифодаи оқилонаи иқтидори диаспораҳои тоҷик дар хориҷа барои мусоидат ба содирот ва пешбурди маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ.

§5. Рушди неруи инсонӣ ва тарбияи кадрҳо барои сохторҳои мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

56. Тарбияи бомуваффақияти кадрҳо барои сохторҳои мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ андешидани тадбирҳои зеринро тақозо менамояд:

- ба стандартҳои тайёр намудани бакалавр ва магистрҳо аз рӯи ихтисоси "Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ" ҷорӣ намудани дарсҳои амалӣ оид ба рушди содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷорӣ намудани курси омӯзиши стандартҳои амнияти озуқавории HACCP ва ISO дар муассисаҳои таҳсилоти олии дахлдори техникӣ;

- ташаккули низоми миллии паҳн намудани донишҳои иқтисодии хориҷӣ;

- гузаронидани тренингҳо барои соҳибкории хурду миёна дар соҳаи рушди иқтидори содиротӣ ва инноватсия, логистика, маблағгузорӣ ва суғурта, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тиҷоратикунонии кишоварзӣ;

- мусоидат ба ширкатҳои содиркунанда дар таҳия ва татбиқи стратегияи содирот ва маркетинг;

- омӯзонидани коршиносон барои мавқеъгирӣ дар бозор, дарёфти ҷойҳои нав дар бозор, усулҳои муосири гузаронидани гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷӣ;

- такмили низоми тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳое, ки дар соҳаи танзим ва рушди содирот фаъолият мекунанд;

- таълими кормандони дахлдори мақомоти Тоҷикстандарт, Хадамоти байторӣ, карантин, санитарӣ ва фитосанитарӣ оид ба истифодаи техника ва таҷҳизоти замонавии аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда ва воридшаванда. Ҳамин тариқ, такмили минбаъдаи асосҳои институтсионалии рушди содирот ва воридотивазкунӣ дар асоси татбиқи тадбирҳои дар Барнома пешбинигардида имконият медиҳад, ки хароҷоти марбут ба содирот кам карда, иқтидори сохторҳои мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ тақвият дода шавад, инчунин сатҳи боварии иштирокчиёни бозор ба сиёсати амалишавандаи савдои хориҷии давлат баланд бардошта шавад.

6. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНӢ

57. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва узвияти кишвар дар созмонҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сиёсии байналмилалӣ (Созмони Умумиҷаҳонии Савдо) ва минтақавӣ (ИДМ, СҲШ), инчунин дар созишномаҳои дуҷониба оид ба интиқоли озоди молу хизматҳо дастгирии давлатии содирот ва воридотивазкунӣ, ки аз доираи уҳдадориҳои ҳангоми шомилшавӣ ба онҳо базиммагирифтаи Тоҷикистон берун намеояд, муҳим мебошад. Набудани чунин дастгирии давлатӣ барои истеҳсолкунандагон ва дар маҷмӯъ барои иқтисодиёти кишвар оқибатҳои манфӣ меорад.

58. Тадбирҳои дастгирии давлатии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон дар сурати таъмини маҷмӯӣ будани қарорҳои қабулшаванда таҳияи нақшаи мушаххаси амал муассир хоҳад буд. Омилҳои молиявӣ бе омилҳои ғайримолиявӣ, ислоҳоти институтсионалӣ, беҳтар намудани муҳити кор на ҳамеша натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад ва баръакс. Тавре таҷриба нишон медиҳад, агар тадбирҳои андешидашаванда маҷмӯӣ набошанд, ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда эҳтимоли кам дорад.

59. Ҷиҳати афзоиши молу маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, механизми самараноки дастгирӣ ва ҳавасмангардонии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ дар бахшҳои воқеӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.

60. Ҳамин тариқ, сарфи назар аз имтиёзҳои ҷойдоштаи андозӣ, ки аксарияти онҳо бо оғози амал кардани Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2013 эътибор пайдо намуданд, бо сипарӣ гаштани қариб сесола афзоиши назарраси шумораи корхонаҳои навтаъсис мушоҳида карда намешавад. Бинобар ин, тадбирҳои андешидашаванда бояд маҷмӯӣ ва мутақобилан такмилдиҳанда буда, ислоҳоти андозӣ, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявии дохилӣ ва берунаи арзон (барои хариди техника ва таҷҳизоти муосир), беҳтар намудани маъмурикунонии андозӣ ва гумрукӣ, кам кардани монеаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ихтисори вақт ва соддагардонидани расмиёти содироту воридот, ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани агентии стандартизатсия ва метрология, Хадамоти байторӣ, санитарию эпидемиологӣ ва фитосанитарӣ, ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқгардонидани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, бунёди бренди ягонаи кишвар ва ғайраро дар бар гиранд.

61. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкории хурду миёна, кам кардани сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, бунёди замина барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин зиёд намудани воридоти андоз баланд бардоштани ҳадди ҷории пешбурди фаъолият аз рӯи низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои ҳамаи намудҳои фаъолият, ба ғайр аз соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва паст кардани сатҳи андози иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Бо мақсади беҳтар намудани кор ва таъмини эътирофи байналмилалии сертификатҳои аз тарафи марказҳои тестии Тоҷикистон, Хадамоти байторӣ, карантин, санитарӣ ва фитосанитарӣ додашаванда, аз боҷи воридотӣ ва андозҳо озод намудани техникаю таҷҳизоти муосири барои марказҳои тестӣ воридшаванда, инчунин такмили ихтисоси кормандони ин ташкилотҳо лозим аст.

62. Тавсияи тадбирҳои мушаххас оид ба ҳавасмандгардонии андозӣ дар фасли дуюми Нақшаи чорабиниҳо оварда шудаанд.

63. Беҳтар намудани кори Хадамоти гумрук, таъмини интиқоли зуди молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, истифодаи тарифҳои мувофиқашуда нисбати маҳсулоти воридшаванда дар доираи уҳдадориҳои базиммагирифташуда ба таъмини рақобатнокии молҳои ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ саҳми назаррас (мустақим ва ғайримустақим) мегузорад, инчунин ҷиҳати пешбурди содирот мусоидат хоҳад кард.

