ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВИ (ЛИЗИНГ)"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2016 № 461
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2016 № 309
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №4, мод. 139; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016. №1300) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) муайян намуда, муносибатҳое, ки дар раванди фаъолияти лизингӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.".
3. Дар матни моддаи 1, банди а) қисми якуми моддаи 8, банди б) қисми сеюми моддаи 11 ва қисми сеюми моддаи 24 калимаҳои "иҷораи молиявии" ба калимаи "лизинги" иваз карда шаванд;
- дар ном ва қисми чоруми моддаи 7, номи боби II, калимаҳои "иҷораи молиявӣ (лизинг)" ва "ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)" мувофиқан ба калимаҳои "лизинг" ва "ЛИЗИНГИ" иваз карда шаванд;
- дар ном ва матни моддаи 4, ном ва матни моддаи 5, қисмҳои якум, сеюм ва чоруми моддаи 6, қисмҳои якум, дуюм, сархатҳои панҷум, шашуми қисми чорум, қисмҳои панҷум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳуми моддаи 7, бандҳои б), в), д) қисми якум, бандҳои а), б) қисми дуюм ва қисми сеюми моддаи 8, қисми якум, бандҳои а), б), г), д) қисми дуюм ва қисми сеюми моддаи 9, қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 10, ном, қисми якум, бандҳои б), в), г) қисми дуюм, бандҳои а), б), г) қисми сеюми моддаи 11, ном, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 12, ном, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми моддаи 13, моддаи 14, ном, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 15, моддаи 16, моддаи 17, моддаи 18, моддаи 19, моддаи 20, моддаи 21, ном, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 22, ном, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 23, ном, қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 24 калимаҳои "иҷораи молиявӣ" ба калимаи "лизинг" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 5, банди е) қисми якум ва банди а) қисми дуюми моддаи 8, бандҳои" а), в), г), д), е) қисми якум ва бандҳои а), б), д) қисми дуюми моддаи 9, бандҳои а), б), г) қисми дуюм ва бандҳои а), в), г) қисми сеюми моддаи 11, қисмҳои сеюм, панҷум ва шашуми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 15, қисми сеюми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 20, қисми панҷуми моддаи 22 ва қисми якуми моддаи 23 калимаҳои "иҷораи молиявиро" ба калимаи "лизингро" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои якум ва сеюми қисми якуми моддаи 5, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 6, қисмҳои сеюм ва ҳаштуми моддаи 7, ном, банди д) қисми якум, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8, бандҳои б), г), е) қисми якум ва бандҳои в), г), д) қисми дуюми моддаи 9, қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 10, банди б) қисми дуюм, бандҳои а), в), г) қисми сеюми моддаи 11, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 12, қисмҳои якум, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 13, қисмҳои якум, панҷум, шашум ва ҳаштуми моддаи 14, матни моддаи 15, қисми дуюми моддаи 16, қисми чоруми моддаи 17, қисми дуюми моддаи 19, қисми якуми моддаи 20, матни моддаи 21, қисмҳои якум, дуюм ва панҷуми моддаи 22, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 23 ва қисми якуми моддаи 24 калимаҳои "иҷорадеҳ", ."Иҷорадеҳ" мувофиқан ба калимаҳои "лизингдеҳ", "Лизингдеҳ" иваз карда шаванд;
- дар қисми якуми моддаи 6 калимаи "иҷорагирон" ба калимаи "лизинггирон" иваз карда шавад;
- дар қисми нуҳуми моддаи 7 ва қисми сеюми моддаи 15 калимаи "иҷорагирро" ба калимаи "лизинггирро" иваз карда шавад;
- дар қисми якуми моддаи 5, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 6, бандҳои б), в), г), д), е) қисми якум ва қисми дуюми моддаи 8, ном, бандҳои в), г) қисми якум, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 9, қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 10, қисми дуюм ва банди в) қисми сеюми моддаи 11, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 12, қисмҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 13, қисмҳои якум, дуюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 14, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 15, қисми дуюми моддаи 16, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми якуми моддаи 19, қисми якуми моддаи 20, номи моддаи 21, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум ва ҳафтуми моддаи 22 ва қисмҳои якум, сеюми моддаи 23 калимаҳои "иҷорагир" ва "Иҷорагир" мувофиқан ба калимаҳои "лизинггир" ва "Лизинггир" иваз карда шаванд;
- дар банди е) қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "зериҷораи молиявӣ" ба калимаи "сублизинг" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 1 калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ " иваз карда шаванд.
5. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- лизинг - маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;
- лизинги молиявӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он ҳуқуқи моликият ба предмети лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад;
- лизинги амалиётӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он предмети лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад;
- лизинги баргардонидашаванда - намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;
- фаъолияти лизингӣ - намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;
- хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ - хизматраеониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурӯшанда то оғози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи предмети лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;
- шартномаи лизинг - аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ ӯҳдадор мешавад молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурӯшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд.".
6. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
7. Дар моддаи 4:
- дар қисми якум калимаҳои "Предмет-мавзӯи" ва "маҷмӯи" мувофиқан ба калимаҳои "Предмети" ва "маҷмааи" иваз карда шаванд;
- ба қисми дуюм баъд аз калимаи "маҳдуд" калимаҳои "ё манъ" илова карда шуда ва пас аз калимаи "шудааст" аломати вергул "," илова карда шавад;
- қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла, тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".
