ҚАРОРИ ШӯРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017" ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017" ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019, ки бо тартиби ҳукуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.
2. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни мазкурро дар муҳлати ду ҳафта барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
Раиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 1 ноябри соли 2016, № 945
ш.Душанбе, 1 ноябри соли 2016, № 945
...