64. Яке аз мушкилоти асосӣ фарқият дар нархи эълоншудаи маҳсулоти ворид ва содиршаванда мебошад. Фарқият дар нархи молҳо дар сурати содироти маҳсулот, агар он дар ҷараёни истеҳсол ва содирот андозбандӣ шавад, боиси кам ворид гардидани маблағ ба буҷети кишвар мегардад. Дар ҳолати воридот кам нишон додани арзиши маҳсулоти воридшаванда ҳамчунин боиси кам ворид гардидани маблағ ба буҷет мегардад, зиёда аз ин камшавии хароҷоти воридкунандагон аз ҳисоби нишон надодани арзиши воқеии маҳсулоти воридшаванда имконият медиҳад, ки он бо нархи арзон фурӯхта шавад, ки боиси пастшавии қобилияти рақобати истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ мегардад. Барои рушди соҳаҳое, ки аз ашёи хоми воридшаванда вобастагӣ доранд, мувофиқи мақсад аст, ки меъёри сифрии боҷи гумрукӣ амалӣ гардида, андозбандӣ бекор карда шавад, сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои чунин воридот ҳуқуқ дорад, боҷи гумрукӣ ситонад. Интиқоли ашёи хоми воридотӣ бе ситонидани боҷи воридотӣ барои ташкил намудани истеҳсоли маҳсулоти аз ашёи хоми воридотӣ вобастабуда ва бо ҳамин ихтисор намудани воридоти маҳсулоти тайёр, нигоҳ доштани ҷойҳои кори мавҷуда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромади аҳолӣ, ихтисор намудани шумораи муҳоҷирони меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ ва мусоидат ба содироти маҳсулоти тайёр кумак мерасонад.

65. Агар назорати баъдии гумрукӣ, тавре дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон амалӣ мешавад, ба роҳ монда нашуда бошад, таҷрибаи назорати интихобии гумрукӣ дар сарҳад (то сатҳи 5 фоиз) камсамар аст. Ҳамчунин ҷорӣ намудани мафҳуми "иштирокчии боэътимоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ", ки ба онҳо нисбат ба иштирокчиёни дигари фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имтиёзҳои муайян дода, суръати интиқоли молҳоро тавассути сарҳад метезонад, ба мақсад мувофиқ аст.

66. Ғайр аз ин, шумора ва зудии тамоси шахсии аҳли соҳибкорӣ ва гумрукро кам кардан лозим аст. Ҳамаи расмиётро тавассути Интернет ва почтаи электронӣ ба роҳ мондан лозим аст. Лоиҳаи дар сарҳад амалкунандаи "равзанаи ягона" бояд такмил ва инкишоф дода шуда, муттасилии кори он таъмин карда шавад.

67. Дар доираи механизми банди 60, механизми ҷуброн кардани пардохтҳои андозиву гумрукии содиркунандагони молҳои ватанӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фурӯши онҳо дар хориҷи кишвар таҳия ва пешниҳод карда шавад.

68. Дар Барномаи мазкур омилҳои молиявӣ ва тадбирҳои дастгирии давлатии зерин пешбинӣ гардидаанд:

- кафолати давлатии дастгирии содирот оид ба пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ва суғуртаи хавфҳо;

- додани қарзҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат барои содирот бо ҷалби маблағҳои буҷет, додани кафолатҳои содиротӣ ва маблағгузории тосодиротӣ;

- расонидани кумаки молиявӣ барои дастгирии субъектҳои ба содирот нигаронидашудаи соҳибкории хурду миёна;

- ҷуброни қисми меъёрҳои фоизии қарзҳои содиротӣ барои таҳвилгарони маҳсулоти ғайри ашёи хом;

- ташкили низоми суғуртакунии қарзҳои содиротӣ ва амалиёти содиротӣ аз хавфҳои тиҷоратӣ ва сиёсӣ.

69. Тадбирҳои дастгирии молиявӣ барои ҳалли мушкилоти нарасидани маблағ, афзоиши ҳаҷми содирот, ҷуброни норасоии захираҳои молиявӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содирот, таъмини рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ аз рӯи нарх, инчунин коҳиш додани хавфҳои тиҷоратӣ ва содиротӣ мусоидат хоҳанд кард. Зимнан омилҳои молиявии дар Барнома пешниҳодгардида ба бандҳои дахлдори созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мухолифат намекунанд.

70. Таъмини дастрасӣ ба захираҳои арзону дарозмуддати молиявӣ барои истеҳсолоти ба содирот ва воридотивазкунӣ нигаронидашуда яке аз омилҳои муҳим барои баланд бардоштани қобилияти рақобат дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ин бо он алоқаманд аст, ки мувофиқи таҳқиқотҳои сершумор, яке аз монеаҳои асосӣ барои рушди содироти ватанӣ ва ихтисори воридоти молҳо меъёрҳои баланди фоизӣ ва набудани маблағҳои кофии қарзҳои дарозмуддат мебошад.

71. Қурби воқеии самараноки асъор (табдил) индикатори рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ аз рӯи нарх нисбат ба шарикони тиҷоратии он буда, барои таъмини нигоҳдории қобилияти рақобати иқтисодиёти кишвар васеъ истифода мегардад. Тақвияти асъори Тоҷикистон нисбат ба асъори шарикони тиҷоратии Тоҷикистон рақобати истеҳсолкунандагони ватаниро ба маҳсулоти ин кишварҳо мушкил мегардонад.

72. Воситаҳои сиёсати молиявӣ дар баробари воситаҳои сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бояд вазифаи дастгирӣ намудани қобилияти рақобати истеҳсолкунандагони ватаниро ҳал намуда, болоравии аз ҳад зиёди қурби воқеии самараноки табдили сомониро нисбат ба асъори шарикони асосии тиҷоратӣ дар асоси ҳиссаи ин кишварҳо дар содироти Тоҷикистон пешгирӣ намоянд.