8. Дар моддаи 5:
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми якум калимаҳои "шахси воқеӣ ё ҳуқуқие" ба калимаҳои "шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие" иваз карда шаванд;
- ба сархати якуми қисми якум баъд аз калимаи "медиҳад" аломати нуқта гузошта, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд;"
9. Моддаи 5(1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 5(1). Намудҳои лизинг
Намудҳои лизинг инҳоянд:
- лизинги молиявӣ;
- лизинги амалиётӣ;
- лизинги баргардонидашаванда.
Дар шартномаи лизинг бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда, пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурӯшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд.
Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ. резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.".
10. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Сублизинг
Сублизинг - намуди зеркирояи предмети лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рӯи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он предмети лизинг мебошад, бо пардохт ва ба мӯҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад.
Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.
Додани предмети лизинг ба сублизинг бо розигии хаттии лизингдеҳ анҷом дода мешавад.
Мӯҳлати сублизинг набояд аз мӯҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, зиёд бошад.".
11. Дар қисми шашуми моддаи 7 калимаи "хизматрасонии" ба калимаи "хизматрасониҳои" иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 9:
- дар банди в) қисми якум калимаи "ислоҳшавандае" ба калимаи "ислоҳнашавандае" иваз карда шавад;
- дар бандҳои г) ва е) қисми якум калимаи "ризоияти" ба калимаи "розигии" иваз карда шавад;
- дар банди д) қисми дуюм калимаҳои "ҳангоми" ва "қайду шарт" мувофиқан ба калимаҳои "баъди" ва "муқаррар" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "вазифаҳои" ба калимаи "ӯҳдадориҳои" иваз карда шавад.
13. Дар қисми дуюми моддаи 10 калимаҳои "бидуни ризоияти" ба калимаҳои "бе розигии" иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 11:
- дар қисми дуюм:
- дар банди в) калимаи "ҳангоми" ба калимаи "баъди" иваз карда шавад;
- ба банди г) баъд аз калимаи "агар" калимаи "лизинггир" илова карда шавад;
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаи "розигии" ба калимаи "созишномаи" иваз карда шавад.
15. Дар моддаи 12:
- дар ном ва қисми якум калимаи "Масъулияти" ба калимаи "Ҷавобгарии" иваз карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Соҳиби номии (титулии) предмети лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки предмети лизинг ба онҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст.".
16. Дар моддаи 13:
- дар қисми дуюм калимаи "паспорти" ба калимаи "шиносномаи" иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаҳои "қайду шартгардида" ба калимаи "муқарраргардида" иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 14:
- дар қисми дуюм калимаҳои "ҳангоми" ва "қайду шартгардида" мувофиқан ба калимаҳои "баъди" ва "муқарраргардида" иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаи "ризоияти" ба калимаи "розигии" иваз карда шавад.
18. Дар қисми дуюми моддаи 15 калимаи "ризоияти" ба калимаи "розигии" иваз карда шавад.
19. Дар қисми якуми моддаи 16 калимаҳои "иҷораи моливӣ" ба калимаи "лизинг" иваз карда шаванд.
20. Дар моддаи 17:
- дар қисми дуюм калимаи "ризоияти" ба калимаи "розигии" иваз карда шавад;
- ба қисми сеюм баъд аз калимаи "барои" калимаи "иҷрои" илова карда шавад.
21. Қисми дуюми моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Рӯёниши шахсони сеюм, ки ба молу мулки лизингдеҳ нигаронида шудааст, мумкин аст танҳо ба ҳамин объекти ҳуқуқи моликияти лизингдеҳ нисбати предмети лизинг ба кор бурда шавад. Дар натиҷаи қонеъ гардонидани рӯёниш ба бадастоварандаи ҳуқуқҳои лизингдеҳ доир ба предмети лизинг ба таври ҳатмӣ на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадориҳои лизингдеҳ, ки дар шартномаи лизинг муайян шудаанд, мегузаранд.".
22. Дар моддаи 20:
- дар номи модда калимаҳои "босуръати амортизатсияи" ба калимаҳои "истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати" иваз карда шаванд;
- дар қисми якум калимаи "ризояти" ба калимаи "созишномаи" иваз
карда шавад.
23. Дар моддаи 22:
- дар ҷумлаи дуюми қисми якум калимаи "молӣ" ба калимаҳои "аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи "хароҷотҳои" ба калимаи "хароҷоти" иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаи "молие" ба калимаҳои "аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми шашум калимаи "мувофиқаи" ба калимаи "созишномаи" иваз карда шавад.
24. Дар моддаи 23:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани ӯҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи лизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд.";
- дар қисми дуюм калимаи "замимавии" ба калимаҳои "ба он марбут," иваз карда шавад.
25. Дар моддаи 24:
- дар қисми дуюм калимаҳои "Иҷорадиҳандагон", "доранд" ва "намоянд" мувофиқан ба калимаҳои "Лизингдеҳ", "дорад" ва "намояд" иваз карда шаванд;
- сархатҳои қисмҳои сеюм ва чорум бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1375