73. Тадбирҳои ғайримолиявӣ. Тадбирҳои зеринро сарфи назар аз он, ки онҳо дар пешбурди мол дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъсирбахш хоҳанд буд, ба тадбирҳои ғайримолиявӣ мансуб донистан мумкин аст:

- таъсиси порталҳои иттилоотӣ, замимаҳо барои платформаҳои iOS, Android, Windows барои пешбурд ва шинохта шудани молҳо дар бозорҳои эҳтимолӣ мусоидат хоҳад кард;

- дастгирии иттилоотию машваратдиҳӣ ва мусоидати маркетингию таҳлилӣ ҷиҳати ривоҷ додани содироти молҳои Тоҷикистон, таъмини пешниҳоди саривақтии маълумот, мусоидат ба фаъолияти марбут ба ташкили намоишу ярмакаҳо барои пешбурди молҳои истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ имконият фароҳам меорад;

- додани патент ба маҳсулоти ҳунарҳои бадеии мардумӣ, матоъҳои миллӣ дар Маркази миллии патенту иттилоот ва сохторҳои байналмилалии патентӣ барои эҳёи ҳунарҳои бадеии мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғл ва зиёд намудани даромади аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. (тадбирҳои мушаххаси дорои хусусияти ғайримолиявӣ дар Нақшаи чорабиниҳо оварда шудаанд).

74. Низомҳои муҳофизатӣ, боҷҳои ҷубронӣ ва чораҳои зиддидемпингӣ:

- низомҳои муҳофизатӣ, боҷҳои ҷубронӣ ва чораҳои зиддидемпингӣ, ки дар доираи созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пешбинӣ гардидаанд, дар баробари самту тадбирҳои дар боло зикргардида ҳамчунин барои ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ равона гардидаанд. Вале бояд қайд кард, ки низомҳои муҳофизатӣ, боҷҳои ҷубронӣ ва чораҳои зиддидемпингиро шарикони тиҷоратӣ низ нисбати истеҳсолкунандагони ватанӣ, дар сурати вайрон кардани муқаррароти созишномаҳои имзонамудаи Тоҷикистон, татбиқ намуда метавонанд. Бинобар ин, дар назар доштан лозим аст, ки узвият дар ҳар созмони минтақавӣ ё глобалӣ на танҳо ҳуқуқ, балки инчунин уҳдадориҳо низ дорад;

- ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №691 "Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо" санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ аз рақобати носолим бетаъхир таҳия намудан лозим аст. Тадбирҳои мушаххас дар мавриди низомҳои муҳофизатӣ, боҷҳои ҷубронӣ ва чораҳои зиддидемпингӣ дар Нақшаи чорабиниҳо оварда шудаанд.

75. Омилҳои дигар ва чораҳои махсуси соҳавӣ:

- яке аз бартариятҳои муҳим дар рақобати Тоҷикистон дар қиёс бо аксарияти кишварҳо, хусусан кишварҳои ҳамсоя мавҷудияти захираҳои арзони энергетикӣ мебошад, ки ба сифати қувваи пешбарандаи рушди тамоми иқтисодиёти кишвар, бахусус соҳаи саноат хизмат мекунанд;

- ҳамаи корхонаҳои саноатии кишвар барои 1 киловатт неруи истифодашуда дар давоми сол 34 дирам (5,3 сент бо қурби ҷории Бонки миллии Тоҷикистон) месупоранд. Зимнан, соли 2015 ба Қирғизистон ва Афғонистон неруи барқ мутаносибан бо нархи 2,5 ва 3,5 сент содирот шуд, ки истеҳсолкунандагони ватаниро дар муқоиса бо истеҳсолкунандагон дар кишварҳои ҳамсоя - воридкунандагони нерӯи барқ баръало дар ҳолати ғайри рақобат қарор медиҳад;

- пешниҳоди тарифҳои тағйирёбандаи мавсимии неруи барқ (дар давраи барзиёд будани захираҳои гидроэнергетикӣ ва партофти бе истеҳсоли нерӯи об, яъне дар давраи аз 1 май то 30 сентябр) барои ҳамаи корхонаҳои кишвар аз рӯи тарифҳое, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи Тоҷик" пешниҳод мегардад (11 дирам) ба баланд бардоштани сатҳи истеҳсол ва паст кардани арзиши аслии воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда мусоидат хоҳад кард;

- тадбири дахлдор дар Нақшаи чорабиниҳо оварда шудааст, аз ҷумла чораҳои махсуси соҳавии дахлдор.

7. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҚОБИЛИЯТИ РАҚОБАТНОКИИ МАҲСУЛОТ ДАР БОЗОРҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

§1. Баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқи меъёрҳо ва стандартҳои СУС, ҲИОМ ва бозорҳои дигари эҳтимолӣ

76. Истифодаи стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои байналмилалӣ ба сифати асос барои регламентҳои техникӣ ва расмиёти арзёбии мутобиқат ба бартараф намудани монеаҳо дар савдо мусоидат хоҳад кард. Илова бар ин ба кишварҳо бо исрор пешниҳод мегардад, ки бо мақсади баҳисобгирии талаботи онҳо ва дастрасӣ ба маҳсулоте, ки барои он регламентҳои техникӣ гирифтан мехоҳанд, дар кори созмонҳои байналмилалӣ оид ба стандартизатсия иштирок карда, стандартҳо ё низомҳои арзёбии мутобиқат ва расмиётро бо интихоби худ таҳия намоянд.

77. Стандартҳои байналмилалӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо масалан, бинобар омилҳои назарраси иқлимӣ ё ҷуғрофӣ ё мушкилоти ҷиддии технологӣ барои қонеъ гардонидани манфиатҳои қонунӣ мувофиқ набошанд, бояд ба сифати асос барои таҳияи регламентҳои техникӣ истифода шаванд.

78. Дар Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ чорабиниҳои зерин дар соҳаи баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқи меъёру стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидаанд:

- фаъол гардонии сохторҳои дахлдор дар кори созмонҳои байналмилалии таҳиякунандаи стандартҳо, аз ҷумла кор бо Комиссияи Кодекси Алиментариус (Codex Alimentarius Commission);

- беҳтар намудани дастрасӣ ба стандартҳо ва барномаҳои техники миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ (ба даст овардани стандартҳо, тарҷума, махзани электронии маълумот дар бораи стандартҳо);

- ҷалби машваратчиён барои расонидани хизматҳои машваратдиҳӣ оид ба ҷорӣ намудан ва омӯзиши стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;

- баланд бардоштани сатҳи огоҳии сохторҳои соҳибкорӣ дар бораи стандартҳои байналмилалӣ (сомонаи интернет, феҳрист, нашрияҳо дар воситаҳои ахбори омма, вохӯрию семинарҳо ва тренингҳои мунтазам барои хизматчиёни давлатӣ ва коршиносон).

§2. Борбандӣ, тамға ва номи тиҷоратӣ (брендинг)

79. Тамғазании маҳсулоти худ барои ташхиси он, гузаронидани баруйхатгирии захираҳо, пайгирии молҳои убуркунандаи сарҳадоти миллӣ амали маъмулест. Тамғазанӣ ва борбандии маҳсулоти тайёр бояд ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.

80. Дар Тоҷикистон дар соҳаи бастабандӣ ва тамғазанӣ мушкилоти муайяне ҷой дорад, ки онро тавассути мусоидат намудан ба содиркунандагон барои хариди (ё лизинги) таҷҳизоту технологияи муосири бастабандӣ ва омӯзонидани кормандон барои истифодабарии он бартараф намудан лозим аст. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии истеҳсолкунандагон дар бораи стандартҳои тамғазанӣ ва бастабандӣ бо мақсади мутобиқат ба талаботи Комиссияи Кодекси Алиментариус, НАССР ва ИСО, регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.

81. Ҷиҳати таҳия ва қабули сиёсати миллии номи тиҷоратие, ки ба рушди бозор ва пешбурди маҳсулоти Тоҷикистон таҳти номи тиҷоратии "дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст" тадбирҳо андешидан лозим аст. Ба сифати лоиҳаи пилотӣ номи ягонаи тиҷоратии маҳсулоти кишоварзӣ барои роҳ ёфтан ба бозорҳои хориҷиро таҳия намудан мумкин аст, масалан, "Тоҷикӣ - яъне органикӣ" ё таҳия ва дар воситаҳои ахбори омма намоиш додани симои ҷолиби деҳқоне, ки меваи аълосифатро парвариш, хушк мекунад ва ба хориҷи кишвар мефиристад.

§3. Ҷорӣ намудани инноватсияҳо ба истеҳсолоти ба содирот ва воридотивазкунӣ нигаронидашуда

82. Мушкилоти марбут ба вобастагии нисбии Тоҷикистон аз воридоти маҳсулоти озуқаворӣ таҳдиди ниҳонӣ барои амнияти озуқавории кишвар мебошад. Ин зарурати воридотивазкуни маҳз дар соҳаи кишоварзӣ ва воридоти технологияҳо ба ҷои маҳсулоти ниҳоӣ ба мадди аввал мебарорад. Монеа дар ин роҳ нарасидани захираҳои қарзӣ ва сармоягузории дохилию хориҷӣ, маълумоти кофӣ надоштан ва тахассуси начандон баланди ҳайати кормандон мебошад.

83. Барои ҷорӣ намудани инноватсияҳо ба соҳаҳои ба содиротнигаронидашуда, соддагардонидани расмиёти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои содиротӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ, низоми пардохтҳои электронӣ ва имзои рақамӣ барои содиркунандагон лозим аст, ки ин барои ба таври назаррас сарфа намудани маблағу вақт мусоидат намуда, қобилияти рақобати маҳсулоти содиротиро баланд мебардорад.

84. Ташкили шабакаи бизнес-инкубатор ва технопаркҳо барои тавлиди маҳсулоти инноватсионӣ дар асоси технологияҳои олӣ барои бо ҷойҳои кор таъмин намудани ҷавонон, ки ба инноватсияҳо майли бештар доранд, ҷалби сармояи венчурии хориҷӣ ва дар оянда баромадан ба бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти нави бо технологияҳои олӣ истеҳсол- гардида мусоидат хоҳад кард.

85. Ҷустуҷӯи шарикони нави тиҷоратӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фурӯш дар хориҷа, ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии пешбурди сармоягузорӣ, масалан, истифодаи мавқеи муносиби ҷуғрофӣ дар "қалби Осиё" ва ба шабакаи транзитӣ барои содироти такрории мол ва хизматрасонӣ ба Афғонистону Эрон табдил додани Тоҷикистон.

86. Гузаронидани тендер барои лоиҳаи беҳтарини инноватсионӣ дар соҳаи содироти оби нӯшокӣ ва гиёҳҳои шифобахш имконият медиҳад, ки пешниҳодоти муфид дар хусуси ин маҳсулоти ояндадори содиротӣ интихоб ва амалӣ карда шаванд.

§4. Такмили логистика ва рушди инфрасохтори махсусгардонидашудаи содиротӣ ва воридотивазкунӣ

87. Инфрасохтори махсусгардонидашудаи содиротӣ ва воридотивазкунии номукаммал ба рушди содироти ватанӣ таъсири манфии боздоранда мерасонад. Тавре дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қайд гардидааст, сохтмони "инфрасохторе лозим аст, ки минтақаҳои кишварро тавассути сохтмони роҳҳои автомобилгард ва оҳан, фурудгоҳҳо, системаҳои алоқа, ки интиқол, хизматҳо, сармоя ва одамонро дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ осон мегардонанд," зарур аст.

88. Такмил додани қонунгузории нақлиёт ва низоми иҷозатдиҳӣ дар нақлиёт. Озодкунии бозори нақлиёти боркашонии автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ. Таҳкими заминаи моддию техникии нақлиёти роҳи оҳан тавассути таъминоти он бо мехсексияҳо ва нақлиёти автомобилӣ бо рефрижераторҳо.

89. Бунёди маркази муосири байналмилалии логистикӣ дар шаҳри Турсунзода, минтақаҳои озоди иқтисодии "Панҷ" ва "Данғара" логистика ва нигоҳдории маҳсулотро беҳтар намуда, ба ташкили арзиши иловашуда мусоидат хоҳад кард.

90. Дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани маркази доимоамалкунандаи намоишдиҳӣ барои гузаронидани намоишгоҳҳо, конференсияҳо ва ҷустуҷӯи самараноки шарикони нави тиҷоратӣ.

91. Сохтмони анборҳо бо яхдонҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади кам кардани талафот ва афзун намудани ҳаҷми содирот.

§5. Рушди менеҷменти сифат ва инфрасохтори сифати маҳсулот

92. Дар кишварҳое, ки фаъолияти арзёбии мутобиқат баъзан аз ҷониби мақомоти бесалоҳият ё бевиҷдон анҷом дода мешавад, шарикони тиҷоратӣ бештар ба системаҳо арзёбии мутобиқате бовар доранд, ки дар он мақоми сертификатсияи мутобиқат ё мақоми сертификатсияи система аз ҷониби мақоми мустақили техникӣ аккредитатсия шудааст. Чун қоида, ин ташкилоти касбие мебошад, ки ҳукумат онро ба сифати мақоми миллии аккредитатсияи кишвар эътироф намудааст.

93. Аккредитатсия мансуб ба расмиётест, ки тавассути он ташкилотҳои мустақили техникӣ арзёбӣ гардида, салоҳияти мақомоти арзёбии мутобиқатро расман эътироф менамоянд.

94. Дар сурати ба имзо расонидани созишномаи дахлдори байналмилалӣ оид ба аккредитатсия ва Созишномаи бисёрҷониба дар бораи эътироф, мақоми миллии аккредитатсия дар сатҳи байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

95. Мушкилоти дохилие, ки ҳалли онҳо иқтидори Хадамоти фитосанитариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мебахшад:

- гузариш аз назорати нақшавӣ ба назорати ба дараҷаи хавф асосёфта;

- нарасидани кадрҳо, набудани курсҳои такмили ихтисос, набудани Интернет барои огоҳонӣ ва гирифтани маълумот, озмоишгоҳҳои махсусгардонидашуда;

- набудани ҳаммонандкунии (идентификатсияи) чорвои калон ва хурди шохдор;

- набудани барнома усулҳои (расмиёти стандартии амалиётии) баҳодиҳии хавфҳо;

- набудани низоми назорати ҳашароти сирояткунандаи бемориҳои чорво.

96. Ташхисгоҳҳо ҷузъи муҳими низоми назорати сифат мебошанд. Дар ҳар кишвар барои ташкили низоми самараноку муассири назорати сифат шабакаи ташхисгоҳҳои хуби муҷаҳҳазгардида доштан лозим аст. Доштани ташхисгоҳи марказии байторӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, ки барои гузаронидани таҳқиқоти мураккаб ва таҳлилҳо дар соҳаи байторӣ қодир аст, ба мақсад мувофиқ мебошад. Узвияти мақоми миллии аккредитатсия дар ILAC, инчунин ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии аз тарафи ILAC ба ташхисгоҳҳо додашаванда мақоми протоколҳои озмоишро баланд бардошта, дастрасии соҳибкоронро ба бозорҳои нав осон мегардонад. Мушкилоти соҳа аз инҳо иборат мебошанд:

- ташхисгоҳҳо ба таври бояду шояд муҷаҳҳаз нагардидаанд;

- ташхисгоҳҳо кӯҳна шуда, инфрасохтори дахлдор надоранд;

- норасоии шадиди реагентҳо ва маводи масрафӣ;

- таъминоти номунтазами об ва неруи барқ;

- набудани қувваи зарурии корӣ.

97. Дар Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар соҳаи рушди менеҷменти сифат ва инфрасохтори сифати маҳсулот чорабиниҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:

- ташаккули низоми менеҷменте, ки ба стандартҳои миллии бо стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000, ИСО 14000, ИСО 22000, HACCP мувофиқаткунанда асос ёфтааст;

- дар таҷрибаи корхонаҳои ба содирот нигаронидашуда ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати ИСО 9000, ИСО 14000, ИСО 22000, HACCP.

8. ПАРАМЕТРҲОИ АСОСИИ ДУРНАМОИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2016-2020

98. Дурнамои рушди иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар асоси маълумоти дурнамои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 20162018 таҳиянамудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо тартиб дода шудааст. Дурнамои рушди фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротро дар ҳаҷм ва сохтори содироту воридот, ки дар натиҷаи татбиқи Барнома ба миён меоянд, ба назар мегирад. Суръати афзоиши фаъолияти савдои хориҷӣ оҳиста-оҳиста, вале бемайлон боло меравад, зимнан аз соли 2017 сар карда, суръати афзоиши содирот нисбат ба суръати афзоиши воридот хеле зиёдтар хоҳад буд ва ин ба тавозуни савдо таъсири мусбат мерасонад. Ин дар навбати аввал, ба шарофати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъ дар бозорҳои асосии фурӯш (Хитой, Федератсияи Россия, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон) ва дуюм, дар натиҷаи бомуваффақият амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба воридотивазкунӣ ба амал омада, эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ба як қатор молҳои одатан анъанавии воридотӣ коҳиш меёбад.

99. Расмиёти пешгӯии нишондиҳандаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо истифода аз моделҳои мувозинати пурра ва модели тавозуни байнисоҳавӣ амалӣ карда шудааст.

100. Дурнамои рушди содирот ва воридивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020 бо дарназардошти се сенарий: "маъюсона" (пессимистӣ), "воқеъбинона" ва "некбинона" (оптимистӣ) таҳия гардидааст. Дар доираи ҳар яке аз ин сенарияҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарафҳои дигари манфиатдор маҷмӯи чорабиниҳои ба рушди ҳам иқтидори содиротӣ ва ҳам воридотивазкунӣ равонагардидаро амалӣ менамоянд. Омилҳои асосии муайянкунандаи вариантҳои сенарияҳо дараҷаи таъминот бо сармоягузорӣ ва сатҳи дастгирии Барнома мебошанд. Зимнан сенарияи пессимистӣ (маъюсона) ба дараҷаи таъминот бо сармоягузорӣ ва дастгирии молиявӣ (дар асоси принсипи "таносуби тило") ба андозаи то 38 фоиз, воқеъбинона дар ҳудуди 38-62 фоиз ва оптимистӣ (некбинона)зиёда аз 62 фоиз мутобиқат хоҳад кард.

101. Сенарияи "маъюсона" ҳамчун варианти инкишофи сусте баррасӣ мешавад, ки ҳама чиз "дар ҳамон маҷро беихтиёр ҷорӣ мешавад", вазъи молиявии содиркунандагон ва қобилияти харидории аҳолӣ беҳтар намешавад, вобастагӣ аз воридот зиёд буда, дастрасӣ ба бозорҳои мақсаднок маҳдуд ва расмиёт мураккаб мебошад. Дараҷаи истифодаи таҷҳизоти коркард аз 15-20 фоиз иқтидорашон зиёд набуда, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва қарзӣ маҳдуд аст, расмиёти қарзгирӣ серташвиш аст. Хароҷоти нақлиёт зиёд буда, монеаҳои содирот назаррас боқӣ мемонанд ва содиркунандагонро барои вусъати истеҳсолот ҳавасманд намегардонанд. Бори андоз гарон буда, ҳавасмандкунии соҳибкорӣ аз ҷониби давлат нокифоя мебошад. Муҳити соҳибкорӣ барои рушди содирот ва воридотивазкунӣ созгор нест. Муҳити сармоягузорӣ барои воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ва дохилӣ номусоид аст. Афзалиятҳо дар рақобат асосан бо нишондиҳандаҳои захиравӣ маҳдуд мегарданд. Сатҳи боварии бахши хусусӣ ба татбиқи Барнома зиёд нест.

102. Дар маҷмӯъ, қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ паст мебошад, воридоти сармояи хориҷӣ ночиз буда, дастрасӣ ба қарзҳои дарозмуддат ва захираҳои молиявӣ хеле маҳдуд мебошад. Дар сурати набудани дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатӣ, инчунин иҷрои нопурра, номуттасили Барнома, вазъият танҳо шиддат хоҳад ёфт.

103. Сенарияи воқеъбинона - заминавӣ. Мутобиқи ин вариант Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани ислоҳот тадбирҳо меандешад. Омилҳои алоҳидаи субъективие, ки ҷараёни рушди содирот ва воридотивазкуниро бозмедоранд, бартараф гардида, заминаи қонунгузории рушди савдо ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ташаккул дода мешавад. Дар баробари ин дар ташкил ва фаъолияти низом тағйироти куллӣ ба миён намеояд, сабабҳои объективии боздоштани рушди содирот пурра бартараф нашудаанд. Ҷараёни ҷорӣ намудани инноватсияҳо суст буда, механизми ҷойдоштаи хоҷагидорӣ онҳоро начандон мепазирад. Афзоиши муайяни сармоягузорӣ пешбинӣ мешавад.

104. Сенарияи оптимистӣ (некбинона). Ин сенария ба азнавҷиҳозонии технологӣ ва техникии истеҳсолот ва дар баробари ин ислоҳоти низоми захиракунӣ, коркард ва содирот асос ёфтааст. Дар пешгӯии оптимистӣ таҳаввулот бо болоравии қобилияти харидорӣ аз ҳисоби вазъи мусоиди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи захиракунанда ва экологӣ, бунёди муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузории ҷиддии ватанию хориҷӣ ба азнавҷиҳозонии техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ низоми самараноки маркетинг ва менеҷменти муосир алоқаманд аст.

105. Ба сифати варианти заминавӣ сенарияи воқеъбинона интихоб шудааст, ки аз рӯи он ҳамаи индикатору нишондиҳандаҳои мақсаднок дар Барнома ҳисоб карда шудаанд. Барои ду сенарияи дигар танҳо нишондиҳандаҳои макроиқтисодии пешниҳодгардида ҳисоб карда шудаанд. Агар дар ҷараёни татбиқ ва мониторинги Барнома муайян карда шавад, ки вазъият ба ҷониби номусоид - варианти пессимистӣ (маъюсона) ё баръакс ба ҷониби мусоид - оптимистӣ (некбинона) тағйир ёфтааст, пас ин сенарияи заминавӣ мегардад. Дурнамои ҳамаи индикатору нишондиҳандаҳо аз рӯи сенарияи нави заминавӣ бо дарназардошти дуршавӣ аз сенарияи воқеъбинона таҷдиди назар карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйироти дахлдор ба Барнома пешниҳод карда мешавад.

106. Индикаторҳои мақсадноки Барнома аз рӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои сенарияи заминавӣ дар Ҷадвали 8 пешниҳод гардидаанд.

Ҷадвали 8. Дурнамои фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

*ниг.ба ҷадвал

107. Дар натиҷаи татбиқи Барнома гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи сенарияи оптимистӣ аз 4325,4 млн.доллари ИМА соли 2015 то 4711,0 млн.доллари ИМА дар соли 2020 ё 8,9 фоиз меафзояд. Зимнан ҳаҷми содироти молу хизматҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар сатҳи 1633,1 млн.доллари ИМА ё нисбат ба соли 2015-ум бо афзоиши 83,4 фоиз пешбинӣ карда мешавад.

108. Мутаносибан, ҳаҷми воридоти молу хизматҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар сатҳи 3077,9 млн.доллари ИМА ё -10,4 фоиз камтар нисбат ба соли 2015-ум пешбинӣ мегардад.

109. Ба даст овардани баробарии ҳаҷми содироту воридот дар Барномаи мазкур ҳанӯз амалинашаванда аст. Пешгӯӣ мешавад, ки ҳаҷми воридоти молу хизматҳо бо ифодаи пулӣ мисли пештара нисбат ба ҳаҷми содирот хеле зиёдтар боқӣ монда, тавозуни манфии тавозуни савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2544 млн.доллари ИМА дар соли 2015 то 1444,7 млн.доллари ИМА дар соли 2020, яъне 56,8 фоиз коҳиш меёбад. Зимнан амалӣ намудани чорабиниҳои Барнома имконият медиҳад, ки сохтори содирот ва хусусан воридот ба ҷониби ихтисори воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, мавод ва ашёи хом аз ҳисоби афзоиши воридотивазкунӣ, зиёд гардидани воридоти таҷҳизоти технологӣ ва мошинҳо тағйир дода шавад.

110. Дурнамои инкишофи фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020 аз рӯи индексҳои махсусгардонидашуда оварда шудааст. Дурнамои динамикаи содироту воридоти Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки миқдори маҳсулоти содиротӣ бо суръати баланд афзоиш ёфта, то соли 2020 ба 150-170 намуд расида метавонад. Воридот низ ҳамчунин вусъат меёбад, вале начандон бошиддат ва то соли 2020 ба андозаи 240-250 намуд мерасад.

111. Индекси тамаркузи содирот, дар сурати дастгирии марбутаи давлат, то 0,45-0,4 коҳиш меёбад, индекси тамаркузи воридот бошад, дар ҳамон сатҳе, ки дар давоми 10 соли охир буд, яъне дар сатҳи 0,10-0,15 боқӣ мемонад.

112. Индекси диверсификатсияи содирот аз рӯи се намуди аввали маҳсулот дар Тоҷикистон ба андозаи 0,83 баланд буда, аз ҳисоби васеъ кардани сабади содиротӣ то сатҳи 0,70 коҳиш меёбад. Индекси диверсификатсияи воридот дар сатҳи 0,50-0,55 нисбатан устувор боқӣ мемонад.

9. МАРҲИЛАҲО ВА МЕХАНИЗМИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

§1. Марҳилаҳои татбиқ

113. Мақоми роҳбарикунанда оид ба татбиқи Барнома Комиссияи Ҳукумат оид ба воридотивазкунӣ мебошад, ки онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, вазифаи котиботи иҷроия бошад, ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст. Комиссия мақоми ҳамоҳангсози вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон оид ба мусоидат ба воридотивазкунӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ мебошад.

114. Нақшаи кори Комиссия бо чорабиниҳои Барнома, ки дар Нақшаи чорабиниҳо пешниҳод гардидаанд, ҳамоҳанг карда мешавад.

115. Вазифаи асосии Комиссия оид ба воридотивазкунӣ дар татбиқи Барнома таъмини амалҳои мувофиқашудаи мақомоти идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти содиротии воридотивазкунандаи рақобатнок ва назорати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома мебошад.

116. Нақши асосии Комиссия ва котиботи иҷроияи он гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбиқи Барнома мебошад. Кори самаранок бо ҳисоботҳо ва маълумот баҳодиҳии пешрафтро оид ба мутобиқат ба натиҷаҳои интизорӣ ва захираҳои ҷудогардида таъмин менамояд. Ин кори муҳим барои татбиқи самараноки ҳамаи чорабиниҳо ва иҷрои вазифаҳои стратегии Барнома мусоидат намуда, бо ҳамин ҷиҳати татбиқи бо муваффақияти он саҳм хоҳад гузошт.

117. Барои таъмини идоракунии самараноки татбиқи Лоиҳа Комиссия ва котиботи иҷроияи он бояд дорои иқтидор ва донишу малакаи кофӣ дар соҳаи мониторинг, сафарбаркунии захираҳо ва менеҷменти лоиҳавӣ бошад. Дар акси ҳол тадбирҳои дар боло зикргардида ва омилҳои муваффақият танҳо таъсири маҳдуд ба татбиқи Барнома хоҳанд дошт.

§2. Механизми татбиқ

118. Яке аз унсурҳои муҳимтарини татбиқи Барнома муайян намудани манбаъҳо ва ҳаҷми маблағгузории чорабиниҳои Барнома мебошад. Манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома инҳоянд:

- маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар оғози татбиқи Барнома дар соли 2016 тахминан 200 млн.сомониро ташкил дода, сипас ҳар сол боз ба андозаи 200 млн.сомонӣ афзоиш меёбад. Сандуқи қарзии Фонд то охири соли 2020 тақрибан ба 1 млрд.сомонӣ расонида мешавад. Ҳангоми истифодаи маблағҳои Фонд ба лоиҳаҳои тиҷоратии қарзгирандагон дар навбати аввал ба довталабоне, ки лоиҳаи тиҷоратиашон самти содиротӣ ва воридотивазкунӣ доранд, бартарӣ дода мешавад;

- сандуқи муттаҳидгардидаи қарзии бахши бонкӣ, ташкилотҳои қарздиҳии хурд ва ташкилотҳои дигари қарзӣ. Қарзҳои минбаъдаи мақсаднок ва дарозмуҳлат, аз ҷумла аз бонки таъсисшавандаи "Тоҷикэксимбонк"

- маблағҳои буҷети давлат ки барои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониҳо пешбинӣ шудаанд ва ба сифати фармоиши давлатӣ барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ оид ба воридотивазкунӣ равона карда мешаванд. На камтар аз нисфи маблағҳои номбаршуда барои татбиқи Барнома равона карда мешаванд;

- кумаки техникӣ ва дастгирии донорҳо ва шарикони рушд дар асоси стратегияҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон;

- маблағҳои буҷетии вазорату идораҳои соҳавӣ, инчунин минтақаҳо дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаи рушд дар сатҳи минтақавӣ;

- сармоягузории мустақими хориҷӣ;

- маблағҳои бахши хусусӣ.

§3. Хавфҳо

119. Дар давоми муҳлати амали Барнома ба миён омадани хавфҳои зерини марбут ба татбиқи Барнома имконпазир аст:

- хавфи маблағгузории нокифояи чорабиниҳои Барнома ба иҷрои бомуваффақияти Барнома таъсири манфӣ расонида метавонад. Яке аз стратегияҳои муҳими то ҳадди ақал кам кардани ин хавф истифодаи имкониятҳои бонкҳои байналмилалии рушд ва кумаки шарикони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди иқтисодӣ коркунанда хоҳад буд;

- иҷрои номуттасили Барнома ҳалли нопурраи мушкилот дар бобати ислоҳоти низоми танзими техникӣ ва батартибандозии фаъолияти содиротӣ. Стратегияи асосии то ҳадди ақал кам кардани ин хавф истифодаи маҷмӯии иқтидор ва захираи маъмурии Комиссия Ҳукумат оид ба воридотивазкунӣ, инчунин татбиқи самараноки низоми мониторинг ва назорати татбиқи Барнома хоҳад буд;

- набудани мониторинг ва арзёбии мунтазами иҷрои Барнома хавфи ба даст наовардани арзёбии объективии пешрафт мутобиқи натиҷаҳои мавриди интизор ва захираҳои ҷудогардида дорад. Стратегияи асосии то ҳадди ақал кам кардани ин хавф мониторинг ва арзёбии ҳарсолаи самаранокии Барнома дар охири муҳлати амали он мебошад ( боби 9);

- хавфи истифода нагардидани имкониятҳое, ки узвияти комилҳуқуқ дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Стратегияи асосии то ҳадди ақал кам кардани ин хавф омӯзиши дақиқи чунин имкониятҳо, баланд бардоштани тахассуси намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ тавассути иштирок дар семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конференсияҳое, ки аз рӯи мавзӯи дахлдор ташкил карда мешаванд, инчунин истифодаи фаъолонаи имкониятҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад;

- хавфи истифода гардидани (ё нагардидани) имкониятҳое, ки узвият ё надоштани мақоми узвият дар иттиҳодияҳо ё иттифоқҳои минтақавии сиёсӣ ва ё иқтисодӣ пешкаш менамояд. Стратегияи то ҳадди ақал кам кардани ин хавф таҳлили дақиқи ҷонибҳои мусбат ва манфии истифодаи узвият, ки барои таъмини ҷараёнҳои ҳамгироӣ, тақвият ё заифгардонидани робитаҳои байни Тоҷикистон ва кишварҳои муайян, иттиҳодияҳо ва иттифоқҳои онҳо зарур аст.

10. МОНИТОРИНГ ВА НАЗОРАТИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

120. Истифодаи самараноки мониторинг, арзёбии самаранокӣ ва назорат (минбаъд - мониторинг) арзёбии объективии пешрафтро мутобиқи натиҷаҳои мавриди интизор ва захираҳои ҷудогардида таъмин хоҳад кард. Функсияи мониторинги Барномаро котиботи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот амалӣ менамояд.

121. Мониторинг имконият медиҳад, ки тақсимоти самаранок ва азнавтақсимкунии воситаҳо бо дарназардошти натиҷаҳои мавриди интизор ва бадастовардашуда ба амал бароварда шавад. Мониторинг мунтазам гузаронида мешавад. Натиҷаи он ҳисобот бо натоиҷу тавсияҳо барои Комиссия хоҳад буд.

122. Таҷрибаи ташкили мониторинг ва назорати татбиқи Барномаи пешинаи рушди содирот дар давраи то соли 2015 камбудиҳои муайянеро дар мониторинг ва арзёбӣ ошкор намуд, ки муҳимтарини онҳо дар набудани механизми ҳамкории бонизоми байни ҳамаи тарафҳои манфиатдор ва шарикони рушд дар сатҳи корӣ, қобилият надоштан барои тасҳеҳи индикаторҳои мақсадноки Барнома дар шароити зудтағйирёбандаи муҳити атроф, инчунин набудани сатҳҳои мониторинг ифода ёфтанд.

123. Бинобар ин, бо дар назардошти сабақҳое, ки аз Барномаи пешинаи рушди содирот дар мавриди мониторинг гирифта шуданд, низоми мониторинг дар якчанд сатҳ зарур аст: дар сатҳи молҳои ниёзи мардум - барои молу хизматҳои алоҳида; дар сатҳи бахшҳо - барои мушоҳидаи индикаторҳои махсуси бахшҳо; ва дар сатҳи миллӣ - барои ҷамъбасти натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ.

124. Индикаторҳои муайяни мақсадноки Барнома, индикаторҳои асосӣ хоҳанд буд. Ин гузаронидани мониторингро дар асоси назорати мунтазами индикаторҳои тасдиқшуда, қонеъкунандаи меъёрҳои ченшаванда будан, мувофиқати комил, арзиши баланд надоштани ҷамъоварии маълумот, инъикоси бевоситаи натиҷаҳои фосилавӣ таъмин мекунад. Дар ниҳояти ҳол ин ба саволҳои зерин посух хоҳад дод: тадбирҳои банақша гирифташуда иҷро шудаанд ё не, параметрҳои мақсадноки пешгӯишуда ба даст оварда шудаанд ё не, натиҷаҳои фосилавии тадбирҳои сиёсати дар Нақшаи чорабиниҳо пешбинигардида чӣ гунаанд.

125. Котиботи Комиссия (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон) якҷоя бо мақомоти идоракунии дахлдори соҳавӣ ва минтақавӣ бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд мониторинг гузаронида, ба Комиссияи доимоамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар бораи ҷараёни татбиқи Барнома ҳисобот пешниҳод менамояд.

126. Аз рӯи натиҷаҳои мониторинги ҳарсолаи ҷараёни татбиқи Барнома дар бораи натиҷаҳои он ҳисобот бо тавсияҳо таҳия гардида, ба баррасии Комиссия пешниҳод карда мешавад. Ҳисобот метавонад ҳам дар шакли матн ва ҳам дар шакли муаррифии PowerPoint барои беҳтар қабул кардани сомеони мақсаднок пешниҳод карда шавад. Иқтибосҳои асосии ҳисобот дар матбуоти коғазӣ ва шабакаи Интернет интишор карда мешавад.

127. Пас аз ба охир расидани муҳлати амали Барнома (дар соли 2020) арзёбии ниҳоии самаранокии иҷрои Барнома гузаронида шуда, ба барномаи дастгирии содирот барои давраи минбаъда тавсияҳо таҳия карда мешаванд. Натиҷаҳои бадастовардашуда бояд ба инобат гирифта шуда, механизму усулҳои муассир ошкор карда шаванд ва "таърихи муваффақият" омӯхта шаванд, инчунин барои оянда сабақҳо гирифта шаванд.

128. Татбиқи Барнома ба ноил гардидан ба чунин ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, ба монанди ҳадафи 8-ум "Мусоидат ба рушди бемайлон, фарогир ва устувори иқтисодӣ, шуғли пурра ва маҳсулнок ва кори арзанда барои ҳама", 9-ум "Таъсис инфрасохтори устувор, мусоидат ба таъмини саноатикунонии фарогиру устувор ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо" ва 17-ум "Тақвияти воситаҳои ноилшавӣ ба рушди устувор ва фаъол гардонидани кори механизмҳои шарикии глобалӣ ба манфиати рушди устувор" мусоидат хоҳад кард.

Рӯйхати ихтисорот

Замимаи 2

Замимаҳои Барнома